1 август ба зодрӯзи академик Раҷаб Амонов 100 сол пур мешавад

 1 август ба зодрӯзи академик Раҷаб Амонов 100 сол пур мешавад

Адабиётшинос, нависанда, пажуҳишгари мумтози фолклори тоҷик, академик, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Раҷаб Амонов солҳои зиёде дар Пажуҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият дошта, аз соли 1958 мудири шуъбаи фолклоршиносӣ буд. Соли 1968 дар мавзуи «Лирикаи халқии тоҷикӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Соли 1976 узви вобаста, соли 1981 узви пайвастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.

Рисолаҳои илмиву адабии «Очерки эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1963), «Аз пайи ҳикмати халқ» (1963), «Асари бадеӣ ва замон» (1970), «Афсонаи сеҳазорсола» (1973), «Қиссаи беди баланд, чанори пургул ва себи Самарқанд» (1981) маҳсули қалами ӯ ҳастанд. Муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфҳои 5 ва 6 (1973-1980) буда, дар навиштани рисолаи шашҷилдаи илмии «Таърихи адабиёти советии тоҷик. Инкишофи жанрҳо» ширкати фаъол доштааст.

Мураттиби маҷмуаҳои «Эҷодиёти даҳонакии Кӯлоб» (1956-1963), «Чистонҳо» (1957, ҳамроҳи Я. Калонтаров), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1957, ҳамроҳи К. Улуғзода), «Намунаҳои фолклори диёри Рӯдакӣ» (1958, 1963, ҳамроҳи М.Шукуров), «Афсонаҳои халқии тоҷикӣ» (Маскав, 1960), «Афсонаҳои халқи тоҷик» (1963, 1975, 1980) ва ғайра мебошад. Китобҳои бачагонаи «Афсонаҳо барои кӯдакон» (1958), «Ҳафт додарон» (1962), «Лаку Пак» (1966), «Меҳрбону» (1967), «Ҳасанак» (1972), «Ҳикояҳои ҳаҷвии халқӣ» (1973) ва ғайра дар таҳриру таҳияи ӯ ба табъ расидаанд. Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ (1995) ва Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино (1997).

Ба ордену медалу ифтихорномаҳои ҷангию меҳнатӣ сазовор гардидааст.

 

 

Дигар хабарҳо