ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

 ИСТИҚЛОЛ ВА ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Таҳаввул ва тағйироте, ки дар даврони Истиқлол забони модарии мо ба он дучор шудааст, хеле бунёдӣ ва сарнавиштсоз буда, аз давраи охири мавҷудияти Иттиҳоди Шуравӣ сарчашма мегирад. Вале баъди ба Истиқлол рас­идани Тоҷикистон забони модарии мо дар ҷомеа мақоми давлатӣ касб намуд.

Имрӯз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 5-уми октябри соли 2009 қабул гардид, мавриди амал қарор гирифтааст. Мувофиқи ин қонун, мавқеи ҳуқуқии забони тоҷикӣ муайян карда шудааст.

Дар охири солҳои 90-уми садаи гузашта забони тоҷикӣ ба як забони та­вонои давлатӣ табдил ёфт ва аллакай дар соли 2000-ум тамоми муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатии Тоҷикистон маҷбур шуданд, ки барои дар амал пиёда шудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ гузаранд. Яке аз муваффақиятҳои бисёр бузурге, ки дар ин давра мо ба даст овардем, дар асоси сиёсати бисёр пайгиронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мах­сусан пуштибонии Президенти кишвар дар коргузории расмии ҷумҳурӣ ба таври пурра ҷорӣ гардидани забони давлатӣ буд. Умуман соли 2000-умро гардиши куллӣ дар сиёсати забонии Ҷумҳурии Тоҷикистон номидан мумкин аст. Аз соли 2000-ум шуруъ карда, ҷараёни гузариши муассиса ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ба забони давлатӣ боз ҳам бештар қувват гирифт. Махсусан, қабули оинно­маҳо, амру фармонҳо ба забони тоҷикӣ ва тасдиқ шудани онҳо дар Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши забони давлатӣ дар қувваҳои мусаллаҳ аҳаммияти калоне доштанд. Инчунин, сохторҳои иқтисодии Тоҷикистон (Вазорати молия, Вазорати савдо ва рушди иқтисод, бонкҳо) низ оҳиста-оҳиста рӯ ба забони тоҷикӣ оварданд ва санаду ҳуҷҷатҳои худро ба забони давлатӣ таҳия карданд. Прези­денти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикии хеш ба муносибати Рӯзи забон дар соли 2003 нақши забони давлатиро дар рушд ва инкишофи ҷомеа чунин арзёбӣ карданд: «Дастоварди бузурги мо дар бахши сиёсати забон аз ин иборат аст, ки забони давлатӣ дар марҳалаи кӯтоҳ, вале ниҳоят ҳассоси таърихӣ нақши ваҳдатовариро адо намуд».

5-уми октябри соли 2009 қонуни нав бо номи «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар бораи забони давлатӣ» қабул гардид. Дар қонуни нав масъалаҳое, ки дар Қонуни забони пешин набуд, ҷойгоҳи худро пайдо кард ва ин қонун яке аз қонунҳои хеле муосири сатҳи байналмилалӣ мебошад. Чунки ҳанго­ми таҳияи ин қонун мазмуну меъёрҳои бисёре аз қонунҳои забони кишварҳои дигар, ҳатто кишварҳои араб, Аврупо, то Лаҳистону тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ дар назар гирифта, дар таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» истифода шудаанд. Акнун, ки ин қонун мавриди амал қарор гирифтааст, роҳи васеъ барои инкишофи забони модарии мо ҳамчун забони давлатӣ боз хоҳад шуд.

Махсусан, пешниҳодҳои судманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷа­ноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар сухан­ронияшон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ (5-октябри соли 2010) барои рушду густариши забони модарии мо шароити мусоид фароҳам овард. Таҳияи як барномаи мукаммали густариши забо­ни тоҷикӣ бо дар бар гирифтани тамоми масъалаҳои рушди забони тоҷикӣ, аз қабили ба забони илм табдил додани забони давлатӣ, ҳамгунсозии истилоҳот, компютерӣ кардани забони тоҷикӣ, забони давлатиро фаро гирифтани мансабдорони давлатӣ ва аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштани шахсоне, ки ба вазифаҳои давлатӣ таъин мешаванд, таъсиси «Конуни забони тоҷикӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ» дар Китобхонаи миллӣ барои рушди забони давлатӣ роҳи васеъ кушод.

Дар даврони истиқлол бо фаро раси­дани шароити мусоид барои инкишоф ва пешрафти забоншиносии миллӣ тамоми монеаҳои сунъии сиёсиву назариявӣ ва идеологӣ бардошта шуданд. Дар ин давра бо роҳандозӣ шудани сиёса­ти воқеан миллии забонии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Президенти кишвар муҳатарам Эмо­малӣ Раҳмон нақши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ бамаротиб афзуд. Махсусан, асарҳои Президенти кишвар, суханрониҳояшон дар маҳфи­лу чорабиниҳои гуногун дар пайрезии сиёсати забонии давлат, муайян кар­дани самтҳои асосии инкишофи забон ва забоншиносии тоҷик нақши бунёдӣ ва раҳнамоӣ доштанд. Бояд гуфт, ки ақидаҳо ва пешниҳодҳои Президенти кишвар дар ин бобат натанҳо хусусияти назарӣ, балки хусусиятҳои амалӣ ҳам доранд, ки дар ин бора бояд ба таври алоҳида сухан ронд.

