Қалъаи сухан. Ба муносибати 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун

 Қалъаи сухан. Ба муносибати 80-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун

Сарсухан ба китоби «Фонуси хаёл»-и Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун

 «Аз қалъаҳое, ки дар тасаввури бани башар вуҷуд дорад, бузургтаринаш Сухан аст», – мегӯяд устод Саттор Турсун.

Барҳақ, метавон ин китобро «Қалъаи Сухан» номид ё «Қалъаи ҳикмат» ё «Қалъаи муҳаббат». Устод бо ин сафинаи анвор сафар кардааст ба дурдасти шафақоғӯши ёдҳо, ба хотироти гуловези ҷавонӣ, ба фасли оғоз, ба қаламрави но- тасвиру нотасхири Рӯдакиву Фирдавсиву Низомиву Соибу Бедил – ба ҷуғрофиёи азими шеъри форсӣ, ба кишвари нилгуни Толстою Достоевскию Лермонтову Есенин, ба гузаштаҳои дарсомӯзи таъриху ба ояндаҳои мунири ноошно, ба ағбаҳои печ-печи сиёсату шоҳроҳи мустақими адабиёт – ба таҷаллизори абадият!

Тамоми ин китоб, ки гулчини хотираву ҳикмату бардошту андешаву омӯзаву афрӯзаву хулосаҳои ҷавҳарист, дар бирешими нафиси муҳаббат шуо медиҳад. Нависандаи маҳбуби мо бо чашми нағзбину некупазиру хушқазоват ба оламу одам менигарад ва аз ҳамин шабакаи офтобиву дидгоҳи нуронӣ андӯхтаҳои худро гузар медиҳад. Ин муҳаббат ба арзишҳои муаззами руҳонист, ки чун муҷассамаи шарафу шарофат дар китоби «Фонуси хаёл» тулуъ мекунад. Афроди ҷаҳонсозу чанбарагардоне чун Ҷавоҳирлал Неру, Толстой, Достоевский, Пушкин, Лермонтов, Шолохов, Хемингуей, Герман Гессе, Шайх Аҳмад Ёсин, Фридрих Нитсше, бузургони олами шеъру ирфони мо – Фирдавсиву Низомиву Абусаиди Абулхайр, Боязиди Бастомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Бедилу Соиб, Шавкати Бухороӣ, ҳодиёни муосири мо – устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ дар ин китоб мавриди муҳаббат ва меҳру хулуси муаллиф қарор гирифтаанд. Устод Саттор Турсун бо зеҳну фитрати ҷӯёву пӯёи худ аз наҷибтарин рашҳаҳои маънавии бузургони олам басе мутабаҳҳир аст ва ин вому илҳому ангезаҳои дилнишину дилнишон дар ҳуруфи ӯ муҳри мунаввар ниҳодаанд. Ин китобро мо ба унвони фарҳанги нухбагон ва феҳрасти нобиғагон шинохтем.

Аслан бузургон аз як миллатанд – аз миллати Одам алайҳиссалом! Устод Саттор Турсун ин ҳақиқатро муҷаддадан барои мо ифшо кард, ки офтоб шарқу ғарбу ясору яминро бо як чашм мебинад ва бузургон низ зери ин нодирагунбад офтобона рисолат доранд. Нависанда бо ранҷу ташвиши шадид аз зуҳури гурӯҳу азҳобу фирқаҳои миллатгаро шиква мекунад, аз сионистону яҳудигароёну туркисифатону тоҷиккушону фарангпарастону ховарситезону ину он, ки ба ҳамзистии борафоҳи ақвоми башар зарба мезананд ва нав-нав ихтилофу ихтилол эҷод мекунанд. Пасурхии азиз – рустои шарифи устод Саттор Турсун ҳам, ки дар оғӯши кӯҳҳои осмонкулоҳ паноҳ ёфтааст, аз таҷовузи тоҷикситезон эмин нест. