Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон

 Ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Чин дар Тоҷикистон

Шоми дуюми декабри соли 2025 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд, ки дар он муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ҳамтои чинии ӯ муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лу Инчуан иштирок ва суханронӣ намуданд. Манучеҳр Шарифзода зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкориҳои фарҳангии судманди Тоҷикистону Чин солҳо боз идома дорад ва он аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ маротибаи чорум аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин дар кишвари мо доир мегардад. Моҳи апрели соли ҷорӣ чунин чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин низ баргузор шуда буд. Рӯзҳои фарҳангӣ бешубҳа, барои шиносоии бештари кишварҳои мо бо фарҳангу санъати ҳамдигар кумак мерасонад, – иброз дошт муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода зимни суханронӣ.

Муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Мардумии Чин Лу Инчуан зикр намуд, ки ҳамдигарро шинохтан дуриҳоро наздик ва ҳазорҳо фосилаи дурро ҳамсоя месозад.

– Ман бисёр хушҳолам, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро бо ифтихор «Кишвари кӯҳсор» меноманд, омадам. Роҳи Абрешими бостонӣ қабл аз ду ҳазор сол дӯстию ҳамкории мардумони ду кишварро шоҳид буд ва имрӯз ин дӯстӣ боз ҳам қавитар гардидаст, – гуфт зимни суханронӣ Лу Инчуан.

Қайд карда шуд, ки ҷониби чинӣ ташаббуси ҷаҳонии тамаддунҳоро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳури Мардумии Чин ҷаноби Си Ҷинпин пешниҳод шудааст, фаъолона амалӣ мекунад ва омода аст, ки бо ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушд ва ғанигардонии мутақобилаи тамаддунҳо ҳамкорӣ намуда, барои пешрафти муштарак саҳм гузорад.

Дар идомаи ҳамоиши тантанавӣ ҳунармандони гурӯҳи «Театри шарқии рақс ва суруд»-и Чин рақсу сурудҳои ҷолибро манзури ҳозирин намуданд. Ҳунари санъаткорони чинӣ писанди тамошобинони тоҷик гардида, бо кафкӯбӣ ва гулдастаҳо истиқбол ёфтанд.

Дигар хабарҳо