Ҳаловати ҳамнишинӣ

 Ҳаловати ҳамнишинӣ

Ба муносибати 80-солагии адиби зиндаёд Иноят Насриддин

Як рӯзи баҳори соли 2009 буд. Ман аз ҷои корам Ширкати «Барқи Тоҷик» баромада, ба роҳ рост мешудам, ки аз рӯ ба рӯям нависанда Иноят Насриддинро дидам. Мо чанд бор дар маҳфилҳои Иттифоқи нависандагон ва дигар маъракаҳо во хӯрда, шиноси салому алайк будем. Аз ин рӯ, истодам, то Иноят Насриддин наздик шавад ва вохӯрдӣ кунем. Аслан, ман ҳама вақт ҳамкасбонам, нависанда ё шоиреро бубинам, дилам кушода мешавад. Онҳо барои ман одамони наздиканд, ба онҳо меҳри махсусе дорам, ҳарчи набошад, мо мавзуе меёбем, ки ба якдигар каме гап-гап кунем. Ин дафъа низ ҳамин тавр шуд…

Вақте Иноят Насриддин наздик шуду мо салому алайк кардем, чеҳраи ӯ низ шукуфт. Маълум, ки аз ин дидор ӯ низ хурсанд аст. Мо, аввал рост истода, сипас, вақте суҳбат торафт ширинтар шуд, ба хараки канори роҳ нишаста, хуб дил кафондем. Маълум шуд, ки Иноят Насриддин ҳамин шабу рӯз аз Вазорати фарҳанг ба нафақа баромада будааст.

– Одаме, ки як умр кор кардааст, дар нафақа гаранг мешудааст, – ҳангоми суҳбат изҳор намуд Иноят Насриддин.

Ин дам барқвор дар дилам нақшае пайдо шуд. Раиси Ширкати «Барқи Тоҷик» ҳамон вақтҳо Санъат Асо ном марди хеле маърифатдӯст буд ва адибонро эҳтиром менамуд. Мо бо номи «Нерӯ» маҷаллае ҳам нашр менамудем. «Чӣ мешавад, ки устод Иноят Насриддинро ба кор даъват намоям? Розӣ мешуда бошанд? Баъдан, раисро барои воҳиди нави корӣ кушодан ба гап дароварда метавониста бошам?.. Ба ҳар ҳол, агар Иноят Насриддин барин одами баистеъдоду батаҷрибаро ба кор гирем, кори мо хеле сабук мешавад. «Аз дигар тараф, ин одам ҳам аз бекориву, ба гуфти худашон – гарангӣ, раҳо мешаванд», – гузашт аз дилам ва дуру дароз андеша накарда, ба сари мақсад омадам:

– Устод, ба «Барқи Тоҷик» ба кор меоед?

– Ба «Барқи тоҷик»? – як лаҳза ҳайрон шуда, гашта пурсид аз ман, сипас  табассуми фарохе намуда, шӯхиомез, илова кард: – О, ман ба усталба баромада наметавонам!

– Ёд медиҳам! –  бо ҳамон оҳанг ҷавоб додам ман низ: – то ёд гирифтана дар поён истода, кор мекунед.

Хулоса, маслиҳати мо пухт. Ман гуфтам, ки бо раис суҳбат мекунам ва аз натиҷааш ӯро огоҳ месозам.Мо рақамҳои телефонҳои якдигарро гирифта, ҷудо шудем…

Ҳамин шуду Иноят Насриддин ҳамкори мо гардид. Аз ин Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, ҳозира муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ки бо ман дар бахши матбуоти Ширкати «Барқи Тоҷик» кор мекард, низ хурсанд шуд. Акнун дар корхонаи соҳаи энергетика сафи мо – аҳли қалам боз як нафар афзуд.

Аз рӯзҳои нахустини фаъолияти якҷоя устод Иноят Насриддин дар дили мо роҳ ёфт ва муҳити моро хеле нарму гуворо намуд. Одамони калонсол аксар вақт андак инҷиқ мешаванд ва аз онҳое, ки нисбаташон  ҷавонанд, барои худ эҳтирому муомилаи махсусро талабгор мегарданд. Аксар инро зоҳир ҳам насозанд, аз ботинашон гоҳо рӯ мезанад. Иноят Насриддин  баръакс бо ахлоқу муомилаи хеле самимӣ, бо одоби баланд моро мафтуни худ менамуд ва шахсан ман ба вай нигариста, баъзе паҳлуҳои зиндагиро меомӯхтам. Барои кумак намудан ба ҳамкорон ягон вақт «банд» набуд, ҳама вақт «гӯш мекард» ва самимӣ посух медод. Устод Иноят Насриддин нисбат ба ягон одам як калима гапи бад намегуфт, ҳамаро сифат менамуд. Бо ҳузури худ, дафтари кории моро як зарра «танг» накард, балки хеле оро доду муҳити моро гуворо намуд. Аз муҳити тамоман дигар – Вазорати фарҳанг – ҷое, ки махзани илму адаб ва савту навост, ба ҷое, ки ба симу чӯбу оҳан сарукор мегиранд – Ширкати «Барқи Тоҷик», гузаштан ва дар байни ин одамон мутобиқ шудан низ барои ӯ ягон мушкилӣ наовард.

