Ғайрат Ҳаким: Нависанда бо ҷомеа ҳамқадам бошад

Ғайрат Ҳаким: Нависанда бо ҷомеа ҳамқадам бошад

Суҳбати Матлуба Ёрмирзоева бо нависанда Ғайрат Ҳаким

– Аввалан Шуморо ба муносибати таълифи романатон “Ҳукми бадтар аз марг” муборакбод мегӯям.

– Ташаккур!

– Романи «Ҳукми бадтар аз марг» манзури хонандаҳо гашт. Мегуфтед, ки чаро қаҳрамонҳои асосии ин роман асосан манфианд? Ба мисли Раҷаб, Суҳроб… Чӣ Шуморо водор кард, ки вобаста ба олами ҷиноят роман эҷод бикунед?

– Посухро мехоҳам аз қисмати дувуми саволи Шумо оғоз кунам. Олами ҷиноят як олами барои ҷомеа пӯшида боқӣ мондааст. Барои он ки ин олам кашф ва ба он баҳо дода шавад, бояд ба он ворид шавӣ, омилҳои рӯ ба ҷиноят овардани ин доираро барои хонанда бозгӯ кунӣ. Таҷрибаи чандсолаи фаъолият дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва навиштан дар ин мавзуъҳо то ҷое имкон фароҳам овард, ки ман маҳз ба ин соҳа даст занам. Роҷеъ ба қисмати аввали савол ҳаминро гуфтаниям, ки чун роман доир ба асрори олами ҷиноятӣ аст, табиист, ки наметавон қаҳрамонҳои асосии онро мусбат офарид. Дар ин ҳолат ҷанбаи тарбиявии асар гум мешавад.

– Биёед, ба солҳои аввали фаъолияти эҷодиятон назар мекунем. Ногуфта намонад, ки ман яке аз хонандаҳои фаъоли Шумо будам ва, албатта, ҳастам. Қаҳрамонҳои ҳамондавраинаатон хеле фаъолу худбовар буданд. Метавонам қиссаҳои “Пират”, “Сиришки сурур”-ро мисол оварам. То ҳол дар хотирам ҳаст, ки дилам барои Пират чӣ қадар сӯхта буд. Баъзеҳо асарҳои детективиро моли адабиёт намеҳисобанд. Ин даъво асоси илмӣ дорад?

– Сарчашмаи баҳси моли адабиёт будан ва ё набудани жанри детектив аз замони Шуравӣ об мехӯрад. Чун дар он замон тафтишот фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ буд ва детективи хусусӣ, ки қаҳрамони асосии ин гуна асарҳо буд, расман иҷозаи фаъолият надошт, онро моли адабиёт намеҳисобиданд. Аммо ба андешаи ман, ин даъво асоси илмӣ надорад, зеро маҳз дар асарҳои детективӣ натанҳо чеҳраи аслӣ ва олами ҷинояткорон тасвир мешавад, балки ангеза, омилҳо, эҳсоси ҷинояткор кушода мешавад, ки ин вазифаи аслии эҷодкор аст. Бубинед, имрӯз, Агата Кристи, Ҷеймс Хедли Чейз, Эркюл Гарднер ва қаҳрамонҳои онҳо, Пуаро, Мейсон ва даҳҳо детективхои хусусии дигар, аз маҳбубтарин нависандаҳо ва қаҳра- монҳои миллионҳо хонандагони ин жанр ҳастанд.

– Агар чунин гуфтан мумкин бошад, Шумо нависандаи ҷавони давраи шуравӣ ва нависандаи баркамоли давраи истиқлолият мебошед. Барои нависанда тафриқаи синну солу айём ва сохти ҷамъият аҳаммият дорад ё не?

– Албатта, эҷодкор дар ҷомеа зиста, бе таъсири равандҳои сиёсии он, бе таъсири ҳодисоти айём эҷод карда наметавонад. Ва ҳатто тасвири мавзуъҳои анъанавӣ ҳам бо таъсири ҳодисоти давр шакл мегирад.

– Шумо як нафар нависандаи мавқеъшинос ҳастед, ман як навкор дар ин ҷода. Чанд даҳсола аст, ки Шумо дар матбуот фаъолият мебаред. Ба ҷӯшу хурӯши эҷодиатон ҳавасам меояд. Аммо баъзе усули кори ходимони ҳозираи расонаҳоро ҳамовозӣ карда наметавонам. Ростӣ, аз хабарҳои фоҷиабору таркишҳои хунин кас хаста мешавад.

– Маро бубахшед, аммо бо андешаи Шумо комилан розӣ нестам. Журналисти воқеӣ вазифаи аслиаш расонидани хабар ба мардум аст. Ҳар як журналист бояд аз равандҳои сиёсии ҷомеа огоҳ бошад. Агар рӯшантар гӯям, бозори матбуотро завқи хонанда муайян мекунад ва агар хонанда рӯзномаеро нахарад, нахонад, муассиси нашрия ҳам маҷбур мешавад онро бандад. Фикр мекунам, агар хоҳед, ки устуворона дар журналистика қадам гузоред, бояд ин одатҳои худро партоед, яъне телевизор бинед, радио гӯш кунед, рӯзномаҳоро хонед.

– Ба фикри Шумо, насри мо имрӯз дар кадом вазъ аст?

– Мо се нафар аз маҳбубтарин насрнависони навгӯи тоҷик – Сайф Раҳимзод, Муҳаммадзамони Солеҳ, Маҳмадраҳими Сайдарро аз даст додем. Ягона намояндаи ин насл Баҳманёр ҳам аз мо рафт. Аммо итминон дорам, ки вазъ ин гуна боқӣ намемонад. Ҳастанд насрнависони нисбатан ҷавонтар, ки бо му- толиаи осорашон метавон ба ояндаи хуб умед баст.

– Қиссаҳои “Гирдоб” ва “Интиқом” низ чоп шуда буданд. Онҳоро хонандагон бисёр хуб пазируфтанд. Мавқеи назари нависанда аз онҳо то роман хеле тағйир ёфтааст. Вақте дастнависи романи “Ҳукми бадтар аз марг”-ро ба идора («Паёми Суғд») овардам, онро ҳама ҳарисона хонданд. Умедаҷон ҳатто нусхаи пурраи онро чун нодиртарин китоб дар ҷевончааш маҳфуз медорад. Вай пурсид: – Чаро симоҳои Рисолату Гулдастаю Маликаю Моҳира ба ҳам монанданд?

– Сабабгори монанд будани симоҳои шахсони зикркарда шояд дар он бошад, ки тақдири онҳо ба ҳам монанд аст ва ҳамаи онҳо намояндагони як миллату сарзамин ҳастанд.

– Ба фикри Шумо, дастовардҳо ва бурди нависандаи хориҷӣ дар чист?

– Тавре ки дар боло ишора кардам, дар хориҷа аслан жанри детектив маҳбубият дорад ва табақаи мардуми миёна аслан ба ин жанр таваҷҷуҳ мекунад. Бурди ин нависандаҳо дар он аст, ки қаламашон метавонад онҳоро хӯронаду пӯшонад ва эшон фақат дар андешаи эҷод ҳастанд.

– Вақти сафари корӣ доштанам дар ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ бо Садригул ном зане шинос шуда будам. Ҳини суҳбат вай гуфта буд: «Аз “Одина”-и устод Айнӣ сар карда, то “Занони Сабзбаҳор”-и Гулрухсорро хондаам. Ҷавониамонро “Ёддоштҳо”, “Одамони ҷовид”-у “Шӯроб”, “Вафо”-ю “Норак” пур мекард. Имрӯз бошад хомӯшӣ. Наход ҷавонҳое нестанд, ки анъанаҳои насрнависиро давом бидиҳанд. Ва ё романҳои хуб баробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ гум шудаанд? Сериалҳо чизи хуб аст, аммо хондан аз вай ҳам хубтар».

Албатта, ин фикри як хонандае аст, ки пайваста китоб мехонад. Оё Шумо ба фикри Садригул ҳамовозед?

– То андозае, вале дар даврони истиқлолият қиссаву романҳои хубу хонданӣ ҳам эҷод шуданд. Мушкил сари он аст, ки китобҳо бо теъдоди ниҳоят кам ба нашр мерасанд ва на ба ҳама дастрас мегарданд. ҳамин аст, ки хонанда аз нашри китобҳо бехабар мемонад ва гумон мекунад, ки мо асари хуби насрӣ надорем.

– Ба фикри Шумо, барои асари бадеӣ чӣ чиз аввалин аст? Идея, сюжет, образ ва ё воқеаҳои ҳангомаомез?

– Ҳар кас чизеро интихоб мекунад, чизе сабаб мешавад, аммо фикр мекунам, ҳамон тавре, ки асрҳои аср буд, муҳим ҷаноби ИЛҲОМ аст.

–Ба фикри Шумо, барандагони ҷоизаи Нобел аз кадом ҷиҳат ба ин муваффақият ноил шудаанд? Ба мисле “Мӯйсафед ва баҳр”-и Э. Ҳемингуэй.

– Ба фикри шахсии ман, барандагони ин ҷоиза ба ду омил интихоб мешаванд: яке бо сабабҳои сирф сиёсӣ, яъне талоши шахсии нависандаҳо дар арсаи сиёсат ва баъдан баланд будани сатҳи асар аз ҳама назар.

– Ҷомеаи имрӯзаи мо ба чӣ гуна идея ва асари бадеӣ ниёзманд аст? Нависандаи муосир чӣ гуна бояд бошад?

– Нависандаи имрӯз бояд баробар бо ҷомеа қадам бардорад. Ба мавзуе рӯй биёрад, ки дархӯри ниёзи хонанда аст.

– Дар романи “Ҳукми бадтар аз марг” ибораи “дузди қонунӣ”-ро истифода бурдаед. Онро ба хонандагон шарҳ медодед.

– Ин аслан тарҷумаи таҳтулафзии ибораи “вор в законе”-и русӣ аст. Дар мо ин ибора аслан баъди пайдо шудани қумондонҳои саҳроие, ки даврони ҷанги шаҳрвандӣ нерӯ пайдо карданд, мӯд шуд. Дар асл онҳо шабоҳате ба намояндагони табақаи мазкур надоранд, шояд ин ҳаваси онҳо буд. Ин табақа қонуну қоидаҳои худро доранд, ки аз қонуну қоидаҳои ҷомеа фарқ мекунанд. Масалан, онҳо ҳуқуқ надоранд оила барпо намоянд, дар озодӣ ё маҳбас кор кунанд, бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ риштаи дӯстӣ бипайванданд, кирдоре содир намоянд, ки хилофи қоидаҳои амалкунандаи олами ҷиноӣ бошад. Ҳуқуқ надоранд, ки нисбат ба намояндаи бегуноҳи олами ҷиноят беадолатӣ кунанд, вале агар охирин тини беваю бечораро дузданд, аз ҳампешаи худ таъна намешунаванд, ба дуздидану амволи ғайрро ба яғмо бурдан мумкин аст…

– Барои суҳбат як ҷаҳон ташаккур.

– Саломат бошед.

Дигар хабарҳо