Ҳафтанома дар соли пешин
26 апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон фаъолияти ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» дар соли 2023 натиҷагирӣ шуд.
Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод нишастро оғоз бахшида, оид ба таърихи таъсис ва кори ҳафтавор сухан кард.
Нависанда Шодӣ Раҷабзод дар бораи наср, шоир Рустами Аҷамӣ дар бораи назм, адабиётшинос Субҳон Аъзамзод дар бораи нақди адабӣ, пажуҳишгар Бахтиёр Қутбиддинов дар бораи публитсистикаи нашрия маърузаҳо пешниҳод намуданд.
Дар қисмати музокира Нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Кароматуллоҳи Мирзо, Шоирони халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, адибон Мирзо Шукурзода, Абдурауф Муродӣ, Маҷид Салим, Шаҳрия ва дигарон андешаҳояшонро баён доштанд.
Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад гуфт, ки аз ҳама муҳиммаш, дар соли 2023 нашрия пурра ва саривақт ба чоп расида, дастраси хонандагон гардид. Лекин дар кадом сатҳ, чӣ маводҳоро дар бар гирифтааст, аз маҳсули эҷодии ҳар яки мо вобастагӣ дорад. Ҳафтанома имрӯз ҳам мувофиқи руҳи замон, завқи хонанда, талаби адабиёт кори худро пеш мебарад. Дар вақти пажуҳиши маводи дар нашрия ба чоп расида низ, бавижа назм, бояд аз истифодаи зиёди вожагони арабӣ худдорӣ кард, зеро ба суди мо нест. Ба ҳамон забони поке, ки дорему ҳамзабонон эътироф мекунанд, месазад бештар такя кунем. Тақризу китобиёт ҳар қадар, ки зиёд навишта шаванд, ҳамон қадар муфид аст.
– Вақте ки ман ба ҳафтанома ба кор омадам, сесад нафар ба он обуна шуда буданд. Корро аз зиёд кардани обуна шуруъ намудем. Ба мо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мададгор шуданд. Имрӯзҳо шумораи обунашудагон ба нашрия ба даҳ ҳазор нафар расидааст. Аз ҳар ҷиҳат вазъияташ хуб буда, хонандаи худро дорад. Дар пешравии имрӯзаи ҳафтанома саҳми ҳайати эҷодӣ зиёд мебошад, — таъкид намуд Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо.
Ба андешаи адабиётшинос Абдураҳмон Абдуманнон, маводи дар соли 2023 дар ҳафтанома нашршуда аз солҳои пешин хеле беҳтар буд.
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз шеърҳои Раҳмат Назрӣ, Фарзона, ки тозакориҳои назаррас доранд, намунаҳо оварда, иброз дошт:
– Чунин нишаст ба хотири он аст, ки дар муддати як сол адабиёти мо чӣ дастоварду чӣ камбудӣ дорад, огоҳ шавем. Пешниҳод дорам, ки минбаъд баррасии жанрҳои асосӣ, аз ҷумла, наср ва назм дар нашрияҳоямон алоҳида сурат гирад. Маърузагарон ҳам бояд зиёдтар бошанд. Сатҳи ҳафтавор рӯ ба пешравӣ дорад. Бигзор, шеъре, ки бозёфтҳои тоза дорад, на як саҳифа, балки ду-се саҳифа чоп шавад. Шеъри ҳамзабонҳо ҳам, ба назари ман, бояд ҳар ҳафта ба табъ расад. Ҳамон тавр, ки дар баъзе шумораҳо ҳаст.
Дар охир сармуҳаррири ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» Парда Ҳабиб ба ҷамъомадагон барои иштироки фаъолонаашон дар баррасии мазмуну муҳтавои яксолаи нашрия изҳори миннатдорӣ намуд.
Бузургмеҳри Тоҷиддин