Духтари барқи кӯҳистон
Ба муносибати зодрӯзи фархундаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ
Даврони наврасиву ҷавонӣ бар асари шарораи шавқ аз мутолиаи китобҳои дилангези назму наср ё хуруҷи ҳиссиёти ширину сӯзони ишқи аввал, эҳсоси меҳри бузурги модару падар, омӯзгор ё ягон фарди дигар, ифтихор аз меҳану манзараҳои афсонавӣ, ҳатто шунидани чаҳ-чаҳи мурғону дидани туғёни рӯдҳо, ҳусни чашмаву обшорон, кӯҳҳои осмонбӯсу хиромидани кабку парвози уқобон, агар дар ниҳод заррае завқ, фаҳмиш, дарки ҳолату зебоӣ бошад, бо ҳазорон орзуву ҳавас бисёриҳо қалам ба даст мегиранд ва бешак, бо ҳаяҷон сатру ҷумлае иншо мекунанд: бо ҳарфҳои ба тану шонаи ҳамдигар печида, калимаҳои лангу мушкилхон. Ин аст қадами нахустин ба пайроҳаи ноҳамвору беохири сухан. Ва агар бинишу тозаҷӯӣ, нафасу эҳсоси гарми як каме ноошно, далериву ғурури саркаш ё баёнияе, ки аз он дил гум бизанаду битапад, зевари дурахшони он сатру ҷумла бишавад, ин зодрӯзу башорати ҳунари навсафарест, ки соҳибашро ба диёри пурифтихор, лекин азиятовару ҷонозори офариниш мекашонад. Вале ин саодат, ин бахту комгорӣ, масъулияту хидмати бузургро Худованд на ба ҳама, балки ба ягон-ягон одамизодаи дӯстдораш сазовор медонад, то ки арзу ниёз, дарду армон, ирода, хӯву хислат ва ҷаҳони рангомези ботини худу ҳамзамонон, нармиву тундии набзи ҷомеаро барои ояндагон қаламӣ созад. Не, Офаридгор ба ҳар инсон аз азал нури ҳунар ва истеъдоде мебахшад. Лекин ин сарватро дарк кардану мисли мардумаки чашм гиромӣ доштан ва ё бо иродаи маҳкаму заҳмати пайваста он ҳадяи эзидиро монанди ниҳоли ишқу армон парваридан ва ба нафъи мардум сарсабзу гулафшон кардан маҳорати заршиносии дигар мехоҳад. Мурод аз гуфтаҳо шоир аст ва зиёда аз ин шеърест, ки ба қавли маъруф: «Ин тифли якшаба раҳи садсола меравад». Дар навиштаҳои нахустини шоирони номвари мо ин «кирми шабтоб» каму беш дурахшида, роҳи ояндаи суханварии онҳоро мунаввар карда, пас аз сайқали маҳорату офаридаҳои зиёд сазовори маскан ёфтанашон, дар дили хонанда шудааст. Ана ҳамин падидаро банда аз навиштаҳои шоири овозадорамон Гулрухсор, ки ҳамсолем, балки аз насли мо шаш моҳ ҷавонтар бошад ҳам бо ҷуръату «ҷаҳиш»-и зебо анқариб даҳ сол пеш ба майдони адабиёт ворид шуду аз ҷониби устодону муҳити адабӣ пазироии гарму самимӣ ёфт, ҷустам. Ба гуфти худаш, ҳафтмоҳа ки ба дунё омадааст, дар ҳама кор шитобу пешдастӣ ёраш аст. Ва инак, байте сода аз шеъри айёми наврасии Гулрухсор:
Барфро бо дасти урён бо умеде рӯфта,
Дар зимистон сабзаву себарга ҷӯён мешудам.
с. 1968
Ҳолат ва манзараро пеши назар оред. Кӯҳистон, зимистони сарду бардавом, барфи баланд қаҳрамони орзупарварро дилтанг кардааст. Вай пазмони зуд расидани гармиву рӯйиш ва гулафшонии баҳор аст. Ва бо панҷаи урён барф мерӯбад, то аз зери он сабзаву себарга биёбаду дил шод кунад, ба мардум муждаи фарвардин расонад. Ҷустуҷӯ, биниш ва орзуи зебои шоиронаи навқаламе умедбахш.
Ё:
Баҳорон омаду яхпораҳо хомӯш мегирянд,
Ба ёдат бӯса гирам боз оби чашмасоронро.
