Шинохт ва мақоми аллома Садриддин Айнӣ дар Эрон
Дар Тоҷикистон пас аз пирӯзии инқилоби Октябр дар матбуоти мо эҷодиёти адибони муосири эронӣ Маликушшуаро Баҳор, Эраҷ Мирзо, Саид Нафисӣ, Парвини Эътисомӣ, Хонларӣ, Ҷамолзода, Нодирпур, Фурӯғу Симин, Раҳии Муайирӣ ва дигарон натанҳо пайи ҳам дарҷ гардид, балки тавассути баёзу маҷмуаҳои алоҳида дар ихтиёри хонандагони тоҷик қарор гирифт ва, хушбахтона, ин анъанаи хуҷаста то ҳанӯз идома дорад.
Лозим ба тазаккур аст, ки дар ҳамон рӯзҳои оғозини робитаҳои фарҳангии тоҷикон ва эрониён, дар баҳори соли 1925 дар Самарқанд бо эҳтимоми аллома Садриддин Айнӣ “Намунаи адабиёти тоҷик” таҳия гардид ва соли 1926 дар Маскав, дар нашриёти марказии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бо алифбои форсӣ ба нашр расид. Дар дебочаи ин баёз дӯсти гиромии аллома – шоири маҳбуб Абулқосим Лоҳутӣ сатрҳои саршор аз меҳру муҳаббатро аз лаҳзаҳои нахустини ошноияш бо устод Айнӣ ба тариқи зайл ёдовар мешавад: “Ман бо ин ном аз дер боз ошно будам… Вай дар оғози ҷавонӣ дар як муҳити зулм ва ҷавр дар роҳи эҷодии халқ хидмат карда, бар зидди истибдод ҷасурона мубориза намуда, бародари фозили худро шаҳид дода; он вақт ҳайкали (симои – М. Ш.) вай дар пеши чашмам ҷилвагар мешавад: бемор, низор, занҷир дар гардан ва кунда бар по, дар зери тозиёна ва чӯби фаррошони амири Бухоро, аз гардан то камар гӯшти пушташ рехта, ба тавре ки ҳама устухонҳояш намоён аст!…”
Муаллиф дар идомаи дебоча бо таассуф меафзояд, ки «Рӯзгор бар ин тарзи шиносоӣ нодида гузашт (Яъне, ошноӣ он тавр ки мебоист, муяссар нашуд – М.Ш.). Як тасодуфи дигар шавқ ва ҳаваси маро дар дидани ин бузургвор зиёд кард; орзуи маро барои зиёраташ оташинтар намуд: дидани осори адабии ӯ! Пас аз хондани осори адабии Айнӣ аз хотирам гузашт, ки амири Бухоро натанҳо золим, балки бисёр гӯсола ва безавқ ҳам буда…!»
Лоҳутӣ билохира моҳи августи соли 1925 дар Самарқанд ба зиёрати, ба фармуди худаш, фозили муҳтарам устод Айнӣ ноил мегардад. “Устод дар утоқи худ даруни садҳо китоб ғарқ буд, – ба ёд меорад устод Лоҳутӣ, – ва нусхае дар даст дошт, ки менавишт; он ҳам “Намунаи адабиёти тоҷик” буд. Садамоти дунё, занҷирҳо, чӯбҳо ва шиканҷаҳо устодро пир ва мунҳай (хароб) карда ва чашмонашро беқувват намуда. Бо вуҷуди ин як сол буд, ки ба ҷамъ ва тартиби “Намунаи адабиёти тоҷик” пардохта буд. Он рӯзҳо китоб ба поён расида ва машғули покнависӣ буданд. Ман онро мухтасар мурур кардам.”
Дебочаи Абулқосим Лоҳутӣ фишурда, аммо пурмуҳтаво ва саршор аз сидқу ихлос аст. Дар маҷмуаи “Мактубҳо”-и Айнӣ, ки бо ибтикори айнипажӯҳи арҷманд Анзурати Маликзод ва Гулбаҳор Усмонова таҳия гардидааст, шуълаҳои дурахшони садоқати ин ду поягузори ҷонфидои насру назми навини мо дилу дидаи хонандаро мунаввар месозад. Ба андешаи соҳиби ин қалам, шинохти Айнӣ барои эрониён аз ҳамон дебочаи Лоҳутӣ оғоз меёбад. Зеро “Намунаи адабиёти тоҷик” дар ҳамон соли нашр (1926) ба Теҳрон расид ва такони амиқе дар дилу зеҳни донишмандони эронӣ падид овард.
Олим ва шоири тавоно Саид Нафисиро нахуст фасоҳати забони нигорандаи рисола ба ваҷд меорад ва мақолаи ӯ “Сарзамини поки ниёгонам” бо ҷумалоти зерин оғоз меёбад: “Намедонам забони форсӣ ин қадар ширин аст ё ҳар забоне барои он касоне, ки ба он забон сухан меронанд, ҳамин ширинӣ ва гувороиро дорад… Ҳар вақте як китоби форсии тоза чопшударо мебинам, дар ман сурур ва шодии махсус падид меоварад. Вале ин шодӣ дар мавқее, ки мундариҷоти китоб аз гуфтори фусаҳои қадими Эрон бошад, ду баробар аст, мисли касе, ки аз зикри мафохири аҷдоди худ табъан мағрур ва шодмон мешавад».
Саид Нафисӣ дар идомаи матлаб бо такя ба китоби осмонии “Авесто” дилбастагии хоси худ ва дигар уламои ватанашро дар нисбати Осиёи Миёна – “кишваре, ки обу ҳавои он хулди замин аст”, иброз медорад, онро “сарзамини поки ниёконам” меномад ва ифтихор аз он дорад, ки ниёкони ӯ аз он ҷо ба Эрон омадаанд; Эрони имрӯз ба манзалаи хонаи дуввуми онҳост, — мегӯяд Нафисӣ.
Идомаи мақолаи Саид Нафисӣ сурурангезтар аз сатрҳоест, ки дар боло ироа гардид ва илҳомбахши дили ҳассоси адиб дар Теҳрон, дар идораи маҷаллаи “Шафақи сурх” дастрас гардидани “Намунаи адабиёти тоҷик” будааст. Нафисӣ ба муаррифии тазкираи зикршуда мепардозад ва дар Самарқанд таълиф ёфтану дар Маскав ба табъ расидани онро таъкид менамояд. Ба хонандагони эронӣ тазаккур медиҳад, ки он маҷмуаест иборат аз 626 саҳифа. Гирдоварандаи ин китоб алломаи муосир Садриддин Айнӣ – аз аҳрори ин диёр ва аз удабои номии диёри хеш ва аз зумраи мафохири забони мо дар Туркистон аст.
“Ин китоб, – дар идома мефармояд устод Нафисӣ, – шарҳи аҳвол ва мунтахаби гуфтори 220 нафар шуарои марду зан аз мардуми ин сарзамини ниёкони мост, ки нахустини он Рӯдакӣ – падари шеъри порсӣ бошад, охирини онҳо шуарои муосири Мовароуннаҳр аст”. Таъбири “аллома” – донандаи ҷамеъи илмҳоро дар нисбати устод Айнӣ бори аввал Нафисӣ ба кор бурда, изҳор доштааст, ки тафаҳҳуси ин китоб ҳар эронӣ ва порсизабонро аз ёд кардани (ёдоварӣ)-и савобиқи рахшандаи забони порсӣ мағрур мекунад.
Устод Саид Нафисӣ дар таҳқиқи “Намунаи адабиёти тоҷик” боз як нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳе ироа мекунад: “Муаллифи муҳтарами ин китоб собит мекунад, ки дар шинохтани шеъри порсӣ ва донистани таърихи Эрон аз саромадони ин замон аст ва низ менамояд, ки барои таълифи он бисёр заҳматҳо кашида ва чи қадар аз айёми азизи худро сарф кардааст”.
Муаллифи мақола “Намунаи адабиёти тоҷик”-и устод Айниро дар шумори “азизтарин раҳоварди бародарони Мовароуннаҳр” меҳисобад. Инчунин, Саид Нафисӣ дар поёни мақолаи “Сарзамини поки ниёконам” боз ҳам аз аҳаммияти вижаи “Намунаи адабиёти тоҷик” сухан дар миён меорад ва менависад, ки аллома Айнӣ як силсилаи адибонеро ба эрониён муаррифӣ кард, ки бо сабаби қатъи робитаи адабиёти ду минтақа мо аз онҳо хабари дурусте надоштем ва дар тазкираҳои охир (дар Эрон – М. Ш.) ёде аз эшон намеравад. Барои ҳар касе, ки дар риштаи фарҳанг ва адаби форсӣ кор мекунад, лозим аст, ки як нусха аз ин китоб бо худ дошта бошад; ин китоби нафисро, ки азизтарин раҳоварди бародарони мост, бихонад, то байни мо ва удабои Тоҷикистон ҳарчи зудтар равобити самимӣ ва ҷовидон боз шавад.
Шефтагони асарҳои устод Айнӣ дар Эрон аз солҳои бисту сӣ то айёми мо мунтазам дар ҳоли афзоиш будаанд. Бори нахуст, вақте ки “Ёддоштҳо”-и эшон ба Теҳрон расид, донишпажӯҳон, шоирон ва даҳҳо тан аз ошиқони осори ӯро ба ваҷд овард. Донишманди фархеҳта Ҳабиби Яғмоӣ дар саввумин Анҷумани таҳқиқоти эронӣ таҳти унвони “Садриддин Айнӣ – шоир ва нависандаи Тоҷикистони Шуравӣ” ба муаррифии “Ёддоштҳо” пардохт. Ӯ иқрор кардааст, ки на ба Тоҷикистон рафтааст, на ошноӣ ба забони тоҷикӣ доштааст. “Чанд китоб аз Тоҷикистон барои китобхонаи ӯ фиристодаанд, – иброз доштааст Яғмоӣ, – аз ҷумла китобест аз ёддоштҳои марҳум Садриддин Айнӣ дар чаҳор ҷилд ва дар 1450 саҳифа. Ман хостам ба ин китоб назаре кӯтоҳ биафканам ва бигзарам, аммо шевоӣ ва ширинии он чунон фирефтаам кард, ки то ба поён набурдам, аз даст наниҳодам”.
