Роҳи донишро ба ҳар гуна забон…

 Роҳи донишро ба ҳар гуна забон…

БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОИЗАИ ДАВЛАТИИ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РЎДАКӢ

Ҳунар забонест хос ва илҳом аз ғайб, ки моро бар мо менамоёнад. Меҳвари он ҳам дар пирояи воқеънигорона, ҳам ба сурати рамзу тамсил инсон аст, ки дар гоҳи хушбахтӣ, бадбахтӣ, хушҳолӣ, бадҳолӣ, осоиш, ошуфтагӣ, мастӣ, ҳушиворӣ, саломат, беморӣ ламс мешаваду шинохта мегардад. Театр, ба гунае, ки муроди ҳар навъе аз ҳунар – мусиқӣ, адабиёт, нигоргарӣ, наққошӣ, кулолӣ, гулдўзӣ, кандакорӣ, заргарӣ ва садҳо дигар бошад, ойинаест тамомнамо, ки ранги сурху зарди моро бар мо мешиносонад, то дар таъмири худ бикўшем. Он ба абзори вожаҳо, ки ҳар ҳарфаш ҳазор ҳарф бошад ва гоҳ низ фаротар аз забони калима – ба забони ҳаракатҳои ҳамово бо чархидани сипеҳр ва паёмҳое, ки аз мусиқӣ ҷорӣ мегардад ва рангу обе, ки аз мазрааи зиндагӣ баргирифта мешавад, ба шинохти инсон ва маърифат кардани омаданҳову рафтанҳои ў ишораҳо дорад. Агар аз остона то ба дили театр, ки саҳнаи он бошад, моро хоб набурд ва ин пурсишу ҷустуҷў моро тарк нагуфт, хуш ба ҳоламон бувад! Он гоҳ чизаке аз дониши бекарон на ба забони хушки бурҳону истидлол, ки ба забони маърифати қалбӣ дар кўлборамон андўхтанӣ хоҳад омад. Аҳли ҳунарро аҳли завқ гўянд. Ин ҷост, ки завқи пухтаи пири ҳунар барои хоссу ом дарси маърифат аст, хуни дилест мушки ноб шуда, афшураи ангур аст, майи куҳан шуда. Ҷилваи ҳунари асил барои бинандаи бедор шигифтӣ бошаду каромот, парвозаш марзи қонунҳои маҳдуди табииётро шикастанист. Рақси Нижинский дар ҳунари балет ва парвозҳои бозигарони гурўҳи театрии Гурҷиевро аз намунаҳои он марзшиканиҳо дар қарни ХХ метавон бозшинохт. Жарфтар бингарем, таҷрибаҳои адабиёти Ховарзамин аст, ки ин ҳунармандон аз он илҳом гирифта ва дар соҳилҳои он таҷриба дасту по тар кардаанд… Он лаҳзаи камоли ҳунар нодир аст, падидаест на ҳар соату ҳар солу ҳар қарн зоданӣ…

Дар корномаи ҳунарии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Давлаталӣ Убайдуллозода, шахсияте, ки шинохта ва шинохтанӣ мемонад, шахсияти коргардони соҳибзавқ, соҳибандеша ва бедор аст. Саодати дидани чанд намоиши ин устоди ҳунарро доштам, ки ҳар як бароям ба ҳукми дарсе ва рангин суфраест, ки ҳар касеро дархури зеҳну завқ ва пурсишу ҷустуҷў, аз онҳо баҳрае ва чошние андўхтанӣ бошад. “Дод аз дасти Афандӣ” (2007), “Бозгашти айём” (2009), “Чархи гардон” (2011), “Ҳисоби дўстон дар дил” (2015), “Хостгорӣ” (2020) аз ҷумлаи онҳост. Аз намоишҳои “Мири Кабир” (1994), “Заволи Чамбули Мастон” (1997), “Ҷазирбод” (1999), “Зардушт” (2001), “Дон-Жуан” (2002), “Макинпотт” (2014) шунидаам ва орзумандам, рўзе ин ҳосили пажуҳишҳо ва ёфтаҳову андўхтаҳои хос ва асили Давлаталӣ Убайдуллозода репертуари театри тоҷикро дубора ғанӣ ва пурбор гардонад.

