Сухан дар васфи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ
30 сентябр – Рӯзи Мавлоно
Орифи бузург – Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста ба дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд. Як сабаби асосии ба эҷодиёти мутафаккир рӯ овардани мардуми зиёд дар кишварҳои гуногуни олам ба он алоқаманд аст, ки ӯ аксарияти масъалаҳои ҳаётан муҳимро воқеъбинона тасвир кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон
***
Зуд бош, ки ин писар оташ дар сӯхтагони олам занад.
Шайх Аттори Нишопурӣ
***
Мавлонои Рум шоири шаҳири аҳли тасаввуф дар Шарқу Ғарб аст.
Йозеф Ҳаммер фон Пургштал
***
Вақте “Девони Кабир”-ро тарҷума мекардам, аз ин китоб нақҳати гул меомад, аз ин сабаб тарҷумаи худро “Гулҳои Шарқ” унвон додам.
Фридрих Рюккерт
***
Тарҷумаи мунтахаби осори Мавлоно, ки «Суруди най» унвон додаам, нафақат барои Британия, балки ба тамоми хонандагони англисзабони Аврупо муфид хоҳад буд.
Э. Х. Палмер
***
Мавлавӣ як одами ниҳоят хоксор буд, ки ҳама сифатҳои неки инсониро фаро мегирифт, аммо ӯ медонист, ки дараҷаи руҳие, ки дар шеърҳояш сутудааст, на бо мақсади эътиқоди паст нисбат ба урфу одат ва олами моддист, балки мақсадаш дар ниҳоди инсон мукаммал гардонидани сифоти баланд аст.
А. М. Шимелл
***
Лирикаи Ҷалолуддин яке аз комёбиҳои бузургтарин аст. Ва агар вай дар Ғарб машҳур мебуд, бешубҳа, номи ӯ дар он ҷо низ ба мисли номи шоирони бузург – Шекспир, Гёте, Пушкин ва дигарон вирди забон мешуд.
Е. Э. Бертелс
***
Аз нигоҳи муҳаққиқони ошно ба адабиёти ҷаҳонию мероси фарҳангии ирфонии олам «Маснавӣ»-и Мавлоно дар байни тамоми осори ирфонии ҷамеи қурун якто ва беҳамтост.
Абдулҳусайни Зарринкӯб
***
Бегумон дар адаби форсӣ ва фарҳанги исломӣ ва фаротар аз он, дар фарҳанги ҷаҳон, дар ҳеч маҷмуаи шеърӣ ба андозаи «Девони Шамс» ҳаракату иштиёқ намеҷӯшад.
Муҳаммадризо Шафеии Кадканӣ
***
Мавлоно рафт, лек нақшаш боқист,
Дар рӯи ҷаҳон нуру дурахшаш боқист.
Он мастию он ҷунуну он завқи латиф
Дар шеъри равони рӯди Вахшаш боқист.
Озар
Навои нойи Мавлоно
Мо сафири олами руъёстем,
Мо нафири синаи дарёстем.
Нест дунё ҷуз ҳамин як обу хок,
Мо дар ин дунё ҳама дунёстем.
Худгарӣ худ ибтикори мо набуд,
Мо зи хоки худгарон бархостем.
Олами сифлӣ, макаш домони мо,
Баски мо аз олами болостем.
Дар ниҳоди мо дамад тӯфони ишқ,
Ошиқони аз азал шайдостем.
Фарри фарҳанги башар мероси мост,
Мо агар пайдову нопайдостем.
Савти Мавлоно расад аз сӯзи мо,
Мо навои нойи Мавлоностем.
Ҳасани Султон
ДУРДОНАҲОИ ҲИКМАТ
Агар касе дар ҳаққи касе нек гӯяд, он хайру некӣ ба вай оид мешавад ва дар ҳақиқат он санову ҳамд ба худ мегӯяд. Назири ин чунон бошад, ки касе гирди хонаи худ гулистону райҳон корад, ҳар боре назар кунад, гулу райҳон бинад ва доиман дар биҳишт бошад. Чун хӯ кард ба хайр гуфтани мардумон, чун ба хайри яке машғул шуд, он кас маҳбуби вай шуд ва чун аз вайаш ёд ояд, маҳбубро ёд оварда бошад ва ёд овардани маҳбуб гулу гулистон асту равҳу роҳат аст. Ва чун бади яке гуфт, он кас дар назари ӯ мабғуз шуд, чун аз ӯ ёд кунад ва хаёли ӯ пеш ояд, чунон аст, ки мор ё каждум ё хору хошок дар назари ӯ пеш омад.
Ҳамаро дӯст дор, то дар гулу гулистон бошӣ. Ва чун ҳамаро душман дорӣ, хаёли душманон дар назар меояд, чунон аст, ки шабу рӯз дар хористону мористон мегардӣ.
***
Ҳайф аст ба дарё расидан ва аз дарё ба обе ё сабӯе қонеъ шудан. Охир аз дарё гавҳарҳо ва сад ҳазор чизҳои муқаввим баранд”.
***
Дард аст, ки одамиро роҳбар аст. Дар ҳар коре, ки ҳаст, то дарди он кор ва ҳавасу ишқи он кор дар дарун нахезад, ӯ қасди он кор накунад ва он кори бедард ӯро муяссар нашавад – хоҳ дунё, хоҳ охират, хоҳ бозаргонӣ, хоҳ подшоҳӣ, хоҳ илм, хоҳ нуҷум ва ғайра. То Марямро дард пайдо нашуд, қасди он дарахти бахт накард… Ӯро он дард ба дарахт овард ва дарахти хушк мевадор шуд.
***
Гуфт: Пилеро оварданд ба сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медиду мерамид. Ӯ мепиндошт, ки дигаре мерамад. Намедонист, ки аз худ мерамад.
Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кину ҳасаду ҳирсу бераҳмӣ ва кибр чун дар туст, намеранҷӣ, чун онро дар дигаре мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ.
***
Баъзе бошанд, ки салом диҳанд ва аз саломи эшон бӯи дуд ояд ва баъзе, ки салом диҳанд, аз саломи эшон бӯи мушк ояд, ин касе дарёбад, ки ӯро машоме бошад.
Аз “Фиҳи мо фиҳи”