Қутбнамои роҳи ҳақиқат

Ба муносибати 100-солагии адабиётшинос Соҳиб Табаров
Мизони суханро санҷидан, нақду баррасӣ кардан ва баҳои воқеӣ додан кори басо мушкил ва заҳматталаб буда, барои расидан ба дурри мақсуд дониши мукаммал, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти баланд, завқи латиф, иродаи мустаҳкам ва чашми ҳақбин бояд дошт. Чунин ҷавҳари хориқона ва отифона ба муҳаққиқи нозукбин имкон медиҳад, ки дунёи рангини эҷододкорро дуруст дарк кунад, биниши бадеӣ, дарунмояи андеша ва рамзу ишораҳои инфиродии ӯро пай барад ва сараро аз носара мӯшикофона ҷудо намояд. Ҳамин қобилияти заррабинӣ ба устоди бузургвор, донишманди нотакрор, олими пурмаҳсул, мунаққиди оташинсухан ва муаллими сахтгиру пурталаб Соҳиб Шуҳратиевич Табаров хос буд.
Вай то расидан ба мартабаи бузурги таҳқиқгарӣ ва ҷойгоҳи устувор ёфтан дар ҷомеаи илмиву педагогӣ аз озмунҳои зиёди ҳаётӣ гузашта, роҳи пурпечутоб ва ниҳоят вазнинро тай кардааст. Аз рӯйи нақлҳои худаш, вай душвориҳои сахти зиндагиро паси сар намуда, бо сад мушкил ба қуллаи мурод расид. Замони ниҳоят душвори солҳои бистуму сиюми асри бист, сахтии даврони ҷанг дар ақибгоҳ, роҳи душвори баъдиҷангӣ ва марҳалаҳои вазнини солҳои панҷоҳум ва ноадолатиҳои рӯзгору машаққати зиндагӣ устоди моро марди комилу дурандеш, сахтгиру пурталаб намуда буд.
Вай дар синни ниҳоят хурдӣ аз модар танҳо мемонад, падар ба суроғи модар афтода, дар танҳоӣ ва бекасӣ дар яке аз деҳаҳои ноҳияи ҳозираи Восеъ аз дунё мегузарад. Ӯ, бародари калонӣ ва хоҳари танҳомондаашро наздикону хешон ба ятимхона медиҳанд. Онҳо аввал дар сағирхонаи Муъминобод ва баъдан дар ятимхонаи Тебалаи Кӯлоб тарбия мегиранд. Дар ин миён ӯ ва бародарашро барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи шаҳри Самарқанд мефиристанд. Онҳо дар омӯзишгоҳи мазкур бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, аз он ҷо барои идомаи таҳсил аввал ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷекат, пасон ба Омӯзишгоҳи шаҳри Кӯлоб меоянд.
Соҳиби хурдсол ва зираку ҳушёр дар мактаб-интернат, омӯзишгоҳҳои Самарқанд, Панҷекат ва Кӯлоб бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, яке аз хонандагони фаъол ба шумор мерафт. Вай дар ҳузури мо борҳо ишора намуда буд, ки мо – бачаҳои аълохон дар омӯзишгоҳҳои ҷоноҷон (шодравон ин ибораро дӯст медошт ва доиман такрор менамуд – А. Р.) ба корҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла тайёр кардани рӯзномаи деворӣ машғул мешудем. Онҳо то нисфи шаб барои босифат баромадани рӯзномаи деворӣ дар хобгоҳ маводи рӯзномаро таҳия мекарданд, хушнависон онҳоро дар саҳифаҳо бо ҳусни хати зебо ҷо менамуданд ва то омадани хонандагон саҳар барвақт онро насб карда, толибилмонро бо ҳаёти муассисаҳо, дастовардҳои хонандагон ва эҷодиёти навқаламон ошно менамуданд. Дар рӯзномаҳои деворӣ бисёр матнҳоро Соҳибназари наврас таҳия мекард. Ӯ таъкид менамуд, ки “бо иллати фалаҷи по, ки нишона аз давраи кӯдакист, аз китобхонаи мактаб ва омӯзишгоҳ намебаромадам ва ҳамеша дар вақти холигӣ ба китобхонӣ машғул мешудам. Аксари асарҳои адибони рус, аврупоӣ ва шоирону нависандагони гузаштаву муосири тоҷикро ман дар ҳамин давра мутолиа карда, матнҳои ҷолиби асарҳои дӯстдоштаамро аз ёд менамудам”. Ба қавли худи устод, дар рӯзномаи девории Омӯзишгоҳи педагогии Кӯлоб чанд шеъри бачагонааш низ чоп шуда будааст. Вале бештар хабару мақола навишта, дар онҳо аз ҳаёти толибилмон, маҳфилҳои омӯзишгоҳӣ ва шарҳи ҳоли шоирону адибон гузориш медодааст. Таҳияи шеъру мақолаҳо завқи ӯро ба фанни забону адабиёт, таъриху фалсафа зиёд карда, барои идомаи таҳсил ӯро раҳнамун намуд. Баъди хатми омӯзишгоҳ Соҳибназари аълохон бе имтиҳон ба Институти педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко дохил шуда, соли 1943 онро бо муваффақият хатм менамояд.