Ин байт аз шеъри «Ёди бачагӣ»-и Гулрухсор аст, ки соли 1966, даврони донишҷӯияш, эҷод шуда.
«…Яхпораҳо хомӯш мегирянду ба ёдат бӯса гирам боз оби чашмасоронро» аз диди нозук ва эҳсоси гарми шоирона башорат медиҳанд. Чунин сатру байтҳои рангину хушобро, ки бо ибора, ташбеҳ ва рангу нафаси тоза оро ёфтаанд, аз китобаки нахустини Гулрухсор «Бунафша» (1970) боз ҳам метавон пайдо кард. Дурахш ва шарораҳои ҷаззоб чун армуғон барои шинохти як навсафари роҳи эҷоди шеър. Ва Гулрухсор, бешак, нисбат ба ҳамаи ёрони ҳамқаламу ҳамсоли худ бо шавқи афзуни ҳадафманду бобарори шеъргӯӣ ва фаъолияти далерона дар вазифаву корҳои ҷамъиятӣ пештару бештар ба ҳалқаи муҳити адабӣ пайваст ва шинохтаву минбарнишин шуд.
Бегумон, тарбия дар мактаб-интернат, суҳбатҳои озодона бо падари меҳрубонаш амаки Сафӣ, ки обрӯманди соҳибвазифа дар Яхч буд ва ба мушоҳида гирифтани хониши аълою бо ғайрату ирода ташкилоти ҷавононро сарварӣ кардани тағоии азизаш Изатулло Ҳалимов дар Донишгоҳи кишоварзӣ ба ташаккули даврони наврасии Гулрухсор таъсири нек гузошта буд. Аммо бахти якбора гарму самимӣ пазириш ёфтан дар муҳити адабӣ на ба ҳар навқалам насиб мегардад. Дӯстдори шахсиятҳои барҷастаи назму наср: Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Муъмин Қаноат, гули сари сабади маҳфилҳои адабӣ дар Тоҷикистон ва берун аз он. Не, он вақт низ адабиётамон шоираҳои шинохтае аз ҷумлаи Гулчеҳра Сулаймонӣ, Мавҷуда Ҳакимова, Озод Аминзода ва дигарон дошт. Вале шарораҳои истеъдод, такопӯ ва ғайрати далеронаи Гулрухсор чун падида дар майдони адабиёт, пазириши эҷодиёту шахсияти ӯ аз ҷониби доираҳои адабии умумиттифоқ, суханварони машҳури шуравӣ якбора шуҳраташро афзуд. Ин табиӣ буд, зеро эҷодиёту шахсияташ сол ба сол комилтар гардида, ҷанбаҳои бадеиву иҷтимоӣ дар офаридаҳояш пурқуввату ҷилодортар мешуд. Яккасавору пештоз, минбарнишину ба таъбири имрӯзиҳо, ситора. Ситоишу болобардориҳо сунъӣ набуданд, лекин хатар ҳам доштанд. Аслан, таҳаммули таърифҳои аз ҳад зиёд, зуд сазовор шудан ба ҷоизаҳо айёми ҷавонӣ дар олами ҳунар касро «асир» ҳам мекунад.
Дарди бедавои ман-манӣ ва аз худ пайғамбартарошӣ. Инро бузургони фурӯтани гузашта марги эҷодкор ҳисобидаанд, зеро дар ин ҳолу кайфият кас бешак мувозинату тамкинро аз даст дода, сӯи вартаи нокомӣ қадам мениҳад ва шояд аз сари аспи шуҳрат осонакак меафтад. Яъне, заминро об вайрон мекунаду одамро таъриф. Гулрухсор бо иродаи маҳкам аз ин имтиҳон нарм гузашт ва он замон ҳамрадифи мардони пешсафи суханвар ва ҷавоншоирони навпардози овозадорамон шеърҳо офарида тавонист. Шоҳиди андешаи фавқ ана ин пораи саршор аз меҳру ифтихори меҳандориро меорам, ки дар шеъри «Ватан» соли 1970 нашр шудааст:
Надорам ёд, кай бори нахустин ман Ватан гуфтам,
Диёрам, кишварамро бо муҳаббат «ҷони ман» гуфтам.
Ба васфаш бори аввал байт гуфтам, бе сухан гуфтам,
Надорам ёд, кай бори нахустин ман Ватан гуфтам.
Оре, Гулрухсор ҳамсоли мост, ки, хушбахтона, ба остонаи 75 расидем. Аммо ҳақиқат ин асту боиси сарфарозист, ки вай аз дигар ҳамсолон хеле пештар боҷасорат ба майдони адабиёт ворид шуд ва дар хиёбони ҳунари суханварӣ ҷову маснади баланд ёфт, ба ҷавонадибони зиёд мадад ҳам расонд. Зимнан, майдони ҳунар навпарвар аст; ҳар касе хушрангу бонамак чизе офарад, арзишу ҷилои матоаш аз чашмҳо дур намеафтад ва дар қалби аҳли завқ маскан меёбад. Ин ба он шабоҳат дорад, ки Сайидо фармуда:
Дар базми ишқ рутбаи хурду бузург якест,
Тифлон баробаранд ба ҳафтодсолаҳо.
Гулрухсор аз «Минбари сабз», -унвони як шеъри олии ӯст, -бо дили пур эълом дошт:
Нони ман аз навъи гулрухсории гандум бувад,
Ман варо дар мазраи имони худ сабзондаам…
Эъҷози ҳунарро аз ҷилд-ҷилд китобҳои ашъори ӯ пора-пора, байт-байту сатр-сатр фаровон метавон пайдо кард, — дар ҳама мавзуъҳо, ангезаи сӯзони ҳангомаи ишқ, тавсифи манзараҳои дилангез, руҳи саркашу исёни қалб, ҷавонмардиву разолат, меҳанпарастиву хиёнат. Гулрухсор парвози хаёлашро дар чорчӯбаҳои якрангу обшустаи андеша «зиндонӣ» накарда, ба назари ман, озод шеър гуфтааст. Дар ҳама ҳолат ворастагӣ дар интихоби мавзуъ, ибрози андеша, парвози хаёл, корбасти таъбиру ибора, воситаҳои тасвири бадеӣ ӯро ёр аст. Ва ин ба тозагӯии ӯ ё сабзондани «навъи гулрухсории гандум»-аш майдони мусоид фароҳам оварда. Бубинед:
Айнӣ аз мақоми худ,
Сӯи ман назар дорад.
Дар нигоҳи бахшанда,
Ҳикмати падар дорад.
Гӯядам: – таги ин чарх,
Гар натонӣ хуррам зист,
Гиряи бамаънӣ кун,
Дарди қавми мо кам нест!
Мегӯянд, ки дарду ормон роҳнамои эҷодкоранд. Лекин шахсияти ҳунарманд бо мурури солҳо зимни мутолиаи густарда, дидани одаму олам ва ошноӣ бо абармардони илму адаб комилтар мегардад. Самари файзбахши ин гуфтаҳоро зина ба зина дар шеъру манзума ва достону дигар нигоштаҳои ба гуфти худаш, «Духтари барқи кӯҳистон» бештару устувортар мебинем. Шеъри Гулрухсор аз ибрози ишқи аввали содаву ба таъбири Лоиқ, «меваи сармозада», ки бештар ҳасбиҳолӣ менамояд, бармаҳал ба мавзуъҳои умдаи ахлоқиву иҷтимоӣ гаравид ва нидои дили қаҳрамони лирикии ӯ саршори драматизми ботинӣ шуда, марзҳоро убур карда, роҳи дигар кишварҳоро пеш гирифт. Барору муваффақият, камолоти эҷодӣ. Зевари ашъори ӯ агар ифтихори ватандориву худшиносӣ, шаҳди ишқу аламҳои он, ситоиши зодгоҳи азиз Яхч, дарду гила, нозу ситеза, нешу истеҳзо ҳам бошад, дар доираи биниш ва ҷиҳози занона побанд нашуда, чун ғирев ё исёни озодихоҳу кушодагӯи Гурдофариди мардсифат ғул-ғула афканад. Дар ин ҳолат ӯ аз ибрози назар ба шахсияти худ низ ҳазар намекунад. Яъне, нони ҳалолатро метавон дар кӯча хӯрд.
Дар чорсӯи зиндагӣ,
Дармондаи дарбори худ
Бо чашми ҳайрат бингарам,
Бар чор Гулрухсори худ.
Ё
Дар паси тирезаи пӯшидаат
Ошиқи пири баумедат муборак!
Ҳадафи банда дар ин нигоштаи парешон ҳаргиз кашфи вижагӣ ё бартарии осори Гулрухсор нисбат ба навиштаҳои дигар ҳамқаламон нест. Ин аз ҷониби камина як кӯшиши беҳуда ё густохӣ ба пешаи аҳли нақд менамояд. Ба ин далел, ки солҳост беҳтарин адибону муҳаққиқони маъруфи Тоҷикистону берун аз он осори Гулрухсорро аслан бо назари нек баррасӣ карда, ба ҳунари халлоқияташ баҳо додаанд. Дар ин росто порае аз нигоштаи Расул Ҳамзат – шоири номварро овардан бамаврид мешуморам. Вай дар пешгуфтораш ба китоби Гулрухсор навишта: «…Касе Гулрухсорро бубинаду шунавад, ӯро эҳсоси шодиву ҳайрат фаро мегирад.
Ман шоираро дар ватанаш – сарзамини суханварони бузургу гулҳои рангоранг ва «тиллои сафед» дидам. Ман шеърхонияшро дар толорҳои бузурги Маскаву зодгоҳи азизам Тсада шунидам. Дидам, ки ӯ чи хел дарди худу дигаронро дарк мекунад. Шоҳид шудам, ки дар толорҳои бузург ва ҳалқаи оилаҳои хурд чӣ хел ӯро истиқбол мегиранд.
Бори аввал дар бораи Гулрухсор ба ман шодравон Мирзо Турсунзода ҳарф зад. Ситоиши ӯ оид ба истеъдоди Гулрухсор барои ман бебаҳс аст. Ман онро чун шаҳодатномаи ҳунари Гулрухсор пазируфтам».
Лахте аз таассуроти нависандаи шаҳир Чингиз Айтматов дар пешгуфтораш бо номи «Дар он боғ ӯ месарояд», оид ба шахсият ва эҷодиёти Гулрухсор чунин аст:
«Маснади шеър дар сарзамини тоҷикон аз қадим баланд асту хоҳишмандони ба он баромаданаш низ кам не. Ва шоироне, ки сарнавишт истеъдодашон бахшидааст, пеш аз он ки ба ин адабиёти шукуҳманду дорои анъанаҳои ҷаҳонӣ ворид шаванд, бояд аз санҷиши сангини мактаби дарки назокатҳои сухану маънӣ гузаранд… Гулрухсор Сафиева сарфи назар аз мушкилиҳо ҳуқуқи комили дар боғи шоирони асили миллати тоҷик сазовор суруданро ба даст овард».
Ҳамин зайл пазириши гарму самимиро перомуни эҷодиёти Гулрухсор дар навиштаҳои дигар адибони маъруф Р. Казакова, Т.Бек, Д. Патерсон, Т. Кузовлёва, С. Суслова, суханварони ҷумҳуриҳои ҳамзабонамон метавон пайдо кард. Вале зикри ин нуктаро зарур мешуморам, ки барои муҳити адабӣ ва хонандаи охири солҳои 60-уми асри бист падидаи ҳайратовар он буд, ки духтараке аз деҳаи дурдасти кунҷи кӯҳистон бо номи Яхч, ки рӯди Сурхоб онро аз Замини бузург ҷудо мекунад, маҳрум аз тарбияву ғамхории модар, парвардаи мактаб-интернати маркази ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) ба ҳама мушкилот, сахтиву азоби борҳо бо пули ларзонаку ғилдирак аз болои рӯди пуртӯғён танҳо гузаштан, – дар ин хусус он солҳо дар матбуот мақолаҳо чоп мешуданд, – пас аз хатми мактаб барои таҳсил ба пойтахт омад, ба факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ дохил шуд ва овони донишҷӯӣ ба касби шеъру хидмати адабиёт ҷиддӣ камар баст. Ва дар як фосилаи кӯтоҳ дар радифи беҳтарин шоирони солҳои 60-ум М. Қаноат, Лоиқ, Ғ.Сафарзода, Ш. Ёдгорӣ, Б. Собир, Ҳ. Файзулло, Гулназар С.Маъмур ва дигарон мақоми сазовор ёфт. Пасон дар рушди шеъру адабиёт ва тарбияи адибони тоҷик саҳм гузошт.
