85 СОЛИ ПУРСАМАР…

 85 СОЛИ ПУРСАМАР…

Мусиқии халқӣ ва касбии тоҷик дорои мероси бузург буда, аз насл ба насл таҳвил ёфта, ба сифати мусиқии яковоза (унисон) рушд наму­дааст. Дар ин замина тамоми ғанои мусиқии халқӣ дар оҳангу навоҳо му­тамарказ гардида, бо махсусиятҳои хоси ин оҳангу наво бо ин ё он жанр вобастагии бевосита доштанд. Бо вуруди анъанаи мусиқии бисёрово­заи аврупоӣ дар ибтидои асри XX фарҳанги мусиқии Тоҷикистон, дар баробари мусиқии халқии касбӣ ва мусиқии классикӣ қонунҳои хоси худро соҳиб гардида, бо мақсади фаъолона ворид шудан ба раванди умумии мубодилаи васеи байнал­милалии бадеӣ, ки он замон дар та­моми фазои Шӯравӣ паҳн шуда буд, азхудкунии анъанаҳои нав, омӯзиши таҷрибаи фарҳанги мусиқии ҷаҳон ва воридшавӣ ба низоми жанрҳои гуногуни аврупоӣ оғоз ёфт.

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги мусиқии тоҷик ва рушди минбаъдаи омӯзиши мусиқии касбӣ ба Тоҷикистон як зумра композито­рону донандагони мусиқии касбӣ ба мисли И. Рогалский, М. Муравин, С. Урбах, С. Баласанян, А. Ленский ва солҳои охири 50-ум Ю. Тер-Осипов ба Душанбе омаданд. Маҳз аз ҳамин давра инфрасохтори нави мусиқии муосир бунёд гардида, муассисаҳои таълимии мусиқӣ таъсис ёфта, шабакаи васеи марказҳои гуногуни санъати мусиқӣ ба вуҷуд омаданд. Тибқи Қарори Шӯрои Комиссарони халқи РСС Тоҷикистон (аз 1 июни соли 1939) «Оид ба вазъи санъат дар ҷумҳурӣ ва чорабиниҳо вобаста ба рушди минбаъдаи он», ҷиҳати таъсиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифта шуда, бо ин мақсад раиси комитети таш­килии он композитор Александр Ленский таъин гардид.

9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон расман дар ҳайати композиторон А. Камолов, Ш. Бобокалонов, С. Баласанян, А. Ленский, С. Урбах, Н. Пӯлодов, З. Шаҳидӣ, М. Волберг ва Ф. Солиев таъсис дода шуда, аввалин раиси он Сергей Баласанян интихоб гардид. Бояд қайд намуд, ки Иттифоқи композиторони Тоҷикистон аввалин ташкилоти ҷамъиятии эҷодии касбии композиторон ва мусиқишиносони Тоҷикистон мебошад, ки бо мақсади ҳифз ва рушди беҳтарин анъанаҳои мусиқии классикии ҷаҳонӣ ва халқии тоҷикӣ, рушди фарҳанги мусиқии касбӣ, тарбияи ходимони ҷавони соҳа ва фароҳам овардани шароит баҳри татбиқ намудани имконоти эҷодӣ таъсис ёфтааст. Дар радифи композиторони рус нахустин композиторони тоҷик низ ба монанди Шоҳназар Соҳибов, Шариф Бобокалонов, Фазлиддин Шаҳобов, Фозил Солиев, Зиёдулло Шаҳидӣ, Насимҷон Пӯлодов ва баъдан насли дуюми композиторон ҳамчун Амон Ҳамдамов, Ёқуб Сабзанов, Ҷӯрабой Охунов, Шарофиддин Сайфиддинов, Хайрулло Абдуллоев ва ғайра дар поягузории санъати касбии композитории тоҷик саҳми бузург гузоштаанд.

Қобили зикри хос аст, ки ҳар яке аз ин композиторон мактаби ҳунарии махсуси худро доштанд. Дар тӯли ин солҳо композиторон Михаил Света­ев, Саид Ҳамроев, Фаттоҳ Одина, Аъзам Солиев, Дамир Дӯстмуҳам­мадов, Толибхон Шаҳидӣ, Зарина Миршакар, Фирӯз Баҳор, Юнис Мамедов, Борис Пиговат, Амнун Ёдгоров, Миратулло Атоев, Генадий Александров, Зокир Нишонов, Ҷӯра­хон Обидпур, Алишер Латифзода, Бенямин Юсуфов, Шодмон Пӯлодӣ, Зайниддин Зулфиқоров, Қудратулло Яҳёзода, Павел Турсунов, Парвиз Туробӣ, Суръат Халилов, Лола То­лис, Қудратулло Ҳикматов, Хуршед Ниёзӣ, Амирбек Мӯсозода, Абдураҳ­мон Тошматов, Сангалӣ Ҳамидзода, Равшан Баротов, Далер Тиллоев, Қурбони Қурбониён, Ҳасан Пиров, Ворис Раҳмонзода, Парвин Соҳиб­зода, Шералӣ Қосимзода, Пайрав Марадасейнов, мусиқишиносон Зоя Тоҷикова, Эрна Гейзер, Беатриса Қодирова, Аскаралӣ Раҷабов, Ла­риса Назарова, Аслиддин Низомов, Фирӯз Улмасов, Наим Ҳакимов, Фароғат Азизӣ, Абдувалӣ Абдураши­дов, Баҳриниссо Қобилова, Манзура Ҳасанова, Султоналӣ Худоёбердиев, Мақсуда Ғаффорова, Кароматулло Раҳимзода, Ҳаётой Муъминова, Шаҳноза Мирзоева, Хуршед Низомӣ, инчунин оҳангсозони суннатӣ Дав­латманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Ҷамшед Исмоилов, Фурқат Саидзо­да, Баҳром Муродализода, Хосият Шарифова, Холаҳмад Маҷидов, Назира Ғайбуллоҷонзода, Фарҳод Зикир, Убайдулло Иброҳимзода ва ғайра ҳиссаи худро барои рушди мусиқии тоҷик ва омӯзиши масоили таърихию назариявии санъати мил­лӣ гузоштанд.

Аз соли 1940 то ба имрӯз 15 Анҷумани Иттифоқи композиторони Тоҷикистон (солҳои 1948, 1956, 1962, 1966, 1970, 1976, 1981, 1987, 1992, 1998, 2001, 2007, 2016, 2017 ва 2020) баргузор гардида, дар тӯли ин солҳо Сергей Баласанян, Александр Ленский, Фазлиддин Шаҳобов, Зиёдулло Шаҳидӣ, Шарофиддин Сайфиддинов, Дамир Дӯстмуҳаммадов, Талабхӯҷа Сатторов, Аслиддин Низомов, Хайрулло Абдуллоев, Қудратулло Ҳикматов, Шуҳрат Ашӯров, Хуршед Низомӣ ва Амирбек Мӯсозода ба ҳайси раисони Иттифоқи композиторони Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Дар ин давра аз ҷониби композитори маъруфи тоҷик С. Баласанян аввалин операи тоҷик “Шӯриши Восеъ” аз рӯи либреттои А. Деҳотӣ ва М. Турсунзода (1939), аввалин асари симфонӣ — “Рапсодияи тоҷикии №1” – Ф. Солиев (1946), аввалин операи композитори тоҷик Ш. Сайфиддинов “Пӯлод ва Гулрӯ”, аввалин симфонияи композитори тоҷик А. Одинаев (1964), инчунин операҳо, балетҳо, асарҳо барои оркестрҳои симфонӣ, камеравӣ ва созҳои миллӣ, сурудҳо, романсҳо, ораторияҳо, кантатаҳо, фантазияҳо, достонҳо, квартетҳои торӣ, триоҳо, сонатаҳо, пйесаҳо барои созҳои гуногун, мусиқӣ барои театр, синамо ва дигар жанрҳои мусиқии касбӣ офарида шуданд.