Тавре ки Президенти кишвар дар яке аз суханрониҳояшон мефармоянд: «Дар замони истиқлол забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ пайдо карда, дар асо­си меъёрҳои таърихӣ ва адабӣ ташак­кул пайдо мекунад ва тадриҷан вазифаи забони муоширати байни намояндагони миллатҳои гуногуни сокини кишварро ба дӯш мегирад. Аз ин рӯ, Истиқлоли дав­латӣ ҳамчун омили воқеии эҳёи забони мо дониста мешавад».

Дар муддати начандон тулонии Истиқлол инкишофи муназзаму бата­дриҷи ҳама бахшҳои забоншиносии тоҷи­кро мушоҳида кардан мумкин аст. Дар ин даврон мактабҳои илмии забоншиносӣ ташаккул ёфтанд. Илми забоншиносӣ ҳамзамон бо пешрафти риштаҳои иқти­содӣ ва иҷтимоии ҷомеа ривоҷу равнақ пайдо намуд.

Дар солҳои 2019-2022 боз ҳам масъ­алаҳои рушди забони давлатӣ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор ги­рифта, дар робита бо таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ, дастури илмии забони тоҷикӣ, ба сатҳи забони илмӣ баровар­дани забони тоҷикӣ, таҳияи истилоҳот ва ҳамгунсозии онҳо дар назди забонши­носон вазифаҳои нав гузошта шуданд.

Пажуҳишҳо дар бораи ҷанбаҳои гуногуни забони тоҷикӣ дар даврони истиқлол хусусияти бунёдӣ пайдо карда, тамоми бахшҳои илми забоншиносиро фаро гирифтаанд. Сабаби асосӣ аз як тараф мақоми давлатӣ гирифтани забо­ни тоҷикӣ буда, аз тарафи дигар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба забони давлатӣ ва аз ҳама асосӣ таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони давлатӣ мебошад. Махсусан, моҳи октябри соли 2019 дар ҷашни даҳсолагии қабули Қо­нуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷанбаҳои асосии рушди забони давлатӣ дар даврони Истиқлол пешниҳодҳои суд­манде иброз доштанд, ки аз густариши забони меъёр, ҳамгунсозии истилоҳоти забони тоҷикӣ, таҳияи дастури илмии забони тоҷикӣ, таҳияи пайкараи забони тоҷикӣ дар асоси дастовардҳои нави­ни забоншиносии компютерӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми рушди забони давлатӣ иборат буданд. Дар моҳи марти соли 2020 (ҷилди аввали он соли 2016 чоп шуда буд) китоби дувуми «Забони миллат – ҳастии миллат» бо фарогирии таърихи забони тоҷикӣ аз асри ХIII то ибтидои асри ХХ аз чоп баромад, ки намунаи равшани таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат ба масъалаҳои рушди забони модарии мост.

Таҳқиқи забони меъёр ё забони адабӣ ва проблемаҳои он яке аз масъалаҳои муҳимми илми забоншиносӣ мебошад. Бояд гуфт, ки дар замони Истиқлол бо забони давлатӣ гардидани забони тоҷикӣ таҳқиқи ҷанбаҳои гуногуни он аҳаммияти миллӣ ва давлатӣ касб мекунад. Мута­ассифона, дар рушду инкишофи забони давлатӣ ҳанӯз мушкиливу монеаҳои зиёдеро бартараф кардан лозим меояд. Бо вуҷуди он ки барои инкишофи забони адабӣ аз лиҳози сиёсӣ ва давлатдорӣ тамоми шароит муҳайёст, зарурати истифодаи он ба ҳайси забони давлатӣ, коргузорӣ, таълимӣ, илмӣ ва ғайра аз тарафи тамоми қишрҳои ҷомеа дуруст дарк нашудааст. Инчунин барои таҳияи фарҳангҳои тафсирӣ, дузабона, чандза­бона, истилоҳӣ ва луғатҳои махсуси за­боншиносӣ (фарҳанги басомади вожаҳо, ҳаммаъноҳо, зидмаъноҳо ва ғ.) муддати зиёд ва заҳмати фаровон лозим аст. Доир ба забони адабии тоҷикӣ корҳои зиёди тадқиқотӣ ба анҷом расидааст. Аммо роҷеъ ба меъёри он ба таври мушаххас ҳанӯз тадқиқоти зиёде анҷом додан лозим меояд. Дар забоншиносии муосири тоҷик тадқиқоте, ки дар асоси меъёри забони адабии гуфтугӯӣ ба итмом расида бошад, арзи вуҷуд на­кардааст. Бинобар ин меъёрҳои забони адабӣ ва забони адабии гуфтугӯиро дар асоси маводи муътамад мавриди тадқиқ қарор додан аз вазифаҳои бетаъхири забоншиносон ба шумор меравад.