Омӯзиш, таҳқиқ ва баррасии осори Айнӣ дар Эрони қабл аз инқилоби исломӣ ва пас аз ин таҳаввулот, ҳарчанд дар ҳадди айнишиносии Тоҷикистон ва Шуравии собиқ ба таври амиқ ва густарда сурат нагирифтааст, боз ҳам мебинем, ки дар Эрони гиромӣ ҳар донишманде агар аз устод Айнӣ мақола ё шеъру достоне хондааст, дар таҳқиқ ва ситоиши ӯ бо муҳаббати фарзанд қалам рондааст.
“Донишномаи адаби форсӣ” (бо сарпарастии доктор Ҳасани Анӯша, Теҳрон, 1380-и хуршедӣ) устодро ба хонандагони хеш ба таври муфассал, ҳамчун бунёдгузори адабиёти навини шӯравии тоҷик муаррифӣ карда, зикр намудааст, ки афзун ба чандин ҷилд румону достонҳо, ёддоштҳо ва рисолаҳои пажӯҳишӣ аз ӯ дар заминаҳои гуногуни адабӣ, ҳунарӣ, мусиқӣ, таърихӣ ва ҷуз онҳо ба ёдгор мондааст.
Онҳое, ки бо шахсият ва қалами тавонои аллома ошноии саҳеҳ ва жарф доранд, ӯро яке аз чеҳраҳои мондагори адабию фарҳангӣ дар таърихи Осиёи Миёна ва ҳатто ҷаҳон медонанд. Пешниҳоди муаллифони ин мақола хонум Азито Ҳамадонӣ ва доктор Масъуди Ҳусайнипур муассиртар аз иқтибосест, ки дар боло матраҳ гардид. Онҳо пас аз таҳқиқ ва баррасии густардаи мероси ҷаҳоншумули устод Айнӣ ба айнипажӯҳони диёри хеш ба сароҳат таъкид меварзанд: “Иттилоъ аз зиндагӣ ва фаъолиятҳои адабӣ ва иҷтимоии ӯ (Айнӣ) ба алоқамандони адабиёт ва таърих дар Эрон фарз аст ва мутолиа бар рӯи осори эшон даричаест бар рӯи минтақае, ки ҳамеша бо Эрон равобити сиёсӣ ва фарҳангии танготанг доштааст».
Муаллифон ба ҳадде ба қалами тавоною ваҳдатбахши Айнӣ муҳаббат доранд, ки ҳатто ҳуҷуми кинатӯзон ва бадхоҳони тоҷикону эрониёнро, ки бақову афзунии манофеи худро дар чанддастагии ду бародари ҷонӣ мебинанд, ба эътибор намегиранд. Қазовати онҳо оқилона ва мантиқист, чунонки мегӯяд: “Имрӯз осори Айнӣ, он гуна ки иҷтимои Варорӯди яксад сол пешро ба тасвир мекашад, даричае барои шинохти эрониён аз одот (анъанаҳо) ва суннати муштаракашон бо ҳамзабонон ва ҳамдилони Осиёи Марказӣ ва низ ошноӣ бо гӯиши форсии тоҷикӣ аст” (А.Ҳамадонӣ, М. Ҳусейнипур, “Нақде бар зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ”, маҷаллаи Фарҳанги мерос, шумораи 7, феврали 2018).
Дар идомаи ин матлаб аллома Садриддин Айнӣ ҳамчун “шиносномаи фарҳанги тоҷикон дар поёни қарни нуздаҳ ва аввали қарни бист” муаррифӣ мешавад. Нигорандагон аз матонат ва набарди рӯёрӯи устод бо онҳое, ки мавҷудияти халқи тоҷикро дар ватани таърихияш инкор мекарданд, вуқуфи комил доранд “Ӯ ҳофиз ва ҳомии ҳувият, забон ва фарҳанги тоҷикон буд, – мехонем дар идомаи матлаб, – ва он ҳам дар ҳоле, ки онҳо (душманони миллати тоҷик – М.Ш.) мехостанд ин ганҷинаи куҳанро камранг ва берамақ кунанд”.
Барои он ки хонандагони эронӣ аз афкори халлоқ ва осори омӯзандаи нависанда огоҳии комил пайдо кунанд, маҷалла ба шарҳи зиндагиномаи устод мепардозад ва таъкид мекунад, ки шарҳи ҳоли устод Айнӣ кумакест ба дарки беҳтари осори вай ва дарки осори ӯ нишонгари сайри зиндагӣ ва тарзи тафаккури ӯ ва ҳамонест, ки дар он ба сар бурдааст ва он ҳам бо ниҳояти зарофат ва ниҳояти гуфтор дар китоби муфассали ёддоштҳо зикр мешавад.
