Чу узве ба дард оварад рӯзгор… Бо сӯзҳои сангин дар рӯзҳои сангин…

Дар робита бо амали хунини террористӣ дар ноҳияи Красногорски вилояти Москва Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба Сафорати Федератсияи Рос­сия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи на­висандагони Россия ва идораи ҳафтаномаи «Литературная газета» барқияи ҳамдардӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Суханони борҳо аз минбарҳои баланди дунё гуфтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи он ки терро­рист миллат, дин, мазҳаб ва Ватан надорад, ба ҳамагон маълуманд. Миллату давлати мо симои мудҳишу ҳастии ғайриинсонии терро­ризмро аз таҷрибаи талхи худ хуб медонанд ва ҳамеша дар мавқеи устувори як муборизи зидди ин падидаи манфур буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд.

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷи­кистон, ҷамъияти гуногунмиллати адибони мамлакат аз разолати навбатии терроризм – фоҷиаи даҳшатбори ноҳияи Красногорски вилояти Москва сахт андӯҳгин буда, ин ама­лиёти хунинро қотеона маҳкум менамоянд. Мардуми тоҷик ҳамеша бо халқи Россия буд, ҳаст ва хоҳад монд, бахусус имрӯз, ки садҳо ҳазор фарзанди шарафманду заҳматкашаш дар он кишвари беканор зиндагию кор ме­кунанд ва ҳамзамон ба сомон бахшидан ба рӯзгори худ дар рушди бисёр соҳаҳои иқти­соди он саҳми муассир мегузоранд. Бовар дорем, ки ягон қувваи аҳриманӣ, ягон кирдори разилона ин рафоқати пок, ин ҳамкории му­тақобилан судманди кишварҳои ба ҳам бисёр боэҳтиром ва халқҳои ба ҳам самимона дӯсти моро халалдор карда наметавонад.

Мутмаинем, ки тафтиши амиқу дақиқи ҳодиса, роҳ надодан ба маънидоди миллии он ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсониву шаҳрвандии муҳоҷирони меҳнатӣ ин дӯстию ҳамкориро боз ҳам таҳким мебахшад.

Ба хонадону пайвандони ҳалокшудагон ҳамдардии амиқ баён мекунем, ба осебди­дагон сиҳҳатии комил металабем, ба шарики стратегиамон Федератсияи Россия амонию комгорӣ орзу менамоем».

                Бо сӯзҳои сангин дар рӯзҳои сангин…

Эй тоҷики тоҷдор, дилхаста мабош!

Бар дилшикан оҳу дард дилбаста мабош!

Сад аср ба сӯи ҷовидон раҳ бурдӣ,

Бархез ба пой бозу биншаста мабош!

Сад сол гузашт аз табартақсимат,

Бо ҷаҳли навин ба он табар даста мабош!

Сад бор шикаставу зи нав пайвастӣ,

Бо фикри шикаст ҳеҷ пайваста мабош!

Қисмат ба сарат агар биёрад,

                                                            бипазир

Бишкастасариву

                                   рӯҳбишкаста мабош!

                            ***

Афтода баноҷову баҷо мехезем,

Дар олами фонӣ чу бақо мехезем!

Мо аҳли китобему чу Зардушти муғон

Бо ҳарфи тари «Авесто» мехезем!

Аз оли Сапитамену Деваштичем,

Бингар, зи кадом давраҳо мехезем!

Аз ҷомаи аъроб бурун меоем,

То ҷомасафед чун сафо мехезем!

Фарзанди Муқаннаъему аз зулмати давр

Берун шуда чун моҳи само, мехезем!

То чанд ба тангнои ҷаҳлем забун?

Вақт асту чу Восеъ ба ғазо мехезем!

Сомони ҷаҳони хешро меёбем,

Дар хонаи худ хонахудо мехезем!

Чун нур зи чашми Рӯдакӣ меафтем,

Аз тинати Сино чу даво мехезем!

«Шаҳнома»-и мо зи ору нанг аст бапо,

Аз ҳар сатраш чу Ориё мехезем!

Аз ҳиммати Мавлавӣ сухан рафт ба арш,

Бингар, ки дубора то куҷо мехезем!

Бар авҷи фалак Дониши мо раҳ бурда,

Мо низ зи ҷо ба ин асо мехезем!

Бо қудрати миллат ошно мегардем,

Бо ҳиммати Айнӣ ошно мехезем!

Дар дил ғами қитъаҳо чу Турсунзода,

Чун дона ба коми осиё мехезем!

Мо нанггадо наему фарҳанггадо,

Мо бо фару фарҳанги ҷудо мехезем!

Чун по дорем, даст меҷунбонем,

Аз даст нарафта, мо ба по мехезем!

Дар бовари каф асои уммед бигир,

Афтодагӣ меафтаду мо мехезем!

                            ***

Дар гавҳари чашми мо зиё барҷо бод!

Дар роҳи гулӯи мо садо барҷо бод!

Бар қасди ҷаҳони пасту пастии замон

Боло сари мову рӯҳи мо барҷо бод!

                                                                          Низом Қосим

 

Дигар хабарҳо