Меҳри ӯ дар дилу дар дидаи мо ҷост ҳанӯз. Ёде аз Зафар Мирзоён

 Меҳри ӯ дар дилу дар дидаи мо ҷост ҳанӯз. Ёде аз Зафар Мирзоён

Зафар Мирзоён бо осори илмию публитсистиаш саҳифаҳои адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва фарҳангшиносии моро рангину ғанӣ гардонидааст. Солиёни зиёд ба ҳайси мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият мекард. Ҳамзамон, дар кафедраи журналистика ба донишҷӯён дарс медод. Ба ҷуз аз сарпарастӣ ба маҳфили «Шоҳномахонӣ» масъулияти ҷамъияти илмии донишҷӯёнро бар дӯш дошт, ки он барои рӯ овардан ба корҳои илмии донишҷӯён нақши муҳиммеро мебозид. Дар вохӯрии нахустин ӯро шахси ҳалиму ситорагарм дарёфтам. Чун аз кӯдакиям нисбат ба «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ меҳр мепарваридам, аз устод Мирзоён хоҳиш кардам, ки маро ба маҳфилаш шомил намояд. Хоҳишамро бо хушнудӣ қабул кард. Маҳз ҳамин шиносоӣ боис гардид, ки баъдан, аз соли 2006 то 2024, яъне тӯли 18 сол бо ӯ дар робита бошам.

Зафар Мирзоён бо эҳсоси масъулияти баланд ва донишу маҳорати воло ва хоксорию фурӯтании ба худаш хос ҷавонони зиёди минтақаи Кӯлоб ва берун аз онро ба маҳфили “Шоҳномахонӣ” ҷамъ намуда, дар мазуъҳои хеле ҷолиб ва муҳим суҳбатҳои муассир мекард. Соатҳо дар бораи мавзуи пешбинишуда суҳбат менамуд, ки ҳеҷ кас хастагиро эҳсос намекард. Суҳбатҳояш чунон ҷолиб буданд, ки ҳатто пас аз муддати дароз давом ёфтани нишастҳо ба хона рафтан намехостем ва ё гоҳе фаро расидани шабро ҳам эҳсос намекардем. Муаллим Мирзоён дар давоми умр шогирдони зиёдеро тарбия карда, ба роҳи пурмашаққати эҷод сафарбар намуд. 6 нафар аз аъзои маҳфил дорои унвонҳои баланди илмӣ гаштанд. Муаллим дар давоми фаъолияти илмию ҷамъиятии худ зиёда аз 600 китобу мақолаи илмию публитсистӣ таълиф карда, ҳазорҳо навиштаҷоти аҳли илму адаб ва намояндагони қишри зиёии кишварро аз таҳрири заргарона гузаронидааст. Дар таҳияи даҳҳо барномаи адабӣ ва фарҳангии шабакаҳои гуногуни телевизионҳои ватанӣ иштироки фаъол дошта, бо ақидаю андешаҳои тозаю пешқадамонаи худ барномаҳоро ҷолибтару рангинтар мекард ва дар баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳии миллии бинандагону шунавандагон саҳм мегузошт. Дар шабакаҳои радио ва телевизион перомуни мавзуъҳои «Шоҳнома», ойинҳои бостонии тоҷикону эронитаборон беш аз 50 гуфтумонҳо пахш намуда буд. Ҳар моҳ ду-се бор аз баландгӯи садои «Овози тоҷик» дар мавриди бозшинохти ҳикматҳои «Авасто», инқилоби заминдорӣ дар боварҳои зардуштӣ, нақши «Шоҳнома» барои дарёфти роҳҳои хирадмандонаи фарҳангӣ сохтани насли имрӯзу фардо, гуфтумонҳои 30-дақиқаӣ дошт.

Ба таҳлилу пажуҳиши масоили мухталифи театру мусиқӣ низ шавқ дошт ва бо аҳли санъати кишвар ҳамкорӣ мекард. Борҳо шоҳиди суҳбатҳои телефонии муаллим бо Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шуравӣ Ҳошим Гадо будам. Зафар Мирзоён бо ин ҳунарманди асилу нотакрор муносибатҳои гарму самимӣ дошт. Дӯстонаш дар байни мусавирони номии Тоҷикистон низ кам набуданд. Аз байни онҳо бештар ҳунари рассомии Сабзаалӣ Шарифзодаро қадр мекард. Ӯро мисли худ дилбохтаи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ дарёфта, дар мақолаи ба ҳунари тасвиргар бахшидааш чунин оварда буд: «Дар намоишномаи бахшида ба 70-солагии суратгари беҳамто, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон, чандин асари пурэҳсос ва мубинонаи ӯро дидам, ки гӯёи ҷаҳонбинии Фирдавсӣ буданд, меҳри бепоён ба Ватан ва марзу буми он… Ҷолиб он буд, ки Сабзаалӣ Шарифзода ба сони Ҳакими бузургвор, барои ба тасвир расонидани намодҳои меҳанпарастони бостон 35 сол ранҷ кашидааст». Аз ҳунармандони Шарқ шефтаи санъати волои Аҳмад Зоҳир буд. Мегуфт, ки рӯзи худро бо сурудҳои Аҳмад Зоҳир оғоз мекунад. Дар атрофи рӯзгор ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарманд мақолаҳои зиёд ба табъ расондааст, ки хонандаро бо паҳлуҳои норӯшану мармузи ҳаёташ ошно мекунанд.

Офаридаҳои муаллим бо интихоб ва ҳалли муҳимтарин масъалаву мавзуъҳои замон, вусъати назари донишмандона, салосату рангинии забон, корбасту бозии дилкаши таъбиру вожаҳо, эҳсосот ва ҳарорати хоси худаш дар соҳаҳои мухталифи илму адаб, аз ҷумла забоншиносиву адабпажуҳӣ, рӯзноманигорию фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносию таърихнигорӣ ва ғайра падидаи тоза эътироф шудаанд. Навиштаҳояш дар маҷмуаҳои «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллӣ» (2013), «Ниёиши некону покон» (2014), «Худовандагори сухани порсӣ» (2015), «Офаридгори сухан», (2018), «Динпаноҳӣ ва меҳанпарастӣ» (2018), «Бозёфтҳо аз «Шоҳнома» (2020), «Се шикасти ориёиҳо» (2022) ва дигар асарҳо ба табъ расидаанд.

Муҳтавои китоби «Ҷашни Наврӯз – омили худогоҳии миллӣ» аз навишторҳо перомуни ҷашнҳои Наврӯз, Сада, Меҳргон, Шаби Ялдо бо унвонҳои «Наврӯз ҷашни Ҷамшед аст», «Ҷашни Наврӯз аз баҳор фаротар аст», «Фурӯғи ҷашни Сада», «Шаби Ялдо», «Меҳргони бағёдӣ ва тирамоҳ» иборат аст. Дар ин китоб муаллиф таваҷҷуҳи хонандаро ба масъалаҳои ҳувияти миллии тоҷикон, поксозии зангу хокистари фарогири хотираи таърихии мардум, рӯ ба фарҳанги гумшудаи ориёии хеш ниҳодан равона кардааст. Перомуни ойинҳои фаромӯшшудаи тоҷикон, ки баргирифта аз боварҳои меҳрпарастӣ ва зардуштӣ мебошанд, дарёфтҳое бар пояи биниши дигар пеши назар мегузорад. Таъкид дорад, ки ҷашнҳои муҳими эронитаборон дар баробари ҷанбаи гоҳшиносиву ситорашиносӣ доштан, наслҳои моро ба таърихи кашфҳову фарҳанговариҳои ниёконамон ошно месозанд. Аммо аз он афсус хӯрдааст, ки ин рӯйдодҳои таърихиро натавонистаем ба таври шоиста ба худиҳову бегонаҳо нишон бидиҳем. Дар пешгуфтори ин китоб муаллиф чунин овардааст: «Ҷашни Наврӯз аз дидгоҳи ситорашиносӣ ишора ба таодули шабу рӯз ва рӯйи хати устуво (экватор) қарор доштани офтоб дорад, ҳамзамон ин ҷашнро бад-он хотир бояд гиромӣ дошт, ки табори андешаварзу фарҳангофари мо дар рӯзгори Ҷамшед, пас аз кашфи оҳан, кишт кардани замин, ба пизишкӣ пардохтан, сари моҳи фарвардин кӯшиши ба осмон парвоз карданро доштанд. Мутаассифона, мо ин рӯйдоди таърихиро натавонистаем ба таври шоиста ба худиҳову бегонаҳо нишон бидиҳем. Аммо аврупоиҳо садсолаҳост афсонаи бофтаву тофтаи «Икар»-и юнониро ба масобаи нахустин талошгари ба осмон парвозкунанда ба ҷаҳониён нақл мекунанд. Ҳамин тавр аз ҷашни Меҳргон, чун рӯзи баробарии шабу рӯзи тирамоҳӣ ва ҷашни ҷамъоварии ҳосили киштаҳо ёдовар мешавем, вале аз хотири худ рабудаем, ки ин ҷашн рӯзи додгустариву ростӣ аст, ки дар он рӯз Фаридун бо ёрии Коваи оҳангар Заҳҳоки аҳримансириштро сарнагун карда, замони ситаму бедодӣ ва дурӯғгустариро аз миён бурдаанд. Мо ҷашни Садаро ба фаромӯшӣ супорида, аз Ҳушанг, ки нахустин инсоне буд оташро кашф карда, ёде намекунем. Аммо аврупоиҳо ба кӯдакони худ устураеро меомӯзанд, ки бар пояи он нахустин бор Прометей оташро рабуда, ба одамон бахшидааст. Бад-ин сон, ҷашни Ялдо аз ёдҳо рафтааст, ки аз нигоҳи ситорашиносӣ шаби нахустини зимистон ва дарозтарин шаби сол мебошад».

Асари дигари Зафар Мирзоён «Ниёиши некону покон» дар мавриди шахсиятҳои таърихии тоҷик, ки барои покии забони тоҷикӣ сар ба савдо гузоштаанд, ифтихор аз сарсупурдагони миллат, ки барои озод будану озод зистан ҷон бохтаанд, ёдкардҳо дорад. Дар ин мақолаҳо муаллиф андешаи худро дар бораи баъзе масъалаҳои марбут ба забони тоҷикӣ ва ошуфтагиҳои он баён доштааст. Дар мақолаи аввал зери унвони «Ситоиши Президент Эмомалӣ Раҳмон» аз корҳои шоёни Сарвари давлати тоҷикон дар густариши андешаву ғурури миллӣ ёд карда, нақши Пешвои миллатро дар нигаҳбонии ҳувияти миллии тоҷикон, бозбинии гузаштаи таърихии ин мардум ба таври вижа инъикос кардааст. Ҳамчунон, диққати хонандаро ба яке аз мавзуъҳои ҳанӯз мавриди ҷустори ҷиддӣ қарорнагирифта, ки вобаста ба ҳаракати зиддиболшевикӣ дар миёни тоҷикон мебошад, равон кардааст. Дар мақолаи «Ёди Восеъро ҳамеша гиромӣ мебояд дошт»-и китоби мазкур муаллиф хонандаро даъват мекунад, ки ба арзиши воқеии қиёми Восеъ бояд ҳамчун як меҳанпараст нигарист, зеро қаҳрамони халқи тоҷик сари баланди хешро ба хотири нангу номуси миллӣ алайҳи манғитиёни муғултабор зери ҳалқаи дор ниҳода буд. Корномаи Восеъро мебояд барои тарбияи хештаншиносии миллӣ ва ватанпарварии ҷавонон тарғиб кард.

Дар китоби «Худовандгори сухани порсӣ» муҳаққиқ Зафар Мирзоён бештар ба сурудаҳои беҳамтои Ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безавол рӯ овардааст. Менависад, ки «баландии ба арш расидаи сухани мунодии аслу насаби эронитаборон дар шоҳкорҳои саросари ҷаҳон ба чашм намехӯрад ва аз ин ки «Шоҳнома» шиносномаи мардумони эронитабор аст, омӯхтану донистани росту дурусти он барои ҳар як тоҷик ба сони паёми муқаддаси падарон ба фарзандон мебошад».

Муаллиф пас аз мутолиа ва омӯзиши чандинсола натиҷагирӣ кардааст, ки дар мактабҳо ва донишсароҳои кишвар фанни вижае ба унвони «Шоҳномашиносӣ», ки таблиғгари идеяи миллӣ мебошад, бояд созмон дод.