Аммо муаллифон ҷиҳати муаррифии зиндагӣ ва осори устод Айнӣ танҳо ба “Ёддоштҳо” иктифо накарда, аз чандин сарчашмаҳои муътамад баҳраҳо бардошта, эшонро ба ҳайси барандаи Ҷоизаи давлатии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ барои китоби “Ёддоштҳо” ва мулаққаб ба қаҳрамони миллат (Қаҳрамони Тоҷикистон) аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – Пешвои миллат, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин падари миллат, оғозгари таҳқиқоти ҷомиашиносии Тоҷикистон дар қарни бист, яке аз бунёнгузорони забоншиносии навини Тоҷикистон, яке аз таърихшиносони давраи навини тоҷикон, яке аз пешоҳангони анвои мухталифи нигориш, аз қабили: румон, достони кӯтоҳ, танз, ҳаҷв, таърих, афсона, қиссаҳои омиёна, фулклур, луғатнависӣ, фарҳангофаринӣ, китобҳои омӯзишӣ ва сиёсӣ, ёддоштнависӣ, шеъри инқилобӣ, пажӯҳишҳои илмӣ, таърихи адабиёт, таҳқиқоти адабӣ ва тазкиранависӣ ва ғайра ёд мекунанд.
Ин ҷо мебинем, ки донишмандони ҳушманд Ҳамадонӣ ва Ҳусейнипур осори алломаро мӯшикофона ба риштаи таҳқиқ кашидаанд ва ҳеч ҳарфу ҳиҷое аз ҳунари халлоқияти Айнӣ аз чашми ҳақбини онҳо пинҳон намондааст.
Дар Эрони адабпарвар омӯзиш, чоп ва муаррифии таълифоти устод ҳанӯз соли 1926 бо вуруди тазкираи сарнавиштсози эшон “Намунаи адабиёти тоҷик” оғоз гардид. Рисолаҳои илмии ӯ роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Рӯдакӣ, Сино, Саъдӣ, Навоӣ, Бедил, Восифӣ ва амсоли онҳо дар Теҳрон дунболи ҳам ба нашр расиданд ва теъдоде таҷдиди чоп шуданд.
Интишороти “Огоҳ” соли 1362-и хуршедӣ давраи комили “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айниро ба табъ расонд. Эрониён то ҷое, ки банда иттилоъ дорам, ин китобро рӯи дил гузошта хонданд. Ҳабиби Яғмоӣ – донишпажӯҳи маъруфи Эрон дар саввумин кунгураи таҳқиқоти эронӣ ба муаррифии муфассали “Ёддоштҳо” пардохт ва онро осори мондагор номид. Аммо чопи дуввуми “Намунаи адабиёти тоҷик” ду алломаи сутург – Саид Нафисӣ ва Парвиз Нотил Хонлариро чун аксар муҳаққиқони имрӯзаи Эрон беш аз гузаштагони онон мафтун сохт. Дар дебочаи “Намуна…” доктор Алиасғари Шеърдӯст онро “санади ҳувияти фарҳангӣ” номида, навиштааст, ки фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ… ва шаклгирии кишварҳои ҷадид, хусусан дар Осиёи Миёна ва Қафқоз, заминаи ҳамкории дубораро ба лиҳози фарҳангӣ ва ҳувиятӣ муҳайё кардааст. Нигоранда дар идомаи дебоча бо илҳоми саршор аз “Намуна…” тоҷиконро ба унвони фарҳангитарин бошандагони Осиёи Миёна меномад ва мегӯяд: “Саъй ва талошҳои Садриддин Айнӣ, ба далели ин ки оғозгари роҳ ва тадовумбахши боварҳои фарҳангии мардуми тоҷик аст, ҳеҷ гоҳ аз ҳофизаи таърих сутурда нахоҳад шуд.”
Рӯзгори инқилобӣ ва осори ҷовидонаи устод Айнӣ дар аксар кишварҳои мутараққии ҷаҳон ҷойгоҳи хоси худро дорад. Чунончи ширкатварзони Конфронси дуввуми мамолики Осиё ва Африқо (Қоҳира 1962) дар баённомаи хеш рӯи ин мавзуъ ба гунаи зайл таъкид варзидаанд: “Мо дар инкишофи бедории худ аз таълифоти нависандагоне монанди Робиндранат Такур, Лу Син, Садриддин Айнӣ ва Тоҳо Ҳусейн сипосгузорем.”
Бинобар навиштаи устод М. Шакурӣ, дар андешаи академик Бобоҷон Ғафуров аллома Айнӣ ҳамчун падари миллат эътироф гардидааст. Мехоҳем бо ифтихор бигӯем, ки таълифоти падари миллат ба чандин забонҳои зинда ва бонуфузи дунё тарҷума ва нашр гардидааст, аммо дар ин масир бояд воқеъбинона таъкид намуд, ки бародарони ҳамзабон ва ҳамнажоди мо эрониён пешқадамтар аз ҳама қавму миллатҳои дунёянд.
Аз оғози садаи бист то имрӯз дар Эрон чопи силсилаи осори устод ба тадриҷ дар ҳоли нашр ва бознашр аст. Романи ҷаҳоншумули “Ғуломон”-ро нашриёти “Орвин” бо эҳтимоми Мустафо Бобохонӣ соли 1397 муҷаддадан ба нашр расонд. Ҳамин ношир “Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам”-ро соли 1395 бознашр кард. “Ёддоштҳо” дар панҷ ҷилд чиҳил сол муқаддам аз сӯи нашриёти “Огоҳ” (1362) ба зевари чоп ороста гардид. Соли 1384-и хуршедӣ эрониён рисолаи дигари Айнӣ “Мирзо Абдулқодири Бедил”-ро рӯи дил гузоштанд, ки онро нашриёти “Сураи меҳр” бо эҳтимоми Шаҳбози Эраҷ таҳия ва нашр намуд. Бо ибтикори фарзанди фархеҳтаи устод, академик Камол Айнӣ интишороти бонуфузи “Суруш” соли 1382 хуршедӣ боз як рисолаи пурмуҳтавои эшон “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”-ро ба хонандагони хеш пешкаш намуд. Ҳамин тавр, бо нашри ин асар боз як рисолаи ҷадид ба хазинаи осори таҳсинбарангези Садриддин Айнӣ афзоиш ёфт. “Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро”, ки бархурдор аз дастмояи амиқ ва густардаи илмӣ мебошад, дар матбуоти кишвари дӯст мавриди баррасии жарф қарор гирифт. Аммо ахиран моҳномаи “Оинаи мерос” беш аз ҳар нашрияе ба муаррифии зиндагии пур аз шебу фарози фарзанди фарзонаи Бухорои шариф ва таҳлили мероси илмӣ, адабӣ ва сиёсии эшон пардохт. Мақола “Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Садриддин Айнӣ” унвон дорад. Муаллифон Озито Ҳамадонӣ ва Масъуди Ҳусайнипур дар се бахш аз ин дебоча, зиндагӣ ва осори пурвусъати аллома ва ҷаҳони ғаноманди ӯро ба рӯи хонандагон боз намудаанд. Муаллифон дар дебочаи рисола устод Айнӣ ва таълифоти ҷаҳоншумули ӯро шиносномаи фарҳанги тоҷикон дар поёни қарни 19 ва ибтидои садаи бист номида, барҳақ қайд кардаанд: “Ин осор, бешак баргирифта аз афкори халлоқи ӯ, мутаассир аз адабиёти классикии форсиву русӣ ва намоёнгари ҳуббу (меҳр)-у буғзи муаллиф ба ду режим – аморати Бухоро ва ҳукумати болшевикии Русия аст”.
Дуруст аст, ки Ҳамадонӣ ва Ҳусейнипур Айниро ба хонандагони моҳномаи “Оинаи мерос” чун ҳофиз ва ҳомии тавонои забон ва адабиёти тоҷикон дар набард алайҳи душманони пурқудрати ин қавм муаррифӣ кардаанд, аммо дар хатми ҳамин дебоча онҳо ноогоҳиеро, ки дигар ҳамшаҳриёнашон дар шинохти воқеии устод Айнӣ доранд, ба тариқи зайл такрор кардаанд: “Аммо бо боварии баъзеҳо нақши ӯро (Айниро – М. Ш.) дар тағйири хатти форсӣ ба лотин ва талоши ӯро дар ҷо андохтани (иваз кардани) истилоҳи тоҷикӣ ба ҷои форсӣ ва барандохтани номи форсӣ дар Тоҷикистон наметавон нодида гирифт”.
Нашрияи “Оинаи мерос” чун дар ироаи интиқоди боло таъбири “бо боварии баъзеҳо”-ро ба кор бурдааст, ба ӯ ва ба “баъзеҳояш” дар поён посухи муфассал хоҳем дод. Аммо мебинем, ки дар бахши дуюми рисола бо истифода аз “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ (дар таҳияи доктор Сирҷонии Бухороӣ) нигорандагон оид ба зиндагии устод бо муҳаббат қалам меронанд. Санадҳо, номи макону қаҳрамонон, таърихи замон ва амсоли инҳо саҳеҳ ва беғалат корбурд гаштаанд. Фасоҳату шевоии форсии эронӣ дар ҳар ҷумлае хонандаро ширинком месозад. Ба таври мисол: «падари Айнӣ – Саидмуродхоҷа ва модараш – Зеварой ҳар ду дар умури фарзандон мувозиби (ғамхории) доимӣ доранд ва онҳоро ба анҷоми фароизи динӣ ташвиқ мекунанд. Падари Айнӣ… мунтахаботе аз ғазалиёти Ҳофиз, Навоӣ ва Соибро бо дастхати худ навиштааст, ки бо мутолиаи ҳамин ҷузва аввалин ҷарақаҳо (шарораҳо)-и адабӣ дар зеҳни Айнии кӯчак зада мешавад».
Дар зикри зиндагиномаи С. Айнӣ ҳеҷ ҳарфу ҳиҷое аз қалами падидоварандагони форсии он наафтодааст ва муаллифон иқрор кардаанд, ки манбаи аслии матолиб асосан “Ёддоштҳо” аст ва аз он ҷо, ки шумори шавоҳид (иқтибосҳо) зиёд аст, дар канори ҳар нақли қавл ба зикри сафҳа басанда ва аз такрори номи китоби “Ёддоштҳо” худдорӣ шудааст.
Нигорандагон дониш ва нигоҳи пурвусъате нисбат ба аллома, ҳамасрон, дӯстону шогирдони ӯ доранд ва ҷо-ҷое ба ин матн нукоти омӯзанда ё дар дохили навиштаашон ё дар поварақи китоб меафзоянд. Чунин наҳваи таҳрир ҷиҳати огоҳии хонанда судманд аст. Ба таври мисол: Айнӣ 27 сол дар Бухоро, сипас дар Самарқанд зиндагӣ мекунад. Дар солҳои поёнии умр дар Душанбе сукно мегузинад; шаҳре, ки дар он ба соли 1954 реҳлат карда ва ба хок супурда мешавад. Акнун хонаҳои Айнӣ дар Душанбе ва Самарқанд ба музей табдил шуда, лавозим ва китобҳои ӯ ба ҳамроҳи тоблуҳо ва аксҳое, ки аз он замон мондааст, дар маърази намоиш қарор доранд ва амокини бисёре дар Тоҷикистон ба номи ӯст. Бо зарбаи 75 чӯб шиканҷа шудани Айнии донишманд дар соли 1917-и мелодӣ, сипас ба василаи сарбозони рус, ки аз рафтори нописанди амир нисбат ба зиндониён воқиф буданд, наҷот ёфт ва махфиёна ба бемористони Когон мунтақил гардид ва раҳсипори Самарқанд шуд ва хадамоти худро ба ҷумҳурии Шӯравии Туркистон арза дошт ва аз ин роҳ кӯшид, ки дар сарнагунии амири Бухоро саҳме дошта бошад… Инҳо нукотеанд, ки муаллифони “Оинаи мерос” аз дигар сарчашмаҳои илмӣ мавриди истифода қарор додаанд. Ба қавли шоир ва мутарҷими олмонӣ Алфред Карло “Айнӣ таҷассуми робита ва ҷараёни маданияти ҷаҳони Шарқ ва Ғарб аст. Дар идомаи ин иқтибос муаллифон нуктаи дигареро аз нависандаи шаҳири чехославакӣ Иржи Бечка матраҳ менамоянд: осори Айнӣ ва шахсияти ӯ ҳаммонанди тамоми ҳақоиқи азим ва зебоиҳои бузург барҷаста ва мумтозанд”.
Ҳамадонӣ ва Ҳусайнипур истеъдоди тобноки устодро дар арсаи шеъру шоирӣ низ ба риштаи таҳқиқ кашида, бо тахаллуси Сифлӣ, Муҳтоҷ, Муҳтоҷӣ ва Ҷунунӣ ба назм рӯ овардани эшонро таъкид кардаанд. Таърихи сурудаи инқилобии эшон “Марши ҳуррият” ва бандҳое, ки дар рисолаашон оварда, мавриди баррасӣ қарор додаанд, ҷолиб аст. Ғазал ва дигар ашколи адабии осори манзуми Айнии шоир низ дар ҳадди матлуб таҳқиқ ёфтааст.
Пас аз пирӯзии инқилоби Октябр (1917) Айнии шоир асосан ба наср гароиш пайдо кард. Ҳафтавори “Оинаи мерос” дар ин ҷо ба муаррифии ҳамаҷониба ва таҳлили жарфу пурумқи осори мансури устод, монанди “Одина”, “Дохунда”, “Ғуломон” ва “Марги судхӯр” мепардозад. Муаллифон, аз осори мансури нависанда ва таълифоти айнишиносони Шӯравӣ ва хориҷ аз он вуқуфи комиле доранд. “Имконияти руммонависии урупоӣ барои аввалин бор дар достон (қисса) ва румонҳои Айнӣ намуд ёфтааст (зоҳир гардидааст – М. Ш.). Ин вижагиҳо ба наҳве дар осори Аҳмади Дониш буруз ёфта буд. Аммо Айнӣ ин имконотро бо усули реализми сотсиалистӣ дарҳам омехт ва умдатарин хусусияти насри навини тоҷикро, ки поя бар воқеънигории сотсиалистӣ дорад, бунёд ниҳод.
Нахустин романи тоҷикӣ мансуб ба қалами устод аст. Нависандагони чирадасте чун Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Фотеҳ Ниёзӣ, Раҳим Ҳошим ва дигарон – ҳама дастпарварони мактаби пурфурӯғи эшонанд. Ҳатто нависандаи забардасти қирғиз Чингиз Айтматов, ки шуҳрати ҷаҳонӣ касб кардааст, истеъдоди тобноки худро мадюни қалами тавонои Айнӣ медонад. Хушбахтона, муҳаққиқони кишварҳои дӯст ва ҳамзабони Эрон ва Афғонистон аз мавзуи зикршуда огоҳии комил доранд.
Донишмандони гиромӣ хонум Озито Ҳамадонӣ ва Маҳмуди Ҳусайнипур бо иттико ба фармуди профессор Комиссаров, дуруст зикр намудаанд, ки Айнӣ ҳанӯз он гуна ки бояд, дар Эрон шинохта нашудааст ва шуҳрати начандони ӯ мадюни тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” ва сипас “Ёддоштҳо”-и ӯ ва бар асари таблиғоти маҷаллаҳое монанди “Сухан”, “Паёми навин”, “Яғмо”, “Хӯша” ва соири матбуот будааст. Дигаре аз адибони номвари эронӣ Алиасғари Ҳикмат дар бораи дидораш бо Айнӣ менависад: “Хурдоди соли 1327-и шамсӣ (1948-и мелодӣ) ҷашни байналмилалии Мир Алишери Навоӣ дар Тошканд баргузор гардид. Марҳум Садриддин Айнӣ низ дар шумори даъватшудагон буд… Фасоҳати калом ва латофати гуфтор ва ибтикори ӯ дар интихоби мавзуи суханронӣ ба тавре бандаро маҷзуб ва дилбастаи каломи он бузургвор сохт, ки фардои он шаб қитъае дар мазмуни суханронии ӯ ёд кардам (яъне навиштам –М. Ш.) ва як нусха барои Айнӣ ирсол намудам”.
Маҷаллаи “Оинаи мерос” дар поёни ин гуфтор қитъаи симисраии устод Ҳикматро овардааст, ки мо танҳо бо чанд байт аз он иктифо мекунем:
Ҳамсоя зи ҳамсоя басе панд бигирад,
Ангур зи ангур ҳаме ранг бигирад.
Оре, масал ин аст бари мардуми тоҷик,
Аз ҳар масале аҳли адаб панд бигирад.
Ҳар ҷонвару сангу дарахте, ки ба гетист,
Сад панд аз он марди хирадманд бигирад.
… Он қанд биёрад ҳаме аз Миср ба Шероз
В-ин турфа наъиме зи Самарқанд бигирад.
Юнон ба ҳакимон сухан аз фалсафа гӯяд,
Дар Ҳинд хираднома Бараҳманд бигирад.
Хурсанд шавад хотири ғамгин агар устод
Аз ин суханон хотири хурсанд бигирад.
Хандон шаваду шод шавад Ҳикмати маҳзун,
Аз дӯст агар як-ду-се лабханд бигирад.
Тошканд, хурдоди 1327-и ҳиҷрӣ.
Дар поёни матлаб омадааст, ки Айнӣ низ қитъаи чиҳилмисраӣ бо ҳамин вазну радиф, вале қофияи мутавофит суруд ва тавассути писараш Камол барои Ҳикмат фиристод. Чанд байти сурудаи устод Айнӣ ин аст:
Ҳамсоя зи ҳамсоя ба худ ранг бигирад,
Ҳар тор зи тори дигар оҳанг бигирад.
Оҳанг ду кавн аст: мухолиф ва мувофиқ,
Доно натвонад, ки ҳар оҳанг бигирад.
… Ин туҳфаи ночиз нисорест ба он дӯст,
К-аз кишвари илму ҳунар авранг бигирад.
Донишвари бемисл Алиасғари Ҳикмат
Ҳикмат сазад аз дониши ӯ ранг бигирад.
Устод Айнӣ дар ин қитъа аз Эрони гиромӣ бо муҳаббати фарзандӣ чун аз кишвари илму ҳунару авранг ном мебарад ва дар ҷои дигар хонда будам, ки ӯ ба душманони Эрону ақвоми эронӣ ҳушдор дода, гуфта буд: ҳеҷ миллате ҳад надорад, ки ба хоку марзи ин кишвар бо тамаъ назар афканад. Зеро бешаҳои Эрон аз қадимулайём то замони мо шеронро парвардааст!
Бидуни тардид, тамҷид аз сӯи аҳли адаб, ҳамзабонони эронии мо дар ситоиши Айнӣ бесабаб нест. “Оинаи мерос” Айниро дар радифи бузургони шинохташудаи дунё, аз ҷумла Амир Хусрав, Низомӣ ва Муҳаммад Иқбол баршумурдааст… Ҳабиби Яғмоӣ дар чандин шумора аз маҷаллаи “Яғмо бахшҳое аз “Ёддоштҳо”-ро ба чоп расонд ва дар таҳлиле ба тамҷиди ин китоб пардохт (Яғмоӣ, 1351, 344-348).
Ҳусейни Лисон низ дар бораи “Ёддоштҳо” менависад: “Дар ин миён “Ёддоштҳо”-и Айнӣ хонданӣ аст. Ӯ ҳамаи дидаҳо ва таҷрибиёташро ба ҳавсалаи дархури шигифтӣ ба забони форсии бухороии имрӯз навиштааст”. Ва Ҳусейн иқрор менамояд, ки барои ӯ мутолиаи ин ёддоштҳо муғтанам (ғанимат) буд ва фурсате даст дод, то бубинам Бухорои имрӯз чӣ доштааст, чи гуна ҳарф мезанад ва менависад ва шеър мегӯяд; яъне, ҳамчун инъому подоши бебаҳо ба Ҳусайни Лисон ин саодат аз тариқи “Ёддоштҳо” насиб гардиддааст.
“– Яке аз ширин китобҳое, ки борҳо ва борҳо хондам, – аз бедилшиноси бузург Шафеии Кадканӣ ёд меорад моҳномаи “Оинаи мерос”, -хотироти Садриддин Айнӣ аст… Қудрати нависандагии муаллиф ва ҳунари тавсифи ӯ дар навъи худ камназир аст”. Дар ҳамин замина дигаре аз олимони садаи бисти эронӣ Иброҳими Худоёр низ нукоти ибратомӯзе ироа кардааст. Моҳномаи “Оинаи мерос” хидмати нодир ва мондагори Саиди Сирҷонӣ ва муқаддимаи олимонаи ӯро дар шиносондани Айнӣ, ба вижа “Ёддоштҳо”-и эшон бо муҳаббат зикр намуда, қайд кардааст, ки “барои нахустин бор сабки Байҳақиро дар ин китоб шинохт. Сирҷонӣ аз ҳамватанони эронияш тақозо кард, то Ёддоштҳои Айниро ҳатман бихонанд.
Бахши поёнии рисолаи хонум Озито Ҳамадонӣ ва доктор Масъуди Ҳусайнипур воқеан самимӣ ва пурбор аст. Муаллифон ин бахшро “Нигоҳи Айнӣ ба Эрон” унвон гузоштаанд ва аммо онҳо аз оғози матлаб ба иштибоҳи ошкоро роҳ додаанд: “Айнӣ дар баъзе маворид нигоҳи начандон дӯстона ба таърих ва адабиёти Эрон дорад” – бо ҳамин ҷумла оғоз меёбад ин бахш ва дар идома мехонем, – ӯ матолиберо зикр мекунад, ки барои онҳо асоси илмӣ ва мантиқӣ наметавон ёфт”(?!)
Аввалан, дар таълифоти устод Айнӣ “асоси илмӣ ва мантиқӣ наметавон ёфт” гуфтан ғалати маҳз аст. Ҳеҷ донишманди худӣ ва хориҷӣ то кунун дар қиболи Айнӣ чунин нуктаи хомро ба кор набурдааст. “Нигоҳи начандон дӯстонаи Айнӣ дар нисбати Эрон (?) ва решаи ин таблиғотро О. Ҳамадонӣ ва М. Ҳусайнипур” дар “гароиши аллома Айнӣ ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ва алоқаи муфрат (ифротӣ)-и ӯ ва навъе натсионализми Айнӣ нисбат ба Тоҷикистон” хондаанд, ки иштибоҳ аст.
Ҳатто душманони оштинопазири устод, ба вижа пантуркистони ифротӣ, дар солҳои бисту сии қарни бист аз “натсионализми Айнӣ нисбат ба Тоҷикистон” аслан дам назадаанд. Устод ватанашро, ҳатто Эронро фирдавсивор дӯст медошт ва осорашро нисори ҷони фарзандони ин ду хитта намуд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ тоҷику форсро аз ақвоми дигар боло нагузошт; ҳатто сиёсати милливу башардӯстонаи Шуравӣ чунин нигоҳро қатъиян манъ мекард.
Айнӣ дар нома ба фарзандаш Камол менависад, ки «Мо Саъдӣ, Ҳофиз, Бедил барин касонро низ азони худ мешуморем. Чунки забони онҳоро оммаи тоҷик мефаҳманд».
Ба ақидаи мо, “забони онҳоро мефаҳмем” гуфтан кам аст. Забони тамоми классикони адабиёти форсии тоҷикӣ барои тоҷикон мояи лаззат, ангезандаи ғуруру шодмонист, ки дигар ҳоҷат ба исботи он нест. Агар устод рукку рост мегӯяд, ки шоирони гузаштаи Осиёи Миёнаву Хуросон, бешакку шубҳа, азони моянд, ба иттилои хонум Озито ва оқои Ҳусейнипур мерасонем, ки мухотаби ӯ на эрониён, балки пантуркистонанд, онҳое, ки натанҳо мероси фарҳангии тоҷикон, балки мавҷудияти онҳоро дар ин сарзамин қотеъона инкор мекарданд.
Аммо дар бахши ҷамъбандии ин рисола муаллифон мунсифона қалам ронда, иқрор кардаанд, ки шинохти шахсият, фаъолият ва осори Садриддин Айнӣ гомест бузург барои огоҳии эрониён аз фарҳанг ва иҷтимоъ ва адабиёти Осиёи Марказӣ дар даврони гумшудаи солҳои 1900-2000-и мелодӣ.