ҶАЛАСАИ РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, 31 МАРТИ СОЛИ 2020

31 марти соли 2020 маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим маҷлисро ифтитоҳ бахшид. Бо пешниҳоди номбурда аъзои Раёсат масъалаҳои зеринро ба рӯзномаи маҷлис ворид намуданд:

1. Дар бораи даъвати маҷлиси Cадорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва муайян намудани рўзномаи он.

2. Рафти омодагӣ ба Анҷумани XV нависандагони Тоҷикистон:

— «Бурду бохти назми тоҷик дар панҷ соли охир». Гузориши мудири бахши назми ИН МуҳаммадалииАҷамӣ.

— «Чашмандозе ба насри панҷ соли охир». Гузориши мудири бахши насри ИН Равшани Махсумзод».

3. Масъалаҳои ҷорӣ.

Доир ба масъалаи аввал узви Раёсат Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Мансур Суруш ибрози назар намуданд. Пешниҳод шуд, ки дар маҷлиси Садорати навбатии ИНТ масъалаи «Даъвати анҷумани XV навбатии нависандагони Тоҷикистон» баррасӣ карда шавад. Раёсат қарор дод, ки раъйи аъзои Садорат доир ба масъалаи баррасишаванда ба тариқи пурсиш муайян гардад.

Аз рӯйи масъалаи дувум — «Бурду бохти назми тоҷик дар панҷ соли охир» гузориши мудири шуъбаи назми ИНТ Муҳаммадалии Аҷамӣ шунида шуд. Мудири шуъбаи наср Равшан Махсумзод оид ба «Чашмандозе ба насри панҷ соли охир» маърӯза кард.

Дар муҳокимаи гузоришҳои ироашуда аъзои Раёсат Ато Мирхоҷа, Гулназар, Абдураҳмони Абдуманнон, Абдулҳамид Самад, Давлат Сафар, Ҷумъа Қуддус андешаҳояшонро иброз доштанд. Гузоришҳои зикршуда аз ҷониби Раёсат ба назар гирифта шуд.

Дигар хабарҳо