Ҳамсарнавишти халқ

 Ҳамсарнавишти халқ

Ба муносибати 150-солагии Бобоюнус Худойдодзода

Овозхонӣ, шоирӣ ва достонсароӣ дар фарҳангу адаби мардуми тоҷик таърихи қадима дорад. Чеҳраҳое низ дар ин миён зуҳур намудаанд, ки дар чанд ҷабҳа, аз ҷумла шеър ва мусиқӣ табъозмоӣ кардаанд. Лозим ба ёдоварист, ки сарояндаи шеър ва махсусан, достони қаҳрамонӣ бояд қувваи бузурги ҳофиза, хотираи қавӣ, истеъдоди комили шоирӣ дошта бошад. Агар шоир аз ин ҳунарҳо орӣ бошад, наметавонад дар роҳи эҷод муваффақ гардад.

Хушбахтона, дар кишвари мо шоирон ва достонсароёни зиёде ба камол расидаанд, ки дар тӯли таърих бо шеърҳо ва нигоштаҳои худ мардумро дар рӯҳияи ватанпарастӣ, инсондӯстӣ, далериву қаҳрамонӣ тарбият намудаанд.

Вақте сухан аз ин боб рафт, симои ҳофиз, шоир ва достонсарои халқ Бобоюнус Худойдодзода пеши назар меояд, ки дар тӯли солҳо шеъру достонҳои пуршумори қаҳрамонӣ эҷод кардааст ва достони қаҳрамонии “Гуруғлӣ”-ро бо маҳорати баланду ҳайратангез сурудааст.

Бобоюнус Худойдодзода аз ҷумлаи шоиронест, ки ҳам дар сабки адабиёти навишторӣ ва ҳам дар сабки адабиёти гуфторӣ шеър сурудааст. Дар ибтидо байни аҳли адаби кишвар ҳамчун шоири мардумӣ шуҳрат доштааст. Бобоюнус Худойдодзода дар солҳои сиюми садаи XX дар қатори як гурӯҳ шоирони мардумӣ, мисли Ҳикмат Ризо, Ҳомид Саид, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон ба майдони адабиёт ворид гардида, маҳсули эҷодаш аз ҳамон солҳо ба хонандаи тоҷик шинос аст.

Ин шоир ҷаҳонбинии васеъ, таҷрибаи бойи эҷодӣ дошт, ки ҳангоми хондани осораш ба ин нуктаҳо пай бурдан мумкин аст. Ӯ дар бораи шахсиятҳои бузурги таърихӣ, амсоли Сафар Амиршоев, Зоя Космодемянская, Гастелло ва Муҳаммадӣ Иброҳимов асарҳои пурмазмун офарида, корномаҳои афсонавии онҳоро дар майдони ҷанг, ки барои несту нобуд сохтани душманон ҷони худро дареғ надоштаанд, дилнишину нишонрас ба тасвир мекашад.

Дар байни асарҳое, ки шоир дар мавзуи ҷангу ҳифзи Ватан эҷод кардааст, достонҳои ба фаъолияти ҷангии Гастелло ва партизанҳои шуҳратманди шӯравӣ бахшидашуда мавқеи хос доранд.

Бобоюнус Худойдодзода сарояндаи машҳури достони “Гуруғлӣ” буд. Шунавандагон ӯро ҳамчун донандагони хуби “Гуруғлӣ” мешинохтанд. «Гуруғлӣ» бо овози ширадори ӯ таъсири бештаре дошт. Ба ин минвол саҳми адиб дар густариш ва тарғиби асарҳои фолклорӣ сутуданист. Фолклоршинос Я. Налский аз истеъдод ва қобилияти шоирию гуруғлигӯӣ доштани Бобоюнус Худойдодзода воқиф гашта, чандин сол ба омӯзиши табъу нашр ва тарҷумаи осори ӯ машғул мешавад. Соли 1955 Я. Налский дар заминаи осор ва фаъолияти шоир рисолаи номзадияшро зери унвони «Ҳаёт ва эҷодиёти Бобоюнус Худойдодзода» дифоъ мекунад.