Дар Донишкадаи педагогӣ низ устод аъло таҳсил карда, бештар ба мутолиа ва навиштани хабару мақолаҳо машғул будааст. Дар дарсҳои муаллимон фаъолона иштирок карда, аз устодони шинохта Ш. Ҳусейнзода, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, А. Алиев ва дигарон сабақ гирифтааст. Дар давраи донишҷӯиаш вай ба рӯзномаҳои саросарӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ ҳамкорӣ карда, хабару мақолаҳояшро чоп менамудааст.
Баъди хатми донишкада бо роҳхати Вазорати маориф як сол ба деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросони ҳозира рафта, дар он ҷо муаллимӣ менамояд. Баъдан ба Сталинобод (Душанбе) баргашта, аввал дар Донишкадаи педагогии шаҳри Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко ва бо таъсис шудани Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба таълимгоҳи мазкур ба кор гузашта, солҳои зиёд ба сифати устод, дотсент, мудири кафедра ва якчанд сол дар вазифаи ноиби ректор оид ба масъалаҳои илмӣ кор кардааст. Гарчанде баъди нафақа ба Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи устод Абуабдулло Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба кор гузашта бошад ҳам, то охири ҳаёт аз муҳити таълимиву илмии кафедраи дӯстдоштааш – назария ва адабиёти муосири тоҷик ҷудоӣ надошт ва ғамхору муниси шогирдон буд.
Устод С. Табаров фаъолияти илмиву педагогиашро баробар оғоз кардааст. Ӯ ҳангоми донишҷӯ будан дар бораи шоирону нависандагони тоҷик ва рус мақолаҳо навишта, эҷодиёти онҳоро ба хонандагони тоҷик муаррифӣ менамудааст. Пасон, ӯ бо муҳити адабиву илмии пойтахти Тоҷикистони азиз ошноӣ пайдо карда, дар маҳфилҳои илму адабӣ иштирок намуда, бо бисёр олимону адибон шиносоӣ пайдо кардааст.
Баъди хатми мактаби олӣ ӯ ба аспирантураи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ дохил шуда, зери роҳбарии академик Е. Э. Бертелс дар мавзуи “Романи “Ғуломон”-и Садриддин Айнӣ ҳамчун романи таърихӣ” рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Дар ҳамин давра ӯ ҳамчунин бо марказҳои илмии шаҳрҳои Маскав ва Ленинград ошноӣ пайдо намуда, аксари вақташро дар китобхонаҳои бонуфузи ин шаҳрҳо мегузаронидааст. Вай маводи зиёди илмӣ ва ҳуҷҷатҳои нодири таърихиро, ки ба тақдири халқи тоҷик вобаста буданд, ҷамъоварӣ намуда, ҳамроҳ ба Тоҷикистон овардааст. Ӯ баъзе вақтҳо дар бораи устодонаш ба мо шогирдон нақлҳои ҷолиб карда, аз шиносоияш бо устод Айнӣ, олимону шарқшиносҳои шинохта, аз ҷумла Е. Э. Бертелс, С. Андреев, А. Болдерев, И. С. Брагинский, А. Мирзоев, Х. Мирзозода, М. Шакурӣ, Ю. Бобоев ёдоварӣ мекард ва хидмати онҳоро дар рушди илм ниҳоят арзишманд медонист.
Пас аз дифои рисолаи номзадӣ Соҳиб Табаров ба Душанбе баргашта, аз як тараф ба шогирдон нозукиҳои илми адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт ва таърихи адабиёти шуравии тоҷикро таълим медод, аз сӯйи дигар, ба корҳои илмиву пажӯҳишӣ машғул шуда, мақолаҳои таҳқиқотӣ, очеркҳои илмӣ менавишт. Ӯ бештар ба назарияи мунаққидони саршиноси рус В. Г. Белинский, Н. Г. Чернишевский, Н. А. Добролюбов такя карда, бо таъсири нақди адабии рус ба таҳқиқу баррасии асарҳои тозаэҷоди адибони тоҷик машғул мешуд. Қисме аз чунин мақолаҳояш боиси баҳси илмиву адабӣ дар миёни адабиётшиносони тоҷик гардида, ин баҳсҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳо чанд муддат идома меёфт. Устод аз баҳсу мубоҳисаҳои илмӣ намеҳаросид ва ба ҷавоби адиб ё мунаққид ҳатман ё нома мефиристод ва ё мақолаи ҷавобия навишта, ҳақиқати андешаҳои худро бо мисолҳои назариву амалӣ исбот менамуд. Масалан, вақте доир ба достони “Ҳасани аробакаш” ва хусусиятҳои услубию ғоявии он мақолаеро бо номи “Баъзе қайдҳо дар бораи услуби достоннависии М. Турсунзода ва достони “Ҳасани аробакаш”-и ӯ” интишор кард, қисми зиёди адабиётшиносон эродҳои мунаққидро дар бораи мукаммал набудани сужа, сабку услуб ва низоъҳои ҳаётӣ дар достони мазкур қабул накарданд ва ба мақолаи муаллим ҷавоб навишта, эродҳои мунаққидро субъективӣ донистанд. Аммо пас аз чанд муддат худи устод М. Турсунзода баъди дубора таҳрир кардани достони мазкур пешниҳодҳои холисонаи адабиётшинос С. Табаровро ба назар гирифта, ба достон иловаҳои зарурӣ ворид карда, достони “Ҳасани аробакаш”-ро бо таҳрири нав, дар шакли китоби алоҳида аз чоп мебарорад. Ҳамин гуна камбудиҳои воқеиро ӯ дар баъзе ҳикояву қиссаҳо, шеъру достонҳои П. Толис, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, Ҳ. Аскар, М. Миршакар, М. Раҳимӣ, М. Наҷмиддинов ва дигарон мушоҳида карда, барои ислоҳи онҳо ба адибони фавқуззикр маслиҳатҳои муфид манзур намудааст. Пешниҳоди адабиётшинос С. Табаров дар бораи даврабандии адабиёти тоҷикӣ низ дар аввали солҳои панҷоҳум баҳси домандореро дар миёни таърихдонҳову адабиётшиносон ба вуҷуд оварда буд, вале баъдтар аксари муаллифони ҳангоматалаб ҳақ будани С. Табаровро эътироф карда, пешниҳодҳои устодро пазируфтанд.
Муаллим С. Табаров бештар ба эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар бораи ӯ на танҳо рисолаву дастурҳои таълимӣ, балки мақолаҳои зиёде таълиф карда, мақоми ӯро дар адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷик дуруст муайян намудааст. Вай ба шахсияти адиб, мақоми вай дар рушди назму насри муосири тоҷикӣ, хидматаш дар бедориву болоравии тафаккури халқ ва саҳмашон дар пешрафти илми бунёдӣ баҳои баланд дода, ӯро “қофиласолори адабиёти тоҷик” номидааст. Вай саҳми устод Айниро ҳамчунин дар таъсиси мактабҳои савтия, таълифи китобҳои дарсӣ равшан карда, хидматашро дар замони гузариш бесобиқа медонад. Ҳамзамон ӯро ҳамчун шоири муборизу навовар ба қалам дода, ашъори инқилобии ӯро намунаи беҳтарини назми солҳои аввали асри бистум донистааст. Махсусан ба хидмати устод Айнӣ дар назму насри муосири тоҷикӣ баҳои баланд дода, эҷодиёти ӯро мактаби бузург барои насли ояндаи кишвар дониста, таъсири ӯро ба осори адибони баъдӣ дар пояи эҷодиёти онҳо исбот кардааст. Мунаққид С. Табаров аввалин донишмандест, ки шаҷараи комили устод С. Айниро таҳқиқ карда, пешниҳод намуда буд,ки шаҷараи адибони дигарро низ мукаммал гардонанд.
Дар баробари омӯзиши эҷодиёти устод Айнӣ адабиётшиноси хушном ба таҳқиқи шахсияти Пайрав Сулаймонӣ рӯ оварда, доир ба зиндагӣ, осори адабӣ, мавқеи шоирии ӯ дар назми муосири тоҷик рисолаи пурарзишеро бо номи “Пайрав Сулаймонӣ” таълиф намудааст, ки то ҳозир дар адабиётшиносии тоҷик аҳамияти худро кам накардааст. Рисолаи мазкур ба сифати кори илмӣ ҷиҳати дарёфти унвони доктори илми филология таҳия шуда буд, аммо бо сабабҳои субъективӣ аз ҷониби Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи устод А. Рӯдакӣ ҷиҳати дифои рисолаҳои илмӣ қабул намегардад. Чунин муносибати ноадолатона ақидаи устодро шикаста натавонист. Ӯ ба ин нигоҳ накарда, рисолаи илмиро дар шакли китоби алоҳида бо номи болозикр чоп карда, дар рушди адабиётшиносии тоҷик саҳми босазо мегузорад. То ҳол дар илми матншиносӣ ва адабиётшиносӣ касе ба дараҷаи Соҳиб Шуратиевич шахсияти Пайрав Сулаймониро бо чунин фасоҳат ва балоғат таҳқиқ накардааст. Китоби мазкур то имрӯз ягона тадқиқоти ҷиддии монографӣ дар бораи яке аз бузургтарин шогирдони устод Айнӣ – Пайрав Сулаймонӣ буда, дорои маводи фаровони илмӣ, таърихӣ ва адабӣ мебошад. Муҳаққиқ дар пояи ҳуҷҷатҳои зиёди таърихӣ, воқеаҳои муҳимми солҳои бистуму сиюми садаи бистро таҳлилу баррасӣ карда, мавқеи зиёиён ва адибони ин давраро дар пешрафти ҷаҳонбинии халқи тоҷик дуруст муайян намудааст.
Дар таҳияи рисола устод С. Табаров якчанд соли умри худро сарф карда, аз китобхона, осорхона, бойгониҳои мухталиф дастхату мактубҳои шахсии ӯро бо ҳамқаламон, наздикон, дӯстон гирдоварӣ менамояд. Ҳамзамон нақлу шунидаҳои наздикону хешовандонашро санад карда, аз бойгонии фарзандони шоир – Гулчеҳра ва Лола Сулаймонова истифода менамояд. Барои такмили рисола борҳо ба Маскаву Тошканд, Самарқанду Бухоро сафар карда, аз архивҳои он ҷо маълумоти заруриро доир ба шоир ва замони ӯ ба даст меорад ва дар ниҳоят дар асоси ахбори нодир ва раднашаванда рисолаашро таҳия менамояд. Муҳаққиқ дар бораи гузаштагони шоир, муҳити илмиву адабии ӯ, завқи шеърдӯстии вай ва дар замони вазнини инқилоб гуреза шудани адиб, пас баргаштану ба кори инқилоб ҳамроҳ шуданаш, ҳамчунин мулоқоту суҳбатҳояш бо устод С. Айнӣ ва А. Лоҳутӣ пайдарпай маълумот медиҳад. Бояд гуфт, ки олими пуркору дақиқназар даҳҳо лаҳзаи нотакрори зиндагиву фаъолияти адабии Пайрав Сулаймониро таҳқиқ карда, ба эҷодиёти ӯ баҳои воқеӣ дода, мақоми шоирро дар назми шуравии тоҷикӣ дуруст муайян намудааст. Ҳарду фарзанди шоир то охири умрашон бо муаллим мукотиба мекарданд, аз ҳолаш хабар гирифта, дар ҳама суҳбатҳо хидмати донишмандро махсус таъкид мекарданд. Бешак, рисолаи мазкур намунаи беҳтарини таҳқиқот дар адабиётшиносии тоҷик буда, барои шинохти шахсияти Пайрав Сулаймонӣ ва муҳити адабии ӯ хидмати шоистаеро ба анҷом расонидааст.
Устод С. Табаров ба назму насри бадеии тоҷикӣ сидқан муносибат карда, доираи таҳқиқаш ниҳоят васеъ, доманадор ва бисёрпаҳлу ба шумор меравад. Вай дар баъзе мақолаҳояш агар таҳаввул ва ташаккули насри бадеиро таҳлил намояд, дар қисми дигар ҷанбаҳои навҷӯёнаи шоирони ҳамзамонашро арзёбӣ карда, ба истеъдод ва маҳорати адабии онҳо баҳои холисона медиҳад. Вай дар чанд мақолааш камбудиҳои драматургони тоҷикро низ ошкор карда, ба сабку баёни асарҳои драмавӣ баҳои воқеӣ додааст. Баробари ин, вай ба ҷараёнҳои адабӣ, таҳаввулоти жанрӣ, сабку услуби эҷодӣ ва ҷаҳонбинии шоирону нависандагон таваҷҷуҳ зоҳир карда, масъалаҳои умдаи адабиро мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Чунончи, дар мақолаҳои “Очерк ва ҳикоя жанрҳои ҷанговари насри имрӯзаи тоҷик”, “Ҳикоянависӣ кори саҳл нест”, “Оид ба тамоюли ҷустуҷӯҳои услубию бадеӣ дар насри муосири тоҷик” аз як тараф, дар бораи хусусиятҳои жанри ҳикояву очерк ва ҳамқадами замон будани онҳо андеша ронад, аз сӯйи дигар, таҳаввули тамоюли услубиву бадеии насри муосирро арзёбӣ карда, хулосаҳояшро дар бораи пешрафти адабиёти тоҷик ҷамъбаст менамояд. Чунин тарзи омӯзиши масъала, ки ҷанбаҳои назарӣ ва амалиро баробар фаро мегирад, хоси услуби илмии устод Соҳиб Табаров буда, дар бисёр мақолаҳояшон истифода гардидааст.
Дар мақолаҳое, ки ба эҷодиёти устод Ф. Муҳаммадиев бахшида шудаанд, ҳамин усули таҳлилро дидан мумкин аст. Устод С. Табаров аз солҳои панҷоҳум то охири ҳаёти нависанда ба осори вай таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, доир ба асарҳои Ф. Муҳаммадиев ва маҳорати нависандагии ӯ тақриз, китобиёт, мақола, очерки илмӣ навишта, саҳми ӯро дар рушди насри муосири тоҷик ба таври реалистона муайян намудааст. Вай дар мақолаҳои “Ҳуҷуми пардапӯшона ба повести “Дар он дунё”, “Гуфтор дар бораи одам ва одамгарӣ”, “Садоқат ба сабк”, “Устуворӣ ба сабк” ва бисёр мақолаҳои дигар дар бораи навҷӯӣ, интихоби дурусти жанр, маҳорати адабӣ ва камбуду норасоиҳои асарҳои Ф. Муҳаммадиев изҳори ақида карда, хидматашро дар рушди адабиёти муосири тоҷик воқеъбинона равшан намудааст.
Устод С. Табаров дар бораи ҷустуҷӯҳои эҷодии устод М. Қаноат ва саҳми ӯ дар рушди жанри достон низ якчанд мақола навишта, роҳи тайкардаи ӯро аз нахустин шеърҳояш то достонҳои мукаммали фалсафиаш мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор додааст. Муҳаққиқ дар мақолаҳои “Назм низом металабад”, “Таъби чун шамъ зинда”, “Кашф асрори мавҷҳо”, “Саҳифаҳои нави достонсароӣ”, “Васфи корнамоӣ ва мардонагӣ” ва амсоли инҳо дар бораи сабку услуб ва тарзи биниши шоирии М. Қаноат андешаҳои судманд баён карда, ба маҳорати шоирии ӯ баҳои реалӣ додааст. Вай хусусиятҳои жанрии достонҳои шоирро низ таҳқиқ карда, достони “Суруши Сталалинград”-и ӯро аз ҷиҳати жанр “достони таърихиву фалсафӣ” номидааст. Пас аз чопи мақолаи мазкур дар атрофи жанри достони “Суруши Сталинград” баҳси зиёд пайдо шуда, муҳаққиқони тоҷику рус назару андешаҳои мухталифро доир ба жанри достони “Суруши Сталинград” изҳор намуданд. Вале, мунаққид ба ақидаи худаш устувор монда, бори дигар исбот менамояд, ки чи аз ҷиҳати шаклу мазмун ва чи аз рӯйи дарбаргирии воқеаҳо, тарзи муҳокимаронии персонажҳо, мушоҳидаҳои шахсии шоир ва тарзи андешамандии ӯ достон аз ҷиҳати жанр таърихиву фалсафӣ буда, навоварии комил дар назми муосири тоҷикӣ мебошад.
Дар китоби панҷҷилдаи “Ҳаёт, адабиёт, реализм” мақолаҳои олим аз охири солҳои панҷоҳуми асри бист то даҳаи аввали асри бисту як ҷамъоварӣ шудаанд. Дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои адабиёти тоҷик мавриди таҳқиқ қарор гирифта, паҳлуҳои мухталифи эҷодиёти нависандагону шоирони шинохта, аз қабили устод С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, П. Сулаймонӣ, Ҷ. Икромӣ, Р. Ҷалил, С. Улуғзода, Ф. Муҳаммадиев, М. Турсунзода, М. Миршаккар, Б. Раҳимзода, М. Раҳимӣ, М. Қаноат, Л. Шералӣ, Ғ. Сафарзода ва дигарон мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор гирифтаанд. Адабиётшинос ҷанбаҳои мухталифи эҷодиёти адибони мазкурро вобаста ба мавзуъ, жанр, сабку услуб, тарзи ҷаҳонбинӣ ва амсоли инҳо мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Ба маънои дигар, китобҳои панҷгона ташаккул ва таҳаввули адабиёти тоҷикро аз охири асри нуздаҳ то солҳои ҳаштодуми асри бист дар бар гирифта, муҳимтарин дастоварди мунаққид ба ҳисоб мераванд.
Дар солҳои ҳаштодуму навадуми асри гузашта устод С. Табаров бештар ба навиштани китобҳои дарсӣ барои мактабҳои олӣ машғул шуда, дар заминаи курсҳои махсус дастур ва китобҳои дарсии “Методи таҳлили асари бадеӣ”, “Адабиёти муқоисавӣ”, “Дастури таълимӣ доир ба назарияи танқиди адабӣ”, “Асосҳои назарияи танқиди адабӣ”, “Адабиёти муосири советӣ”-ро таълиф намудааст, ки ҳар кадоми он ҷанбаи баланди назарӣ дошта, барои устодону донишҷӯён маводи фаровон пешниҳод менамоянд. Дастурҳои мазкур барои омӯхтани баъзе паҳлуҳои адабиёт ва дуруст таҳлил кардани асари бадеӣ ёрии амалӣ расонида, маҳсули ҷустуҷӯҳои илмиву методии адабиётшиноси маъруф мебошанд.
