ҚОСИМ НИЗОМ
Низом ҚОСИМ 16 сентябри соли 1958 таваллуд шудааст. Соли 1974 мактаби миёна ва соли 1979 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси «филолог-журналист» хатм намудааст.
Солҳои 1979-2006 ба сифати мухбир ва мудири шуъбаи рўзномаҳо, ходими маҷаллаи «Садои Шарқ», корманди Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, сармуҳаррири Вазорати фарҳанг, муҳаррири варзидаи нашриёти «Адиб» кор кардааст. Солҳои 2006-2010 директори Муассисаи давлатии «Телевизиони кўдакону наврасон — «Баҳористон», солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз рўйхати ҲХДТ) буд. 1 марти соли 2015 бори дувум вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба ҳайси муовини раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ фаъолият намуд. 30 июни ҳамон сол дар Анҷумани XIV Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон раиси ин созмон пазируфта шуд. Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи феврали соли 1987 узви Иттифоқи нависандагони СССР, аз соли 1992 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муаллифи китобҳои ашъори «Хўшаи шеър» (нашриёти «Ирфон», 1984), «Хуни ситора» (нашриёти «Адиб», 1988), «Паровар», («Адиб», 1990), «Қаламҳой» (нашриёти «Маориф», 1997, нашри «Чархи гардун», 1998), «Барги саломи сабз», («Адиб», 2002), «Тафсири панҷ оҳ» («Адиб», 2008), «Маҳвора дар гаҳвора» (барои кўдакон, нашри «Истиқбол», 2008), «Кўҳи садо» (ба хати форсӣ, Пажўҳишгоҳи фарҳанги форсии тоҷикӣ, 2010), «Чорсў», «Аз ассалом то вассалом» (нашриёти «Истеъдод», 2014), «Хомасўзан», («Адиб», 2014), «Биё, дилро ба барги гул бипечонем…» («Адиб», 2018), «Насими сабзи меҳр» («Маориф», 2019), «Оташи тасвир» (Хуҷанд, «Хуросон», 2020), «Хўҷа, ҷўча ва чўҷа» (барои кўдакон, нашри «Истиқбол», 2021) мебошад.
Дар инъикосу муҳокимаи масъалаҳои муҳими ҳаёту адабиёт фаъолона ширкат меварзад. Мақолаҳои илмии оммавиаш бо тарҳи аёни масъалаҳои мавриди таҳқиқ, таҳлилу баррасии амиқ ва натиҷагириҳои дақиқ диққатҳоро ҷалб мекунанд. Ҳамчунин, дар бораи ҷиҳатҳои алоҳидаи эҷодиёти бисёр адибони маъруф ва ҷавони муосир мақолаҳо навиштааст. Маҷмўаҳои очерку лавҳа ва мақолаву мусоҳибаҳояш «Шеър дар дил, шеър дар ҳалқ, шоири халқ» (дар бораи Бозор Собир), «Дили «Дарё» (дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Саидқул Билол, нашриёти «Истеъдод», 2013), «Бо сўзҳо то созҳо» (дар бораи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб, ҳамон ҷо, 2014), «Меҳру сеҳри шеър» (нашриёти «Маориф», 2016, бо иловаҳо 2018), «Аз ҳақиқат, аз маҳорат, аз ҷасорат» («Дониш», 2022) ва «Як хомаву сад нома», ки омодаи чоп аст, намунаҳои онҳоро шомиланд.
Асарҳои саҳнавӣ низ менависад. «Тилгиром», «Амир ва асир» (манзум), «Борони ашк» («Курўш ва Куруз»), «Абадзинда», «Ганҷи дил» (манзум), «Борбад» (манзум) аз он ҷумлаанд. Аз рўи либреттоҳояш «Рустам ва Суҳроб» (оҳангсоз Талаб Саттор), «Борбад» (оҳангсоз Мустафо Вафоев), «Кони пурганҷ» (оҳангсоз Шуҳрат Ашўров) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ду опера ва як оперетта таҳия гардидаанд.