Барои таҳким бахшидани истиқлоли фарҳангии миллӣ пеш аз ҳама пояҳои забони миллиро мустаҳкам намудан зарур аст. Забони тоҷикӣ фақат ҳамон вақте забони илму фарҳанг мегардад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Махсусан, пажуҳиши масъалаҳои истилоҳоти забони тоҷикӣ, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии онҳо хеле муҳим мебошад. Имрӯз, ки як марҳилаи муҳимми инкишофи забони тоҷикӣ, яъне дар коргузории идораҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷорӣ шудани забони давлатӣ анҷом ёфтааст, масъалаи истилоҳот, стандартсозӣ ва ҳамгунсозии он ба мад­ди аввал мебарояд. Он харҷу марҷе, ки имрӯз дар истифодаи истилоҳот дар кор­гузории расмӣ, ҳуҷҷатҳои қонунгузорӣ, забони таҳсил ва матбуот вомехурад, ба ҳамагон маълум аст. Бинобар ин за­рурати соҳа ба соҳа стандартӣ ва ҳамгун сохтани истилоҳоти забони тоҷикӣ ва ба меъёри муайян дарвардани нормаҳои забони адабӣ ва махсусан, бахши вожа­гони он сахт эҳсос мешавад. Барои дар амал пиёда кардани он таҳияи фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ ва инчунин фарҳангҳои истилоҳии соҳавӣ бисёр зарур аст. Яке аз масъалаҳои муҳимми дигари инкишофи забон барномарезии таҳияи истилоҳоти илмӣ барои риштаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аст. Ин масъала бояд якҷоя бо муасси­саҳои таҳсилоти умумӣ ва илмии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои педагогӣ баррасӣ гардида, роҳҳои татбиқи он муайян шавад. Зеро таҳия, ҳамгунсозӣ ва стандартӣ намудани истилоҳоти илмӣ яке аз пояҳои асосии ба вуҷуд овардани забони илм аст.

Масъалаи дигари бисёр муҳим барои сарнавишти забони тоҷикӣ имрӯз таҳияи дуруст ва ба тартиб овардани имлои забони тоҷикӣ мебошад. Бар уҳдаи Комиссияи имло, ки имрӯз дар кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад, вазифаи басе пурмасъулият гузошта шудааст. Пеш аз ҳама дар таҳияи имлои нави забони тоҷикӣ хусусиятҳои таърихии рушди онро аз давраи пешин то имрӯз ба назар гирифта, хатову иштибоҳҳоеро, ки дар солҳои пешин зери таъсири омилҳои сиёсии даврони Иттиҳоди Шуравӣ (ило­ваҳои ҳарфҳои хососи забони русӣ, ки ҳанӯз ҳам бо номи сунъии «ётбарсарҳо» боқист, таъсири ақидаҳои барғалати дар асоси талаффузи лаҳҷавӣ таҳия кардани имло ва махсусан бесарумонӣ дар исти­фодаи садонокҳои у, ӯ ва и, ӣ ва ғайра) таҳиягарони имлои забон роҳ дода бу­данд, бояд дар асоси пажуҳишҳои дақиқи илмӣ бартараф карда шаванд.

Акнун дар даврони Истиқлол вақти он расидааст, ки ақидаи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ дар бораи имло татбиқ карда шавад, ки дар мақолаи худ бо номи «Оид ба вазъияти забоншиносии тоҷик» (1952) гуфта буд: «Агар дар имло талаффуз асос гирифта шавад, дар забон анархия пайдо меша­вад, чунки талаффуз дар ҳар замон ва дар ҳар район дигаргуншаванда аст, ҳатто басо дида шудааст, ки талаффузи шахсҳои ҷудогона ҳам аз якдигар фарқ мекунад. Сабаб ҳамин аст, ки то ҳол дар имлои забони тоҷикӣ анархия ҳукмфар­мост». Ин пешниҳодҳо бештар хусусияти амалӣ дошта, барои иҷрои амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр муҳим мебошанд. Масъалаҳои таҳким ва пажуҳиши илмии ҷанбаҳои гуногуни рушди забони модарӣ (таҳияи дастурҳои илмӣ ва академикӣ, фарҳангҳои гуногуни забоншиносӣ, таҳқиқи таърих, сарфу наҳв, вожагон ва дигар бахшҳои забон) тарафи дигар ва бисёр муҳимми рушду густариши забони мо мебошад, ки он мавриди баҳси мақолаҳои алоҳидаи дигар мебошад.

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,
узви вобастаи АМИТ

Дигар хабарҳо