Равшан Махсумзод Ангуштари арӯсӣ

Равшан МАХСУМЗОД

(Ҳикоя)

Ба ёди қурбониёни пандемияи СOVID-19

Кўча хилвату холӣ буд. Гоҳу гаҳ аз дур мошине пайдо мешуду то истгоҳ нарасида, нопадид мегашт. Шояд ба тангкўчае тоб мехўрд ва ё аз роҳи калон берун шуда, дар назди ягон иморат ё зери дарахте қарор мегирифт. Рўзҳои пешин дарёи пуртуғёни пур аз мошинро мемонд кўча дар ин вақт. Аз субҳ то шом садои онҳо гўшро мехарошиду дуди ғализашон баъзан димоғро ба сўзиш меовард. Мудом аз ғарб ба самти шарқ ва аз шарқ ба ғарб мерафтанд онҳо. Одамон  аз зиёдии мошин менолиданд, ки ҳавои шаҳрро пурдуд кардаву нафас кашиданро барояшон душвор гардонидааст, аммо сафи онҳо беш аз пеш меафзуду кам не. Бархе инро нишони боло рафтани сатҳи зиндагиашон медонистанду қисме хатар ба саломатии хеш. Ҳарду ҷониб дар навбати худ ҳақ буданд, аммо касе муросо кардан намехост. На танҳо шаҳри мо, бал сайёраи Замин гирифтори ҳамин ҳол буд.

Инсон ба дасти худ техникаро ҷойнишини хеш месохт: ба ҷойи даҳҳо нафар танҳо як мошини безабон хидмат менамуд, дар зери пойи одамон чоҳ меканду сарватҳои онро ба онҳо ҳадя мекард, арраҳои ҳозиразамон дар як они воҳид садҳо дарахти сарсабзро ба замин яксон мекарданду киштиҳои кайҳонӣ коинотро, ба қавле, меогарданд… ҳатто баъзе кишварҳо нияти ба сайёраҳои дигар кўч бастан доштанд. Табиат аз ин  рафтори одамон дар шигифт буд, аз таҷовузи онҳо ба сари худ менолид ва баъзан аз худ аксуламале зоҳир мекард, аммо одамон онро нодида мегирифтанд, аз дониставу хостаҳои хеш намемонданд ва рўзе чун раъду барқ дар чиллаи тобистон… ногаҳон беморие пайдо шуд, ки бе ҳеҷ гапу калоча мардуми оламро дар хонаҳояшон маҳбус кард. Дигар тайёраҳо аз парвоз монданд, қатораҳою киштиҳои азим ҳаракат намекарданд, корхонаҳои пуриқтидори бо таҷҳизоти пурдон муҷаҳҳаз дарҳои хеш бастанд. Дигар одамон чуну чаро намекарданд, бархе ба бемории  ваҳмак гирифтор шуда, ба нафаси кашидаи худ душманӣ ме-карданду қисме дар раҳу барзан, гўё аҷали хешро дида бошанд, аз ҳамдигар рўй мегардонданд. Касе ҷониби касе даст дароз намекард, ҳама дастҳо гўё ба мушт табдил ёфта буданд. Ба қавли Шайх Саъдӣ, рўзгор чунон танг омад, ки ёрон ҳатто ишқро фаромўш карданд.

Табиат аз ин рафтори фарзанди инсон пўзханд мезад, дарун-дарун мезавқиду аз онҳое ки то дина мехостанд ба гардани дастранҷи кунун нофармонашон, яъне техникаҳои пуриқтидори дар нигоҳи аввал доною гапгир лаҷом зада, ба худ мутеъ созанд, баъзан раҳмаш меомад ва гоҳо нафраташ. Хулоса, инсон бо ҳама иқтидору қудраташ дар пеши як вируси ноаён лоилоҷ монда, чун мурғ дар қафас метапиду роҳи халосӣ меҷуст. Дигар ягон таҷҳизот низ ба додаш намерасид. Олимон ба табиати ин вируси нав сарфаҳм намерафтанд, аз ҳилакориҳояш дар бадани одамон лоилоҷ мемонданд. Хулоса, сайёраи Замин бо  сокинонаш дар табу тоб буд.

