Қирони ормонҳо

 Қирони ормонҳо

Уилям Шекспир, яке аз бузургтарин драмнависони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад, ки асарҳояш дар саҳнаи ҳамаи театрҳои хурду бузурги дунё гузошта шудаанд. Шекспири ҷавон фаъолияти эҷодии худро аз ҳунари актёрӣ оғоз бахшида, баъдан ҳамчу шоир ва драматурги номвар дар Англия ва берун аз он шуҳратёр гардидааст. Ба эҷодиёти ў, бешак, осори адабиёти форсӣ, хусусан достонҳои Низомиву Ҷомӣ, ғазалиёти Ҳофизу Саъдӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Фоҷеаҳои Шекспир дар саҳнаи театри тоҷик низ таҳия шуда, ба камолоти эҷодии ҳунарпешагон чун беҳтарин василаву таконбахши ҳунару истеъдоди онҳо мусоидат кардаанд. Соли 1939 аҳли эҷоди Театри Лоҳутӣ ба ифтихори 10-умин солгарди таъсиси театр фоҷеаи «Отелло»-ро дар тарҷумаи устод Лоҳутӣ, бо коргардон Е.И.Мителман ба саҳна гузоштанд, ки он соли 1941 дар шаҳри Маскав, дар доираи даҳаи адабиёту фарҳанги Тоҷикистон, аз ҷониби тамошогарони сахтгиру театрдўсти пойтахти давлати шўроҳо, хусусан роҳбари бузурги он И.В. Сталин баҳои баланд гирифт. Иҷрокунандаи нақши Отелло ҳунарпешаи шоистаи РСС Тоҷикистон Муҳаммадҷон Қосимов якбора ба дарёфти унвони Ҳунарпешаи халқии ИҶШС мушарраф гардид.

Соли 1947 фоҷиаи дигари У. Шекспир «Ромео ва Ҷулйетта», ки бо илҳом аз достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Низомӣ, боз ҳам дар тарҷумаи А. Лоҳутӣ (дар таҳияи Е.И. Мителман) рўи саҳна меояд. Ин фоҷеаи ишқи нокомро соли 1996 Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров бо тарҳу шакли нав, бо либосҳои миллии тоҷикона дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ таҳия намуд.

Соли 1957 фоҷеаи машҳури У. Шекспир «Шоҳ Лир»-ро коргардони маъруфи театр Е.И. Мителман дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ таҳия мекунад ва нақши Шоҳ Лирро Ҳунарпешаи халқии СССР Муҳаммадҷон Қосимов хеле ҷаззобу пурҳарорат иҷро мекунад. Соли 1961 ин фоҷеаро Ҳунарпешаи халқии СССР М. Қосимов аз нав таҳия мекунад ва нақши Отеллоро худ ҳамроҳи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ҳабибулло Абдураззоқов иҷро менамояд. Фоҷеаи «Шоҳ Лир» соли 1982 чун ормони деринаи Ҳунарпешаи халқии СССР Аслӣ Бурҳонов, коргардон Тўрахон Аҳмадхонов, дубора рўи саҳнаи Театри Лоҳутӣ таҳия мегардад. Соли 1979 коргардони рус Н. К. Детсик шоҳасари дигари У. Шекспир — фоҷиаи «Ҳамлет»-ро дар саҳнаи Театри Лоҳутӣ таҳия намуд ва нақши Ҳамлетро Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадоев ва Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Ширинбеков бозиданд.

Фоҷеаи «Ричарди III» низ аз ҷумлаи шоҳасарҳои У. Шекспир мебошад. Ин асар фоҷеаи таърихӣ буда, дар асоси воқеаҳои таърихии асри XV-и Англия эҷод шудааст. Воқеаҳои намоиш басо тезу тунд ҷараён ёфта, моҷароҳои пуртаззоди дарборӣ, талош барои тахту тоҷ, дурўиву мунофиқӣ, чоплусиву тамаллуқкорӣ барин хислатҳои зишти инсониро таҷассум мекунад.

«Ричарди III» то имрўз дар саҳнаи ягон театри Осиёи Марказӣ таҳия нашудааст, ҳарчанд ки тарҷумаи тоҷикии он солҳои 80-уми асри гузашта аз ҷониби Муҳиддин Фарҳат амалӣ гашта буд. Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, шодравон Ато Муҳаммадҷонов дар дил орзуи бозидани нақши Ричарди III-ро мепарварид, вале ин ормонро бо худ ба хок бурд…

Иҷрои ин нақши басо мураккабу душворро, ки шахсияти таърихии даврони худ мебошад, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рудакӣ Ибодулло Машраб низ зиёда аз 20-сол дар ормонгоҳи қалби худ ниҳон медошт.

Таҳияи саҳнавии ин фоҷеаи пурхун – «Ричард III» аз орзуҳои деринаи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А.Рудакӣ Давлат Убайдуллозода буд. Вақте ки ин ду ҳунарпешаи асил бо орзуву ниятҳои эҷодии худ ба ҳам омаданд, тарҷумаи қаблии асар эшонро қонеъ накард. Онҳо яқин карданд, ки шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ Низом Қосим низ орзуи тарҷумаи яке аз шоҳасарҳои манзуми Шекспирро дар дилу андешаи худ ҷой додааст. Инак, се ормони бузурги эҷодӣ ба ҳам пайваста, тарҷумаи нави фоҷеаи «Ричард III» аз рўи сужа ва ғояи бадеии асар ба таври эҷодкорона ва бо хоҳиши Ибодулло Машраб дар вазни «Маснавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ соли 2001 рўи кор омад.