Шеърҳояш ба англисӣ, фарансавӣ, немисӣ, намунаҳои ашъор, драма ва мақолаҳояш ба забонҳои халқҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тарҷума ва чоп шудаанд. Худ низ дер боз фаъолона тарҷума мекунад. Китобҳои зерини тарҷумааш ба табъ расидаанд: Мирослав Валек (Словакия). «Маҳруми ишқ» (ҳамроҳи Бозор Собир), нашриёти «Ирфон», 1986; Габриела Мистрал (Чили). «Анвори тирамоҳ» (ҳамроҳи Гулрухсор Сафиева), нашриёти «Адиб», 1988; Чингиз Айтматов (Қирғизистон). «Пораабри сафеди Чингизхон» (қисса), нашриёти «Адиб», 2004, 2014; Юстинас Марсинкявичус (Литва). «Девор», нашриёти «Адиб», 2005; Сооронбой Жусуев (Қирғизистон). «Қанот ва Заррина» (достон). Бишкек, нашриёти «Бийиктик», 2004; нашриёти «Адиб», 2014; Ли Чжаосин (Чин). Саду шаш барг (ҳамроҳи Гулназар Келдӣ ва Саидалӣ Маъмур). «Адиб», 2006; Александр Вампилов. Пйесаи «Хонае дилкушо тирезаҳояш во сўи саҳро» (дар маҷмўаи «Шикори мурғобӣ», нашриёти «Адиб», 2008); Жаниш Қулмамбетов. Драмаи «Чингиз ва Бибисоро». (дар маҷмўаи «Ман қотилам», нашриёти «Истеъдод», 2012); «Чор қулла» (драмаҳои манзуми Софокл, Готси, Шекспир, Брехт), нашриёти «Адиб», 2012, Олжас Сулаймонов. «Эй Замин, таъзим кун бар одамин!» (маҷмўаи ашъор ва достон), нашриёти «Адиб», 2006, 2016, «Садои дил зи ҳар манзил» (тарҷумаи намунаҳои шеъри ҷаҳон), нашриёти «Адиб», 2018, Габриэл Гарсиа Маркес «Тафсилоти як марги эълоншуда» «Адиб», 2020.
Ғайр аз ин, бисёр шеър ва силсилашеърҳои шоирони замону маконҳои гуногунро тарҷума кардааст. Як қисми пйесаҳои тарҷумакардааш дар театрҳои гуногуни мамлакат рўи саҳна омадаанд.
Иштирокчии ҷашнвораҳои байналмилалии шеър дар Алмаато (Қазоқистон), Ереван (Арманистон), барандаи ҷоизаи Ҷашнвораи байналмилалии шеъри форсӣ дар Исфаҳон, Машҳад ва Теҳрон (Эрон).
Беш аз сад таронаи ватандўстона ва лирикиаш дар иҷрои ҳофизони шинохта пайваста дар радиову телевизион ва маҳфилҳои бузурги фарҳангӣ садо медиҳанд.
Дар қироати комили радиоии ашъори Рўдакӣ, «Шоҳнома», «Маснавӣ» (солҳои 1995-2009) иштирок кардааст.
Мураттиби маҷмўаҳои «Чил қалам» (намунаи шеъри навқаламон, «Адиб», 1985, ҳамроҳи Бозор Собир), Умари Хайём «Дувист рубоӣ. Двести рубаи» (1995), «Норак, муборак!» (2000), «Як сарзамин муҳаббат» (намунаҳои шеъри сад соли охири Афғонистон, «Адиб», 2005, ҳамроҳи Ҳоруни Роъун), «Баёзи меҳр» (намунаҳои шеъри муосири кишварҳои форсизабон, «Матбуот», 2006), Бозор Собир «Шоиру шеъре агар ҳаст…» («Адиб», 2007), Бозор Собир «Замини модарӣ» (Хуҷанд, 2019), Бозор Собир «Овезгоҳи овоз» («Маориф», 2019), «Шеърборон» (намунаҳои шеъри муосири кишварҳои форсизабон, «Адиб», 2016), «Иқбол, Халилӣ, Нодирпур» («Адиб», аз силсилаи «Ахтарони адаб», 2019), «Тазкираи мухтасари назми муосири тоҷик» («Маориф», 2019), «Иди Зафар муборак!» («Адиб», 2020, ба муносибати 75-солагии Ғалаба), «Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ» (аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2021), «Баёзи мухтасари назми муосири тоҷик» (аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2021), «Баёзи мухтасари насри муосир» (дар се ҷилд, аз силсилаи «Ахтарони адаб», «Адиб», 2022, ҳамроҳи Сироҷиддин Икромӣ) ва муҳаррири даҳҳо китобҳои мансуру манзум мебошад.
Узви Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Шўрои Марказии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ.
Барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ (2006), Шоири халқии Тоҷикистон (2014). Фаъолияти адабию ҷамъиятиаш ҳамчунин бо медалҳои «Хидмати шоиста» (2001), «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2011), «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021) ва ордени Ҷумҳурии Ўзбекистон «Меҳнат шуҳрати» (2018) қадр шудааст.
Почтаи электронӣ: nizom_kosim@mail.ru