Як тан аз онҳо – Наргис, ҳамшираи шафқати беморхонаи ёрии таъҷилӣ, – алҳол дар истгоҳ чашм аз кўчае, ки аҳён-аҳён мошине башаст гузаро мешуд, наканда, бо шигифт меандешид: ин қадар кушод будааст ин роҳ. Алҳол кўчаи холӣ ба назари Наргис бисёр васеъ ва тозаю озода мерасид. Зеро вай се сол боз ҳар субҳ аз ин роҳ гузашта, ба ҷойи кораш мерафт, аммо бори аввал онро бе мошин медид. Вирус мардумро дар хонаҳояшон ҳабс карда буд. Одамон кам мебаромаданд ба кўча. Наргис бенавбат як ҳафта дар беморхона навбатдорӣ мекард ва имрўз баъд аз таъкидҳои пайвастаи ҷавони дўстдоштааш ду соат аз сардухтур иҷозат пурсид. Паҳншавии беморӣ ақди никоҳи онҳоро ба таъхир гузошт ва Парвиз бо зангҳои пайвастааш Наргисро аз ҷон безор карда буд, ки бояд рўзи тўйро муайян кунанд. Пагоҳӣ вай таъкид намуд, ки  Наргисро дар назди идораи ақди никоҳ мунтазир мешавад. Онҳо бояд барои бастани ақди никоҳи хеш ариза медоданд.

Ва инак Наргис дар истгоҳ ним соат боз автобусро интизорӣ мекашиду аз он дарак набуд. Дар қади бинои ша-фати истгоҳ акси кошинкоришудаи рангае ба чашм мерасид: ду нафар – яке марду дигаре зани ҷавони дар барашон либосҳои хоси коргару кишоварз – бо чашмони барроқу рухсораҳои сурх бо умед ба дурии дуриҳо, яъне ба оянда менигаристанд. Дар пасманзари акс тарҳи иншоотҳои бузург, появу хатти барқ, киштзору боғот ва нақбу корезҳо тасвир ёфта буданд. Ҳарчанд аз таъсири барфу борон акс ранг бохта буд, дар ҳолати зеҳн мондан манзараи аҷибе пеши назар меомад, ки аз дастовардҳои ҷавонон дар сохтмону саҳроҳо ҳикоят мекард. Наргис ин аксро низ бори аввал равшан медид. Қаблан он аз паси да-рахти кастонаи пир хуб ба назар намерасид. Имсол дар охири баҳорон ногаҳонӣ барфи баланд рехту як шохи он дархтро шикаст. Инак он акси чандин сол қабл кошинкоришуда аз нав рух намуда буд. «Акси зебо, – аз дил гузаронд Наргис, – агар аз нав каме рангубор кунанд, дубора ҷило медиҳад» 

Дар қайди чунин андеша буд, ки садои телефони дастиаш баланд шуд. Парвиз занг мезад. «Ҳозир меоям», – инак бори чандум такрор мекард Наргис.

Онҳо дар назди бинои ақди никоҳ ба ҳам омаданд. Мудири идора, ки дар тўли умри хеш никоҳи садҳо навҷавонро баставу барояшон дар масири пурпечи зиндагӣ роҳи сафед талабида буд, аз ташрифи Наргису Парвиз дар банди ҳайрат набошад ҳам, андаке раги мулоҳизааш ҷунбид. Охир, аз бозе ки қадами нопоки беморӣ дар шаҳр расид, онҳо аввалин ҷуфте буданд, ки нияти тўй барпо кардан доштанд.

– Аризаатонро қабул мекунем, баъди ду моҳ меоед. То он вақт, иншоалоҳ, беморӣ низ дафъ мешавад ва тўй мехўрем, – гуфт мудири шуъба, зани миёнқади лабонаш мудом моил ба ханда.

– Чӣ хел ду моҳ? – ҳайрон шуд Парвиз.

– Талаботи қонун ҳамин аст, – оромона посух дод мудир. – Баъд шумо ба куҷо саросема… аздусар ҳозир ба дили ягон кас тўю хурсандӣ намегунҷад. Ё бе тўй оила барпо карданиед?

– Ба дили касе нагунҷад, кори мо чӣ! – ба қатъият иброз дошт Парвиз. – Дил дили Зайнаб гуфтаанд.

– Аҷаб одами бетоқат, – табассум аз лабони мудир канда намешуд.

– Дили ошиқ мисоли гурги гушна ва гург аз ҳай-ҳайи чўпон наметарсад, – гуфт Парвиз дасти Наргисро дошта. – Чу дарёи хурўшон ҳама чизро аз роҳи худ дур мекунад ишқ. Наход аз барои як вируси лаънатӣ мо кори хайрро ба қафо андозем?

– Ба муҳаббати шумо ҳаваси кас меояд, – гуфт мудир ва барои ариза навиштан аз ғалладони мизаш коғаз бароварда, пеши онҳо гузошт, –  аммо чӣ чора, ҳама пеши қонун бечораем.

Наргис хомўш сар ба зер афканд. Парвиз аз ҷой баланд шуда, омирона таъкид дошт, ки баъди ду-се рўз ақди ни-коҳи онҳо бояд баста шавад ва маънидор ба мудир чашмак зад…

Аз идораи ақди никоҳ ба кўча баромада, тибқи қарордоди пешина онҳо роҳ ҷониби мағозаи ҷавоҳирот гирифтанд. Мебоист барои якдигар ангуштари никоҳӣ ме-хариданд.

– Мудир рост мегўяд,  – гуфт Наргис, андешаманд ба рўйи Парвиз нигариста, – ҳама дар ғами беморию мо тўй карданием. Дирўз дар беморхонаамон як кас фавтид. Ҷавон буд… мегўянд, ки ба ин беморӣ бештар солхўрдагон мубтало мешаванд.

– Пир аст, ҷавон аст, аз тақдирашон донанд, – бепарво қутии шарбати пас аз истеъмол рўи роҳ ҳаво додаи касеро бо пой зада, гуфт Парвиз. – Мо тўй мекунем, ду сол боз ин рўзро интизорам ман. Аввал холаат гузашту як сол азо ги-рифтӣ, баъд барои ҳамсояатон се моҳ қафо партофтем тўй-ро. Дигар тоқат надорам, дўстат медорам, охир!

Онҳо ба мағозаи ҷавоҳирот ворид шуданд. Холӣ буд мағоза, дигар харидоре ба чашм намерасид.. Ду нафар фурўшанда – яке зани миёнасол ва дигаре духтараки мавзунқади чеҳрагарм – баробари дидани Наргису Парвиз ба пешвозашон бархостанд. Фурўшандаи ҷавон бо хоҳиши ҷавонҳо ангуштару дастпонаҳои гуногунро аз дохили пештахта гирифта, назди онҳо гузошт. Парвиз ангуштари худро дарҳол интихоб кард. Наргис чандин ангуштарии яке аз дигар зебою гаронбаҳоро ба ангуштонаш андохта, оқибат ангуштари ғафси нигинаш чашмакҳои алмосдорро маъқул донист. Зебо буд ангуштар. Тилои тоза бо алмоси дурахшон гўё меҷангид. Вазнаш низ гарон, қариб панҷ грамм тилои холис.

– Заршинос будаед, духтарам, – аҳсант хонд зан, – зебид ба шумо, насиб кунад.

– Ба одами зебо ҳама чиз мезебад, – гуфт Парвиз, ноаён аз миёни Наргис дошта. Духтар норозиёна дасти ўро аз миёни хеш гирифта, гуфт:

– Фаромўш накунед, заминро об вайрон мекунаду одамро таърифи зиёд.

– Ту ба ҳар таъриф меарзӣ, афсўс, шоир нестам, набошад дар васфи ҳуснат шеърҳое мегуфтам, ки ҳама мафтун мешуданд.

– Бас кун! – гуфт Наргис. – Вагарна аз баҳри ангуштар мегузарам.

– Аз баҳри ангуштарӣ гузарӣ, садқаи сар, аммо агар аз баҳри ман гузарӣ, қиёмат қоим мешавад.

Духтараки фурўшанда бо ҳавас ба онҳо менигарист. Шояд ў низ чунин рўзро орзу мекард ва ё дўстдоштаи хешро пеши назар оварда, дар дарёи орзуҳои ширин фурў мерафт. Ҳамин вақт зан духтаракро ҷеғ зад. Ў тахатаи пур аз ҷавоҳиротро баргашта ба ҷояш гузошту нархи ан-гуштарҳоро ба коғазе навишта, ҷониби хазина ишора кард.

– Ман туро дар берун мунтазир мешавам, – гуфт Наргис бо рўймолча арақи пешониашро поккунон ва ҷониби баромадгоҳ рафт.

Парвиз бо хазинадор ҳисобӣ карда, шоду масрур ба қўча баромад. Наргис дуртар аз даромадгоҳ дар хараки зери да-рахти арча ўро интизор буд. Парвиз аз якбора тағйир ёфта-ни ҳолати Наргис хавотир шуда, ҷониби ў гом бардошт. Алҳол ў музтариб, ба пуштаки харак такя карда, менишаст. Ин ҳолат Парвизро бештар мушавваш гардонд. Охир, Наргис аз он бонуҳое набуд, ки дар як ҷо нишаста, ўро ба ин сархамию оромӣ мунтазир шавад. Қаблан дар ин гуна мавридҳо ў ҳатман ба пешвози ў аз ҷой мехест ва ҳарфе мегуфт ва ё суоле пеш меовард. Парвиз қадамашро тезонид ва мисли варзишгарони ба дарозӣ ҷаҳанда се хез гирифта, худро ба назди маҳбубааш расонид.

