Нури равони Роғун
Дар фазои Роғун абрпораҳо мисли заврақҳо шино менамоянд. Дар нишебу фарози кӯҳсор боди мушкбезе сайр дорад. Атрофи неругоҳи азими асрро табиат гулкорӣ кардааст. Кор дар ин ҷо ҷӯш мезанад. Табиат барои эҳёи ин марзу бум дари файзу нусраташро кушодааст. Дарё мавҷ мезанад, кафк мекунад ва суруди дилписандаш тавлид мегардад. Ин ҷо ҳар қатраи об ба нур табдил меёбад.
Ҳангоме ки мо ба макони нурофарон расидем, ҳаво гармтар шуд. Дар неругоҳ бо кафшергар Мурод Лоиқзода вохӯрдем. Мурод солҳои дароз дар неругоҳҳои барқи обии Сангтӯда 1 ва Сангтӯда 2 фаъолият карда, таҷрибаи бойи корӣ ҳосил намудааст. Ӯ иброз дошт, маҳз иқдоми неки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар Неругоҳи барқи обии Роғун кор оғоз гашт. Сохтмони аср маҳз бо ҳидояти ин шахс ба корзори қаҳрамонӣ табдил ёфтааст. Зеро Роғун армони миллати тоҷик аст. Онро бо ҳар баҳое, ки бошад, бояд сохт! Пешвои маҳбуби миллат, ки устоди зиндаёд Бозор Собир барҳақ “Бастакори ГЭС-и Роғун» унвонашон карда буд, худашон ба трактор нишаста, пеши роҳи рӯди Вахши саркашро бастанд. Дар муддати кӯтоҳ дар шаҳри Роғун якчанд бинои истиқоматӣ, мактаб, биноҳои маъмурӣ, гармидиҳӣ аз нав таъмиру тармим шуданд. Ҳоло дар сохтмони неругоҳ беш аз 50 ташкилоту муассиса ҳиссагузор аст.
Аз наздик дидани иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун, корҳои сохтмону васлгарӣ ва таъмир у барқарорсозӣ ба кас як ҷаҳон ҳаловат мебахшад. Дар ду нақби обпарто, бинои асосии неругоҳ ва бинои трансформаторҳо корҳо бо ҷӯшу хурӯш идома доранд. Дар ин ҷо касе бекор нест. Ҳар кас кори худашро нағз медонад ва садои агрегатҳо мисли мусиқии муназзам ба гӯш мерасад. Акнун шӯру валвалаи дарёи Вахши саркаш қатъ шудааст. Он мутеи коргарон аст. Дар ҳақиқат неругоҳи Роғун яке аз бузургтарин иншооти муҳандисӣ дар олам мебошад. Неругоҳ аз шаш агрегати ҳар кадомаш дорои тавоноии 600 мегават иборат мешавад ва солона дар он 13,4 млрд квт соат неруи барқ истеҳсол мегардад. Баландии сарбанди он 335 метр мебошад.
Шаҳраки коргарон майдони ҳақиқии нангу номус аст. Равуои нақлиёти хурду бузург лаҳзае қатъ «Маз» меронам. Шукр, ки ҳар 15 рӯз пас маош мегирем. Ҳоло дар нақб таҷҳизоти наверо насб карданд, ки кори пармагаронро хеле осон намудааст. Ин дастгоҳ имконият медиҳад, ки дар баландии 15 метр якбора зиёда аз 10 метр нақб тоза карда шавад. Ва ҳамаи ҳамин гуна техникаи муосирро худи коргарони тоҷик идора мекунанд.
Ӯ моро ба ошхонаи коргарӣ даъват намуд. Аз ошхонаи муҳташам бӯи иштиҳоовари ғизоҳои болаззат ба машом расид. Ин ҷо дар як навбат беш аз 500 нафар хӯрок мехӯранд. Ороишу ҷиҳози он ҷавобгӯйи талабот аст. Берун аз ошхона биноҳои гуногун ба ҳусни атроф ҳусни дигаре зам намудаанд.
Аз коргоҳи коргарӣ дур шуда, боз шефтаю шайдои табиати дилангези Роғун гаштем. Гӯё насими руҳбахши дарёи Вахш моро сӯи хеш даъват мекард. Овози пуртуғёни дарёро аз наздиктар шунидан хостам ва ба соҳилаш расидем. Вахш аз бағали кӯҳҳо, дар миёни дараи пурасрор равон аст. Он рӯдест, ки нур меофарад ва дар ҳар километри тӯли худ 12,2 ҳазор квт. иқтидори энергетикиро маҳфуз медорад. Аз он дар як сол 34 миллиард киловатт-соат барқ ҳосил кардан мумкин аст. Дарозии Вахш 386 километр буда, дар қатори дарёҳои Енисей, Нил, Ангара, Норин аз бузургтарин тавлидкунандагони барқ дар олам ба шумор меравад.
Албатта, бахти миллати тоҷик аст, ки Худо барояш чунин муъҷизаи табиатро ато кардааст. Оре, Вахш бемуҳобот муъҷизаи табиат аст. Агар шумо боре ба ҳам пайвастшавии дарёҳои Сурхобу Хингобро мушоҳида карда бошед, барало пай мебаред, ки Тоҷикистон ҳақиқатан ҳам биҳиштӣ ва афсонавӣ мебошад. Маҳз дар ҳамин саргаҳи рӯд дарёи Вахш тавлид меёбад. Ба Нуробод ивази ном кардани Комсомолобод ҳам аз ҳамин ҷо ибтидо гирифтааст. Вахш аз ин дараи кӯҳистон ҷорӣ гашта, ба рӯди бузурги нуровар табдил меёбад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмо- малӣ Раҳмон барҳақ пуштибони сарватҳои табиат мебошанд. Он кас пайваста таъкид менамоянд, ки мо бояд ба қадри табиати худодод, сарватҳои нотакрори диёр бирасем. Дар суханронии Президенти ҷумҳурӣ оид ба захираҳои об аз ҷумла чунин омадааст: «Бахти баланди мост, ки ҳарчанд захираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯшокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд.»
Ин матлабро 13 июли соли равон Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо коргарону сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии Роғун перомуни об чун неъмати бебаҳо дар айёми тағйирёбии иқлим изҳор намуданд. Зеро барҳақ энергияи истеҳсолкардаи НБО-и Роғун аз лиҳози экологӣ тоза буда, ба муҳити зист ва табиат зарар надорад
Ҳамин тавр, Тоҷикистони соҳибистиқлол диёри обҳои мусаффо, кӯлу дарёҳои нуқратоб аст. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар ҷумҳурӣ зиёда аз 25 ҳазор рӯду сой ва обанбору дарёи хурду азим ҷойгиранд, ки дарозии умумиашон ба навад ҳазор километр мерасад. Ва ин обҳо манбаи адонашавандаи барқ мебошанд. Баъди бунёди неругоҳҳои овозадори Норак ва Сангтӯда неругоҳи азими Роғун сохтмони муҳимми асри ХХ меошад ва оянда эҳёи неругоҳи пуриқтидори Даштиҷум дар назар аст. Дар ин миён дарёи Вахш чун манбаи нуру зиё ягонаву беҳамтост. Дар оғӯши Вахш неругоҳи Роғун чун умеду пирӯзии миллати тоҷик бунёд мегардад.
Ҳангоми тамошо суханони адиб ва рӯзноманигори рус Александр Проханов ба хотирам расид, ки гуфтааст: «Неругоҳи Роғун сохтмони президентист. Он фарзанди дӯстдоштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Вай онро чун ёдгории давраи давлатдории хеш бунёд мекунад».
Оре, Роғун бунёд мешавад ва аз баракати он диёрамон ба сарзамини сабз табдил меёбад. Зеро он тавлидгари энергияи сабз мебошад. Ҳоло дар Тоҷикистон маҳз бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон захираҳои об ба таври самаранок истифода бурда мешаванд. Аз ҷиҳати захираҳои об кишварамон дар Осиёи Марказӣ ҷойи якумро соҳиб мебошад, ки ин ба некуаҳволӣ ва саодатмандии мо беш аз пеш мусоидат мекунад.
Маҷид САЛИМ