ҲАСАНЗОДА САДРИДДИН

 ҲАСАНЗОДА САДРИДДИН

САДРИДДИН ҲАСАНЗОДА 3 апрели соли 1950 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеъ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1967 мактаби миёнаи №6 ҷамоати деҳоти Пахтаобод (ҳозира Мирзоалӣ Вайсов)-и ноҳияро бо баҳои аъло хатм кардааст. Ҳамон сол вориди факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1973 соҳиби дипломи «аъло» гардидааст. Солҳои 1973-1983 ҷонишини директори мактаби миёна, солҳои 1983-1986 котиби масъули рӯзномаи ноҳиявии «Коммунисти Ховалинг», солҳои 1996-1998 котиби масъули Шабакаи якуми ТВ Тоҷикистон, солҳои 1998-2001 корманди масъули Маҷлиси Олии ҶТ, мудири шуъбаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст.

Солҳои 2001-2008 ба ҳайси сармуҳаррири идораи «ТВ Субҳ», муовини аввал, и.в. директори Шабакаи якуми ТВТ фаъолият дошт. Аз соли 2008 то апрели 2013 дар вазифаи муовини аввали директори ТВ «Баҳористон» кор кардааст. Айни замон корманди Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии телевизион, радио ва кинои Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, сардабири маҷаллаи «Душанбе» мебошад.

Аввалин ҳикоя, лавҳа, очеркҳояш аз овони мактабхонияш, солҳои 1964-1967, дар маҷаллаву рӯзномаҳои даврӣ («Пионери Тоҷикистон», «Машъал», «Комсомоли Тоҷикистон», «Тоҷикистони Советӣ», «Мубориз», «Роҳи Ленинӣ») чоп шудаанд. Бо ҳидояти бевоситаи Ф.Муҳаммадиев (1984), қиссаи «Кабки рав»-и ӯ дар таҳрири адибони хушсалиқа М. Наҷмиддинов, И. Файзуллоев, А. Самад, С. Раҳимзод барои чоп тавсия шудааст.

Муаллифи маҷмӯаи қиссаву очерку ҳикоя ва тарҷумаҳои «Кабки рав» (1989), «Эҳёи Када», «Чароғи лола», «Ашки қалам», «Дарёи нур», «Доғи сӯзон», «Пуштаи зардолуҳо», «Муҷассамаи нодир», «Ёдҳои парокандаи бодияҳо», «Чароғи давра» (1989-2014), «Сарбози ҳақиқат», «Роғун: баҳс ва воқеият», «Гардишҳои тақдир», «Аз решаҳо то гӯшаҳо», «Зиндагӣ дарёст…», «Оини суханварӣ» (шарикмуаллиф С.Сабзаев), «Иншои нотамом», панҷоҳ мақолаи илмӣ-публитсистӣ, ҳамчунин, муаллиф ва таҳиягари филмҳои мустанади «Марди ҷонфидо», «Дурахши наҷм», «Варзикиён», «Умри барқ», «Суруди зиндагӣ» мебошад.

Барои филмҳои мустанади «Ҷилои шамшер», «Бешаи палангон», «Аҷинатеппа» Барандаи Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, барои «Фарас» (коргардон Н.Раҳмон) ғолиби Озмуни байналмилалии филмҳои телевизионӣ (робитаи инсону табиат) дар шаҳри Теҳрон гаштааст.

Дорандаи медали «Хизмати шоиста», Нишони «Сухан», Нишони тиллои КМ ВЛКСМ «Зарбдори 5-сола», унвонҳои фахрии Аълочии фарҳанг, матбуот, маориф, телевизион ва радиои Тоҷикистон, медалҳои «75-солагии таъсиси РБДА ВКД ҶТ», «15-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ» мебошад.

Аз соли 1999 узви Иттифоқи нависандагон ва журналистони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо