Бахши «Иҷтимоиёт»-и “Садои Шарқ” – таконбахши тафаккури созанда

 Маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» дар соли 2023 дар бахши «Иҷтимоиёт» 11 мавод чоп намудааст. Аз ҷумла, «Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон» (Рустам Ҳайдаров, №1), «Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра» (Номвар Қурбонов, №2), «Шамъе дар торикистон. Очерки таърихӣ» (Ҷаъфар Холмуминов, №3), «Корнамоӣ дар марзи номус» (Нозир Ёдгорӣ, №4), «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори тахирнопазир аст» (Холназар Муҳаббатов, №5), «Ваҳдат ва рушди ҷомеа» (Саидмурод Фаттоҳзода, Хайриддин Усмонзода, №6), «Соярӯшанҳои сарнавишти тоҷикони Афғонистон» (Ҳафиз Раҳмон, №7), «Сафари Бухоро» (Шералӣ Ризоён, №8), «Равобити таърихии мо бо Русия» (Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов, №10), «Хиради азалии халқ» (Нозимҷон Нидоев,№11), «Дар соҳили Арал» (Холназар Муҳаббатов, №12).

Дар шумораи №9-и маҷаллаи «Садои Шарқ» ба ҷойи бахши «Иҷтимоиёт» бахши «Мусоҳиба» омадааст, ки он суҳбати Суҳроби Зиё бо Сабзалӣ Шарифзода, бо унвони «Ёри килку рангу коғаз» мебошад.

Аз нигоҳи мавзуъ агар ба матолиби чопии шумораҳои соли 2023-и маҷалла таваҷҷуҳ намоем, мақолаҳои «Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон» (Рустам Ҳайдаров, №1), «Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра» (Номвар Қурбонов, №2), «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори тахирнопазир аст» (Холназар Муҳаббатов, №5), «Дар соҳили Арал» (Холназар Муҳаббатов, №12)  ба ҳам монанд мебошанд. Монандии ин матолиб дар он аст, ки муаллифон дар бораи тағйирёбии иқлим, хавфу хатари нестшавии пиряхҳо сухан  мегӯянд, вале муносибат ба мавзуъ, тарзи баён, услуб ва таҳлили он гуногун мебошад. Масалан, Рустам Ҳайдаров дар «Кафили зиндагии осоишта дар ҷаҳон» перомуни пиряхҳои калонтарини ҷаҳон ва аҳаммияти онҳо ба Замин ва одамон андешаҳои ҷолибу илмӣ пешниҳод менамоянд. Аз ҷумла қайд мешавад, ки «Мувофиқи арзёбии олимон, тақрибан даҳ аз сади масоҳати Заминро пиряхҳо, яъне барфҳои бисёрсола фаро гирифтаанд. Ин ҷисмҳои азими ях бо вазнашон водиҳоро буридаву ба кӯҳҳо фишор овардаву ба қитъаҳои гуногуни Замин таъсир мерасонанд ва 80 аз сади захираи оби ширини сайёраро дар худ маҳфуз медоранд. Нақши пиряхҳо дар эволютсия ё худ таҳаввули кураи Замин ва инсоният ниҳоят бузург аст». Сипас ба шакл ва андозаи пиряхҳо таваҷҷуҳро ҷалб намуда, дар тасаввури хонанда шакли зоҳири пиряхҳоро ба вуҷуд меорад ва аз калонтарин пиряхҳои Замин ёдовар мешавад. Ба монанди пиряхи Греландия (Антарктида), Арктикаи Канада ва Кордилер, қаторкӯҳҳои Ҳимолой ва Тибет, Помир, Анду Тиёншон ва ғ. Вақте тағйирёбии иқлим ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, пас хавфи обшавии пиряхҳоро муаллиф дар “даҳсолаи охир дар баландшавии мизони миёнаи ҳарорат дар ҷаҳон» мешуморад. Ин падида ба “натиҷаи амали гармхонаҳо”, ки ба ифлосшавии ҳаво иртибот дорад, вобаста аст. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон пиряхҳо босуръат кам мешаванд. Тахмин мезананд, ки «то соли 2100 нисфи пиряхҳои ҷаҳон аз байн хоҳад рафт”. Таъкиди муаллиф бар он аст, ки ин хавф ба хушкшавии дарёҳое, ки аз пиряхҳо об мехӯранд дар назар аст, ки бар асари он кишварҳои зиёде ба мушкилиҳои вобаста ба оби ошомиданӣ дучор мегарданд. Дар фарҷом муаллиф бо он хулоса мекунад, ки ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар нисбати ин  мушкилоти ҷомеаи ҷаҳонӣ муҳим арзёбӣ гардида, бори дигар мавқеи хайрхоҳонаю созандагии Тоҷикистонро дар нисбати ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Ин ташаббуси Президенти Тоҷикистонро 153 давлати узви СММ ҷонибдорӣ карданд. Дар асоси ин қатънома 21-уми март чун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардид ва қарори дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо ва соли 2025 ҳамчунин дар шаҳри Душанбе баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо низ ба тасвиб расидааст.

«Нақши Тоҷикистон дар ҳифзи иқлими сайёра»-и Номвар Қурбонов низ идомаи мантиқии мавзуи аввал буда, дар он муаллиф аз омилҳое ёдовар мешавад, ки “оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологияш инсонро ба чораандашӣ водор намудааст”. Дар меҳвари мақола муттаҳидӣ ва тифоқии аҳолии сайёра меистад, ки бо мазмуни дӯстӣ онро метавон маънидод кард. Ҳамчунин дар баррасии мушкилии  ҳифзи иқлими сайёра муаллиф ба ҳуҷҷатҳое чун Конвенсияҳои қолабии СММ оид  ба тағйирёбии иқлим ва баргузории конференсияҳо ва натиҷагирию дар амал татбиқ намудани онҳо дар солҳои гуногун дар бар мегирад, ёдовар шуда, мазмуну моҳияти онро шарҳ медиҳад. Махсусан, аз ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба баъзе ҳуҷҷатҳои байналмилалии экологӣ таъкид намуда, муаллиф меафзояд, ки “дар кишвар барои ҳалли масоили тағйирёбии иқлим асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ на танҳо ба вуҷуд омад, балки инкишоф ёфт”. Дар идома муаллиф ба таърихи обуҳавошиносиву иқлимшиносии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки он таърихи беш аз 150-сола дорад ва маҳз таъсиси Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қабати азон дар кишвар соли 2004 гувоҳи анҷом додани корҳои назаррас дар ин самт мегардад. “…аз ҷумла, ҳамоҳангсозии таҳияи кадасти миллии партови газҳои гулхонаӣ, арзёбии осебпазирӣ ва мутобиқшавии иқлим, таҳияи нақшаҳои амал доир ба тағйирёбии иқлим, ширкат дар амалисозии стратегияи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ ва таҳияи тасвиби дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро анҷом додааст”. Агар аз нигоҳи осебпазирӣ вобаста ба тағйирёбии иқлим ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ намоем, пас тақрибан “80 аз сади марзи ҷумҳурӣ дар минтақаҳои хатари сел ҷойгир шудаанд” ва солҳои охир аз сабаби боришоти зиёд ва баландшавии ҳарорат, махсусан дар фасли тобистон ҳолатҳои сел ва оқибатҳои харобиовари он дар минтақаҳои гуногуни кишвар кам ба назар намерасад. Аз ин рӯ, ҳолатҳои фавқ натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон рух медиҳад, ки роҳи ҳалли онро дар масъулияти баланд ва муттаҳидӣ арзёбӣ менамояд муаллифи мақола.

  Дар ду мақолаи навбатӣ «Ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон кори таъхирнопазир аст»  ва «Дар соҳили Арал», ки якумӣ дар шумораи  №5  ва дуюмӣ дар шумораи №12-и маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп шудааст, муаллифаш Холназар Муҳаббатов мебошад. Муҳабаттов Х. дар мақолаи аввал дар бораи пиряхҳо, аҳаммияти онҳо, вазъи нестшавӣ ва роҳҳои пешгирию ҳифзи пиряхҳоро дар ҷаҳон ва махсусан, Тоҷикистон таҳлилу баррасӣ менамояд. Маводи мазкур хусусияти хоси таҳлилӣ дошта, аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва илмӣ асоснок гардида, натиҷагирӣ гардидааст. Муҳаббатов Х. мутахассиси соҳа буда, мавзуъ ва тамоми ҷузъиёти онро хеле хуб дарк менамояд (фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омӯзгории Муҳаббатов Х. дар самти иқтисодиёт ва ҷуғрофия мебошад) ва бо услуби илмӣ-омавӣ онро ба хонанда пешниҳод намудааст, ки маълумоти аввалия ва заруриро дар бораи мавзуи баррасишаванда дода метавонад, ки хеле муҳим аст. Масалан, аз хусусиятҳои ҷойгиршавии пиряхҳо менигорад, ки “Ҷойгиршавии пиряхҳо нисбат ба сатҳи замин низ гуногун аст. Ин чиз пайванд ба релеф ва боришот дорад. Агар дар ҳавзаи дарёи Сурхоби шимолӣ пиряхҳо дар баландии 2300-2400 метр бошад, дар саргаҳи дарёи Мурғоб дар 4400 метр ҷойгиранд. Аслан пиряхҳо дар нишебиҳои шимол нисбат ба пиряхҳои самти ҷануб 200-300 метр поинтар мешавад”. Ба паҳлуи дигари мавзуъ, ки дар ин замина хеле муҳим ба ҳисоб меравад, таваҷҷуҳ намуда, муаллиф сабаби обшавии пиряхҳоро вобаста ба навъашон ва тағйирёбии иқлим вобаста медонанд ва онро “давра” ё “қонун” ном мебарад. “Давраҳои тағйирёбии иқлим дар 12-15 сол, 30 сол, 70 сол, як аср ва зиёда аз ин маълум аст. Давраҳои яхбандӣ ба ҳамин қонун вобаста мебошад. Қисмате аз пиряхҳоро, ки ба ин тағйирот дучор мешаванд, пиряхҳои муҳаррик (беқарор)  меноманд. Суръати ҳаракати шабонарӯзии онҳо 15-20 сантиметр ва баъзан то 25-40 сантиметр аст. Ба намуна, пиряхи Зарафшон дар шабонарӯз 27 сантиметр ҳаракат мекунад ва оҳиста-оҳиста об мешавад”. Ба ҳамин монанд давраи беқарорӣ ё ҳаракати пиряхҳо, гармшавии глобалӣ, обкунии сунъии пиряхҳо, вазъи пиряхҳои имрӯзи Тоҷикистон ва ғайра аз паҳлуҳои дигари мавзуъ мебошад, ки ба он муаллиф таваҷҷуҳ намуда, таҳлил менамояд ва дар муқоиса бо пиряхҳои сатҳи ҷаҳон вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, махсусан Федченкоро хеле ҷолиб нишон медиҳад. Дар натиҷа омӯзиши ҳамаҷонибаи пиряхҳо, истифодаи оқилонаи манбаъҳои об, ҷустуҷӯ ва пайдо намудани роҳҳои камхарҷи захираи об, аз ифлосӣ ҳифз намудани захираҳои обӣ ҳамчунин роҳҳои ҳалли онро дар чанд омил пешниҳод менамояд.

Мақолаи дуюми Х. Муҳаббатов, ки “Дар соҳили Арал” ном дорад, аз натиҷаи сафар ва ҳузури бевоситаи муаллиф дар соҳили кӯли Арал дарак медиҳад. Дар он дар хусуси вазъи дирӯз ва имрӯзаи Арал сухан меравад, махсусан хушкшавии он ба чӣ вобастагии зиёд дорад. Аз ин рӯ, бо дар назардошти андешаҳои олимону мутахассисони соҳа хулоса менамояд, ки «…фоҷеаи Арал фоҷиаи ҷаҳонӣ аст. Аз ин хотир, бисёр давлатҳои дунё барои аз ҳолати вазнини экологию иҷтимоӣ наҷот додани ин минтақа кумакҳои зиёд мекунанд. Вале барои наҷоти Арал, пеш аз ҳама, сокинони минтақа бояд талош кунанд».

Дар маҷмуъ, мазмуни мақолаҳои болозикр ба мавзуи тағйирёбии иқлим, аҳаммияти он, омилҳое, ки боиси тағйирёбии иқлим дар сайёра мегардад, нестшавии пиряхҳо, ки дар маҷмуъ маърифати инсонро бо табиат ва ҳодисаҳои он алоқаманд медонад, бахшида шудааст. Муаллифони он мавзуъро хеле фарох ва ҳамаҷониба чун мутахассисони соҳа таҳлилу баррасӣ менамоянд. Ин гуна мавод натанҳо барои як доираи муайяни хонандагон, балки ба услуб, забон ва ба таҳлилу баррасии мавзуъ таваҷҷуҳ намуда, гуфтан мумкин аст, ки онро новобаста ба синну сол ва дараҷаи унвону дониш аксарият мутолиа ва қобилияти дарк намудан пайдо мекунад. Мутахасссисон дар бораи вазъи ҷаҳон ва тағйирёбии иқлим сухан ронда, аҳаммияти муҳим доштани онро хонанда ба хубӣ дида метавонад, ки он аз ҷанбаҳои таърихӣ, таҳлилӣ, муқоисавӣ ва илмию оморӣ иборат буда, омафаҳм мебошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми суханрониҳояшон дар мулоқоту вохурӣ бо мардуми шаҳру навоҳии кишвар ва Паёми ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар таъкид менамоянд мавзуъҳое ки аз нигоҳи илмӣ таҳқиқ мешаванд, барои тамоми мардум бо забони омафаҳм, яъне илмӣ-омавӣ аз ҷониби мутахассисони соҳа чоп ва ба тамоми мардум шарҳу тавзеҳ дода шавад. Ин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатро дар чопи маводи натанҳо бахши “Иҷтимоиёт”, балки анқариб тамоми матлабҳои маҷалла ба мушоҳида гирифтан мумкин аст.

Ба гурӯҳи дуюм мақолаҳои «Шамъе дар торикистон. Очерки таърихӣ» (Ҷаъфар Холмуминов, №3), «Корнамоӣ дар марзи номус» (Нозир Ёдгорӣ, №4),  «Ваҳдат ва рушди ҷомеа» (Саидмурод Фаттоҳзода, Хайриддин Усмонзода, №6), «Соярӯшанҳои сарнавишти тоҷикони Афғонистон» (Ҳафиз Раҳмон, №7), «Равобити таърихии мо бо Русия» (Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов, №10), «Хиради азалии халқ» (Нозимҷон Нидоев, №11) ва сафарномаи «Сафари Бухоро»-и Шералӣ Ризоён (№8) шомиланд. Мазмуни малабҳои ин гурӯҳ ба таърих, забон, арзишҳои фардию миллӣ, муттаҳидӣ, тараққиёту талошҳои миллати тоҷик, чи дар гузашта ва чи имрӯз, такя намуда, дар баробари маълумотҳои муфиду фаровон, дар тафаккури хонанда андешаҳои созандаро талқин менамояд. Дар шароити кунунӣ ва ҷаҳонишавию бархурди тамаддунҳо фарогирии шуури аудитория бо андешаҳои солиму созанда, ки хусусияти роҳнамоӣ дорад, ба қудрати зеҳнию эҷодии қаламдорон эҳтиёҷ зиёд мегардад. Масалан, «Шамъе дар торикистон. Очерки таърихӣ», «Соярӯшанҳои сарнавишти тоҷикони Афғонистон», «Равобити таърихии мо бо Русия» ва «Сафари Бухоро»  аз ҷумлаи матлабҳое дар ин бахш ба шумор мераванд, ки таърихи гузаштаро бо имрӯзи миллату давлати мо  пайванд медиҳад.

Аз нигоҳи жанр агар ба маводи бахши маҷаллаи “Садои Шарқ” таваҷҷуҳ намоем, ки пештар бо номи очерк ва публитсистика буд, матлабҳоеро фаро мегирифт, ки дар қолаби жанрҳои ин соҳа эҷод мешуданд ва имрӯз низ ин анъанаро кормандони идораи маҷалла идома медиҳанд, гарчи бо номи “Иҷтимоиёт” тағйири ном шудааст. Соҳаи публитсистика жанрҳои хоси худро дар се даста дар бар мегирад, ки анқариб аз бист жанр иборат мебошад ва ҳадафи асосии публитсистика таъсир гузоштан аст. Ин таъсиргузорӣ бо роҳу воситаҳои гуногун, аз ҷумла, такя намудан ба факту далел, рӯ овардани шахсони воқеӣ ва таҳлил намудани воқеаҳои таърихӣ, ки тобиши бештари сиёсӣ доранд ва руҳияи як замони муайянро ба аудитория ошкор ва таҳлил менамояд, анҷом дода мешавад ва аз ҳама муҳим мавқеи муаллиф дар он нақши калидӣ дорад. Маводи бахши “Иҷтимоиёт”-и маҷаллаи “Садои Шарқ” дар соли 2023 ёздаҳ маводро дар бар мегирад, ки  аз он яке сафарнома, дуюми очерки таърихӣ, 8 ададаш мақола ва як лавҳа мебошад. Яке аз хусусиятҳои хоси мақола ин ақидаи муаллиф ва таҳлили факту далел ва воқеа мебошад, ки дар ҳар яке аз онҳо муаллифон бо овардани факту рақамҳои дақиқ ва асосҳои илмӣ андешаҳояшонро пурқувват ва ҷолиб менамояд. Ҳамчунин дар шумораи нуҳ жанри мусоҳиба низ ба чашм мерасад, ки он навъи мусоҳиба-диолог мебошад.

Он мақоме, ки маҷалла дораду дар саҳифаи аввали он ҳамчум маҷаллаи миллии адабӣ омадааст, дар тамоми маводи интишоршудаи он хусусияти миллӣ доштани мазмуни навиштаҳоро, чи дар шакли назм ва чи дар шакли наср, эҳсос менамоем, ки барои раҳнамоию тарбияи насли ҷавон хеле муҳим ба шумор меравад ва тафаккурсоз аст. Таъсир гузоштан ба тафаккур ва идора намудани он  тафаккур таъсир гузоштан ва онро ба роҳи дуруст раҳнамун кардан имрӯз бо роҳу воситаҳои гуногун низ амалӣ карда мешавад, яке аз омили асосии онро дар рушди технология ва истифодаи пайвастаи он дидан мумкин аст. Аз ин рӯ, дар сиёсати давлатҳои абарқудрат тафаккури аудиторияи худро ба табъу завқи онҳо нигоҳ карда, соҳибӣ ва идора менамоянд. Махсусан, тавассути маводи нашрияҳои даврӣ, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, тариқи филмҳо, аксҳо, саҳнаҳои театрӣ ва китобҳое, ки дар қолаби жанрҳои гуногун эҷод мегарданд.

Дар фарҷом чанд пешниҳоде доштем:

Мусоҳиба бахши алоҳида буда наметавонад,  агар дар бахши иҷтимоиёти маҷалла ҷой дода шавад, аз нигоҳи мантиқӣ дуруст мешавад. Тамоми жанрҳое, ки ба соҳаи публитсистика дахл дорад, метавонад зери ин бахш чоп шавад. Дар ин шумора, чор навъи жанрҳои публитсистика ба назар мерасад;

Хуб мешавад ва талаботи имрӯзи аудитория дар он аст, ки дар шаклҳои гуногун матлабҳо пешниҳод карда шавад, манзури мо фазои интернет ва имкониятҳои интишор ва паҳн намудани маводи маҷалла. Дастрасии насли ҷавон низ ба онҳо бештар мегардад. Масалан, сафарномаи «Сафари Бухоро»-и Шералӣ Ризоён (№8) дар вақташ дар сомонаи иҷтимоии фейсбук низ паҳн гардид, ки хонандагон онро хуб қабул намуданд ва бознашр ҳам гардид, ки имконияти доираи хонандагонро аз як ҷониб васеъ  намудан дошта бошад, аз ҷониби дигар ба тафаккур таъсири мусбат мерасонад;

Маводи муаллифон бо аксҳояшон чоп шавад.

Наргис Усмонова

Дигар хабарҳо