Бобоюнус Худойдодзода ба “Гуруғлӣ” меҳру муҳаббати бепоён дошт. Орзуяш ин буд, ки гуруғлихонӣ аз байн наравад. Аз ин рӯ шогирдони зиёде тарбият намуд. Дар ин миён метавон аз Содиқ Розиқов, Ҳақназар Кабуд, Қурбоналӣ Раҷаб ва дигарон ном бурд.

Ӯ рӯзгори ошуфтае дошт. Бо вуҷуди талошҳои зиёд зиндагияш ба сахтӣ мегузашт. Рӯзгори сахт шоирро аз деҳ ба деҳ мебурд. Ӯ ба шаҳрҳои Самарқанд, Фарғона, Тошканд сафар мекунад. Ҳангоми мардикорӣ дар ин шаҳрҳо ба зисту зиндагонии мардум ошноии бевосита пайдо менамояд. Ин шиносоӣ ба ӯ илҳом мебахшад, ҳисси худшиносияшро бедор мекунад. Дар ҳамин рӯзҳои сахти мусофирӣ асари беҳтарини худ «Шӯриши Восеъ»-ро ба охир мерасонад.

Бобоюнус Худойдодзода солҳои 1907-1915 дар роҳи оҳан ва солҳои 1915-1918 дар заводи пахтатозакунии Тошканд кор мекунад. Ӯ бо коргарони русу ӯзбек дӯстӣ пайдо карда, аз онҳо сабақ меомӯзад, ҷаҳонбинии худро васеъ менамояд. Шоир дар охири солҳои 1919 бо машаққати зиёд ба ватан бармегардад.

Тобистони соли 1941 Бобоюнус Худойдодзода ба Сталинобод (Душанбе) меояд. Ӯ бо шоиру нависандагони маъруф Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Фотеҳ Ниёзӣ, Мирсаид Миршакар, Лутфулло Бузургзода, Раҳим Ҷалил ва дигарон аз наздик шинос мешавад. Лутфулло Бузургзода ва Раҳим Ҷалил аз забони шоир бисёр асарҳояшро навишта мегиранд, ки ҳоло дар ганҷинаи фолклори тоҷик нигоҳдорӣ мешавад.

Бобоюнус ҳамчун шоири халқӣ шеър ва достонҳои зиёде иншо намудааст. Аз ҷумла, «Ҷавоб ба душман», «Суруди Зафар», «Арӯс», «Умр», «Рӯзҳои гузашта», «Давраи ғарибӣ», «Дар бораи Ленин», «Абдулло командир», «Таслим намудани босмачиён», «Мулки навобод», «Колхози мо», «Дар бораи роҳ», «Достони Муҳаммади Иброҳим», «Қаҳрамони ватан», «Заҳҳоки морон», «Қутайба ибни Муслим», «Сарҳадамонро посбонӣ кунем» ва ғайраҳоро номбар кардан мумкин аст.

Сурудаҳои шоир сабки омиёна дошта, дар маҷмуаҳои “Шеър ва достонҳо” (1941), “Баҳодурони майдони Ҷанги ватанӣ” (1943) “Муҳаббати халқ” (1951), “Сурудҳои Ҳофиз (1967) гирдоварӣ шудаанд.

Барои саҳми назаррас гузоштан дар интишори назми халқӣ шоир Бобоюнус Худойдодзодаро соли 1941 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфтанд.

Хушбахтона, соли 2008 бо ташаббус ва заҳмати зиёди фарзанди шоир китоби «Бобоюнус Худойдодзода» аз чоп баромад. Мураттибони китоб Назари Бобоюнуси Худойдодзода, Абдуллоҷон Юнусов, Бегназар Аҳмадов заҳмати зиёд ба харҷ дода, маводи бисёреро, ки дар бораи рӯзгор ва осори шоир навишта шудааст, ҷамъоварӣ намуда, пешкаши хонандагон гардониданд.

Абдуламин МАҶНУНОВ,
фолклоршинос

Дигар хабарҳо