Ман фаҳмидам, ки Иноят Насриддин аз зумраи он одамонест, ки аз номуайянӣ наметарсанд ва хеле андешамандона ва оқилона ба ин тағйирот мутобиқ мешаванд. Иноят Насриддин ба ҳаёт, ба вазъ, барои ҳалли ҳама гуна мушкилот кунҷковии самимӣ дошт ва кӯшиш мекард, ки ҳар проблемаи пайдошударо пеш аз ҳал намудан аввал амиқ дарк кунад.

Ман аз давраи донишҷӯйӣ ба ҳикояҳои нависандаи мумтози тоҷик Саттор Турсун дилбастагии зиёд дорам. Ҳамаи асарҳои ин нависандаро, нашр шудан баробар, чун ҳавои тоза қабул намуда, мутолиа кардаам ва тавассути онҳо ба ноҳияи Бойсуну деҳаи Пасурхӣ ва дигар мавзеъҳои «талҳои сурх», рафтору гуфтори одамони он шиносам. То имрӯз барои ман муаммост, ки чаро кампиракони ховалингӣ, аз ҷумла модари ман ҳам, нони ғафсаки, ба истилоҳи имрӯзаи Душанбе – гирдачаро, «нони бойсунӣ» мегӯянд.

Рости гап, вақте фаҳмидам, ки зодгоҳи Иноят Насриддин низ ҳамин деҳа аст ва бо Саттор Турсун дар як рӯз ба дунё омадааст, эҳтирому таваҷҷуҳам ба ӯ зиёдтар шуд. Инро ба ман дигар рӯзноманигори бойсунӣ, дӯсти наздикам буд, шодравон Аваз Юлдошев қисса карда буд.

– Рост аст, ки шумо бо устод Саттор Турсун дар як рӯз ба дунё омадаед? – пурсидам боре аз Иноят Насриддин. – Бале, рост! – ҷавоб дод Иноят Насриддин, вале дарҳол  бо лаҳни андак тантананок, тавзеҳ даровард: – Лекин Саттор майдатар… Як соат дер ба дунё омадааст.

Ин гуфтаҳоро баъди чанд сол, устод Саттор Турсун дар ҷашни 70-солагии Иноят Насриддин дар баромадаш тасдиқ намуд:

– Ману дӯсти бачагиам Иноят Насриддин дар як рӯз таваллуд ёфтаем. Баъде, ки калон шудем, ӯ ҳангоми суҳбатҳоямон гоҳе шӯхиомез  мегуфт: –Ту ҷим шин, ҷим шину ба гапам гӯш деҳ. Куҷост инсоф, ту, охир, аз ман як соат хурдӣ!

Мо механдидем, чунки ҳамин гуна гуфтор низ аз беғашии муносибатҳои мо шаҳодат медод…

Ҳамкориву ҳамнишинӣ бо Иноят Насриддин ӯро бо мо наздиктару амиқтар шиносо кард. Дарвоқеъ, ин эҷодкор барои адабиёту фарҳанги тоҷик хидматҳои сазоворе кардааст.

Баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе (1967) дар Кумитаи телевизион ва радиои тоҷик ба фаъолият пардохтааст, аз муҳаррири хурд то сармуҳаррири идораи барномаҳои адабию бадеии радио ва телевизион расидааст. Аз соли 1992 то ба нафақа баромадан сармутахассиси Раёсати фарҳанг ва ҳунари Вазорати фарҳанги Тоҷикистон буд. Аз ташкилкунандагони фаъоли чорабиниҳои овозадори  «Андалеб» ва «Парасту» ба шумор меравад. Муаллифи беш аз даҳ китобу маҷмуаи очерку мақола ва қиссаҳо мебошад, ки тарзи рӯзгордории мардуми деҳот ва мушкилоташонро инъикос мена- моянд. Драмаҳои «Марги ду тан», «Қотили ҷонҳо», «Як рӯзи хазонрез» ва бисёр намоишномаҳои якпардагӣ навиштааст, ки дар театрҳои касбӣ ва халқии ҷумҳурӣ ба саҳна гузошта шудаанд, Баъди маргаш «Асарҳои мунтахаб»-и Иноят Насриддин бо ибтикори духтараш Шаҳло, ки ҷодаи падарро интихоб карда, ҳоло ба ҳайси муовини аввали директори Телевизиони «Ҷаҳоннамо» кор мекунад, нашр шуд.

Иноят Насриддин 2 августи соли 2010 дар синни 64-солагӣ аз олам гузашт. Мо зиёда аз якуним сол ҳамкор будем. Дар ин муддат аллакай тамоми кормандони хадамоти матбуоти Ширкати «Барқи Тоҷик» ба Иноят Насриддин одат карда, ӯро эҳтиром менамуданд. Шахсан ман аз одоби муоширати ин марди боандешаву ҳалолкор муносибат ба зиндагӣ ва одамон ва дигар чизҳоро омӯхтаам.

Афсус, сад афсус, ки умр ба Иноят Насриддин бевафоӣ намуд ва моро аз имкони ҳузури боҳаловати бо ӯ ҳамкору ҳамнишин будан бармаҳал маҳрум кард.

Нозир Ёдгорӣ,
нависанда

Дигар хабарҳо