Ҳабибулло Файзулло

 Ҳабибулло Файзулло

Ба муносибати 80-солагии шоири зиндаёд Ҳабибулло Файзулло

                         ВАТАН
Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст,
Ки гўё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.

Сафи амвоҷ ҳамчун сатри шеърам
Шавад иншо ба рўи дафтари дил.
Ситода рост гўё кўҳсораш
Ба мисли посбоне бар дари дил.

Даруни синаи ман хуфта гўё
Ҳама сарбозҳои ҷонсупурда,
Агарчи хуфта онҳо дар дили хок,
Валекин ёдашон дар дил намурда.

Даруни синаи ман бешазорест,
Даруни синаи ман кўҳу саҳрост,
Даруни синаи ман кўҳсорест,
Даруни синаи ман ними дунёст.

Ватан дар синаам бо ин бузургӣ
Ба монанди диле маъво гирифтаст,
Ки гўё чун раги хун аз дили ман
Ба саҳро роҳи нав дарё гирифтаст.

                     ТИФЛИ КЎҲ
Ман он дарёчаи шўхам,
Зи қалби кўҳсорон сар кашида мавҷҳои ман,
Чу тифлони навомўзе раҳи тифлона мепўянд,
Ба гўши сабзаву себаргаҳо афсона мегўянд,
Парида аз фарози сангҳову роҳ меҷўянд,
Намуда такя бар деворҳои соҳили тангам.

Маро соҳил чу гаҳвора навозиш мекунад ҳар дам,
Ба уммеде, ки бар водӣ расонам тифли покамро.
Агарчи дар баҳорон гоҳ-гоҳе хира шуд рангам,
Баландӣ ёфт оҳангам,
Мазан, эй раҳгузар, сангам.

Ман он дарёчаи шўхам,
Ки аз кўҳ ибтидо дорам.
Маро дар даштҳои ташналаб ором мебинӣ,
Ба мисли оҳувони ром мебинӣ.
Куҷо дасте, ки анҷоми маро оғоз гардонад,
Маро бар чашмаҳои кўҳсорон бозгардонад?

                          * * *
Субҳ, ки хуршед дами теғ буд,
Найзаи он пардадари меғ буд.
Боғ шуда ғарқи гули ранг-ранг,
Мавҷ кашад домани соҳил ба чанг.
Тиру камон дар камари кўҳсор
Буда чу ханҷар ба наёми баҳор.
Боди саҳар нағматирозӣ кунад,
Бо гулу кокул ҳама бозӣ кунад.
Ҷои гулу сабза ба фасли баҳор
Ҳусни расо раста зи хоки диёр!

                         НАҚШ

Дасти Беҳзод аст ё рассоми Чин,
Ё ки дасти Мониву Озар кашид?
Кӣ ба рўи шишаи тирезаҳо
Дастаи гул, сурати дилбар кашид?
Дар бари он дастаи гул як диле,
Номаи сегўшаву кафтар кашид.
Дар ҳамин як сафҳаи тиреза бин,
Чанд маънӣ чун муаммо баркашид.
Баъд фаҳмидам, ки аз шаб то саҳар
Дасти сармо ин ҳама манзар кашид.

* * *
Аз соҳиле ба соҳиле танҳо гузаштаам,
Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам.
Гарчи набудам ошно ман бо шиноварӣ,
Беошно зи соҳати паҳно гузаштаам.
Фарқе миёни мову ту дигар намондааст,
З-он раҳ, ки ту гузаштаӣ, кайҳо гузаштаам.
Дигар чи хоҳӣ, эй рақиб, аз имтиҳони ман,
Оташ ба дил ман аз дили дарё гузаштаам!

              ДИДОРИ ОРЗУҲО

Бар кокулони борон
Чун бод шона мезад,
Хар қатраи фитода
Чангу чағона мезад.

Барқе ба ҷони тундар
Оташ заду ниҳон шуд,
Гўё ки аз ғиреваш
Таркиш дар осмон шуд.

Ҳар майсаи дамида
Гесў ба ҷўй мешуст.
Бар сар кулаҳ яке қорч
Гўё, ки рўй мешуст.

Аз зери тарма хомўш
Сар мекашид вешим,
Партофта сияҳгўш
Зулфони чун бирешим.

Бо қомати камонӣ
Рангинкамон чу бархост,
Дил гуфт: зиндагонӣ
Дидори орзуҳост….

