“Қанди порсӣ” дар сурудаҳои Ҳофиз

Файласуф, муаррих ва ҷомеашиноси олмонӣ Фридрих Энгелс (1820-1895) дар як номаи фозилонааш ба файласуф ва ҷомеашиноси маъруф Карл Маркс (1818-1883) аз таърихи 6 июни соли 1853 бо таваҷҷуҳ ба ширинию шевоӣ забони форсиро langue universelle toute trouve (лунг йунивеғсел тут тғуве, фар.), яъне “забони мукаммали ҳамагонӣ” ба шумор оварда, дар ҳамин замина таъкид ба он дорад, ки “Ҳофизи пири сармастро, ки забонаш басо шевост, дар асл хондан гуворост”.
Дар ин номаи Фридрих Энгелс ду матлаби муҳим таъкид шудааст: якум, шукӯҳу азамати забони модарии мо ва мавҷуд будани имкони пазириши он ба сифати забони ҳамагонӣ; дувум, шукӯҳу азамати сурудаҳои Ҳофиз ба забони модарии мо, ки ин донишманд ба забони асл хондани онҳоро тарҷеҳ додааст.
Матлаби якум, яъне мавҷуд будани имкони пазириши забони модарии мо ба сифати забони ҳамагонӣ дар давраи нав заминаи воқеӣ дошт, зеро ин забон ҳатто дар замони зиндагии Хоҷа Ҳофиз дар қисмати бештари Осиё ба ҳайси забони муштараку умумӣ, яъне linguа francа (лингва франка, итал.) истифода шуда, номанигории фармонравоёни Шарқу Ғарб дар намунаи номаи Амир Темури Курагон (1336-1405) ба шоҳи Фаронса Карли VI (1380-1422) аз 15 июни соли 1403 ба ҳамин забон сурат гирифтааст.
Матлаби дувум, яъне ширинию шевоии сурудаҳои Ҳофиз ва лузуми ба забони асл хондани онҳо ҳам ҳақиқати воқеист. Зеро, тарҷума, ҳатто беҳтарин тарҷума ба ҳеч ваҷҳ наметавонад матлаби забони асл, ба хусус сурудаҳои Ҳофизро ба забони дигар бозгӯ намояд.
Забони модарии мо воқеан забони ширину шевост, ки сурудаҳои дилкашу дилангези Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (1325-1389), ба хусус ғазалҳои равону рангини ӯ дар баробари сурудаҳои дигар бузургони забону адаби мо, ба он ширинию шевоии бештар афзудаанд.
Худи Ҳофиз ҳам бо камоли итминон рақсу нози хубони Кашмиру Самарқандро ба танини сурудаҳояш дар ақсои олам марбут медонад:
Ба шеъри Ҳофизи Шероз мерақсанду менозанд
Сияҳчашмони кашмирию туркони самарқандӣ.
Суннати қадими мардуми мо ҳам, ки модарони тоҷик дар гаҳвора зери болини кӯдакони худ “Девон”-и Ҳофиз мегузоштанд, бегумон ба ширинию шевоӣ ва шукӯҳу шуҳрати сурудаҳои Ҳофиз пайванд мехӯрад. Модарони тоҷик бо ин иқдом гӯё ба хотири ҳифзи асолати забони модарӣ ва сухандону суханвар шудани фарзандони худ аз рӯҳу равони Хоҷа мадад меҷустанд. Ҳамин аст, ки сурудаҳои Ҳофиз, бахусус ғазалиёти ӯ, ҳатто ғазалҳоеро ҳам, ки ба вай нисбат медиҳанд (аз ҷумла, ғазали “Ин чи шӯрест, ки дар даври Қамар мебинам…”), то ба имрӯз дар байни мардуми мо аз маҳбубияти фаровон бархурдоранд.
Хоҷа Ҳофиз дар ашъори тобнокаш аз забони модарии ширину шевои мо бо се ном: порсӣ, паҳлавӣ ва дарӣ ёд кардааст, ки ҳамаи ин номҳо реша дар жарфои таърихи пурифтихори ин забон доранд ва муродифи ҳамдигар дониста мешаванд:
- “Порсӣ” ё ба таъбири Хоҷа “қанди порсӣ”. Номи “порсӣ” бо гунаи баъдии “форсӣ” маъмултарин номи ин забон аст, ки давраи нави он, ба эҳтимоли муҳаққиқони таърихи забон, аз даврони давлатдории Саффориён, ба хусус аз замони ҳукмронии Яъқуби Лайси Саффор ва расмият пайдо кардани шеъри дарбории порсӣ дар рӯзгори ӯ ибтидо мегирад. Ин номи забон дар аксари осори назму насри гузаштаву имрӯзаи мо ба мушоҳида мерасад. Масалан, Фирдавсӣ дар оғози достони “Хусрави Парвиз ва Ширин“ “Шоҳнома”-и безаволашро “номаи нав”-и порсӣ ном бурдааст:
Куҳан гашта ин номаи бостон
Зи гуфтору кирдори он ростон.
Ҳаме номаи нав кунам з-ин нишон,
Куҷо ёдгор аст аз он саркашон.
Бувад байт шаш бор бевар ҳазор
Суханҳои шоиставу ғамгусор.
Набинад касе номаи порсӣ,
Навишта ба абёт сад бор сӣ.
