Тору пудаш сиришта аз сухан аст
Ба муносибати 75-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Мирзо Шукурзода
Истиқлоли давлатии Тоҷикистон барои адабиёти тоҷик чун нафасу руҳи тоза ва рухдоди фараҳбахш падид омад. Истиқлол ба кулли адибон, шоирону нависандагон, таърихнигорону фарҳангшиносон, пажӯҳишгарон, умуман аҳли фазлу адаб илҳому неруи тоза бахшид. Адибону пажӯҳишгарони мо муҳимтарин нигоштаҳои таърихии адабиёти гузаштаро, ки тули қарнҳо мардум аз он огаҳӣ надоштанд, бо ҷилову тобиши ҷолибашон кушода, мавриди шинохт ва истифодаи мардум қарор доданд.
Яке аз чунин адибони дар ин самт муваффақ устод Мирзо Шукурзода мебошад. Ӯ ба маънои том зиёии равшанфикр, огаҳ, ҳақшиносу худшинос, масъулиятшиносу миллатшинос ва нависандаи барҷаставу шинохта аст, ки бо истеъдоди хоса ва донишу тафаккури фарохаш дар адабиёти тоҷик мавқеи намоёнеро соҳиб аст.
Зиндагинома ва роҳи тайкардаи эҷодии устод пурбору пурпечутоб аст. Нахустин очерки ҳуҷҷатияш «Баҳодури Дилварзин» соли 1976 ва китоби очерку мақолаҳояш «Ситораҳои рахшанда» соли 1986, маҷмуаи ҳикояву қиссаҳояш «Теғи ҷонбахш» соли 1989 дар нашриёти «Адиб» нашр гардиданд.
Дувоздаҳ сол дар Ҷумҳурии исломии Эрон (1999-2004) ва Афғонистон (1985-1987) хидмати илму фарҳанг намуда, дар Кобул, Теҳрону Пешовари Покистон 20 китоби илмиву пажӯҳишӣ ба чоп расонидааст. Барои илм андӯхтан, пажӯҳишу густариши фарҳангу тамаддуни миллат бисёр сафарҳо кардаву солҳо берун аз Ватан ба омӯзишу пажӯҳиш машғул буд ва ҳамеша аз сафарҳои тулонӣ бо кӯлвори пур аз китобу мақолаҳо ва рисолаҳои нави илмӣ бармегашт.
Дар замони бисёр мураккаб дифоъ аз таъриху тамаддуни миллат, ғӯтавар шудан ба қаъри уқёнуси таъриху тамаддун ва берун кашидани он ҳама дурру гуҳари то имрӯз ноаён корест басо душвор ва на ҳар кас ба он қодир аст. Мирзо Шукурзода аз ҷумлаи он пажӯҳишгаронест, ки бо азму иродаи қавӣ ин бори гарони адабиро ба дӯш гирифт. Ӯ кашшофи розҳои таъриху фарҳанги гузаштаву имрӯза мебошад.
Беҳуда нест, ки ҳанӯз чандин сол муққадам донишманди бузургамон Муҳаммадҷон Шакурӣ гуфта буд: «Мирзо Шукурзода дар сафи аввали онҳоест, ки дар даҳ-дувоздаҳ соли охир дар Эрон як ҷараёни қавӣ бо номи тоҷикшиносӣ ба вуҷуд оварданд. Ширкати ӯ дар тоҷикшиносии Эрон як падидаи ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ буда, бавижа дар Истиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти калони иҷтимоиву сиёсӣ дорад ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он мустаҳкам мекунад”.
Фазилати дигари устод озодии руҳ ва андешааш мебошад, ки дар ҳама гуна ҳамоишу мафҳилҳо, доираҳои адабию пажӯҳишӣ ҷасурона фикру андешаашро оид ба ин ё он масъалаи илмӣ ва таърихию фарҳангӣ рӯирост бо далелҳои қотеъ иброз менамояд.
Ҳар ҷое, ки бошад, хоҳ дар Эрон ё Афғонистон, ё дигар давлатҳо, аз ҳувияти миллӣ забон, таърих, тамаддун, илму фарҳанги тоҷик мегӯяд. Хидмати чашмраси устод дар эҷоду нашри силсилаи мақолаву очеркҳо доир ба фарҳанги тоҷикону эрониён басо назаррас аст. Ӯ ҳам рӯзноманигор асту ҳам мунаққид, ҳам нависанда асту ҳам шоир, ҳам пажӯҳишгар асту ҳам фарҳангшинос. Аз замоне ки ӯро мешиносам, ҳамеша дар ҷустуҷӯ ва такопӯ мебинамаш. Мақолаву рисолаҳои зиёди илмию публитсистияш, аз ҷумлаи рисолаҳои «Парниёни ҳариру абрешим», ки дар Теҳрон соли 2001 ба табъ расид ва «Ҷонпайванд», ки соли 2006 дар Душанбе рӯи чоп омадаву дастраси хонандагон гардид, арзиши баланд доранд. Пайваста дар ҷустуҷӯи ганҷҳои фаромӯшшудаи фарҳангу таърих ва адабиёти ҳазорсолаи тоҷик аст. Ӯ ба умқи баҳри бекарони таъриху фарҳанги ниёгонамон фурӯ меравад ва дурру гавҳарҳои гаронарзиш берун меорад ва барои таҳқиқу пажӯҳиш ва муаррифии онҳо ба аҳли башар талош меварзад.
Китоби устод Мирзо Шукурзода «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно» яке аз дастовардҳои бузурги ӯ дар риштаи тоҷикшиносӣ мебошад. Ӯ бо заҳмату талошҳо, омӯзиши маъхазҳои таърихӣ тавонист дар Эрон маркази тоҷикшиносиро таъсис диҳад. Қариб дар ҳама навиштаҳояш роҷеъ ба таърихи эронитаборон ва робитаҳои судманди форсизабонон изҳори назар намудааст. Саҳми ӯ дар пайванди фарҳангиёни Тоҷикистону Эрону Афғонистон хеле арзишманд аст.
Устод Шукурзода адиби пуркору пухтакор, ҷӯяндаву созанда ва таърихнигори камназир аст. Соли 1990 нашриёти «Ирфон» китоби «Тоҷик, тоҷдор, тоҷвар»-и ӯро ба нашр расонид, ки аз мақолаву рисолаҳои муаллиф оид ба бедории шуури миллӣ, худшиносиву худогоҳии тоҷикон ва маънои номи тоҷик мураттаб гаштааст.
Маҷмуаҳои ашъораш «Фаввораи андуҳ» (соли 2005) ва «Ашки сари мижгони ман» (соли 2019) рӯи чоп омадаанд, ки ҷанбаи дигари ҳунару истеъдоди адибро нишон медиҳанд.
Саодат насибам гардид, ки чанд муддате бо устод Мирзо Шукурзода дар осоишгоҳ ҳамроҳ бошам. Аз суҳбатҳояш боз бештар аёнам шуд, ки муҳаббаташ ба Ватан, ба илму фарҳанг ва таърихи ниёгонамон беандоза аст.
Ҳар субҳ ҳамроҳ субҳона мехӯрдем ва бо мо як мӯйсафеде буд , ки ҳарду дасташ сахт меларзид. Вақте ки сари мизи субҳона менишаст, ягон чиз хӯрда наметавонист, агар пиёлаи чойро гирифтанӣ мешуд, аз ларзиши даст чой ба замин мерехт. Ин ҳолат моро бисёр ба риққат меовард, хусусан, дили устод ба мӯйсафед бештар месӯхт. Ҳар субҳ то омадани мӯйсафед ба сари миз устод Шукурзода болои нони ӯ равған молида мемонд, ба пиёлааш чой рехта, шакар меандохту тайёр мекард. Вақте ки мӯйсафед омада, ба ҷояш менишаст, устод бо меҳрубонии дилсӯзона бо дасти худаш мӯйсафедро мисли кӯдак мехӯронд. Ин амали хайрхоҳонааш эҳтироми маро ба ӯ афзуд. Ин ҷо дарк кардам, ки устод дар ҳақиқат инсонест бо дили бузург.
Чароғи илҳоматон ҳамеша фурӯзон бод, устоди азиз!
Муродалӣ Собир
***
Мирзо Шукурзода зиёда аз 40 сол аст, ки дар соҳаи адабиёт ва матбуот хидмат мекунад. Вай фикри равшану забони равон дорад ва ин ду маҳак василаест, ки адибро ба корҳои муфид вомедорад.
Кӯҳзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон
***
Дар ин китоб («Тӯшаи умри падар») сухани тоза, маънии бикр, мақолу киноя, масалу матал ва шеваи гуфтор гуворо бувад. Чунин сабку услубро дар рисолаи дигари ӯ «Саёҳати Кеш» мушоҳида карда будам.
Сорбон, Нависандаи халқии Тоҷикистон
***
Мо бо Мирзо Шукурзода корро дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» оғоз карда будем. Инак, беш аз сӣ со ласт, ки ӯро ба ҳайси як рӯзноманигори нотакрор, нависандаи соҳибсухан, пажӯҳандаи бебок хуб мешиносам. Аз нахусткитоби ҳикоя ва очеркҳояш то силсилаи китобҳои таърихӣ сабзида, ба камол расид.
Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон
***
Мирзо Шукурзода нависандаи ҳақиқатнигор аст. Аз тасвирҳои ҷузъӣ то куллии воқеаҳо гапи хушк ва сухани холӣ аз ҳикмату ҳадис надорад. Ёддоштҳои адиб як падидаи тоза дар насри муосири тоҷик аст.
Атахон Сайфуллоев, профессор
***
Мирзо Шукурзода Тоҷикистону тоҷиконро барои ҷаҳониён чун кишвари қадим ва ҳамчун халқи бофарҳанги дунё муаррифӣ намуд.
Мансур Бобохонов, профессор