Ояҳои ишқу муҳаббат

 Ояҳои ишқу муҳаббат

Гарчи таърихи шеъру адаби форсӣ реша ба асрҳо дорад, вале занони шоир дар ин қаламрав камтар ба чашм мерасанд. Ҳарчанд теъдоди бонувони шоир камтаранд, вале қисмати талху рӯзгори сангин ҳампоя бо онҳо будааст.

Робиаи Балхиву Маҳастии Хуҷандӣ, Зебуннисову Тоҳира ва Фурӯғ ҳарчанд дар маҳрумияту азобу ғуссаҳо умр ба сар бурдаанд, аммо дар ҷодаи шеъру ҳунар бо абармардони хушқареҳаву боистеъдод ҳамтирозӣ намуда, чун ахтари тобноке дурахшидаанд ва нақши носутурдание аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Он бонувони суханвар аз кулфати рӯзгор дар сояи шеър панаҳ бурда, умри абадиву осоиштаро дар ҳунари суханварӣ дарёфтанд, ҳамзамон дар баробари мардони забардасти суханвар онҳо низ гоҳе бар саманди сухан савор роҳи тӯлониву ҷовидонаи шеърро паймудаанд, ки то ҳол садои латифу нозукашон аз дурҳо ба гӯш мерасад…

Бегумон, Шаҳрия Аҳтамзод аз зумраи чунин занони ҳунарварест, ки қисмати рӯзгори ин шоира аз қисмату рӯзгори дигар занони ҳунарвар куллан ҷудост. Шаҳрияро дар қисмат ва ҳунари шеър гуфтан танҳо метавон ба шоири бузурги Эрон Фурӯғи Фаррухзод қиёс кард. Шаҳрия ҳам дар шеър мисли Фурӯғ аз ғами ҷонсӯзу созандаи як нафар зан қисса мекунад. Шаҳрия аз Фурӯғ таъсири зиёде бардоштааст. Шаҳриябону руҳияи фурӯғона дорад, ки бесабаб нест, зеро қисмат рӯзгори Шаҳрияро бо зиндагии Фурӯғ ҳамсанг сохтааст. Шаҳрия мисли Фурӯғ аз бебарориҳои ишқ дар роҳи зиндагӣ танҳову бемуттакост:

Як зани танҳои танҳоям,

Ошиқонам тарки ман гуфта.

Қиссаҳои ишқи нокомам

Дар нигоҳи доғи ман хуфта.

Занги дар ҳам аз садо монда,

Занги телфунам намеояд.

Ошиқам бесабру бетоқат

Роҳи ман дигар намепояд.

Ормонҳои ошиқонаи ин ду шоира ба ҳам шабоҳати зиёде доранд ва ин ягонагии сарнавишт ва мушобеҳии ормонҳои занона ягонагии руҳияи шеъри ин ҳарду суханварро таъмин сохтааст.

Шеъри ошиқона зеботарин, наҷибтарин шеър мавзуи ишқ ҷовидонатарин мавзуи адабиёт буда, шоирро дар ҷодаи ҳунар шоиртар ба ҷилва меорад. Ҳар инсоне дорои як маъшуқи хаёливу ботиниест, ки ҳамеша ба он ниёз дорад. Натанҳо ниёзманд аст ва гоҳе ба ӯ таслим ҳам мешавад. Ва ин маъшуқа барои шоири ошиқ маъбадест, ки дар муқобили он баҳри ибодат ба по мехезад ва ӯро ба ҷон мепазирад.

Озодии шоири ошиқ дар таслими ботинии ӯ назди маъшуқи ботинӣ будан аст. Ва чизи дигаре наметавон мисли маъшуқи ботинӣ шоирро далеру ҷасур, пайванд ба ашёии муҳит, мутавозеъ ва фурӯтантар аз хоку хокистар бисозад.

Нишонаи камолоти ин ишқ он аст, ки шоири ошиқро дар муқобили маъшуқ сарфароз ва озода ҷилвагар сохта, бениёзиро дар ботини ӯ тавлид месозад. Пас камолоти ишқи шоир камолоти ҳунар ва шеъри ӯ хоҳад буд. Мутаваҷҷеҳ бошед, ки Шаҳриябону чӣ қадар зебо ва шоиронаю ошиқона ғазал месарояд:

Ҷоно, катибаҳои диламро китоб кун,

Шаҳбайти абрувони маро интихоб кун.

Бинӣ агар вуболи муҳаббат ба нози ман,

Дар созу сӯзи ишқ ту кори савоб кун.

Шаҳрия шефтаву шайдои ишқ — ин падидаи ҷовидонаи яздонӣ буда, аз таъсири ин дарди ширин гоҳ шодӣ мекунаду гоҳ гиря. Гарчи подоши ин ишқ ҷуз дарду ҳасрат чизи дигаре наметавонад дошта бошад, вале боз ин дарди ширину бедаво барои Шаҳрия азизу фараҳангез аст, ки ӯ аз тариқи ин роҳ ҷодаи камолоти маънавӣ мепаймояд ва орзу дорад ҳамеша бо ҳамин дарди зиндагибахш “дастобагардан” бошад:

Ҷуз дарди ишқ бар дилам дарди дигар мабод,

Ҳарчанд ман надидаам аз ишқ рӯзи шод.

Гӯши маро зи дур навозад паёми ишқ

Дар ин карон, ки нест ба ҷуз нолаҳои бод.

Дар даҳри бемурувватам, эй ишқ, аҳсанат,

Соҳиб туӣ, ки бар сари ман дарди сар мабод.

Оғози ишқ дарди маро кард то сабук,

Анҷоми ӯ ба дӯши дилам кӯҳи ғам ниҳод.

Бисмиллаҳи ҳавои дилам ишқ буд, ишқ,

Умре дуои ишқ ҷуз омини дил мабод.

Ҳар шоире бо неруи сухан дар шеъри хеш хилвати маъсуму ҷовидонае бунёд мекунад, то дар ин хилватгаҳи дарднок, вале зебову фардонигар осоиши хаёлашро таъмин созад. Хилвати ошиқона ба руҳияи ҳунарвар созгор меафтад:

Ман аз пайи муҳаббату меҳру вафо равам,

Бо лутфи ошиқонаву ишқу сафо равам.

Дилро вузу бидодаам аз ашки ҳуриён,

Дар орзу чу пораи нури Худо равам.

Дар эҷодиёти Шаҳрия ба ҷуз аз мавзуи ишқ мавзуъҳои дигар низ, аз қабили ифтихори миллӣ, худшиносӣ, ваҳдату сулҳу салоҳ мавқеи намоёне доранд. Шаҳрия посухгӯйи ниёзмандиҳои ҷомеаи худ буда, мехоҳад ор- монҳои руҳониву маънавии замонро дар шеъри худ гунҷонад:

Зиндагӣ гулистон шуд дар каронаи ваҳдат,

Боғу бӯстон рақсад аз таронаи ваҳдат.

Як навола нонамро чун хӯрам ба танҳоӣ,

Лаззате аҷаб дорад обу донаи ваҳдат.

Оре, Шаҳрия шоирест дӯстдори муҳаббат ва талабгори дилест, ки нозбардору таскинбахши қалби ноороми ӯ бошад:

Он дил талабам, ки нашканад нози маро,

Зангӯлаи хушсадои овози маро.

Чун маслаки ман нест бурун аз ирфон,

Ботил накунад фасонаи  рози маро.          

Анзурат МАЛИКЗОД, номзади илми суханшиносӣ

Дигар хабарҳо