Шакл ва сабки намоиш: дар тасаввури ман ба унвони як тамошобин, ҳар гурўҳи театрро дар маҷмуъ, сурати як пайкари воҳид ва ҳар касеро дар он нақши узвест. Пас, агар дар яке аз узвҳо коҳиш ё осеб уфтад, ин организми зинда маъюб ва ноқис мемонад. Дар пайкари комилу тамоми як гурўҳи театрӣ коргардон нақши сарро бар дўш дорад: ҳамон гуна ки мағзи ҳар кадоми мо коргардони зиндагии ҳар рўзи мост, ки нахуст кирдори моро ба сурати андеша ба бор меоварад, ба ғизои пиндору идея парвариш медиҳад, либоси муносиб бар танаш мепўшонад ва он гоҳ ба чашму гўш, забон, гардану камар, дасту по месупорад, то бо ҳаракатҳои худ онро ба иҷро расонанд, коргардон низ пайкару шакли як намоишро дар зарфе, ки мебинад ё мехоҳад бибинад ва ба гунае, ки мехоҳад барои зеҳни тамошобин қобили ҳазм бошад, ба бор меовараду месозаду тарсим ва суфтагарӣ мекунад. Дидгоҳ ва муроди ҳунармандонаи Давлаталӣ Убайдуллозода дар кори рўи саҳна овардани намоиш аз заррабини мурури коргардон дар дафтари таърихи башар ва миллат таровидааст.

 Коргардони тоҷикро донистани дарси таърих мебояд, то ба ҳукми ҳакиме набзи вақт бишносад ва барои ҳар дарди мумкин чорае рой бизанад. Намоишномаи “Пайкари миллат”-и Ибодуллоҳи Машраб, ки мавзуи забонро ба унвони муҳимтарин асл ва нишони будани миллат матраҳ мекунад, аз зарабонҳоест, ки имрўз барои давлату миллати мо беш аз ҳар вақти дигар аҳаммият дошта ва мусалламан, ба ҳамин далел, мавриди таваҷҷуҳ ва интихоби Давлаталӣ Убайдуллозода воқеъ гардидааст.

Намоишномаи мавриди назар, ки бо илҳом аз китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нигошта шудааст, ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар коргардонии Давлаталӣ Убайдуллозода рўи саҳнаи Театри давлатии академии драмаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ омад.

Майл ба эҷози баён ва расондани бори маъноии бисёр дар замони андак аз вижагиҳои сабку равиши ҳунарии ин коргардон аст, ки дар қарни суръат ва фишурда гардидани худи зоти вақт, онро нишонаи имони ҳирфаӣ ва айни савоб донистан шояд: дар намоиши “Пайкари миллат” муруре дар таърихи миллат ва табори мо – аз аҳди бостон то ба имрўз – дар фурсате ба дарозои як соату даҳ дақиқа сурат мегирад. Ин сафҳагардонӣ ба шакли муҷазу қобили ламс, пешинаи таърихии моро дар зеҳнҳо нафас бахшида, тамошобинро ба водии тафаккур ва мулоҳиза мекашонад.

Ёфтаи аслӣ ва асосӣ, ки аз ин андеша зоданист, ҳамоно паёмест, ки забон оғозину пасин далели ҳастӣ ва чистии миллат бошад ва нахустин ҳарфи шиносномаи ҳар миллат ҷуз забони он нест. Дар дафтари сарнавишти миллати мо, ки ба гуфтаи фарзанди шоираш, “қиссаи мурғи Самандар” бувад ва ҳаргиз “афсона нест”, ин роҳ аз Чинваду Сирот печидатару бориктар омадааст; зиндаву рўшан доштани забони миллат ба ҷонбозиҳо ва сар супурданҳои фарзонафарзандонаш мумкин шудааст. Ононанд, ки ба расми мурғони водии ишқ, Симурғ худи ононанд – пайкари миллат ононанд. Ҳол, дар намоиши “Пайкари миллат” фарзандони фидоии миллат, ки ҳар як ба ҳукми узве аз аъзои пайкари воҳиди он ҳастанд, ба қавли Гардезӣ, бо “шуғли тадбир” ин забонро дар фаҷеътарин вартаҳои таърих аз нобудӣ раҳонидаанд. Бузургии хидмати эшон дар фаросату хиради эшон будаву ҳаст, ки ин муҳимро дар вақт, дар айни бало бозшинохта ва дар ҳифзи он кўшидаанд.

Декоратсияи саҳна ба сабки рамзӣ аз унсурҳои тамаддуни пурбори ниёкони мо – аз даврони Зардушт то ба шоҳаншоҳии Куруши бузург, аз шоҳаншоҳии Сосониён то ба давлати Сомониён, аз оғози қарни бист то ба Истиқлоли давлати тоҷикон – таркиб ва таҳия ёфтааст. Таъкиди коргардон зимни тарсими намоиш, ин асл аст, ки дар ҳар қарне ва давроне пирояҳо ва рангҳо ҳастанд, ки омадушуд доранд, вале бунлоди пайкари миллат ҳамоно якест. Гўӣ равони намирои миллат дар ҷисмҳои фарзандони покизатабораш гиромӣ дошта мешавад – ў ҳамон Зардушт аст, ҳамон Куруш аст, ҳамон Хусрави Парвиз аст, ҳамон Абуҳанифа аст, ҳамон Исмоили Сомонӣ аст, ҳамон Садриддини Айнӣ аст, ҳамон Бобоҷон Ғафуров аст. Унсурҳои мазкур ба сурати бисёр мавзун, ки гузори вақтро намоён месозад, пўшиш дигар мекунанд, аммо моҳияти ин нукта собит аст ва нишон медиҳад, қудратҳо, сиёсатҳо, дирафшҳо ва муҳрҳои давлат омаданду рафтанд, вале соҳибони миллат пояи забонро, яъне буни миллат буданро ба ҳар рангею сурате, “гирд карданду гиромӣ доштанд”. Бад-ин гуна, падид омадани фраваҳар бар минбари Куруш макон ва замони рўйдодҳоро дигар мекунад; сутунҳои кохи Хусрави Парвиз ранг иваз мекунанд (сабзранг мешаванд) ва дар пайи он, дирафши хилофат падид меояд, ки ишора ба расидани аҳди ислом бошад. Пайдо шудани парчами сурх дар умқи саҳна ва акси Сталин дар фазои пеши саҳна тамошобинро ба давраи нав – қарни пурҳаводиси ХХ мерасонанд. Гуфтанист, иҷрои нақшҳоро ба тартибе хос низ бозтобе аз таъкиди коргардон бар ҳамин асл донистан шояд: Исмоили Сомонӣ, Зардушт, Имом Абуҳанифа (Ибодуллоҳи Машраб), Балъамӣ, Мисрӣ, Бобоҷон Ғафуров (Ортиқи Қодир), Рўдакӣ, Хусрави Парвиз (Фирўз Умаров), Ҷайҳонӣ, Яҳудӣ, Аъробӣ (Исфандиёр Ғуломов), Байҳақӣ, Халифаи Бағдод (Қурбони Собир), Пешвои миллат, Куруши бузург (Абдукарим Машрабов), Садриддини Айнӣ (Давлаталӣ Убайдуллозода).

Рукни дигари намоишро интихоб ва тарҳи либоси қаҳрамонон таъйин кардааст. Либосҳои Зардушт, Куруши бузург, Хусрави Парвиз, Имоми Аъзам Нуъмон ибни Собит, Исмоили Сомонӣ, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва дигарон бо амонатдории таърихӣ, зеҳни тамошобинро бо замони рўйдодҳои сарнавиштсози миллат ба гунае мустанад ва равшан ошно месозанд.

Мусиқии намоишро оҳангсоз Далер Тилоев сохтааст. Оҳангҳои намоиш ба забони вижаи мусиқӣ мавзуи намоиш, бархўрди марҳалаҳои таърихӣ ва дар маҷмуъ, паёми аслии асарро ба мухотаб мерасонанд ва ба шинохту огоҳие, ки тамошобин аз дигар бахшҳо меандўзад, меафзоянд.

Намоиши “Пайкари миллат” дар шароити ҷомеаи имрўзини башар ва авзои феълии ҷаҳон барои миллати тоҷик паёме хос дорад – аз айёми сарнавиштсози дигар ҳушдор медиҳад ва ба ин маънӣ, омўзгорест хирадманд. Ин асар ёфтае тоза дар ҷусторҳо ва пўишҳои коргардонии Давлаталӣ Убайдуллозода аст, ки ба забони ҳунар ба гўши зеҳнҳо расиданист.

Устоди гаронқадри ҳунар Давлаталӣ Убайдуллозодаро, ки ҳунару истеъдод ва донишу бинишаш ҳам аз ҷўшиши зотии худодод ва ҳам аз кўшиши пайвастааш ғизо меандўзад, дар соҳати театри тоҷик, ривоҷи режиссура ва дидгоҳҳои зебоишиносии он ҷойгоҳаш муассир, ҳузураш хос аст. Унс ва ҳамнишинии жарфу шигарфи ў бо осори ноби Шарқ ва Ғарб, меҳри камназир ба мутолиаи таърихи фарҳанг, забонҳо, адабиёт, ҳунарҳо, тавоноиҳои ҳунарӣ ва завқи бедораш далели ифтихори соҳибон ва дўстони миллату меҳан аст.

Пешбарии Давлаталӣ Убайдуллозода барои дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рўдакӣ дар соҳаи театр пешниҳоди қадршиносона ва шоистаи ташвиқ аст.

Лола ҲОҶИБОЕВА, муаллими калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо