Китоби «Тоҷикон». Ашъор

Низом Қосим

                      Китоби «Тоҷикон»

Назира ба шеъри устод Бозор Собир, ба ифтихори интишор

 ва ба ҳар хонадон дастрас намудани китоби «Тоҷикон»,

эълони озмуни «Тоҷикон»-донӣ ва 115-солагии аллома Бобоҷон  Ғафуров

 

Киштаи пурдона мебошад китоби «Тоҷикон»,

Баҳри пурдурдона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Қисмати тоҷик сангин буд ҳамчун Меҳанаш,

Бори он бар шона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Мо ҳама ноҷовидону миллати мо ҷовидон,

Чунки ҷовидона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Эй басо осори таърихи Ватанро то абад
Пурмуҳаббат хона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Ҳар кӣ бар таърихи тоҷикон дарафтад, бегумон

Чун саги девонае мебошаду санги гарон

Бар саги девона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Ҳар ҳасуди хешро девона карду ончунон

Оқилу фарзона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Тоҷи тоҷикон дурахшон аст дар ҳар сафҳааш,

Нусхаи шоҳона мебошад китоби «Тоҷикон».

 

Ҳар китоберо, азизо, дар рафи ҷонат намон,

Зеби ҳар ҷонона мебошад китоби «Тоҷикон»!

 

Бозор Собир

                          “ТОҶИКОН“

Мурда буд дар хоб гӯё бахти хоби тоҷикон,

Ношумурда мухтасар мешуд ҳисоби тоҷикон.

Бахшу бобе ҳарчи буд дар бахшу боби тоҷикон,

Бекитобон канда буданд аз китоби тоҷикон.

 

Аз миёнаш сиккабарҳо сикка бурду сикка хӯрд,

Аз даҳонаш тиккабарҳо тикка бурду тикка хӯрд.

Аз Атобак гарчи дар ин минтақа антиқа буд,

Кас намедонад, ки буд, ғайр аз китоби «Тоҷикон».

 

Гар набудӣ ҳар сафоле фол аз асри сафол,

Гар набудӣ тоҷики асри сафол устокулол,

Ҳамчунон ҷилди заминаш аз сафолу аз сафол

Пур намешуд ин қадар ҷилди китоби «Тоҷикон».

 

Гар набуд аз устухони куҳнае моро аён,

То бидонем, аз куҷо бишкаста миллатро миён,

Чун тарақҳои заминаш ин қадар аз устухон

Пур намеомад варақҳои китоби «Тоҷикон».

 

Дӯш тоҷикро, намедонам, чи қисмат будааст,

Худ ба Хатлону расул аз Устувохат будааст,

Лоҷарам, аз Устувохат, лек бехат будааст,

Ман надидам нусхаашро дар китоби «Тоҷикон»…

 

Дар ҳавошии қаламрав беқаламҳо будаанд,

Беқаламҳои ҳавошӣ беқадамҳо будаанд.

Беқаламҳои ҳавошӣ дар қалам афтодаанд

Ин замон андар ҳавошии китоби «Тоҷикон».

 

То Хуросонро хурад осон, намонад порае,

Бо хуру осон ҷудо кардаш хуросонхорае.

Баъди сад садсола охир ҳар Хуросонпорае

Ёфт пайванди китобӣ дар китоби «Тоҷикон»…

 

Бо вуҷуди ин, нашуд аз асли худ умре ҷудо,

Бо фишурданҳо нашуд чашмаш фишурда чун ҳаво.

Каштали куҳро гирифт аз дасти кашталкандаҳо,

Пушт бар каҳ на, ба куҳ бинҳод аз бепуштҳо.

 

Ин замон бозори нони тоҷикон бе муштарист,

Лек бозори китобаш бе дусад муштоқ нест.

Ҷои нони хонагӣ бар каф китоби хонданист

Ҳамчу болоӣ ба болои китоби «Тоҷикон».

 

Тоқдони хонаи мо ҷои дастархони мост,

Тоқдони чашми мо – ҷои китоби «Тоҷикон».

 

Муҳаммад Ғоиб

                           КИТОБИ “ТОҶИКОН“

 Аз китоби “Тоҷикон” оҳанги бедорӣ расад,

Ҷашни мотамдори даврони гаронборӣ расад.

Ҳарфҳо тиранду хатҳо найзаҳо, ҳар сафҳа дашт,

Аз ҳамин саҳро фақат бонги ватандорӣ расад.

 

Мерасад аз дур овози ливодорон ба гӯш,

Пур шавад аз ҳарфи хашмолуд саҳрои хамӯш.

Рӯи осоиш куҷо бинад ватандори асил?

Пеши рӯ ояд набарди зиндагибахши Куруш.

 

Шиҳаи аспону фарёди саворон мерасад,

Аз раҳи таърих бонги сарбадорон мерасад.

Хок мисли дуд хезад аз паи ҳар шермард,

Мисли он ки баъди боду барқ борон мерасад.

 

Гӯиё ояд зи қаъри чоҳҳову ғорҳо:

Шуд ҳазорон тан ғизои мӯрҳову морҳо.

Қудраташро марди танҳомонда ҳам гум мекунад,

Мисли шери монда байни галлаи кафторҳо.

 

Сулҳи кишвардор орӣ нест аз осори ҷанг,

Гаҳ ба пайванди худаш, бар шиша носоз аст санг.

Даври қудрат бигзарад, монад ба лавҳи ёдҳо

Номҳои ҳокимони дар ҷасорат ранг- ранг.

 

Мулкдорӣ чист? Фикри дури мардум кардан аст,

Хешро дар ҷодаи дарёфтан гум кардан аст.

Саҷда бар хоки муқаддас ҳамчу гандум кардан аст,

Парчами номус болотар зи анҷум кардан аст.

 

Мулкдорӣ бозии ҷон дар сари мӯ будан аст,

Дар талоши ростӣ мисли тарозу будан аст.

Дорбозӣ аст, роҳи маргро паймудан аст,

Бар ҳама дарде, ки дар дунёст, дору будан аст.

 

Рози дил соҳибватан берун насозад аз лабаш,

Дар ҳузури ғайр бояд ӯ нагӯяд матлабаш.

Бояд аз гармии мақсудаш надонад кам табаш,

Ҷонфидо дорад нишони рӯзи рӯшан дар шабаш.

 

Сарварӣ мушкил!-Киҳо бояд сари минбар шаванд?

-Ҷонфидоёне, ки аввал ибрати лашкар шаванд.

Зӯри ақл аз зӯри бозу бартарӣ дорад мудом,

Нангҳо бояд, ки ҷавшан, ақлҳо ханҷар шаванд.

 

Дошт ин миллат замоне аз ҳама подор тахт,

Бар сараш буд аз ҳама рахшандатар хуршеди бахт.

Вақти сармову дами гармо дигар мекард ҷой,

Дошт аз ҳурмат ба мулки ғайр ҳам ӯ пойтахт.

 

Хислати тоҷик аз рӯзи азал мардона буд,

Ғасби мулку моли ғайр аз баҳри ӯ бегона буд,

Ғайри даври ғуриён кӣ ёд дорад ҳамлааш?

Ин ҳақиқат баҳри дигар халқҳо афсона буд.

 

Кардааст ин халқ танҳо баҳри ҳифзи мулк ҷанг,

Рағми дилсанги замон будаст мисли кӯҳи нанг.

Баъди садҳо ҳамла бар ҷонсахтҳо тан додаанд,

Ҳам Сикандар, ҳам араб, Чингизу ҳам Темури ланг.

 

Ҷони ҳар Заҳҳокро зоти Фаридун мегирифт,

Пай зи Сайҳун канда душман, роҳи Ҷайҳун мегирифт.

“Пой дар завлона будам, лек бо таъбири ҳалқ,

Ҳинду Чинро шуҳратам бе ҷангу бе хун мегирифт”.

 

Сарнавишти тоҷикон дорад ҳазорон боби талх,

Талхии бедорию ҳам дидааст ӯ хоби талх.

Меваи ширин насибаш гашта боз аз нияташ,

Гарчи боғашро тамоми умр доданд оби талх.

 

То ҳанӯз аз оташи дунё ба ӯ дудаш расад,

Ашки фарзанди Хуросон аз Фарорӯдаш расад.

Аз Муқаннаъ, аз Абумуслим, ҳам аз Темурмалик

Ибрате сарҳанг агар гирад, ба мақсудаш расад.

 

То нигаҳ дорад ба каф тоҷик муҳри бурдро,

Бар бузургонаш намебахшид кори хурдро.

То даме ҳомӣ зи бумӣ дошт, ӯ осуда буд,

Ҷонситон мехонд кӯчӣ сояи ин гурдро.

 

Бори аввал низ ин мардум ливо бардоштаст,

Боз бар рӯяш ба сад мулки ҷаҳон дар доштаст.

Вақти навмашқии дигар қавмҳо, ин хатшинос

Тухми донишро ба марзи ақлҳо мекоштаст.

 

Бар сурайё тоҷик аз дониш сараш афрохтаст,

Дар ҳамин оина тарҳи хешро бишинохтаст.

Нест давлатдорӣ осон, дар ҷаҳон бори нахуст

Шоҳ Исмоил девони вазирон сохтаст.

 

Оварад ёд ин асар сад лашкари нотарсро,

Қудрате лозим, ки бикшоӣ дари нотарсро.

Соми ғурӣ доди нангу қаҳрамонӣ додааст,

Бояд омӯзем аз Яқуби Лайс ин дарсро.

 

Дар раҳи ҳифзи ватан сарҳо ҷудо аз тан шаванд,

Мумҳо ҳам сангҳову обҳо оҳан шаванд.

Гоҳ аз бегонагон бадхоҳтар низ ошност,

Баҳри соҳибтахт гаштан дӯстон душман шаванд.

 

Каҷниҳодон аз азал резанд хуни ростон,

Достон аст ин китоб аз қиссаҳои бостон.

“Тоҷикон” бурд обрӯи тоҷикони хоксор

То ба боми осмони эътироф аз остон.

 

Ин китоб аз сарбаландиҳо ҳикоят мекунад,

Баҳри илми қаҳрамон гаштан кифоят мекунад.

Мардро бар ҷодаи фатҳу зафар созад равон,

Бар раҳи мардонагӣ занро ҳидоят мекунад.

 

Ин китоб осори нангу ҷуръати аллома аст,

Гашт исбот, аз ҳама ханҷар расотар хома аст.

Худшиносиҳои мо аз ин асар пайдо шавад,

Баҳри миллат ин асар, бешак, шаҳодатнома аст.

 

Тарҳи аслии ватан пайдо шавад аз ин китоб,

Сарҳади мулки куҳан пайдо шавад аз ин китоб.

Шаҳри Балху ҳам Самарқанду Бухорову Ҳирот,

Чашмсурхи анҷуман пайдо шавад аз ин китоб.

 

Аз китоби “Тоҷикон” оҳанги бедорӣ расад,

Ҷашни мотамдори даврони гаронборӣ расад.

Ҳарфҳо тиранду хатҳо найзаҳо, ҳар сафҳа дашт,

Аз ҳамин саҳро фақат бонги ватандорӣ расад…

 

 

Лоиқ Шералӣ

                     ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ…

Барои академик Бобоҷон Ғафуров

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст.

 

Тоҷик ҳама умр ба ҳар бозии қисмат

Бардошт биёмухта зи кӯҳи ватанаш буд.

Ҳар теша, ки бар синаи ҳар санг фурӯ рафт,

Доғи дили бекинаю захми баданаш буд,

Ҳар ҷавшани олудаи хуне, ки ба бар дошт,

Ҳам ҷавшани ҷони ватану ҳам кафанаш буд.

 

Таърих басо дида, ки андар раҳи паймон

Тоҷик даме пеши адӯ сар нафикандаст.

Ҷон канда басо, лек

З-ояндаи пирӯзи худ уммед накандаст.

 

Мурданд басо маслаку ойину худоён,

Маҳкум бимурданд басо ҳукмравоён,

Мурданд забонбаста басо уқдакушоён,

Бар рағми ҳама ҳилаю тазвиру тааддӣ

Аз оташи суғдон

Як шуъла фақат монд фурӯзон,

Як шуъла, ки дар чашму дили халқ ҳамесӯхт,

Як шуъла, ки бар халқ чи сон сӯхтан омӯхт.

 

Ҳар наъл, ки бархурд ба ҳар санги куҳистон,

Ҳар наъл, ки бар санг заду шуъла бирӯёнд,

Ҳар шуъла, ки аз теғи бароҳехта меҷаст

Дар партави хуршед сари дасти далерон,

Омӯхт ба мардум ҳунари шуълавариро,

Бо хасм ситезидану пирӯзгариро…

 

Ҳар шуълаи сӯзандаи уммеди дили халқ –

Он шуъла, ки дар ҳар маҳали тираи таърих

Гаҳ-гоҳ ҳамесӯхт;

Он шуъла, ки андар дили ҳар санг ниҳон буд,

Он шуъла, ки дар дидаи ҳар фард аён буд,

Дар чашми Хирад ҷамъ шуду тоза барафрӯхт.

 

Гӯё, ки ҳама шуълаи сӯзони парешон

Аз қаъри замонҳо

Дар чашми Хирад ҷамъ шуду гашт фурӯзон.

Дар чашми Хирад оташи исёни ҳама халқ,

Ошӯби дили шуълавару хашми хурӯшон

Ҷамъ омаду гардид чунон машъали тобон,

К-аз партави он чор суи тираи таърих

Равшан шуду чашми дигаре ёфт ҳама халқ,

Бар хеш назар кардаву бишнохт худашро,

Феҳристи ҳама бешу каму неку бадашро.

Бингашт ба ойинаи қасду талаби худ,

Бар чеҳраи худ, зоти худ, аслу насаби худ…

 

Бо чашми Хирад бингарӣ аз қуллаи имрӯз

Ҳар гоҳ ба печухами таърихи ниёгон,

Бинӣ ба чи эъҷоз

Тоҷик ба мулки дигарон роҳ кушодаст,

Чи дур, чи наздик

Сад раҳ ба дили мардуми огоҳ кушодаст.

 

Алҳақ ҳама медонаду таърих гувоҳ аст,

Тоҷик ҳама умр

Дар Мағрибу Машриқ

Кардаст мусаххар чи бас иқлиму мамолик…

Аммо на ба шамшеру камону сафи лашкар!

Бо санъату бо фитрату бо ақли мунаввар,

Бо ҳиммату бо ҳикмату бо шеъру тарона,

Бо руҳи ҷавононаю пирӯзгарона…

Дигар хабарҳо