Ҳамсадоӣ бо Паём. Робиаи Балхӣ

 Ҳамсадоӣ бо Паём. Робиаи Балхӣ

Дар ин радиф, аз ҷониби ЮНЕСКО қабул шудани қатъномаҳо дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» ва бузургдошти 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар солҳои 2026-2027 далели ҷойгоҳи хоссаи меросу арзишҳои фарҳангиву маънавии тоҷикон дар тамаддуни умумибашарӣ мебошад.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 декабри соли 2025

Диловарию дилоро, аё Саразми куҳан
Ва зиндадошта моро, аё Саразми куҳан,
Ба пораҳои ту подор давлати халқ аст,
Наӣ ту як гилу хоро, аё Саразми куҳан.
Ту шаҳри орзуи миллативу ҷовидном,
Чи форамиву чи форо, аё Саразми куҳан.
Ҳама сафоли ту фоле зи сарнавишт бувад
Ва рамзи фоли гуворо, аё Саразми куҳан.
Сараввалӣ туву оғози сад Самарқандӣ
Ва пештар зи Бухоро, аё Саразми куҳан.
Ба кӯчаҳои ту овози Рӯдакӣ ҷорист
Ба бӯйи анбари соро, аё Саразми куҳан.
Ҷаҳони пир кунад бояд ин замон дигар
Қадимии ту шиоро, аё Саразми куҳан.
Бимон ҳамеша сари азми ин азим диёр
Ба бахти миллати Доро, аё Саразми куҳан!

***

Робиа нахустшоираи форсигӯ ва ҳамзамони устод Рӯдакист.

Дар борааш муаллифони қабл аз Фаридуддини Аттор ҳам ишораҳо карда будаанд, вале маҳз дар боби «Ҳикояти Робиа – духтари Каъб»-и «Илоҳинома»-и шайхи нишопурӣ («Илоҳинома», Истонбул, матбааи «Маориф», 1940, «Мантиқут-тайр» ва «Илоҳинома»-и Фаридуддин Аттори Нишопурӣ. Теҳрон, интишороти «Паймон», 1382) рӯзгораш муфассал шарҳ ёфтааст.

Аз он ҳикоят мефаҳмем, ки дар Балх «амире сахт олирой буд» бо номи Каъб ва эътиқоди муаллиф бар адлу доди ӯ чандон аст, ки «каъбаи дин»-аш мехонад.

«Амири покдин» Каъбро «як писар буд», ки «ниҳода ном Ҳорис шоҳ ӯро» ва яке духтар, ки «дар шеър гуфтан хушзабон буд». Каъб ба ворисаш васият мекунад, ки хоҳарашро нигаҳбон бошад ва Ҳорис чанде «чу ҷон медошт хоҳарро гиромӣ».

Ҳорис Яктош (шояд ба маънои «яктояш, яктои Худо») ном ғуломи хушсурату хушсирате дошт (дар баъзе нусхаҳо Бектош омада, бешак, ба иллати шабоҳати зоҳирии калимаҳо ва адами маънохонӣ, ки вазнро хароб мекунад).

Боре Робиа тасодуфан саҳнаи базми шоҳонаро мебинад ва чашмаш ба Яктош меафтад, ки:

Гаҳе сармаст дардодӣ шаробе,
Гаҳе бинвохтӣ хуш-хуш рубобе

ва маҳву моти он ҳусну ҷамол гашта, батадриҷ бемор мешавад. Чун табибон илоҷи дардашро наёфтанд, дояаш сабаб ҷуст ва Робиа «ба хуни дил яке нома адо кард» ва «яке сурат зи нақши хеш чун моҳ» дар он ниҳода, ба Яктош фиристод. Яктош «чу нақши ӯ бидиду шеър бархонд», низ дил аз даст дод. Вақте ки доя ин хабар ба Робиа бурд,

Намедонист коре он дилафрӯз
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан шабу рӯз,
Равон мегуфт шеъру мефиристод,
Чунин дар шеър гуфтан гашт устод.

Рӯзе дар даҳлез дилдодагони дилкабоб дучор омаданд ва Яктош домани дилбар гирифт. «Духтар барошуфт», ки «маро дар сина коре уфтодаст, валекин аз ту он корам кушода-ст, ки ту ин корро бошӣ баҳона» ва таънааш кард, ки «ба шаҳватбозӣ афтодӣ аз ин кор!»

Дар ин ҷо шайх Аттор шарҳи ишқи Робиаро аз Абусаиди Абулхайр мепурсад ва посух мегирад, ки «надошт он шеър бо махлуқ коре, ки ӯро буд бо Ҳақ рӯзгоре!».

Баъдан мулоқоти Робиа бо Рӯдакӣ ва камолоти шоираву ҳайрати Одамушшуаро ба қалам дода мешавад. Дар ин миён душманон ба Балх ҳуҷум меоранд ва бо мадади шоҳи Бухоро пирӯзӣ насиби Ҳорис мегардад. Ва дар набарде Яктоши қариб асирафтодаро гурддухтари ниқобпӯше наҷот медиҳад, ки ишора ба Робиа аст.

Боре шоҳи Бухоро ҷашн дошт ва Ҳорис низ, ки ба расми миннатдорӣ барои ёриаш назди ӯ омада буд, дар он ширкат меварзид. Рӯдакӣ, ноогоҳ аз ин ва «масти шеъру масти май», шеърҳои Робиаро мехонад ва аз рози ишқи ӯ сухан меронад:

Зи Ҳорис Рӯдакӣ огоҳ кай буд,
Ки ӯ худ масти шеъру масти май буд,
Зи сармастӣ забон бикшод он гоҳ,
Ки шеъри духтари Каъб аст, эй шоҳ,
Ба сад дил ошиқ аст ӯ бар ғуломе,
Дарафтодаст чун мурғе ба доме,
Замоне хурдану хуфтан надонад,
Ба ҷуз байту ғазал гуфтан надонад.

Ҳорис, ки қаблан низ бадгӯйиҳое нисбати хоҳараш шунида буд, баҳона меҷуст, то ӯро халок бисозад ва, дере нагузашта, чунин баҳона фароҳам омад. Шахсе, номадони Яктошро кушода, шеърҳои Робиаро, ки барои дилдораш фиристода буд, ба шоҳ мерасонад. Ҳориси сангдил, нахуст ғуломашро бандӣ намуда, ба чоҳ меафканад, сипас хоҳарашро, рагҳои даст бурида, ба ҳаммоми сӯзон мепартояд. Робиа деворҳои гармобаро бо сатрҳои хунбор пурашъор карда, ба ҳалокат мерасад. Яктош бо чи роҳе аз зиндон раҳо ёфта, Ҳорисро мекушад ва худро дар сари гӯри Робиа ҳалок месозад…

Ҳикояти шайх Аттор бисёр муассир аст, вале гумон меравад, ки аз хаёлот орӣ нест. Нахуст, сифоти амири Балх (баадлудод, покдин, олирой, каъбаи дин) насими сабуке аз қиссаҳои афсонавӣ дорад. Сониян, таънаи Робиа Яктошро, ки «ишқи ман дигар асту ту танҳо баҳонаӣ!» ва руҷуъ ба Абусайиди Абулхайр, ки Робиаро билкул шахсияти тасаввуфӣ шарҳу маънӣ мекунад, бӯйи тарғиби мазҳабӣ медиҳанд.

Руҷуи мазкурро дар ин хусус Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар «Нафаҳот-улунс» («Осор», Душанбе, «Адиб», 1989, ҷилди 8, саҳ. 130) батафсилтар овардааст:

«Шайх Абусайиди Абулхайр гуфтааст, ки духтари Каъб ошиқ буд бар он ғулом, аммо пирон ҳама иттифоқ карданд, ки ин сухан, ки ӯ мегӯяд, на он сухан бошад, ки бар махлуқ тавон гуфт… Шайх Абусайид гуфт:
– Сухане, ки ӯ гуфтааст, на чунон аст, ки касеро дар махлуқе афтода бошад…»

Баъзе муҳаққиқон Робиаи дигареро аз аҳли тасаввуф зикр кардаанд ва эҳтимоли солим он аст, ки шайх Аттор дониста ин ду шахсиятро ба ҳам омехта бошад. Робиаи шоираро – ба хотири саргузашти шӯрангезу муассир ва Робиаи мутасаввифро – ба хотири тарғиби мазҳаб. Вале муҳим он аст, ки шахсияти воқеӣ будани Робиаи Балхӣ дар дигар сарчашмаҳо зикр шудаву ашъораш то замони мо расидааст ва шайх Аттор, нимвоқеӣ бошад ҳам, ҳолномаи шоираро барои мо ба ёдгор гузоштааст.

Нуктаи дигари муҳим зикри мулоқоти ӯ бо Рӯдакист. Чун Рӯдакӣ он замон устод ва «шоири Хуросон» буд ва Робиа – ҳанӯз дӯшиза, таваллуди ӯро дар бузургсолии Одамушшуаро тахмин кардан мумкин будагист. Матлубаи Мирзоюнус – муаллифи китоби «Сиришке дар лола» (Хуҷанд, 1998) дар ин замина соли таваллуди Робиаро 920 гуфтааст. Вафоти шоираро, ки дар айни ҷавонӣ даргузаштааст, метавон аввали солҳои чилуми қарни Х тахмин кард.

Ҳамчунин, мавсуф бо истинод ба «Шеър-ул-Аҷам»-и Шиблии Нуъмонӣ, ки Робиаро «Фарвории Балхӣ» зикр кардааст, доир ба «фархорӣ» будани ин калима эҳтимоли ҷолибе пешниҳод мекунад. Дар ҳақиқат, ин байти шайх Аттор ҳам, ки дар саҳнаи Яктошро аз асорат раҳондани Робиа омадааст, ба фархорӣ ва рустамасл будани ӯ бевосита ишора дорад:

Битозам Рахшу бикшоям дари фасл,
Ки ман дар разм Рустам рустам аз асл!

Дар ин замина Шиблии Нӯъмонӣ дар занон ҳам ривоҷ доштани завқи шеъру шоириро яке аз ихтисосоти асри Сомонӣ дониста, менависад, ки «илова ба шоирӣ, дар сабоҳати манзар (ҳусну ҷамол – Н. Қ.) ва фазлу камол саромади занони асри хеш будааст» («Шеър-ул-Аҷам», ҷилди аввал, Душанбе, ДДОТ, 2016, саҳ. 48).

Дар бораи ҳунари шоирии Робиа ишораҳо зиёд аст. Аз ҷумла, ин ишораи Волаи Доғистонӣ, ки аксар гуфтаҳоро ҷамъбаст карда: «Духтарест, ки ба зӯри бозуи сухан дасти мардонро бар пушт баста. Соҳиби мазоқи нашъатайн буда, дар луғати тозию дарӣ ашъори обдор бисёр гуфтааст» («Риёз-уш-шуаро», ҷилди 2. Душанбе, 2018, саҳ. 152).

Ризоқулихони Ҳидоят, ки ба Робиаи Балхӣ манзумае ҳам бахшида будааст, ӯро «дар ҳусну ҷамол ва фазлу камол ягонаи рӯзгор» медонад, Муҳаммад Авфӣ «бар назми тозӣ қодир ва ба шеъри форсӣ бағоят моҳир»-аш мехонад. Саид Нафисӣ Робиаро чун «шоираи маъруфи давраи Сомониён» тавсиф карда, мегӯяд: «Нахустин занест, ки шеър ба забони дарӣ аз ӯ ба мо расидааст» («Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ», Порис, «Анҷумани Рӯдакӣ», 2022, саҳ. 465).

Бобоҷон Ғафуров таъкид мекунад, ки ба майдони ҳунар омадани чунин «шоираи баркамол аз дараҷаи баланди маданияти он замон (давраи Сомониён – Н. Қ.) гувоҳӣ медиҳад» («Тоҷикон», Д., 1998, китоби якум, саҳ.515).

Вале дар васфи шеъри Робиа ҳамоно нахустин ва ба гумони мо, болотарин гуфта байти зерини шайх Аттор аст, ки таъми сухани шоираро басо воқеӣ ва шоирона ифода менамояд:

Чунон дар шеър гуфтан хушзабон буд,
Ки, гӯйӣ, аз лабаш таъме дар он буд!

Дар замони мо ҳам адибон ба зиндагии фоҷиавию ҷолиби Робиа таваҷҷуҳи зиёд карданд. Қиссаи Тоҷӣ Усмон «Духтари ниқобпӯш», намоишномаи Абдусалом Атобоев «Робиаи Балхӣ», достони Гулрухсор Сафиева «Руҳи урён», манзумаи шоири Афғонистон Носир Таҳурӣ «Шуълаи Балх» натиҷаҳои ин таваҷҷуҳанд.

Намунаҳои шеъри Робиа

Даъвати ман бар ту ин аст:
                                «Эзидат ошиқ кунад
Бар яке номеҳрубон сангиндиле чун хештан,
То бидонӣ дарди ишқу доғи ҳаҷру ғамкашӣ,
Чун ба ҳаҷр-андар бипечӣ, пас бидонӣ қадри ман!»

***

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод.
Мисоли чашми Одам шуд магар абр,
Далели лутфи Исо шуд магар бод,
Ки дур борид ҳар дам дар чаман абр,
Ки ҷон афзуд хуш-хуш дар шаҷар бод?..
Гули хушбӯй, тарсам, оварад ранг
Аз ин ғаммози субҳи пардадар – бод.
Барои чашми ҳар ноаҳл, гӯйӣ,
Аруси боғро шуд ҷилвагар бод.
Аҷаб, чун субҳ хуштар мебарад хоб,
Чаро афканд гулро дар саҳар бод?!

***

Ишқ бори дигар овардам ба банд,
Кӯшиши бисёр н-омад судманд.
Тавсанӣ кардам, надонистам, дареғ,
К-аз кашидан сахттар гардад каманд!
Ишқ – дарёи каронанопадид,
Кай тавон кардан шино, эй ҳушманд!
Ошиқӣ хоҳӣ, ки то поён барӣ,
Бас бибояд сохт бо ҳар нописанд.
Зишт бояд диду ангорид хуб,
Заҳр бояд хӯрду пиндорид қанд!

***

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.
Магар чашми Маҷнун ба абр-андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт?
Ба май монад андар ақиқин қадаҳ,
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу роҳиб шуд андар либоси кабуд,
Бунафша магар дини тарсо гирифт?!

Дигар хабарҳо