– Мазаам гурехт, – гуфт бо овози ҳазин Наргис, – таб дорам, ҳалқам қоқ, қафаси синаам месўзад, гўё касе шишамайда рехта бошад дар он.

– Дар як дам… нағз будӣ-ку! – гуфт Парвиз. – Чӣ шуд ба ту?

– Ба ҷойи корам бо ин рақам занг зан. Гўй, ки зуд расида оянд, – ангуштари то ҳол дар кафи дасташ бударо даруни киф гузошта, аз он ҷо телефонро гирифту рақами даркориро ба ҷустан даромад Наргис.

– Шояд гузарад. Чӣ хел… – сухан дар даҳанаш вуҷуди Парвизро арақи сард пахш кард ва барқвор аз дил гузаронд: «Наход сироят ёфта бошад?».

– Ин беморӣ вобаста ба организм ҳар гуна зоҳир меша-вад. Яке  аз мубталошавиаш то охир дарак намеёбаду дига-реро дар як он аз пой меафтонад.

– Чанд бор гуфтам, ки то пасанда шудани беморӣ мураххас шав, гўш накардӣ. Ана оқибати якравиат. Ку бубинам, ба дардат кӣ даво мешавад акнун. Ё баумед будӣ, ки дар назди беморхона ҳайкалатро мегузоранд? – асабиёна дар гирди харак қадам мезад Парвиз.

– Бас, воҳима накун, – гуфт Наргис хастаҳолона, – дар пешонӣ чизе навишта шуда бошад, ҳамонро мебинӣ. Агару магар чӣ лозим! Дар ҳамин ҳолат чӣ хел рухсатӣ мепурси-дам… як андеша кун. Баъд ба кадом рўй ба ҳамкоронам менигаристам?

Ў рақами даркориашро ёфта, худ ба ҷойи кораш занг зад. Парвиз аз паҳлуи Наргис каме дуртар ба харак нишаст. Ў ҳар замон мушт ба зонувонаш зада, зери лаб ғур-ғур мекард. Дуртар аз онҳо, дар рўи раҳи пиёдарав, гўё дили асфалтро дарида, сабзае рўида буд. Наргис чанд лаҳза аз он чашм наканда, меандешид, ки то ҳол касе ин сабзаро поймол накардааст. Ё ҳамин ҳозир сар зада бошад?

***

Аз мошини ёрии таъҷилӣ Наргисро ҳамкоронаш зуд ба болои занбари ғалтакдор хобонданду ҷониби даромадгоҳи беморхона бурданд. Дар дами даромадгоҳ занаки хилъатпўш пеши роҳи Парвизро гирифт.

– Наргис! – нидо кард Парвиз.

Наргис аз болои занбар нимхез шуд. Духтурон каме дур-тар рафта, мунтазир истоданд.

– Ба дохил даромадан мумкин нест, – гуфт Наргис, вақте ки Парвиз ба ў наздик шуд. – Хавотир нашав, мегузарад.

– Чӣ кор кунам ман ҳозир? – дар тори сари Наргис рост меистод Парвиз.

– Ҳеҷ кор накун, танҳо маро бибўс, – пичиррос зад Наргис.

– Чӣ хел… охир беморӣ…

Наргис боз дароз кашид рўи занбар ва он ба ҳаракат омад. Парвиз ҳайрон қафо гашта, ҳанўз ду қадам нагузошта буд, ки мисли садои танга ҷаррангос зада, чизе аз паҳлуяш ғелид. Ин ангуштари арўсии Наргис буд, ки мисли чархи ароба аз баланди ҷониби пастӣ мерафт. Парвиз зуд ба худ омада, давид, ки онро дарёбад, аммо ангуштарӣ ба панҷараи заҳкаши рўи раҳ бархўрду нопадид гашт.

Парвиз чанд лаҳза  музтару ноумед ба торикию шилдироси оби дохили панҷара гўш дода, ҳайрон ба қафо нигарист ва ба назараш чунин намуд, ки аз паси шишаи тирезаи барқади беморхона Наргис сўи ў нигоҳ мекунад.

Дигар хабарҳо