Ифротгароӣ заволи осоиштагист

 Ифротгароӣ заволи осоиштагист

Таърихи сиёсиву иҷтимоӣ ва муборизаҳои мафкуравии ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан собит мекунад, ки зуҳуроти ифротгароӣ ба давраҳои пурҷӯшу хурӯши қавму милали дунё алоқаманд аст ва саба­би аслии ривоҷу равнақи он ба чигу­нагии фаҳмишу биниши давлатҳои худкомаи авҷдиҳандаи ифротгароӣ марбут аст. Ҳама гуна давлатҳо дар ҷаҳон роҳу равиши пешрафти худро доранд. Аз ҷумла, дар давлатҳои му­тамаддин фишанги асосии пешрафт маънавият қарор гирифтааст. Ин гуна давлатҳо, бешак, чароғдори маънавият ва пешрафту ободии миллӣ дар ҷомеаи башариянд, дигар давлатҳоро ба роҳи некӣ ва некзи­стӣ мекашанд. Маҳз онҳо бояд дар таърихи ҷаҳон ва ҷомеаи башарӣ модели беҳтари расидан ба авҷи қудратҳои маънавӣ шинохта шаванд. Дар таърихи башар ва ҷаҳони имрӯз давлатҳои худкома ҳам арзи ҳастӣ доранд, ки ҳарчи бештар саъй ба­рои ба даст овардани риштаи ҳирсу сарварии дунё кардаанд ва дар ин амр василаи зиёде ба кор оварда ва дастгоҳи зиёде дар хидмати онон будааст. Ҳадафи аслӣ, бешак, дар он нуҳуфта будааст, ки ақсои олам ҳамчун бозичае дар дасти онҳо қарор бигирад. Як силсила рухдо­дҳои ногувори садаи бист ва бисту як, ки аз ҷониби давлатҳои ҷангҷӯ ва ниҳодҳои худкомаи ҷонибдори онҳо ба миён омадаанд, аз ҳақиқати ин амр гувоҳӣ медиҳанд.

Ҷавҳари асосии ифротгароӣ дар шароити имрӯз пойбанди мафкуравии ниҳодҳои бегона шудани аҳолии кишварҳои мухталиф дар шаклу навъҳои гуногун аст ва худ аз худ дар амри ифротгароӣ арзишҳои мазҳабии бегона ҷойгоҳи хос ба даст овардааст. Ифротравон ҳаргиз фаҳмидан намехоҳанд, ки пуштибонӣ аз афкору ақоид ва таълимоти ифротгароёнаи динии як кишвар моҳиятан пуштибонии мафкураи он кишвар ва ба ин васила, ноором кардани фазои ороми ҷомеаи дигар маҳсуб мешавад. Ин амр, барҳақ, ба муҳити солими ҷомеа халал ворид карда, ба фикру ғояи миллии он кишвар зарбаи сахт мерасонад. Аммо, мутаассифона, касоне, ки ба ин зуҳурот дилбастагӣ пайдо мекунанд, на донишу биниш ва фаҳмиши амиқ доранд, на аз асосҳои улуми дунявӣ бохабаранд, на ба роҳу равиши пешрафтҳои миллии кишвари худ заррае сидқу садоқат доранд. Ба инҳо арзишҳои ватандорӣ ва миллатпарастӣ бегонаандр. Беватанӣ ва беватан будан аслу мағзи равандагии ин тоифаи ҷангҷӯ ва хатаровар мебошад, ки бояд аз беху бун чунин андешаро сар зад.

Ба лойоби таассубу ҷаҳолати динӣ ва доми тазвири қаллобону бидъаткорон ва таҳрифгарони дини Ислом гирифтор шудани афроди ноогоҳ ва худоҷӯйи дар асл худо­бехабар боис гардидааст, ки аз дини Ислом ва аҳдофи сиёсии он нохудогоҳона ба кор гирифта шавад. Ин амр ба ҷоҳиливу ваҳшонияти ин тоифа ишорат карда, бозгӯи он аст, ки онон бинобар бедонишӣ ва халалдору коста будани бардошти сиёсӣ аз фаҳмиши аслии сарсабзӣ, барозандагӣ ва сарзиндагӣ дар ҷо­меа дар канор монданд, аз фарти бебаҳрагӣ аз фарҳанги башарӣ ва миллӣ ба махлуқи ношуд ва нокарда­гор табдил ёфтаанд, бе ҳиссу равнақ ва шармандавор дар ҷомеаи озоди дунявӣ бидуни мақом ва мартабаи шахсиву ҷамъиятӣ боқӣ мондаанд. Ин гуна ифротварзон дигар ба бақои ҳастиашон набояд бовару эътимод дошта бошанд, ҳаққи комили на­фас кашидан бо Ватан, Кишвар ва ҳамзистӣ бо фарзандони содиқи он надоранд, маҳкум ба заволанд, ки аз фарти нодонӣ, бехабарӣ, нокоршоя­мӣ дар пешбурди Ватан, аз сабаби ноилоҷӣ ва худро ҳақир пиндоштан дар Ватан маълумоти андак оид ба дини Ислом ба даст оварда, талош варзиданӣ шудаанд, ки лоақал бо истифода аз номи дин мақоми иҷти­моиашонро беҳтар созанд. Ин тоифа дар дарки ростини равандҳои сиё­сиву идеологӣ ва маърифатии асри мо ноқобиланд. Дарк накардаанд, ки абарқудратҳо ҷомеаи башариро байни худ тақсим карданианд, дар ин роҳ аз қувваи бедонишон суд ҷу­ста, пайравони мутаассибу ҷоҳилро ҳамчун василаи татбиқи аҳдофи нопок ба кор мегиранд ва танҳо ба ин васила ба ниятҳои нопоки худ расиданианд.

Аз ин ҷиҳат, пайдоишу густариши зуҳуроти ифроту ифротгароӣ дар замони мо рукни ҳадафмандонаи сиёсати нопоки абарқудратон дар робита ба олами Ислом аст. Дар ҷое, ки дониши динӣ ва пазириши дини Ислом андаке қафо монда бошад, бозори ифротандешӣ ва қаллобӣ дар авҷ хоҳад буд. Ҷое, ки мусулмони ноогоҳ ҳаст, оташи низоъ ҳамеша дар ҷӯш ва пойбарҷост. Чаро ин гуна афрод андеша надоранд, ки ин ноогоҳии маҳз дар ҷомеаи мо яке аз сабабҳои аслии харобиовар дар ҷанги қавмӣ гардида буд? Ин афрод бо кумаки хӯҷаинон ва навкарони хориҷӣ хоҳонанд, ки ҳаёти ба наза­рашон ҳамвор, рӯзгоре мутафовит аз рӯзгори дигарон, ҳаёте пуросоиш ва пурайшу тараб бо онҳо бошад, аммо бехабар аз он ки бо чунин фаҳмиш расидан ба «биҳишт»-и мутлақ ғай­римумкин аст. Инҳо намедонанд, ки даст ёфтан ба ин гуна рӯзгор бо сар­супурдагӣ, дилдодагӣ ва садоқати бемисл ба Ватан, ранҷу заҳмат ба­рои Ватан ва кам шудану ғам хӯрдан ба Ватан имконпазир аст. Аз сабаби он ки зуҳуроти ифроту ифротгарӣ ба тоҷикон нав ва ҷараёни воридшуда ё ба истилоҳ «оварда» аст, ҳаллу фа­сли ин амр дар ҷомеаи мо мушкили фаровон дорад.

Ҳукумати кишвар хуб дарк карда­аст, ки мубориза ба ин амали ноху­шоянди ҷомеаи башарӣ ва решакан кардани он бо ҳама мушкилоти рӯҳиву равонӣ ва ҷисмонияш барои аз ноамнӣ баровардани кишварҳои дунё ва ҳаллу фасли силсилаи муаммоҳои зарурӣ муосидат хоҳад кард. Ин кӯшишу ибтикор мавқеи байналмилалии Тоҷикистонро ба­маротиб афзуда, симои воқеияшро дар чашми ҷомеаҳои мутамаддини башарӣ баланд хоҳад бардошт. Яке аз сабабҳои асосии дар чаҳоркӯчаи бунбаст қарор гирифтани тафаккури ифротравон дарк накардани моҳи­яти идеяи миллии тоҷикӣ аст, ки дар роҳи бебозгашти исботи ҳастии бақои миллат реша ёфтани зуҳуроти ифротгароии динӣ ва пазируфтани арзишҳои мазҳабии бегонаро куллан инкор мекунад. Огаҳӣ ва баҳраман­дии амиқ аз таъриху фарҳанги миллӣ ва садоқати азалӣ ба мафкураи мил­лии тоҷикӣ имкон намедиҳад, ки дар миёни тоҷикони таърихан фарҳан­гойин ва маънавиятсиришт ҳаман­дешони ифротгаро ва ба арзишҳои фарҳангии миллат бепарво ба камол расанд, ки ба рушди воқеии ҷомеаи мутамаддин халал меоваранд.

Баҳрамандӣ аз дониши пурбо­ри таърихӣ – фарҳанги томравои миллӣ имкон намедиҳад, ки моҳи­яти суханони сиёсатмадори бузург Куруши Кабирро дар матни Эъло­мияи маъруфи ӯ фаромӯш намоем. Куруши Кабир зимни арзёбии шеваи раҳбарӣ ва раҳнамоии худ ба нук­таи хеле ҷолиб ишора кардааст, ки омӯзишу баҳрамандӣ аз он дар роҳи пешгирӣ аз ифротгароӣ хеле муфид аст. Куруш менависад, ки «вазъи дохилии Бобул ва амкинаи муқаддаси он дили маро такон дод. Фармон додам, ки мардум дар па­растиши Худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд. Худои бузург аз ман хурсанд шуд ва ба ман, ки Ку­руш ҳастам ва ба писарам Камбуҷия ва тамоми лашкари ман аз роҳи иноят баракати худро нозил кард. Подшоҳоне, ки дар ҳама мамолики олам дар сарзаминҳои худ нишаста­анд, аз дарёи боло то дарёи пойин ва подшоҳони Ғарб хироҷи сангин оварданд ва дар Бобул ба пойгоҳи ман бӯса заданд. Фармон додам, ки аз Бобул то Ошур ва Шуш ва Акад… ва ҳама сарзаминҳое, ки дар он тарафи Даҷла воқеанд ва аз айёми қадим бино шудаанд, маобидеро, ки баста шуда буд, бикушоянд. Хама худоёни ин маобидро ба ҷойҳои худ баргардондам, то ҳамеша дар он ҷо муқим бошанд. Аҳолии ин маҳалҳоро ҷамъ кардам ва манозили онҳоеро, ки хароб карда буданд, аз нав сохтам ва худоёни Сумеру Акадро беосеб ба қасрҳои онҳо, ки «Шодии дил» ном дорад, бозгардондам. Сулҳу оромишро ба тамоми мардум ато кардам».

Аз китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин бардошти муҳим мерасем: «Тоҷикон, ки дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ бисёр давраҳои печидаву мушкилро пушти сар кардаанд, дар ҳама давру замон аз таҳаммулгароӣ ва маслиҳату муколама кор гирифта, борҳо со­бит сохтаанд, ки бо роҳи зӯрӣ ҳал кардани мушкилоту низоъҳо ва ба ҳам муқобил гузоштани ҷаҳонбини­ву ақидаҳои мухталиф метавонад натанҳо сабабгори фасоди ахлоқ ва халалдор шудани фарҳангу тамад­дунҳо, балки шикасти давлатҳо низ гардад».

Ин гуна арзёбиҳо ва натиҷагириҳо кишвари моро ба андешидани силси­лаи чораҳои муҳимме водоштанд. Аз ҷумла, конфронси илмии байналми­лалии сатҳи баланд – «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушуна­томез», ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, аҳаммияти мубра­ми ин мавзуъро бори дигар дар чаш­ми аҳли башар ва ҷомеаҳои башарӣ ба таври равшан ошкор кард. Ин тадбири муфид ҳамкории кишварҳо­ро дар тамоми сохторҳо ва соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мусбат арзёбӣ карда, ҷонибдори ростин ва ҳавасманди беминнати густариши равобити гуногунҷанбаи сиёсӣ буда­ни Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар исбот гардид. Суханронии Сарвари давлат барномаи яклухт ва томра­вои роҳи рушди раҳоӣ аз буҳрони ифротгароӣ ба ҳисоб рафта, дар он бо таҳлилу нақд ва баррасии вазъи ногувори ифротгароӣ дар ҷомеаҳои башарӣ масъалаи дар сатҳи ҷаҳон ва минтақа пурзӯр шудани ҳамкории шарикӣ бо мақсади таъмини сулҳу субот ва амнияти фарогир ба воси­таи андешидану чорасоз кардани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи му­бориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои даст­гирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо чун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок хеле муҳим арзёбӣ шудааст. Дар ин суханронӣ чеҳраи Тоҷикистон дар арсаи мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои замон чун шарики табиии ҳама давлатҳои дунё, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ нишон дода шудааст.

Ваҳдат таҳкурсии ташаккули ҷо­меаи томравои шаҳрвандӣ монда, ба беҳтар шудани зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистқилол бояд мусоидат кунад. Имрӯз эҳсоси амиқи ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва иф­тихори миллӣ дар шуури ҳар тоҷик маъво дорад, аз ин рӯ, бояд созиш ва созандагӣ ҳадафи мо қарор гирад!

Субҳони АЪЗАМЗОД

Дигар хабарҳо