Асарҳои композиторони Тоҷи­кистон берун аз марзи Тоҷикистон (Аврупо, Чин, Ҷопон, кишварҳои ИДМ) иҷро гардида, аксари онҳо, аз ҷумла балетҳои «Лайлӣ ва Маҷну­ни С. Баласанян» (Театри калони давлатии академии Русия), «Мақо­ми ишқ»-и Ф. Баҳор (Самарқанд), операи «Бозгашт»-и Ё. Сабзанов (Тошкент) дар театрҳои кишварҳои дигар саҳнавӣ гардидаанд. Дар асоси асари «Рубоиёти Хайём»-и Т. Шаҳидӣ филм-балети мустанад ба навор гирифта шудааст.

Аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон дар баробари эҷоди асарҳои мусиқӣ ва дигар осори му­сиқишиносӣ, инчунин, корҳои зиёди илмӣ-тадқиқотиро баҳри татбиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳу­рии Тоҷикистон ва ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат мавриди таҳқиқ қарор дода, вобаста ба масоили таърихию назариявии санъати миллӣ, такомули методо­логии тадқиқоти илмӣ дар равияи санъатшиносии миллӣ пажӯҳишҳои муфид анҷом дода истодаанд.

Осори илмии мусиқишиносони Тоҷикистон ба забонҳои дигар халқу миллатҳо тарҷума гардида, дар кишварҳои ИМА, Русия, Олмон, Ҷопон, Корея ва ғайра нашр гардидаанд. Бо мақсади рушди минбаъдаи санъати мусиқии касбӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷоизаҳои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи композиторони Тоҷикистон» аз соли 2004 Ҷоизаи ба номи Борбад дар соҳаи санъати мусиқӣ таъсис дода шудааст. Айни замон дар назди Иттифоқи композиторони Тоҷикистон Шӯрои мусиқӣ, Шӯрои илмӣ, Идораи «Тарғиби мусиқии муосир», бахши «Эҷодӣ-ташкилӣ», бахши «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ», бахши «Фолклор ва мусиқии суннатӣ» ва бахши «Бастакорӣ» фаъолият дошта, 5 нафар доктори илм, 7 номзади илм, 7 нафар дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, 3 нафар дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, 5 нафар Ҳунарпешаи халқӣ ва Ҳофизи халқии Тоҷикистон, 11 нафар Арбоби ҳунари Тоҷикистон, 2 нафар Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иттифоқи композиторон буда, 9 нафар бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд.

Бешак, даврони соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи бунёдкорӣ ва ба даст овардани комёбиҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт гардид. Миллати тоҷик аз дигаргуниҳои воқеан бузург дар ҳамаи соҳаҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамояд.

Имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ комёбиҳои нав ба даст овар­да, ганҷинаи фарҳанги ҷаҳониро бо шоҳасарҳои нави мусиқӣ ғанӣ мегардонад ва барои мунтазам ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба дастовардҳои маънавии ҷаҳони му­осир тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо итминон метавон гуфт, ки Ит­тифоқи композиторон дар давоми 85 соли фаъолияти эҷодии худ ҳамчун муассисаи комили эҷодӣ муташак­килона кору фаъолият намуда, дар амалӣ кардани барномаи фарҳангии давлат, тарғиби санъати мусиқии касбӣ, баланд бардоштани мақоми мусиқии касбии тоҷик дар ҷомеаи муосир, амалӣ намудани ниёзҳои воқеии илмӣ-амалии фарҳанг ва санъат, инчунин рушди мукаммали тафаккури бадеиву маънавии аҳли ҷомеа тадбирҳои амалиро роҳан­дозӣ намуда, дар ин радиф беҳтарин анъанаҳои мактаби композиторӣ ва мусиқишиносии тоҷикро эҳё карда истодааст.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки 85 соли фаъолияти пурбор дар таърихи фарҳанги миллӣ бо хатҳои заррин сабт хоҳад гашт.

Амирбек МӮСОЗОДА,
раиси Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо