Конфронси илмӣ-адабӣ: «Пиряхҳо – неъмати бебаҳои Тоҷикистон»
16 май дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Конфронси илмӣ-адабӣ бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» солҳои 2018-2028» баргузор шуд. Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба конфронс ҳусни оғоз бахшид.
Директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ”, профессор Абдулҳамид Қаюмов дар бораи ин марказ ва фаъолияташ маълумоти муҳим дода, ба саволҳои ҷамъомадагон посух гуфт.
Нависандаи публитсист Ҳасан Асоев вобаста ба мавзуи конфронс маъруза пешниҳод кард. Маърузаи номзади илми филология Манижа Баҳромзода «Ҳифзи пиряхҳо ва инъикоси он дар ВАО» ном дошта, дар он мақолаҳои пажуҳишии олимони соҳа, ки дар воситаҳои ахбори омма нашр гардидаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки профессор Абдулҳамид Қаюмов ташаббускор ва ташкилкунандаи экспедитсияи бисёри илмӣ мебошад. То имрӯз аз тарафи Маркази омӯзиши пиряхҳо зиёда аз 40 экспедитсия роҳандозӣ шудааст. Мавсуф солҳои 1983-1984 дар экспедитсияи антарктикии шуравӣ иштирок дошт. Ӯ нахустин тоҷикест, ки ба ҳайси пажуҳишгар аз Антарктида дидан кардааст. Дар солҳои 2008-2009 бо қарори Ҳукумат дар доираи Соли байналхалқии қутб якумин экспедитсияи тоҷикӣ ба Антарктида сурат гирифт.
Дар ҷаласа инчунин адибону донишмандони дигар фикру андешаҳои худро баён намуданд.