Ҳамдардӣ

 Ҳамдардӣ

Реҳлати Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, инсони хоксор, нармгуфтор, ватандӯст, зиндагидӯст, миллатдӯст маро сахт ғамгин кард. Аз ҳикояҳои аввалин то навиштаҳои охиринаш хабардорам. Ҳамчун инсон, нависанда, шаҳрванд, шахсият ҳар қадар муҳаббату имкони­ят, ки дошт, ба харҷ дод. Мегӯянд, нависандаҳо баъди рафтан дар симои қаҳрамонҳои осорашон зиндагӣ мекунанд. Яъне, ки барои Кароматуллоҳи Мирзо, дӯсти мо, адиби хушном, падари меҳрубон, маҳбуби хонадон зиндагӣ давом дорад.

Ғамгинем, ки дар сафи мо дигар Кароматуллоҳ нест. Аммо худро бо он тасаллӣ медиҳем, ки то китобҳои ӯ дастобадаст мегарданд, то қаҳра­монҳои ӯ бо ишқ ва самимият дар байни мардум кору пайкор мекунанд, дӯсти мо, нависандаи мо зинда аст.

Руҳаш шод ва хонаи охираташ обод бод.

Чӣ кор кунем, ки омадан ҳасту рафтан ҳаст. Ҳайҳот:

Аз марги ёрон ҳоли ҷон бечоранолӣ мешавад,
Бо марги мардони ҳунар сайёра холӣ мешавад…

                                                                  Бо андӯҳ ГУЛРУХСОР

 

Ёдаш ҳамеша бо мост

Дишаб ба раҳмати Худо пайвастани адиби заҳматписанду пурмаҳсул, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Кароматуллоҳи Мирзо дар синни 83 до­ираи пирони суханро тангтар кард. Дареғ. Аз ба­ракати қалами эшон ҳикояву қисса ва романҳо, қаҳрамонони зиёди мусбату манфии хотирмон дар хони насри муосири тоҷик ба ёдгор монд.

Оғози ҳамин моҳ масъули шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон Сироҷиддин Икромӣ ҷилди сеюми осори Кароматуллоҳ Мирзо “Ҳи­кояҳо ва хотираҳо”-ро (750 саҳифа) ба ман супорид ва гуфт:

– Устод ба маҳфиле омада буд. Шуморо наёфт. Ин амонатро дод, ки бирасонам.

Зимнан К. Мизо дар охири умр ба кори ду­рандешонаву муфид даст зад. Вай тамоми осорашро ба таври дилхоҳ гирд оварду мурат­таб сохт ва бо ёриву ҳиммати ҷавонмардонаи писаронаш Иқбол, Парвиз ва Фирӯз ба чоп расонд. Беҳтарин иқдом. Нависандаи солманд дилпуру осуда шуд, ки нашри нигоштаҳои хур­ду бузургашро дар се ҷилд дид. Ҷилди аввал романҳо, ҷилди дуюм қиссаҳо. Ӯ аз ман хоҳиш кард, ки муҳаррири масъули ин ҷилдҳо шавам. Вале бори таҳриру ғалатгирии ҷилдҳо бештар ба дӯши Сироҷиддин Икромӣ ва Шодӣ Раҷабзод афтод. Ҳам хидмат ва ҳам таҷрибаандӯзӣ.

Банда ҷилди сеюмро дар хона кушодам. Кароматуллоҳ бо ҳусни хати бароям ошно, ҳар­фҳои хурд, вале хоно чунин соядаст навишта: “Абдулҳамид, ману шумо бо ҳам ба адабиёт омадаем, аз давраҳои наврасию ҷавонӣ. Аз нашри аввалин китобҳои шогирдонаамон боха­барем. Аз миён қариб як аср мегузарад. Ману Шумо мисли он рӯзҳо нестем, пир шудаем, бо ҳам боз китоб ба нашр мерасонем, барои имрӯз не, барои фардо. Шумо муҳаррири масъули ҷилдҳоям.

Кароматуллоҳи Мирзо. 30.09.2025″

Ман ба Бобо, – ба ӯ ҳамин хел муроҷиат мекардам, – занг зада барои эҳдои китоб арзи сипос намудам. Гуфтугӯи бардавом сурат ги­рифт. Бештар Бобо дил холӣ мекард, бо ҳаяҷону шитобзада. Ҳавои тозаву боғҳои Нилконро меситоиду сайругашт бо набераҳоро. Боз гуфт, ки тарзи навишти ӯ каме дигар, аз ману дигар ҳамқаламон каме дигар аст.

Ҳар кас нависандаи тарзи худ асту хонандаи худро дорад.

Андешааш дуруст буд. Агар ҳамаи нави­сандагон дар як чорчӯбаву сабку забон асар бинависанд, якрангӣ насрро ланҷу беравнақ ва дилбазан карда, ба безавқӣ ва кундии зеҳну аз мутолиа дур намудани хонанда мусоидат менамояд.

Зиндаёд Кароматуллоҳ бо роҳу равиши нигориши хеш дар мавзуи деҳоту деҳотиён ва дарду армону адолати иҷтимоӣ, ба сари инсоф кашидани харобкорону каҷравҳо, тантанаи ишқу ҳаваси ҷавонҳо ҳикоя, қисса ва романҳо офа­рид: “Дарди ишқ”, “Нишони зиндагӣ”, “Дар орзуи падар”, “Марги бегуноҳ” ба истиқболу пазироии гарми хонандагон сазовор шуданд. Ба воситаи асарҳои нав ба нав маҳбуби хонанда шудани нависанда аз ковишу офариниши бадеии ӯ бо заҳмати афзуни ҳадафманди ошиқона башорат медиҳад.

Зиндаёд Кароматуллоҳи Мирзо то охирин рӯзҳои ҳаёт бо вуҷуди ранҷурӣ килкро аз даст нагузошт ва бо хонандагон ҳамеша дар саҳи­фаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ҳамсуҳбат буд. Хидматҳояш дар рушди матбуоту насри муоси­ри тоҷик зиёд аст. Дар солҳои душвор, ки раиси нашриёти “Адиб” буд, то тавонист, ба адибон мадад расонд. Дар тарбияи ҷавонони навқалам низ саҳми зиёд дошт.

Аз байни мо як нависандаи заҳматписанду пурмаҳсул, маҳбуби хонандагон ҷисман рафт, вале осори рангоранги зиндаёд Кароматуллоҳ дар майдони адабиётамон умри маънавияшро идома медиҳанд. Ин ҳам бахти адиб аст. Ӯ дар мазори деҳаи овозадори Нилкон, дар шафати оромгоҳи падари бузургвораш, эшони домулло Мирзо манзили охират ёфт. Васияташ ҳамин будааст ва ин саодат насибаш шуд.

Аз зиндаёд Кароматуллоҳ хотираҳои афзуне аз фазилатҳои инсонӣ, хидматаш дар адабиёту матбуот дар дилу дидаи банда ва ҳар як ҳа­мқалам аст. Шамъи хотирааш фурӯзон, хонаи охираташ обод бод!

Абдулҳамид САМАД

  Марде зи миён рафт…

Ин хабар дилҳоро реш карду танҳо­ро ларзонд ва дидаҳоро пур аз нам кард. Оре, аз миён рафтани як шахси бедордил, эҷодкори асил, хоксору за­минӣ барои ҷомеа ва аҳли илму адаби кишвар хеле гарон аст.

Акнун килки сеҳркораш рӯи даф­тари мизи кориаш хомӯшу беҳаракат ва андӯҳбор аст, рӯи пайроҳаи коғазӣ дигар роҳ намепаймояд, эҷод наме­кунад, бо нигоҳи пур аз сиришк ба сӯи айнакҳои сокиту гаронбор менигарад, ки онҳо низ ғамбору ғамзоянд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон, устод Кароматуллоҳи Мирзо ин оламро падруд гуфта, ба дунёи ҷовидонӣ, ба сӯи охират сафар кард.

Бояд гуфт, ки кохи эҷоду ҳунари ӯ барҷо ва муҷаллост ва солҳову асрҳо бегазанд хоҳад монд. Мардум ба эҷодиёти ин нависандаи ҳунарманд муҳаббати хоса, эҳтироми зиёд дошта, ӯро ба ҷон дӯст медоранд. Ҳамин дӯстдорию муҳаббату эҳтиромро миллати фарҳангпарвару адабиётдӯсташ ҳамеша нигаҳдор хоҳад буд.

Устод осори мондагоре ба мерос гузошт, ки онҳо дурдонаҳои зарҳали­еро мемонанду таваҷҷуҳи хонандаро ба худ ҳатман ҷалб мекунанд ва ҳар кас аз онҳо ҳамчун аз хони пурнеъмати маънавӣ ғизо мечинад.

Марди шикастанафсу ҳалиму меҳрубон буд устод. Ҳангоми вохӯрӣ хеле самимона аз саломатӣ, ҳолу аҳвол, кору фаъолият, хонавода ме­пурсид ва ҳини суҳбат ба номи ҳам­суҳбати худ вожаи эҳтиромии “ҷон”-ро зам мекарду гап мезад.

Устод Кароматуллоҳи Мирзоро аз солҳои пеш мешинохтам ва мо ҳар замон телефонӣ суҳбат мекардем. Устод аз адабиёт ва эҷоди худ сухан мегуфту таъкид мекард, ки аз эҷоди ҳамсуҳбаташ низ ба воситае (китоб ё рӯзномаю маҷаллаҳо) хуб огоҳ аст ва суханҳои умедворкунанда мегуфт.

Дар хотирам ҳаст, ки чанд сол пеш аз оинаи нилгун филми бадеие аз рӯи асари устод Кароматуллоҳи Мирзо “Дар орзуи падар” намоиш дода мешуд. Кампири ҳамсояе дар хонаи мо буд ва филмро тамошо мекард. Ҳолати риққатовари қаҳрамони филм Меҳрубонро медиду ашкашро пинҳонӣ пок мекард. Ниҳоят лаб ба сухан кушод: “Ин бачаи бечора дар хонаи соҳиби ҳамин кино (нависандаи филм) будааст, ки ӯро ин қадар хуб мешинохтааст, ҳамааш ҳақиқат аст”. Ман ба гап ҳамроҳ шуда гуфтам: “Не, холаҷон, устод ин бачаро аз наздик мешинохтааст ва зиндагии ӯро хуб мушоҳида намудааст”.

Дар ҳақиқат, вақте ки тасвири адиб ба дараҷаи олӣ мерасад, ба дили хонандаву бинанда таъсири амиқ мегузорад, ӯро ба фикр кардан водор месозад ва ба ин васила ҳу­нари тасвиргарии худро ба намоиш мегузорад…

Ба аҳли хонаводаи устод Карома­туллоҳи Мирзо сабри ҷамил орзуман­дам.

Лаълҷубаи МИРЗОҲАСАН,

Дигар хабарҳо