Аз ашъори адиби чинӣ Ли Чжаосин

Ба муносибати сафари  Раиси Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон

Ли Чжаосин соли 1940 таваллуд шудааст.  Баъди хатми Донишгоҳи Пекин то соли 1977  устоди донишгоҳҳо буд. Баъдан ба кори дипломатӣ шуруъ намуда, дар мақомҳои баландтарини соҳа – намояндаи кишвараш дар СММ ва  вазири корҳои хориҷӣ фаъолияти пурбор дошт.  Аз ҷумла, ба Тоҷикистон омада, дар таҳкими  муносибатҳо ва эҳёи Роҳи бузурги абрешим,  ки шоҳкори халқҳои чину тоҷик аст, саҳм гузоштааст. Ҳамзамон бо фаъолияти дипломатӣ  шеърҳое гуфтааст, ки симои ӯро чун як инсони  соҳибдилу вазифашиноси масъул пеши назарҳо  ҷилвагар мекунад.

Зиёрати оромгоҳи Карл Маркс  дар Лондон

Ҳамсояҳои ту
Дар ин сардводии хамӯшон
Доранд
Аз салибҳои баланд соябон.

Салиб не, балки он ҳама нардбонанд:
Арвоҳи ин ҳама
Дар орзуи баромадан ба осмон,
Ба биҳишти ҷовидонанд.

Танҳо як ту
Мондан дар рӯи заминро дорӣ орзу,
То бубинӣ –
Таърихи сарсафед
Ба куҷо расид.

Умри ҷовидонро накардӣ ҳавас,
Зиндаӣ аммо дар дили ҳамаву ҳар кас.
Ҳамсафаронат ба роҳи охират
Дар ин ҷо ҳам доранд савлат:
Аз зарҳое, ки бо ситам андӯхта буданд,
Зарринҳарфҳое фармуданд
Ва бар санги мазорҳошон
Катиба намуданд.

Дилрастарин суханҳо
Дар катибаи гӯри туст аммо:
«Заҳматкашони ҳамаи кишварҳо,
муттаҳид шавед!»
Чун барқ аст ин сатри рахшон,
Ки рӯшан месозад роҳи ҷаҳон.

 

Операи пекинӣ дар Нинг Сиа

Савти пекинӣ
Зи Пекин дур
Дар гӯшам диҳад хуштар садо;
Шояд аз он рӯ,
Ки дорад
Дар ҳар ово
Ишқи ҷовиди ватанро.

 

Гуфтугӯ бо Баҳри Сиёҳ

Оби дилҷӯи ту бошад
Инъикоси осмони беғубор.

Соҳилат пурзарраҳои зар бувад,
На регзор.

Аз сафедии вуҷудат Ҳар касе бо туст,
Огоҳ аст.
Пас чаро
Номат Сиёҳ аст?

 

Дар зодгоҳи Мотсарт ва Гитлер

Ин ҷо ҳамон як офтоб,
Ин ҷо ҳамон як моҳтоб
Пайваста нурафшон бувад.
Ду марди машҳури ҷаҳон
Зоданд ин ҷо — неку бад.

Бо савти хуш гар он яке
Бар дил баҳорон оварад,
Бо тиру тӯпаш он дигар
Аз даҳр
Осори баҳоронро барад.

Гулзор гӯри он яке гар доимост,
Гӯри дигарро
Кас надонад дар куҷост.

 

Орзуи дур
Баъд аз эҳсоси дарди чашм

Дурро
Намебинам хуб.
Маро рӯшании чашм аст
Орзуи матлуб.

Издиҳомро
Намебинам рӯшан,
Дақиқ дидани чеҳраҳост
Орзуи ман.

Дурии дур
Дорад орзуи дидани чашмҳоям,
Низ дидани дур аст
Орзуи бебаҳоям.

Дар ҳар ҳолат туӣ,
Туӣ, эй Ватан,
Чашмони рӯшани ман.

 

Нома

Муддате шуд,
К-аз диёрам дур,
Номае хоҳам кунам иншо
Барои модари маҳҷур.
Нома гардон асту гардон дар сарам,
Лек,
Чун хоҳам кунам ирсол,
Мешавад бехуд мушавваш хотирам.

Ман намегӯям ба роҳи дур лаънат,
Кӯҳу дарёҳои байни хешу модарро
Намесозам маломат.

Лек ҳар шаб
Дар ҷаҳони хоб
То рӯз
Ман ҷавоби номаҳои то кунун нанвиштаро
Мегирам аз модар
Содаву пурмеҳру мармуз…

 

Сафар ба Африқо

Дили шаб,
Тайёра
Аз болои уқёнуси Ҳинд
Дар парвоз аст.
Ахтаристони бекарон
Дунёи рамзу роз аст.
Нав гул шукуфта
Дар соҳили дарёи Зард,
Вале
Авҷи пойиз аст дар Конго…
Хаёлу ёди Ватан
Мефишорад яке вуҷуди маро.

 

Чин
             Дар ғурбат

Шоҳи хубонӣ, ки тоҷат нест,
Балки ба пардоз эҳтиёҷат нест.
Ту бо ҳусни табиӣ зебоӣ,
Ҷавонии дилрабоӣ.

Кӯҳсорат – сар бар осмон,
Аз уфқ то уфқат – фазое бекарон.
Миёни баробарҳо
Ҳамеҷӯӣ бародарҳо…

Дилҷӯю дилнишинӣ,
Ту Чинӣ!

Суруди Нил

Осмоне – ҳамному ҳамранги рӯд,
Ҳар сӯ шитобон амвоҷи кабуд.
Мисри ҳафтҳазорсола барҷосту дар шино,
Ку оғозу ку анҷом?
Бигӯ, дунё.

Баҳорон гул оварду гул парвард,
Гармо он ҳамаро ба чанголи хазон кард…

Аммо ду рӯди дурахшон
Дар паҳнаи биёбон
Чун ду мори печон
Равонанду равон…

Равон аст беист рӯди Кабуд,
Низ раҳпаймост Сапедрӯд.
Рӯди Вақт беш аз онҳост шитобон
Чун Нили пиру навҷавон.

 

Заврақронӣ зери борон

Кулоҳи сабзи пушта,
Ки аз дарахтон шерозаҳо дошт,
Тар мешуд.
Гулу себаргаи соҳил
Зери бори қатраҳо
Хамидатар мешуд.

Бӯи хуш дорад замону замин,
Дар кӯли ашканд ғарқ
Беди заврақҳо
Чун дастони одамин.

Шафақ
Ба рӯи ин саҳнаи зебои тобистон
Кашид пардаи арғувон…

 

Як шаби барфии Аргентина

Пардаи шом
Ҳар гаҳе
Бар рӯи дунё мефурояд,
Бод
Ларзон мекунад шохи дарахтонро.
Ногаҳон
Боронаки дилгир меояд,
Сина бо ёди Ватан –
Андӯҳи ҳиҷрон чун кунад бояд?

Бахт ногаҳ лек хандид:
Барфи камёб аз само омад.
Зери ин рӯпӯши роҳат
Чашми дил хоки Ватанро
Ғарқи дони хирмани пурбори фардо дид.

                                                                                      Тарҷумаи Низом Қосим

Дигар хабарҳо