Ҷамъбасти озмуни «Китоби сол-2023»
29 ноябр дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Китоби сол» ҷамъбаст гардид.
Дар бахши назм ҷои аввал ба китоби «Меҳвари меҳр»-и Раҳмат Назрӣ (нашриёти «Адиб»), ҷои дуюм ба китоби «Шаббода»-и Иззатбек Идизода (нашриёти «Адиб») ва ҷои сеюм ба Исмоил Зарифӣ барои таҳияи 3 китоби шеъри Эрон — «Ҳафт китоб», «Девони ғазалиёт» ва «Куллиёт» (ҶДММ «ЭР-граф») сазовор дониста шуд.
Дар бахши наср ҷои аввалро китоби «Барфи хунолуд»-и Сироҷиддин Икромӣ (нашриёти «Адиб»), ҷои дуюмро китоби «Ду ранги поиз»-и Мансур Суруш (нашриёти «Шарқи озод») ва ҷои сеюмро «Нома ба бародар»-и Латофат Кенҷаева (ТҶБ «Истиқбол» Душанбе) соҳиб гардиданд.
Дар бахши публитсистика китоби «Достони Нозкӯл»-и Ҷонибеки Асрориён (ҶДММ «Балоғат»), «Касбият, садоқат, ҷасорат»-и Далер Абдулло (нашриёти «Шарқи озод»), «Бонувони Тоҷикистон»: чеҳраҳо, истиқлолият» (нашриёти «Шарқи озод») сазовори ҷойҳои якуму дувуму сеюм шуданд.
Дар бахши осори бачагона ҷои якумро китоби Ато Ҳамдам «Чароғи раҳнамо» — барои асарҳои драматургӣ (ҶДММ «ЭР-граф»), ҷои дуюмро китоби «Яхши бола қандай бӯлар?..»-и Султонмурод Ҳоҷибоев (нашриёти «Ношир»), ҷои сеюмро асари «Афсонаи қалам»-и Анӯшервони Алишер (ТҶБ «Истиқбол») сазовор гардиданд.
Дар номинаи дигари ин бахш доварон ҷои якумро ба китоби «Гавазн ва шикорчӣ»-и Маҷид Салим, («Адабиёти бачагона»), ҷои дуюмро ба «Қиссаи гови алои момои Шарифамоҳ»-и Муродалӣ Собир (ҶДММ «Бебок») ва ҷои сеюмро барои таҳқиқи жанри эстрада ба китоби «Сароянда ва мусиқии эстрадӣ»- и Алихон Маҳмадов (ҶДММ «Сифат чоп») муносиб диданд.
Дар бахши тарҷумаи бадеӣ ҷои якум барои тарҷумаи романи «Марги бегуноҳ»-и Кароматуллоҳи Мирзо (ҶДММ «ЭР-граф») ба Амонбой Жуманов, ҷои дуюм ба «Афсонаҳои халқи тоҷик 4-5» (Нашриёти «Адабиёти бачагона») ва ҷои сеюм барои маҷмуи мақолаҳои «Ифтихори ватандорӣ» ба Носирҷон Маъмурзода (ҶДММ «Матбаа»-и шаҳри Бохтар) дода шуд.
Инчунин барои иштирок дар озмуни «Китоби сол- 2023» китобҳои «Ёди модар»-и Амир Сайиди Мункӣ (ҶДММ «Балоғат»), «Кӯзаи нақшин»-и Рухшона Мирзоева (ТҶБ «Истиқбол»), «10 барг орзу»-и Сунатулло Одинаев (ТҶБ «Истиқбол») бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд.