ҶАШНИ МУҚАДДАС
Баъд аз суқути давлати қудратманди Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда, яке пас аз дигаре истиқлоли давлатии худро эълон карданд. Тоҷикистон низ соҳибистиқлол шуд ва дар оғози давлатсозӣ бо дахолати баъзе кишварҳои хориҷӣ ва дастгирии неруҳои берунӣ ҳизбу ҳаракатҳои мансабхоҳи таҷрибаи зарурии сиёсӣ ва барномаҳои илман санҷидашуда надошта аз роҳи зўроварӣ ба мақсад расиданӣ буданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. Хатари ҷудоии минтақаҳои кишвар ва парокандагии миллати тоҷик аз ҳолати имконӣ наздик буд ба воқеият табдил ёбад. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷанги шаҳрвандиро таҳмилӣ номиданд. Ин ҳодисаи нохуш, ки фоҷиаи миллӣ буд, ба пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон зарбаи сахт ворид кард. Аслан нооромиҳои сиёсӣ ва низомии дар Иттиҳоди Шуравӣ паҳншуда ба ҳаракатҳои ба истилоҳ демократӣ такон дода, дар фазои қонуншиканиҳо мардумро ба бероҳаи сиёсию иҷтимоӣ раҳнамун мекарданд. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон ва сиёсатшиносон ин нооромиҳо, беобрў шудани ҳизби вақт ва дар ниҳояти кор пош хўрдани Иттиҳоди Шуравӣ натиҷаи хиёнати роҳбарияти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ, пеш аз ҳама, Михаил Горбачёв, Александр Яковлев ва ҳамсангарони онҳо буд.
Чунончи, яке аз донишмандони муосири рус Александр Зиновев, ки бинобар ақидаҳои дисидентӣ Иттиҳоди Шуравиро тарк карда буд ва баъди фурўпошии он ба Маскав баргашт, асарҳои зиёде таълиф карда, ба хулосае омадааст, ки Иттиҳоди Шуравиро душманонаш бо дасти роҳбарони хиёнатпешааш буғӣ ва нобуд карданд. Александр Зиновев менависад: «Иттиҳоди Шуравӣ на аз он сабаб фурў пошида шуд, ки созмони иҷтимоии Ғарб комилтар буд, балки ба сабаби маҷмуи шароити таърихӣ, аз ҷумла бартарии қувваи душман, аблаҳӣ ва тарсуии ҳукуматдорони шуравӣ, хиёнати оммавӣ ва ғайра фурў рафт… Мо имрўз кўдакии беғам ва боварии бузургсолонро ба оянда гум кардем. Мо, кам ҳам бошад, ҳама чизро доштем ва он кафолатдодашуда буд. Дар назари мо ин кафолат доимӣ, гўё неъмати табиат буд, гўё ба мисли обу ҳаво буд… Мо ба ҳукумат норозиёна дод мезадем, чунон ки кўдакон ба падару модар барои манъ кардани чизе ва ё ҷазо додан барои вайрон кардани қоидае. Чи қадар мо сода будаем!»
Олими дигари Русия, сафири собиқи Федиратсияи Русия дар Тоҷикистон Рамазон Абдулатипов дар яке аз асарҳояш бо истинод ба Доминик Муази навиштааст: «Инсон моҳияти глобалиро касб намуда, худро гум кард. Ҷаҳони муосир бо ҳодисаи «низои эҳсосҳо» рў ба рў шуд. Ҷаҳони Ғарб дар баҳри тарсу ҳарос ғарқ шудааст, арабҳо ва мусулмонон ба гаравгони фарҳанги таҳқиршаванда табдил ёфтаанд».
Мардуми Иттиҳоди Шуравӣ бозсозиро ба хубӣ ва гарм истиқбол кард. Натиҷаи он буд, ки мувофиқи рақамҳои оморӣ солҳои 1987-88 нишондиҳандаҳои иқтисодӣ хеле баланд шуданд, яъне аз ҷиҳати иқтисодӣ имкониятҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун давлати муқтадир ҳанўз бузург буд.
Вале дар сиёсати кадрӣ ва байнимиллӣ камбудҳои ҷиддӣ содир шуд, ҳатто пешниҳоди «мубодилаи кадрҳо» низ якҷониба сурат гирифта, ашхоси нолоиқ ва ришваситон аз гўшаю канори кишвари шуравӣ ба ҷумҳуриҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон омада, зиддиятҳои миллиро барангехтанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар замми ин маҳалгароӣ авҷ гирифт ва ҳаракати демократисозӣ аз тарафи неруҳои ифротгаро ва шуҳратталаб ба беобрўсозии роҳбарони сатҳҳои гуногун табдил ёфт. Албатта, дар байни роҳбарони ҷумҳурӣ ва мақомоти гуногун шахсони нолоиқ ва ба вазифаҳои масъул носазовор низ буданд. Вале танқиди созанда ва беғаразона камтар ҷой дошта, популизми сиёсӣ афкори оммаро фаро мегирифт. Дар оғози истиқлоли давлатӣ, мутаассифона, маҳалгароӣ, мансабталошӣ, демократиябозӣ ва таассуби динӣ бо ҳам омезиш пайдо карданд ва раванди ҳодисаҳоро ба сўи фоҷиаи миллӣ раҳнамун сохтанд. Тоҷикистон дар ҳолати парокандагӣ ва нобудшавӣ қарор дошт. Қувваҳое, ки солҳои 20 уми асри ХХ соҳибдавлат шудани тоҷиконро намехостанд ва мақсадашонро амалӣ карда натавониста буданд, бо истифода аз ин вазъияти бебандуборӣ дар охири аср мехостанд амалӣ намоянд. Ҷомеаи Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдат, ки асоси бақои давлат ва истиқлоли он буд, чун обу ҳаво ниёз дошт.
Дар ҳамин давра баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба мақоми Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани шахсияти ҳанўз дар арсаи сиёсати бузург зуҳурнакарда, вале ҷасуру вафодор ба аҳдофи олии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузурге дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бозид. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар он лаҳзаи ҳалкунандаи буду нобуди давлату миллат тавонистанд роҳи наҷотро ҷустуҷў карда, барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ҷомеаро сафарбар намоянд. Бояд гуфт, ки дар ин раванд бисёр мардону занони шуҷоъ низ фаъолият намуданд, сиёсатмадорон, олимон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони ватандўст барои татбиқи сиёсати Президенти мамлакат ҷиҳати истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ кори пурсамарро анҷом доданд.
Воқеъбинона бояд таъкид кард, ки ҷасорат, садоқат ба миллат, азхудгузарӣ барои сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик табдил дод ва сиёсати дохилӣ ва байналмилалии давлати тоҷикон обрўи ин шахсияти ғайриодиро дар кишвар ва ҷаҳони муосир баланд бардошт. Маҳз ҳамин самтҳои фаъолият буд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон дар СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мавриди эътироф гирифтанд.
Такя ба ҷавонон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди маориф ва илм, тандурустӣ барои таҳкими асосҳои давлати соҳибистиқлол ва давлати дунявӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Сарвари давлат қарор гирифтааст, ки ба оянда нигаронида шудааст.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 пеш аз ҳама бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав ба имзо расида буд, ҷамъбасти мулоқот ва баҳсу мунозираҳои зиёд барои ба ҳадафи ниҳоӣ – сулҳу ваҳдат ноил шудан буд. Сулҳи тоҷикон намунаи нодири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ буд. Он аз бадномии ҷангзадагӣ ба сулҳу оштиофаринию некномӣ овард, ҳатто намунаи ҳалли муваффақонаи низоъҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ҷаҳони муосир гардид.
Дарки масъулияти олӣ барои тақдири миллату давлат буд, ки ҳар ду ҷонибро ба ҳам овард ва дар паси як миз қарор дод. Натиҷаи он имрўз маълум аст, ки ҳаёт осудатар, ҷумҳуриамон ободтар шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосси худро касб менамояд. Комиссияи оштии миллӣ барои иҷрои протоколҳои ба Созишномаи умумӣ мутааллиқ буда кори зиёдро анҷом дод. Дар натиҷаи фаъолияти якҷояи ҳар ду ҷониб бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳукуматӣ, ёриҳои созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои кафили сулҳ масъалаҳои душвотарин ҳаллу фасл шуданд.
Муҳоҷирон аз Афғонистон ва давлатҳои дигар ба Ватан баргардонда шуданд, тағийроту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуданд, Парлумони дупалатагӣ ва касбӣ таъсис ёфт, зиндагӣ ба маҷрои табиии худ батадриҷ ворид гардид. Гуфтугўи байни тоҷикон бомуваффақият анҷом ёфт ва Комиссияи оштии миллӣ вазифаи худро иҷро кард. Набояд фаромўш кард, ки вазъи имрўза аз солҳои 90-ум ба куллӣ фарқ дорад. Аҳолии кишвар ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ба Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ ва вафодории худро борҳо нишон додааст.
Имрўз мебинем, ки шаҳрҳо, ноҳияҳо, деҳаҳо обод мешаванд, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, масҷидҳо, донишгоҳҳои нав, муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сохта мешаванд, Тоҷикистон аз маҳдудияти коммуникатсионӣ берун баромад, роҳҳои муосир эъмор мешаванд, проблемаҳои энергетикӣ бо сохтани НБО-ҳои нав, махсусан бузургтарин неругоҳи ҷаҳон Роғун, бартараф ва амнияти озуқаворӣ ҳалу фасл мешаванд. Саноатисозии кишвар идома дошта, Тоҷикистон бояд ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Ин ҳама самараи арзишманди ваҳдати миллӣ мебошад. Дар самти худогоҳии миллӣ, омўзиши таъриху фарҳанги миллӣ корҳои зиёде сурат мегиранд, ки ифтихори миллиро боз ҳам афзун мекунанд. Баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ обрўю эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибтамаддун, дорои таъриху фарҳанги бостонию ғанӣ баланд бардоштааст. Ин дастовардҳоро мо ба насли ҷавони кишвар ҳамеша бояд ёдовар шавем, дар зеҳнашон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватанпарастиро устувор созем, чунки ҷавонон неруи мутаҳаррик ва зуд тағйирёбандаи ҷомеа ҳастанд, ҳақиқатро ба онҳо бо эҳтиёт ва боварибахш фаҳмондан ва масъулияташонро дар назди Ватану миллат доимо зикр кардан зарур аст. Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе, сол то сол зебову шукўҳманд мегардад. Аз тарафи ЮНеСКО «Шаҳри сулҳ» эълон шудани он эътирофи мақоми сулҳофаринии Тоҷикистон, махсусан пойтахти он мебошад. Бисёр ҷавонони донишманду боғайрат дар кори роҳбарӣ намунаи ибрат шудаанд, ки яке аз онҳо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад, ки бо кўшишҳои ў симои шаҳр зебову назаррабо шудааст.
Кароматулло ОЛИМЗОДА,
академик



