Адибаи Хуҷандӣ «Ягона муъҷиза дидам, фидош ҷони ғариб»

 Адибаи Хуҷандӣ «Ягона муъҷиза дидам, фидош ҷони ғариб»

Ягона муъҷиза дидам, фидош ҷони ғариб,

Шигарфи шуълавари шоҳкори чашмонат.

Дар интизор бимирам, саҳар шавад ё не,

Куҷост, ҷон, ки набошад нисори чашмонат.

Зи осмон ба замин ояму дубора равам

Барои дидани рангу нигори чашмонат.

Ҳазор барги баҳору ҳазор фасли баҳор

Намоди хиратарини низори чашмонат.

Дар ихтиёр гирифта маро асири ҳақир,

Маро кӣ гуфт, ки бошам дучори чашмонат?

***

Ман барои сўхтан, парвона, одат мекунам.

Бар дурўғу ҳиллаву афсона одат мекунам.

Ёр хоин асту душман дўст, парвоям набуд,

Ин, ки шуд эъҷози ман бегона, одат мекунам.

Нест дар оинае тўфони нури ҷони ман,

Бо ҳамин оинаи вайрона одат мекунам.

Ин муҳити тирадил кай чун манеро пос дошт,

Бесаводу бангию девона, одат мекунам.

Чашм агар шуд ошиқи чашме, дусад кас таъна зад,

Бар касофатхона, туҳматхона одат мекунам.

Ин зану марди шаробӣ бесавобу таъназан,

Бар фуҷуру фаҳши ин сомона одат мекунам.

Покии чашмони ман дар зумради чашми ту монд,

Мешавам дур аз ҳама бегона, одат мекунам.

Оҳ, ин ҷуғрофиёи дур аз хуршеди ишқ,

Нест ин чо оқилу фарзона, одат мекунам.

Нодирону бебаҳоёнанд ёрони азиз,

Бебаҳоёнро манам дурдона, одат мекунам.

***

Ақлро дар ҷустуҷўи ишқ саргардон кунед,

Мурдаобӣ чанд, эй ақлу хирад, тўфон кунед.

Барги зарди васфи меҳан шуд хазони рўи раҳ,

Ҷони худ ширинтарин сарводаи имон кунед.

Метавонӣ дар диёри шишаҳои сабз буд,

Гар гузар то коргаҳ аз кўчаи виҷдон кунед.

Барг-барги номаи сабзи нигоҳе бо ман аст,

Ишқро бар рамзу рози чашми ў пазмон кунед.

Росидам, рамзошнои ҳарфи хомўши нуҷум,

Осмонро дар нигини ошиқӣ ирфон кунед.

Дўстат гуфтам намедорам,дилам оташ гирифт,

«Дўст медорам» намози беқазои ҷон кунед.

Ишқро охир чаро ҳар лахза туҳмат мекунед,

Хешро бо ишқи поки осмон инсон кунед.

Хок бар сар мекунам суратпарастони тиҳӣ,

Хона дар роҳи фано доред, ёди ҷон кунед.

Сурати пашминапўшат нест лозим бар Худо,

Сират аз ишқи Худои хештан тобон кунед.

Чашмҳоям маълумоти олии ишқи ту дошт,

Чашмҳоямро фидои нури он чашмон кунед.

Ошиқи чашми гунаҳкори ту будам, ҳайфи ман,

Ин дили беақлро сад сол дар зиндон кунед.

Мешавад аз тирагии хештан душвор шуд,

Равшанӣ ореду роҳи хештан осон кунед.

Дигар хабарҳо