Ин буд, ки аҳли эҷоди Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ аз 20-уми августи соли равон бо роҳбарии Ибодулло Машраб, коргардон Давлат Убайдуллозода ба таҳияи фоҷеаи таърихии У. Шекспир «Ричард III» шурўъ намуданд.

Ороиши саҳна ва тарҳу интихоби либосҳоро рассоми шинохта Ҷамшед Холиқов баҷо овардааст. Саҳна бо рамзҳо ва таҷассуми муҳити асри XV-и Англия ороиш ёфта, тахти баланд ва тоҷи овезон баёнгари сужаву муҳтавои намоиш мебошанд. Оҳангу мусиқии намоиш, ки танзимгари он оҳангсоз Далер Тиллоев мебошад, ҳолатҳои фоҷеавӣ, қатлу куштор, моҷарову таҳаввулоти воқеаҳо ва рўҳияи ғоявии асарро хеле амиқ ифода менамоянд.

Намоиш бо саҳнаҳои хунини қатлу куштор оғоз ёфта, воқеаҳо басо тезу тунд, бо ғаразу талошҳои ҷоҳталабона, макру ҳилла, фиғону шевани бонувони дарбор ба марги пайвандони худ ва моҷароҳои пуртаззоду ҷангҳои шадид ҷараён меёбанд.

Ҳерсог Ҳлоетер (Ричарди III), ки аз модар бадрўю зишт ва кўзпушт ба дунё омадааст, ба ҳама зебоиву накўиҳо ба атрофиёни худ бо нафрат менигарад. Ў барои зиштрўиву бадандомии худ мехоҳад аз табиат, аз офариниш, ки ўро чунин офаридааст, қасос бигирад, аз рўи ҷасадҳои шоҳону шоҳзодагони замон ба боло, ба сўи ҷоҳу мансаб, тахту тоҷ ва ҳукмрониву шаҳриёрӣ қадам мезанад. Барои расидан ба ғаразҳои баду пуркинаи хеш ў аз қатли кўдакони маъсум ҳам рўй намегардонад.

Талху шўри даҳр афзун дидаам,
Эй басо маргу басо хун дидаам,
Кай вале кас ашки чашмам дида буд,
Ҷўи ашкам гўиё хушкида буд, –

нидо мекунад Ричард ба хонум Анна ва бо азми қавӣ баҳри тасхир кардани дили хонум ва расидан ба мақсуди хеш омирона иқрор мекунад:

Оре, Ҳенрихи туро ман куштаам,
Кард ҳусни ту ба хун оғуштаам.
Эдвардат шуд зи дасти ман ҳалок,
Кард маҷбурам ба он ин рўи пок!

Ибодулло Машраб нақши ин шоҳи бераҳму золимро хеле устодона, бо ҳарорату истеъдоди баланд иҷро кардааст, ки дар таърихи театри тоҷик ин нақш ва таҳияи фоҷеаи «Ричарди III» як саҳифаи тоза мебошад. Шоҳасарҳои Шекспири бузург бо ҳаҷму андозаи хеш дар саҳнаи театрҳои ҷаҳон дар тўли дуним-се соат ва ҳатто бештар аз он намоиш меёфтанд.

Ҳамфикриву ҳамкории коргардон ва иҷрокунандаи нақши асосӣ, ки ҳарду аз аҳли мутолиа ва донандагони хуби адабиёту забон мебошанд, ба он мусоидат кард, ки фоҷеаи «Ричард III»-ро дар фосилаи як соату 10 дақиқа ҷамъбаст намоянд.

Чунонки дар боло зикр намудем, шоҳасарҳои Шекспир барои тарбияву камолоти истеъдоду ҳунари ҳунарпешагон сарчашмаи завқу рўҳу илҳоми саршор мебошанд. Аз ин ҷост, ки ҳунарпешагони маъруфи театр Фирўз Умаров (Ҳерсог Бенингем) Саодат Азизова (Ҳерсогзани Йорк), Асалбек Назриев (Лорд Стенил), Мастура Ортиқзода (Малика Маргарита), Малика Азизмамадова (Малика Елизавета), Абдукарим Машраб (Ричмонд), Аъзам Розиқов (Сер Гетсби), Салоҳиддин Шукурзода (Тиррел) ва дигарон нақшҳои худро басо ҷолибу зебо офаридаанд.

Бояд тазаккур дод, ки зимни таҳияи намоиши «Ричарди III» дар саҳнаи театри Лоҳутӣ як истеъдоди тоза кашф гардид. Он иҷрокунандаи нақши хонум Анна – ҳунарпешаи ҷавон, шогирди студияи таълимии театр Нозанин Тўрақулзода мебошад. Мавсуф дар радифи хеле ҷаззобу диданӣ бозӣ кардани нақши худ, ҳамчунин бо истеъдоди фавқулода матни манзуми ҳамаи иҷрокунандагони нақшҳои дигарро аз ёд кардааст.

Намоиши манзуми «Ричард III»-и У. Шекспир бо тарҷумаи хеле олӣ ва шеърияти баланд барои тарбияи завқу зебоипарастии тамошогарон ва ғанои маънавии ҷомеаи мо, ҳамчунин ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон армуғони пурарзише хоҳад буд.

Нахустнамоиши фоҷеаи «Ричард III» рўзи 5-ноябр ба ифтихори Рўзи театри тоҷик манзури мухлисону ҳаводорони санъати асил гардид.

ОРТИҚИ ҚОДИР

Дигар хабарҳо