           РАСМИ ЗИНДАГӢ

Дар замини ҷовидонӣ зистан,
Бо хаёли осмонӣ зистан,
Кашфу эъҷозу ҳунар омўхтан,
Дар дил аз ишқе шарар афрўхтан,
Пухта гардидан миёни хомҳо,
Аз муроди хеш бурдан комҳо,
Сўзу сози хештанро сохтан,
Фарқ кардан бурди худ аз бохтан,
Бо баду нек озмудан хешро,
Кам гирифтан, боздодан бешро,
То дили дарёи ту дарё шавад,
То дили танҳои ту дунё шавад,
Бо ҳама ранғи гароне зистан,
Ҷовидон бо зиндагонӣ зистан.

          АЙЁМИ БАҲОРОН АСТ

Айёми баҳорон аст,
Гулбоди гулафшон аст,
Гўё, ки садои дил
Дар чак-чаки борон аст.

Тундар ба хурўш ояд,
Дарёча ба ҷўш ояд,
Аз ҷоми гули лола
Фарёди «бинўш!» ояд.

Дар боғ наво резад,
Сад гуна садо резад,
Овози дили булбул
Аз боди сабо резад.

Хуршед кашад шона
Бар кокули ҷонона,
Шабнам ба кафи савсан
Чун ҳадяи тўёна.

Он шўх-нигор омад,
Наврўзи диёр омад,
Аз ҳар гулу ҳар сабза
Пайғоми баҳор омад.

Айёми баҳорон аст,
Гулбод гулафшон аст,
Гўё, ки садои дил
Дар чак-чаки борон аст.

                       ҚАТРАИ БОРОН

Ту мапиндор, ки ман қатраи боронаму бас,
Ки ба як чашм задан ояму афтам сари раҳ.
Луқмаи хок шавам ё ки чу шабнам дами субҳ
Офтобам бикунад нўш ба як ними нигаҳ.

Қатраборонаму аз абри умед афтида,
Дар худам акс кунам ман рухи хуршеди баҳор,
Бишканам ташнагии ғунчаи нав сабзида,
Ё бишўям зи рухи сабзаву гул чангу ғубор.

                                ҲАСТИИ САРШОР

Хислати оина дорад покии пиндори мо,
Фарқ набвад дар миёни гуфтаву рафтори мо.
Ҷўши рўди кўҳсору обшорон додаанд
Софии саршор бар ин ҳастии саршори мо.
Тангнои кўҳ моро вусъати паҳно диҳад,
Қуллаҳои сарбаландаш шуҳрати подори мо,
Аз баландии назарҳо хоксорӣ мекунем,
Гоҳ гардад хоксорӣ боиси озори мо.
Эй мудоромаслакон, маслакфурўшиҳо чӣ суд,
Ин матоъ қадре надорад дар сари бозори мо,
Мо, ки дар ин даҳр боре умр бар сар мебарем,
Бар риё кай сарф гардад умри нотакрори мо?
Дар нигоҳи барқхези мо шарори меҳрҷўст,
Обшори ишқ бошад ҳастии саршори мо.

                           ЧАНОР

Дар канори роҳ, дар домони кўҳ,
Дар миёни марғзори пуршукўҳ
Як чанори сарбаланд истодааст,
Ҳамчу марди арҷманд истодааст.
Рўд чун оина дар паҳлўи он
Мекунад акси қади дилҷўи он…

                         ХОБ

Хоб мебинам зимистонҳои тўлонии деҳ,
Барфрўбиҳо, садои кўрчоки бомҳо.
Дар либоси барф оҳарпўш кўҳу даштро,
Ҳадяи барфӣ навиштан — номаву пайғомҳо.

Осмон оинаву хуршед чун лаълии нур,
Об мегирад нигоҳу нур мегирад дилам,
Рўи барфи беғубор афтода ғелон мешавам,
Хешро з-андўҳи олам дур мегирад дилам.

Ханда резад аз лаби ҳар бом бо лабханди ман,
Чашмасорон ҳаври дил бо ханда берун мекунанд.
Кокулони беди маҷнун бо ҷамолакҳои барф
Ошиқони ҳуснро якбора мафтун мекунанд.

Бингарам, аз равзани ҳар бом дар болои деҳ
Дудкашҳо дудҳои хонадонро мекашанд.
Дудҳо — фаввораҳои нилгуни деҳаам
Гармии ҳар хонаро то осмонҳо мекашанд.

Хоб мебинам зимистонҳои тўлонии деҳ,
Дар ҷаҳон гўё, ки аз ман одами хушнуд нест,
Дар шаби хобам дилам оҳиста мегўяд ба ман:
«Ғусса дар он хонае бошад, ки он ҷо дуд нест!»

 

Дигар хабарҳо