Аз сулҳ то бунёди Роғун
Таҳкими сулҳу ваҳдат мояи пирӯзӣ ва саодату хушнудиву хушбахтии мардум аст. Ҳамаи ин аз файзи истиқлолияти мамлакат аст ва мардуми он шоистаи ин гуна бахту саодат низ ҳастанд. Лекин нақши барҷаста ва созандае, ки Пешвои миллати мо барои таърих ва обрӯи Тоҷикистон, барои ба сатҳи баланд бардоштани сиёсати давлатдории навин гузоштаанд, қобили зикри махсус аст. Он иқтидор, тафаккур, хирад, меҳрубонӣ, ғамхорӣ ва ҷоннисорие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доранд, дар ангуштшумор сарварон дида мешавад. Бо гирифтани номашон инсон худро хеле болову воло эҳсос мекунад.
Имсол барои ман соли сафар буд ва дар якчанд шаҳру манотиқи Тоҷикистон: Бадахшону Раштонзамин ва Хатлону Ҳисор будам. Ростӣ, ҳар сол як маротиба ман ба сайри ин диёри нозанин мебароям ва ҳар дафъае, ки сафар мекунам, мебинам, ки Тоҷикистонамонро шинохта намешавад. Яъне ин қадр камолоте, ки дар мамлакати мо дида мешавад, ба ҳамон тифлии Рустами паҳлавон монанд аст, ки мегуфтанд: ӯ дар як рӯз ба мисли як моҳ калон мешаваду дар як моҳ ба монанди як сол — ҳамин гуна расми паҳлавонӣ дар нашъунамои Тоҷикистон ба назар мехӯрад. Душанбе қиёснашаванда аст ва он чеҳраи худро ҳар рӯз дигар намуда, либоси нав ба бар мекунад. Ҳар рӯз як эъҷозу як навкорӣ барои сокинон, меҳмонон ва азизону мухлисони ин кишвари воқеан ҷаннатӣ боби тамошо мешавад. Албатта, ҳамаи ин аз дастури Сарвари мост. Ҳама аз файзу хосияту баракати раҳнамоии ӯст.
Ман вақте ки гузаштагони худро ба ёд меорам, ашк мерезам, ки чӣ қадр онҳо ин гуна Ватан, асолату рисолат, соҳибдавлативу саодату бахтро орзу карданд, аммо ба орзуҳояшон нарасиданд. Шояд падарони мо ҳам чунин орзу доштанд, пас мо чи гуна имрӯз орзуҳои гузаштагони худро пушти по мезанем? Дар ҳеҷ куҷое инсон ин қадр иззату икром намебинад, чи хеле ки дар Ватани худ мебинад.
Ман ифтихор мекунам аз он ки мардум Сарвари худро дӯст медоранд. Вақте, Ҷаноби Олӣ дар ягон кишвар мукофот мегиранд, ман гумон мекунам, ки худам мукофот гирифтаам. Ҳар як тоҷик, ҳар як зодаи ин сарзамин низ эҳсос мекунад, ки ин унвон аз они ӯст. Ин фахри миллат аст. Як инсони худододро ба бахти мо Худованд дар давраи мушкилтарину буҳронӣ, яъне дар сиёҳтарин шабҳое, ки дамидани субҳ ҳанӯз аён набуд, дасте дари умедро ба рӯи касе во намекард ва ҳама аз ояндаи худ умеде надоштанд, барои мо дод. Он кас чун боли ҳумои умед парафшон ва нурафшон шуда, ин қадр корҳои шоистаро ба анҷом расониданд. Бубинед, тӯли ин чанд соле, ки дар назди таърих як зарра ва як саҳифа аст, дар ин як саҳифа гунҷонидани ин қадр қадамҳои устувор, созанда, афкори ҷаҳонӣ, яъне ҳамон ташаббусҳои нодир оид ба оби тоза, ки ин барнома бо ибтикори давлатҳои зиёде қабул ва иҷро шуд, кори осон нест. Бо ин ҳама иқдом Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба унвони давлати ташаббускор шинохта шуд.
Роҳҳоро бинед, дар ин солҳо беш аз 30 км нақб сохта шуд, ки дар Тоҷикистон ҳаргиз чунин набуд. Ин нақбҳо мардумро ба ҳам оварданд ва тамоми он роҳҳое, ки моро бо ҳамсояҳоямон мепайванданд, ҳамаи ин ба инсонҳо хушбахтиву хушӣ меорад ва дуриашонро наздик месозад. Ин ҳама эҳсоси худшиносӣ, камоли огоҳиву бедорӣ, ҳушёрӣ ва ифтихори ватандориро мо аз Сарвари давлат омӯхтем. Мо вақте ҳар рӯз тариқи телевизион ҷавононеро мебинем, ки бо ифтихор «Мо пайравони Пешвои миллатем» мегӯянд, хеле фахр мекунем. Воқеан имрӯз ҳар як нафар — аз тифл то бузург пайрави Пешво ҳастанд, пайрави ин инсони комил. Ин, албатта боиси хушнудиву хушбахтии мост. Вақте ки сарони кишварҳои дигар ба Тоҷикистон омаданд, Сарвари давлат онҳоро ба Турсунзода бурданд. Ман медидам, ки чӣ гуна сарварони кишварҳо бо ҳайрат ва тааҷҷуб ба ангурбоғҳои пурбори мо менигаристанд, гӯё ки як муъҷиза бошад. Ин воқеан муъҷиза аст.
Бале. Аз овардани сулҳи нодир то Роғун агар мо хати сурх кашем, ҳазорон ситораҳои пурҷилоро мебинем: ҳамаи гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ амалӣ шуданд. Ҳатто он корҳое, ки иҷро нашуданӣ менамуданд, дар амал татбиқ шуданд. Дар ҳамон даврае, ки сохтмони НБО-и «Роғун» оғоз шуду мардум саҳмгузорӣ карданд, ман аз ҳамон рӯз эътимод пайдо кардам, ки «Роғун» сохта мешавад. Он муҳаббати мардумро дар он шабу рӯз ҳам дар ёд дорем, барои саҳми худро гузоштан одамон дар навбат меистоданд. Ин хиради мардуми мо, муҳаббат ба Пешвои мамлакат буд. Ин ифтихор аст. Ман гуфта будам, ки:
Роғун, Роғун, мубашшири иқболӣ,
Шаъну шарафи миллати фаррухфолӣ.
Ту мактаби нангу хираду фахри Ватан,
Зарринварақи китоби истиқлолӣ.
Хушбахтона, 16 ноябр барои мардуми Тоҷикистон рӯзи пурсаодат ва таърихӣ аст. Шаш сол пеш дар ин фасл мо дидем, ки чӣ гуна Сарвари мо якуним соат маҷрои дарёро худашон тағйир дода, меҳнат карданд. Вақте ки ба чеҳраи Роҳбари давлат нигоҳ мекардам, гумон менамудам, ки агар он кас қудрат медоштанд, танҳо бо тавоноии худ ин неругоҳро месохтанд. Он кас шояд ҳазорон бор дар дил мегуфтанд, ки эй Худованд, ба ман қудрати бештар бидеҳ, ки инро дар як лаҳза барои мардуми худ бисозам ва нуру навидро ба хонадони ҳар яки онҳо равон созам. Аз соли 2017 маҳдудияти барқ қатъ гардид ва хонаҳо нурафшон шуданд, толорҳои зебо гарм ва ин қадр ободӣ шуд. Ин анъанаи сулҳу ваҳдати мо ва бузургии миллати тоҷик аст, ки ин неругоҳи азимро месозанд ва ин неругоҳ барои мардуми тоҷик хизмати шоиста мекунад.
Ман чандин маротиба дар «Роғун» будам. Вақте ки нақби «Истиқлол»-ро месохтанд, ман қариб даҳ маротиба ба он ҷо рафтам. Дилам мехост, ки худам ҳам дар сохтмон иштирок кунам ва зуд ин роҳҳо маро бо зодгоҳам, бо модари азизам пайванданд, ман дигар зимистон интизор нашавам, ки кай баҳор мешаваду ба дидори азизонам мерасам. Он вақт ҳам мардум бо ҳамин руҳия кор мекарданд. Бо ҳамин руҳияе, ки зудтар аввалин нақб кушода шавад. Ман гумон мекунам, ки баъд аз «Роғун» боз корномаю корҳои зиёди бузург моро интизоранд, ки онҳоро низ, албатта, бо муҳаббат иҷро хоҳем кард.
Таманно мекунам, ки нури чун хуршеди НБО-и «Роғун» ҳамеша дар қалби мардуми азизам — миллати сарбаланди тоҷик ҷӯш занад ва ин муҳаббат моро ба шоҳкориву ободгариҳои бештару беҳтар раҳнамун созад.
Чун обу ҳаво ба мо зарурӣ, Роғун,
Оҳанги ҳама савту сурурӣ, Роғун.
Майдони набарди родмардони Ватан,
Пирӯзии нуриёну нурӣ, Роғун.
Сарбайти баёзи қаҳрамонони замон,
Дарси шарафу шаъну ғурурӣ, Роғун.
Бар миллати сарбаланду огоҳи Ватан
Фардои накӯ ғарқаи нурӣ, Роғун.
Эй коргаҳи азими неруву навид,
Барномаи мардони ҷасурӣ, Роғун.
Паймонаи нанги шаҳсаворони хирад,
Бо набзи Ватан ҳамеша ҷӯрӣ, Роғун.
Чун обу ҳаво ба мо зарурӣ, Роғун.
МЕҲРИНИСО