Зимни нишасту суҳбатҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мухлисони шеъри ҳазорсолаву оламгир, осори шоҳасарҳои классикон ва эҷодиёти меросбарони сазовори онҳо, шоирони овозадори муосирамон аз пайдо шудани мавҷи нави навқаламони ҷавони тоҷик изҳори ҳайрат менамуданд. Гап сари ин ки, моҳи декабри соли 1984 ҷангноманависи забардаст, классики адабиёти муосири Беларус Васил Биков барои гирифтани Ҷоизаи умуииттифоқии «Дӯстии халқҳо» бо гурӯҳи адибон ба Душанбе омад. Ба шарафи меҳмонони гиромӣ дар толори бузурги Иттифоқи нависандагон маҳфил баргузор шуд. Ва шоирони номвару ҷавонамон пай дар пай ба саҳна баромада, бо ҳунари шеърҳои дилрас хондан ба таҳсину кафкӯбии гарми ҳозирин сазовор шуданд. Васил Биков, ки банда ифтихори роҳнамоияшро доштам, бениҳоят ором ва марди фурутану камсухан буд, баногоҳ ин андешаи аҷибро ба забон овард:
– Шояд ба онҳо (шоирон – А.С.) навиштан мушкил бошад. Бузургтарин шоирони форсизабони дунё аҷдодонашонанд. Пас аз он нобиғаҳои сухан боз шеъри хуб гуфтан ҳунари ҳар кас нест.
Оре, нобиғаҳои адабиёти шукуҳманди мо оламиёнро дар ҳайрат гузоштаанд ва эҷоди шеъри баланду зебо низ сангин аст. Ба қавли Шамсиддин Шоҳин:
Шеър арчи ба хондан аст осон,
Он кас ки бигуфт, меканад ҷон.
Вале боз замони нав, шодиву нишот, дарду доғи зиндагӣ суханварони навро ба майдон мехонад, то саъю талош, шикасту рехт, руҳ ва корнамоии миллатро дар майдони мубориза боҳунаронаву хотирмон қаламӣ бикунанд. Ин қарзи азалӣ бар дӯши суханварони асил меафтад, то ки нангбардору силсилабари шоистаи адабиёт, фарҳанг ва таърихи миллати хеш бошанд. Дар замони шуравӣ ин хидмати бошарафонаро устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, М. Турсунзода, С. Улуғзода, Ҷ. Икромӣ ва пайравони онҳо М.Қаноат, Ф.Муҳаммадиев, Лоиқ, Бозор, Гулрухсор, Гулназар… ба ҷо овардаанд. Росташ, ки он замон як сабқати ниҳоние байни эҷодкорони ҷумҳуриҳои шуравӣ дар авҷ буд: Асари беҳтар аз дигарон офаридан, ки дар шашяки рӯйи замин ғулғула афканад, овозааш ба дуриҳои дур равад, сазовори ҷоизаҳои давлатӣ гардад, номи миллатро баланд бардорад. Муборизаҳои шадид, заҳмату ҷонфарсоии бардавому ҳадафмандона! Ва асари адиб ё кашфи олим, ҳунари аҳли фарҳанг, заҳмати кишоварзу коргар ё хидмати роҳбаре дар байни 15 ҷумҳурии бародар сазовори ҷоиза ё унвоне мешуд, чун комёбии миллӣ боиси ифтихори ҳамагон мегардид: Тоҷикистон бенасиб намонд, заҳмату ҳунари фарзандонашро қадр карданд.
Соли 1978 Гулрухсор барандаи ҷоизаи Кумитаи марказии Комсомоли умумииттифоқ дар соҳаи адабиёт шуд. Шодиву масаррат аз он буд, ки вай аз ҳисоби бонувони суханвари Осиёи Марказӣ нахустин фарди барандаи ин ҷоиза ҳисоб меёфт. Муваффақияти адабиёти тоҷик! Моҳи декабри ҳамон сол дар Маскав Машварати адибони ҷавони Иттиҳоди Шуравӣ баргузор гардид, ки дар ин ҳамоиш бо тавсияи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мо: Камол Насрулло, Зулфия Атоӣ, Раҳмат Назрӣ, Абдурофеъ Рабизода ва банда ширкат доштем. Дигарҳоро намедонам, ман ки бори аввал Маскав рафта будам, аз сармои сахти 20-30 дараҷа дар ҳайрат афтодам. Ин аз он дар ёдам нақш баст, ки тантанаи супоридани ҷоизаҳои комсомолии умумииттифоқ ба ҳамон рӯзҳо рост омад. Ва мо панҷ нафар адиби ҷавон дар он сармои қаҳратун аз дуконе гулдастаҳо гирифта, ба табрики Гулрухсор шитофтем.
Маҷлис дар толори пуршукуҳ сурат гирифт. Дар сафи ҷоизагирон коргардону актёри имрӯз бузурги рус Никита Михалков ва кайҳоннаварде шомил буданд. Чун ба Гулрухсор ҷоиза супориданд, дунболи ҳам рафта ба ӯ гулдаста тақдим кардани ҳайати панҷнафараи мо ҳозиринро писанд афтоду бардавом чак-чак заданд. Ифтихор аз муваффақияти шоир ва қадршиносии ҳунари ӯ дар паҳнои давлати шуравӣ. Росташ, ки Тоҷикистони азиз он замон ба ҷавонони тавоно, ки аз минбарҳои баланди шуравӣ миллатро ба таври шоиставу боиста намояндагӣ бикунанд, ниёз дошт…
Гулрухсор он замон муҳаррири рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» буд. Баъдтар муовини Котиби якуми Иттифоқи нависандагон интихобаш карданд. Давраи пурҷӯшу хурӯши эҷодияш ба сарпарастиву дастгирии адибони ҷавон ва ҳидояти онҳо ба офаридани асарҳои тозаву баландмазмун рост омад. Ин ҷо ин нуктаро ёдрас кардан бамаврид мешуморам. Як хусусияти ҳунар ин аст, ки ба кас аз комёбии нахустин ба ҳар дастур болу пар мебахшад, аз «ҷунун» якеро чунон бехуду парвозӣ месозад, ки дар хаёлаш дигар пояш ба замин намерасад. Ҳолати хатарзо. Сари вақт хайрхоҳе ӯро ба хари худаш нашинонад, умре аз дарди худситоӣ намераҳад ва истеъдодро ҷавонмарг мекунад.
Гулрухсор дар баробари кӯҳистониву ҷинси латиф буданаш, боз зардинаву мисли оташ тез ва тундгӯ ҳам ҳаст. Он солҳо боре ман ба дафтараш даромадам ва бо шикваи ночизе дил холӣ кардам. Гапамро то охир шунид, вале нохуш шуд. Гилаҳоям ба назараш иззатталабӣ намуданд, ки тунд гуфт:
– Медонӣ, бародар, ҳоло мо барои миллатамон хизмати арзандае накардаем. Чунон гап мезанӣ, ки чанд ҷилд ҳикояву қисса чоп карда бошӣ… Барои гилаву шиква низ одам бояд ҳуқуқи маънавӣ пайдо кунад. Эҷоди асарҳои нав, эҳтироми мардум…
Рости гап, ин гуфтугӯ баъд низ борҳо дар гӯшам садо медод.
Даврони бозсозии Горбачёвӣ иттифоқе афтод, ки чанд нафар: Кӯҳзод, Бобо Ҳоҷӣ, Гулрухсор, Камол Айнӣ бо ҳамсараш ва банда баробар ба хонаи эҷодии умумииттифоқии Коктебел ба номи М.Валошин, воқеъ дар Қрими қадим барои истироҳат рафтем. Ҷои афсонавӣ, боғи биҳиштосо дар соҳили Баҳри Сиёҳ. Аз тамоми ҷумҳуриҳо ва мамлакатҳои сотсиалистӣ адибон ба ин ҷо дамгирӣ меоянд. Ба ҳар касе ҳуҷраи алоҳида бо тамоми шароиташ медиҳанд. Боғи пургули бузург, хонаҳо аз ҳамдигар дур, сайргоҳу пиёдараҳҳо зиёд, овоз ё ҳаш-ҳаш нафасгирии пурнавозиши баҳри гоҳе исёнгару пуранвоҷ пайваста ба гӯш мерасад. Субҳ гоҳе тамошои баҳри беҳудуди орому оинавор шаффоф ва «Дарвозаи тиллоӣ»-и Қрими қадим илҳом мебахшад. Чор маротиба дар як рӯз ғизоҳои хушгувор муҳайё. Сайргоҳи соҳил то оромгоҳи Валошин ба фарози теппа, – ин адиби олиҳиммат Боғу биноҳо ва китобхонаи муҳташами шахсияшро барои осоишу эҷоди адибони Шуравӣ бахшидааст. -Регзори лаби баҳр бо соябону тахтаҳо барои оббозиву ёзида аз нури офтоб баҳра бурдан дар ихтиёрат. Ҳавои хушу ҷойи ором. Хулоса, барои фароғату эҷод биҳишти рӯи замин. Мавзуъ, ҳунару қувват дорӣ, бишину навис; ҳавсалаву завқ, хоҳишу дониш дорӣ, бо адибони гуногунзабон шинос, ёру ошно бишав, перомуни масъалаҳои адабиёту зиндагӣ ҳамсуҳбат бишаву маънавиёту ҷаҳонбиниатро ғанӣ гардон. Фазову муҳити созгори эҷодӣ. Бегонае бе иҷозат ба ин Боғ намедарояд ва касе ба касе халал намерасонад. Орзуи аҳли қалам. Не, баъзе адибоне, ки аз кишварҳои яхистон омада буданд, аз хониши мастонаи булбулони шабзиндадор шиква низ мекарданд:
– Бало занад. Магар ин парандаҳои зормонда девонаанд? Шаб ягон лаҳза дам намегиранд, ба хоб халал мерасонанд.
Ана дар ҳамин фаслу фазое, ки «булбулон»-и сухан аз ҷумҳурӣ ва шаҳрҳои хурду бузург дар Коктебел гирд омада буданд, эълон карданд: дар толори бузурги тобистона шоми шеъру суҳбатҳои адабӣ баргузор мешавад. Ин ба муроди дил буд, зеро дар ин маҳфил аз саҳна шеърхонӣ ё суҳбати бисёр шахсиятҳои адабиро дидаву шунида метавонистем.
Пас аз сарфи ғизои шом ба маҳфил рафтем. Толор пур. Гулрухсор наменамуд. Куҷо ғайб зада бошад? Ду рӯз боз камнамо буд. Меандешидем, ки фариштаи илҳом сари иншои ягон асари нав побандаш кардааст. Нағз. Набояд ба суроғаш рафту халал расонд. Ва баногоҳ аз паси парда Гулрухсор ба саҳна баромад: сару либоси шарқии озода, мӯйи дарози хурморанг ба ӯ мезебид. Давраи шукуфоии умр. Бо кафкӯбӣ истиқболаш гирифтанд. Вай китоб ва чанд варақи барнома дар даст, назди баландгӯяк омад ва бо арзи салому эҳтиром ва хондани порае шеър маҳфилро оғоз бахшид. Эҳа, косагул, раиси ин маҳфил будааст Гулрухсори мо! Акнун қалби моро ҳам шодиву ифтихор фаро гирифту ҳам ташвиш. Шоири мо базми шеъри як мамлакати бузургро бо забони русӣ сарварӣ мекунад! Магар ӯ ба ин ҳамоиши бузурги адабӣ сару бар шуда, онро ба як гулдастаи хушрангу бӯ табдил дода метавонад? Базми шеъру сухан беш аз ду соат чунон зебову дилнишин гузашт, ки, ба қавле, бехабар мондем. Тавонист! Бисёриҳо ба ҷойи Гулрухсор моро табрик мегуфтанд. Маълум, ки чанд соати умрашон дар ин базми шеъру сухан беҳуда нагузаштаасту аз он лаззати маънавӣ бурдаанд. Мояи сарфарозии мо ин буд, ки шоири овозадорамон Гулрухсор берун аз ҷумҳурӣ Тоҷикистонро сазовор муаррифӣ кард.
Чунин лаҳзаҳо дар зиндагиномаи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ Гулрухсор зиёд аст. Ёдам омад, ки соли 1981 ӯ дар як ҳамоиши баҳсангези Иттифоқи нависандагон гуфта буд: «Баъзеҳо мехоҳанд (шоирон ва нависандагон – А.С.) дарҳол соҳиби шуҳрату унвонҳо шаванд, лекин мӯяшон сафед нашавад, рӯяшон беожанг монад». Шояд ин андешаро замони иншои ин мисраи зебояш: «Ожангҳои рӯйи ман ӯту намешаванд» иброз дошт. Дар ҳар сурат Гулрухсор ҳамсоли мосту эҷодиёташ зиннатбахши адабиёти муосирамон. Ва «Бар чор Гулрухсор»-е , ки ӯ «бо чашми ҳайрат» менигарад, барои адабиёту хонандаи тоҷик Гулрухсори шоир азизу гиромист. Ба ӯ тани сиҳат, дили шоду осудагии рӯзгор, умри бардавому офаридаҳои сазовор таманно дорем.
Абдулҳамид Самад,
Нависандаи халқии Тоҷикистон