Китоби охирини Зафар Мирзоён «Се шикасти ориёиҳо» идомаи андешаҳои доимии ӯ мебошад, ки дар китобҳову мақолаҳо ва суҳбату маърузаҳои хеш пайваста изҳор мекард. Муаллифи ин китоб умре ба омӯзиши забон ва адабиёти тоҷик машғул шуда, ҳар андешаи наву тозаи худро бидуни такя ба далелҳои мустанад ва дарёфтҳои мантиқӣ ба чоп намедод. Дар ин китоб дарёфтҳояшро бо овардани намунаҳову иқтибосҳои бешумор далелнок кардааст. Ҳамин аст, ки дар поварақҳои 300 саҳифаи китоб беш аз 280 иқтибос оварда, андешаҳояшро бо ишора ба гуфтаҳои олимону адибони саршиноси ҷаҳон тақвият бахшидааст. Дар китоби мазкур муаллиф ба саргузашти тоҷикон, шикастҳо ва худбохтагиҳои таърихии онҳо ишора дорад. Бисёре аз пажуҳишгарон сабабҳои бохти таърихии тоҷиконро дар нотавонии низомӣ ва парокандагии ин мардумон дидаанд. Нависандаи китоб ҳуши хонандаро бо ёдкарди шикастҳо, ба фиребхӯриҳои тоҷикон дар боварҳои динии худ ва содаандешиҳояшон ҷалб кардааст. Барои исботи он бохтҳо дар фаслҳои ҷудогона бо унвонҳои «Чаро Ғарб пеш рафт, вале Шарқ – шарқи мусулмон вопас монд?», «Китобсӯзиҳои тоҷикон», «Ситоишҳои таҷовузгарони таърихи тоҷикон», «Давоми худбохтанҳои асолати ориёӣ – фаромӯшиҳои хотираи таърихӣ» намунаҳои зиёдеро аз дарёфтҳои пажуҳишгарони дигари пуркор оварда, натиҷагириҳояшро бар пояи далелҳои мантиқӣ устувор гардондааст. Дар роҳи росту дурусти давлатсозиву миллатсозӣ, яъне поксозии андешаҳои иштибоҳгунаи мардум, ки дар хурофотпарастӣ обишхӯр доранд, бардоштҳояшро аз гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи саҳифаҳо нигоштааст.

Муаллифи китоб дар мақолаҳои «Забони тӯрониҳо», «Номҳои тӯрониён», «Сухани дарӣ дар хидмати бофторҳои дурӯғини сӯфиён», «Сухани дарӣ пас аз таҷовузи забони ишғолгарон», «Сухани илму дониш пас аз чирамандии араб» таваҷҷуҳи хонандаро ба посдошти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла покӣ ва зебоии забони дарӣ низ ҷалб кардааст, зеро ба андешаи ӯ, забони зебои тоҷикӣ аз арабизмҳо ва вожаҳои бегона таровати худро каме аз даст дода, нерумандиашро ҳамчун забони илм коста гардондааст.

Муаллиф фаслҳои алоҳидаи китобро ба масъалаи рӯзгору осори шоирон ва олимони дар кишварами мо камшинохта, аз ҷумла Алӣ Мирфатрус, Аҳмади Касравӣ, Бузург Алавӣ, Қозим Аламдорӣ, Маликушшуаро Баҳор, Насираддини Тӯсӣ, Поризӣ, Пури Довуд Иброҳим, Умар Замахширӣ бахшидааст.

Афзун бар ин, Зафар Мирзоён ба чандин китобҳои пажуҳишгарон дар мавзуъҳои «Шоҳнома», забони форсии тоҷикӣ, ҷашнҳои миллии тоҷикони бостон ва эҷодиёти адибони шинохта пешгуфторҳову тақризҳо нигошта, аз ҷумла, дар бораи осори донишманди беҳамтои тоҷик Закариёи Розӣ, девони ғазалҳои шоири гумноми тоҷик Хотирии Хатлонӣ, китобҳои адибону донишмандони номии тоҷик Бозор Собир, Ашӯр Сафар, Гулрухсор, Ҳабибулло Файзулло, Меҳмон Бахтӣ (драмаи «Фирдавсӣ»), Саидҷон Ҳакимзода, Ҳақназар Ғоиб, Хосият Вализода, Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, Масъуди Сипанд, Бароти Абдураҳмон, Сипеҳри Ҳасанзод, Муҳаммад Холиқ, Файзи Ашӯр, Тилло Бобозода, Барот Латиф, бо нуктасанҷӣ изҳори назар кардааст.

Таҷрибаҳои назарӣ ва амалии ин донишманди фидокор ба таҳлил ва арзёбии ҷудогона ниёз доранд. Қисми зиёди мақолаҳои устод, ки берун аз китобҳояш монданд, бояд ҷамъоварӣ ва нашр шаванд, зеро навиштаҳои ӯ ҷузъи тафаккур ва таърихи адабиёту фарҳанги миллии мо мебошанд. Меҳри ӯ дар дилу дар дидаи мо ҷост ҳанӯз…

Нодира АШӮРОВА,
профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

Дигар хабарҳо