Дар рӯзгори Хоҷа Ҳофиз, чунонки дар боло ҳам ишора рафт, доманаи густариши ин забон Ҳинду Кашмиру Банголаву Чинро ҳам фаро гирифта буд. Ҳамин аст, ки Хоҷа “шаккаршикан” шудани “тӯтиёни Ҳинд”-ро мадюни “ба Бангола” рафтани “қанди порсӣ” медонад:
Шаккаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд
З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад.
Ибораи “қанди порсӣ” ҳамчун сифати забони модарӣ, эҳтимол зодаи табъи гуҳарбори Хоҷа Ҳофиз аст, вале қиёси ширинии ин забон ба қанду шакар дар забону адаби мо собиқаи тӯлонитар дорад. Шайх Саъдӣ дар “Гулистон” сурудаҳои худро ба ин забон “суханҳои ширинтар аз қанд” ёд карда, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба забони модарии мо сухан гуфтанро ба “шакар хӯрдан” шабеҳ донистааст:
Мусулмонон, мусулмонон забони порсӣ гӯям,
Ки набвад шарт дар ҷамъе шакар хӯрдан ба танҳоӣ.
- “Паҳлавӣ” ё ба таъбири Хоҷа “гулбонги паҳлавӣ”. Ин номи забон, яъне “паҳлавӣ” ва бо гунаи дигари “паҳлавонӣ” аслан дар таърихи забону адабиёти мо барои ифодаи ду забони давраи миёна: портӣ ва порсии миёна корбаст мешавад. Масалан, калимаи “паҳлавонӣ” дар “Шоҳнома” дар байти зер ба маънии забони портӣ омадааст:
Суханҳои Рустам ба нойу ба руд,
Бигуфтанд бар паҳлавонӣ суруд.
Дар байти дигари “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ калимаи “паҳлавӣ” забони порсии миёнаро ифода мекунад:
«Калила» ба тозӣ шуд аз паҳлавӣ,
Бад-ин сон, ки акнун ҳаме бишнавӣ.
Вале дар “Шоҳнома” ҳам ба маънии муродифи забони порсӣ омадани калимаи “паҳлавӣ” (“паҳлавонӣ”) ба назар мерасад. Масалан, яке аз дӯстони Фирдавсӣ ба хотири ба назм овардани “Шоҳнома” ба вай чунин муроҷиат фармуда буд:
Кушодазабону ҷавонит ҳаст,
Сухан гуфтани паҳлавонит ҳаст.
Дар сурудаҳои Ҳофиз калимаи “паҳлавӣ” ва ибораи “гулбонги паҳлавӣ” ғолибан ба маънии забони порсист:
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ…
Мурғони боғ қофиясанҷанду базлагӯй,
То хоҷа май хурад ба ғазалҳои паҳлавӣ.
3 . “Дарӣ ” ё “сухан гуфтани дарӣ”. “Дарӣ” ё “порсии дарӣ”, ки ҳамчунин “дурри дарӣ”, “ганҷи дурии дарӣ” … ҳам гуфтаанд, муродифи порсист, ҳарчанд баъзе донишмандон беҳтарин гӯйиши форсиро дарӣ донистаанд. Ба андешаи донишманди Афғонистон, доктор Аҳмад Ҷовид, дарӣ забонест, ки “аввалин талиаи он дар каронаҳои уфуқи Балху Бухоро партавафшонӣ доштааст”. Назар ба қавли ҳамин донишманд, забони дарӣ рӯзгоре “забони дарборӣ, расмӣ, кишварӣ гардид ва замоне фаро расид, ки барои тамоми сулолаҳои Осиёи Миёна (аз ҳар тираву таборе, ки будаанд) ва ҳамчунин аз ақсои Ҳинд то Рум забони муштараку умумии тамоми ин навоҳӣ, яъне Linguа Francа шуд”.
Дар ғазалиёти Ҳофиз калимаи “дарӣ” дар ду маврид ба сурати ибораи “сухан гуфтани дарӣ” корбаст шудааст:
Чу андалеб фасоҳат фурӯшад, эй Ҳофиз,
Ту қадри ӯ ба сухан гуфтани дарӣ бишкан.
Ё:
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огаҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад.
Байти охир ҳамчунин андешаи дар боло ёдшударо дар хусуси беҳтарин гӯйиши порсӣ будани гӯйиши дарӣ таъйид менамояд.
Дар маҷмуъ, аз он чи дар боло гуфта омад, метавон ба ҳамин натиҷа расид, ки дар сурудаҳои Ҳофиз забони модарии мо бо номҳои “порсӣ” (“қанди порсӣ”), “паҳлавӣ” (“гулбонги паҳлавӣ”) ва “дарӣ” ёд шудааст, ки ин се ном аз давраҳои рушди таърихии он маншаъ мегиранд ва муродифи ҳамдигар мебошанд. Муҳимтар аз ҳама, сурудаҳои ширину дилангези Ҳофиз ба мисли сурудаҳои шевову дилпазири Рӯдакию Фирдавсӣ, Носири Хусраву Умари Хайём, Саъдию Мавлоно… барои дар қисмати бештари Осиё ба ҳайси linguа francа, яъне “забони муштараку байналмилалӣ” мавриди истифода қарор гирифтани ин забони ширину шево дар асрҳои миёна ва ба таъбири Энгелс ба сифати langue universelle toute trouve, яъне “забони мукаммали ҳамагонӣ” эътироф шудани он дар давраи нав роҳ ҳамвор кардааст.
Ҳасани СУЛТОН,
узви вобастаи АМИТ