Дар солҳои охири навадуми асри бист ва аввали садаи бисту як устод С. Табаров равиши корашро каме тағйир дода, бештар ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёти аввали садаи бистум машғул мешавад. Махсусан таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии асри бистум, ҳаракати ҷадидон, қиёми ислоҳотгарон, фаъолияти равшанфикрон, рӯйдодҳои дигари сиёсиву иҷтимоӣ, ҳамчунин ба сӯйи худшиносиву худогоҳӣ даъват кардани аҳли ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқҳои милливу маънавӣ, рӯ овардан ба мактабу маориф, таълифи китобҳои дарсӣ ва шарҳи масъалаҳои ахлоқиву маънавӣ пояи пажӯҳишҳои илмии мунаққидро ташкил медиҳанд. Дар ин давра ӯ китобу рисолаҳои “Тақдири фоҷеавии як шоири тоҷик” (дар бораи Рабеӣ. – А. Р.), “Мунзим”, “Мирзо Мунзим”, “Мунзим раҳбари ҷамъияти ҷавонон ва раиси фирқаи ҷавонбухориён”, “Баёноти сайёҳи Ҳинд” Фитрат», “Оила ва вазифаҳои хонадорӣ аз назари Абдуррауфи Фитрат”, “Васфи Ватан дар ашъори Абдуррауфи Фитрат”, “Мубоҳисаи “зиёии деҳотӣ” ва “музофотишуур” бо “зиёии шаҳрӣ” ва “шаҳришуур”, “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат”, “Раҳбари наҷот”-и Абдуррауфи Фитрат” – қомуси ҳаёти халқи тоҷик”-ро таълиф карда, нақши равшанфикрони тоҷикро дар бедории шуури халқи тоҷик ниҳоят ҷиддӣ, воқеъбинона таҳлил менамояд. Махсусан, ӯ мақому мавқеи Абдулвоҳиди Мунзим, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, Абдуррауфи Фитрат, Садриддин Айнӣ, Абдуқодири Муҳиддин ва даҳҳо зиёии ватандӯстро, ки дар саргаҳи инқилоби фикрии тоҷикон қарор доштанд, воқеъбинона таҳқиқ карда, аз сарчашмаҳои зиёди таърихӣ, илмӣ, ҳуҷҷатӣ истифода намудааст. Вай ба шахсияти ин равшанфикрон баҳои дуруст дода, саҳми онҳоро дар огоҳ намудани масъалаҳои муҳимми маънавию иҷтимоӣ, раҳоӣ ёфтан аз ҷаҳолату нодонӣ, нақши занон дар ҷомеа, таълиму тарбия дар оила муҳим мешуморад. Ба ақидаи донишманд, зиёиёни ондавраина ҳисси баланди миллӣ пайдо карда, ниҳоят ҷиддӣ ва ошкоро масъалаҳои ҳаётиро ба миён мегузоштанд ва барои пешрафти кишвар талош менамуданд. Бо таъсири рӯзномаву маҷаллаҳои ҷадид, ошноӣ бо пешрафти кишварҳои ҳамсоя, фаъол гаштани ҳаракатҳои озодихоҳона равшанфикрони тоҷик низ дар пайи ислоҳот шуда, ҷамъиятҳо ва мактабҳои савтия таъсис медоданд ва хостори босаводу маданӣ шудани мардуми Бухоро мегардиданд. Ҳамин ақидаҳои пешқадамро махсусан Абдуррауфи Фитрат дар китобҳояш шарҳ дода, дигаронро низ даъват менамуд, ки дар пайи ислоҳоти ҷомеа ва мардум шаванд ва насли босаводро ба камол расонанд.
Устод С. Табаров ин ва дигар масъалҳои муҳимми иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар замони аввали соҳибистиқлолӣ муҳим шуморида, ҷонфидоиву ҷоннисории фарзандони тоҷикро дар ибтидои асри бистум мисол оварда, хидматҳои онҳоро шарҳу тавзеҳ медиҳад ва муносибати онҳоро ба халқу миллат ва таҳаввули тафаккури онҳо ошкор менамояд. Рисолаҳои илмиву оммавии индавраинаи устод С. Табаров барои равшан кардани рӯйдодҳои замони Инқилоби Октябр дар муҳити Осиёи Марказӣ ба хонанда маводи фаровон фаровон дода, дар ташаккули истиқлоли фикриву ҳисси ватандӯстии ӯ нақши арзанда мебозанд.
Дар арафаи садумин солгарди устоди зиндаёд, мунаққиди оташинсухан ва мураббии бемисл Соҳиб Шуҳратиевич Табаров ёди ӯро гиромӣ дошта, фаъолияти илмиву педагогияшро иҷмолан мавриди таҳлил қарор додем. Бовар дорем, ки аксари шогирдон ва мухлисони ин марди фозил, ки қутбнамои роҳи ҳақиқат будани ӯро хуб медонанд, аз иқдоми инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 100-солагии устод С. Табаров хушҳол гашта, бо Роҳбари давлат изҳори ташаккур менамоянд ва барояшон саломативу барори кор мехоҳанд. Мо низ ба ин мавҷи сипос ҳамроҳ гашта, ба Сарвари хирадманд тансиҳатӣ орзу мекунем ва хоҳони комёбиҳояшон мебошем. Ҳамзамон аҳли адабу қаламро ба муносибати садумин баҳори умри устод С. Табаров табрик гуфта, барояшон муваффақият орзу менамоем.