Сӯгворӣ. Абдулҳайи Қаландар

 Сӯгворӣ. Абдулҳайи Қаландар

Шоири пуртаҷриба, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (аз соли 2004) Абдулҳайи Қаландар дар 81-солагӣ зиндагиро падруд гуфт.

Шодравон баъди хатми риштаи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ) дар ҳамин таълимгоҳ солҳои тӯлонӣ ба донишҷӯён дарс гуфт.

Шоир дар тӯли солҳои гуногун маҷмуаҳои ашъори “Интизорӣ” (1987), “Марди роҳ” (2001), “Хоки Ватан” (2003), “Суруди дил” (2005), “Роҳи дилҳо” (2010) ва ғайраро ба табъ расонда, дар байни аҳли дил ҳамчун шоири ватандӯсту омӯзгори варзида соҳиби эҳтиром гардид. Ба пажӯҳиш низ иштиғол дошт ва китоби “Се назар ба шеъри Ҳақназар” (2012) ҳосили заҳматҳояш дар ин замина мебошад.

Барои хидматҳояш бо нишони “Сухан”-и ИНТ, ҷоизаҳои ба номи Ашӯр Сафар, Носири Хусрав ва нишонҳои Аълочии маориф ва матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Ёди ин адиби хушном ва инсони наҷиб ҳамеша гиромӣ бод!

Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо