Ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ»
Дар шаҳри Кирмоншоҳи Ҷумҳурии Ислоии Эрон нахустин ҷашнвораи байналмилалии «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд, ки дар он Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ иштирок намуд. Зимни суханронӣ Низомиддин Зоҳидӣ мақом ва манзалати бузурги “Шоҳнома”-ро таъкид намуда, онро “донишномаи таърих, адабиёт, хираду ҳикмат ва фарҳангу тамаддуни ниёгон” номид. Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон зарурати шинохти «Шоҳнома»-ро барои тақвияти худшиносии миллӣ ва худогоҳии таърихӣ таъкид намуда, аз ибтикороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба баргузории озмуни ҳамасолаи “Шоҳномахонӣ” дар Тоҷикистон ёдовар шуд. Иштирокчиёни ҷашнвораи шоҳномахонии Кирмоншоҳ хабари ибтикори дигари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба нашри «Шоҳнома» ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷикистониро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол карданд. Дар ҷашнвораи Кирмоншоҳ дар баробари шоҳномахонҳои синни мухталиф аз кишварҳои гуногун 5 шоҳномахони ҷавон аз Тоҷикистон низ ба таври маҷозӣ иштирок намуданд. Яке аз онҳо – Муқаддас Маҳкамзода дар номинаи “Шоҳномахони ҷавони хориҷӣ” ғолиб дониста шуда, сазовари ҷоизаи ҷашнвора гардид.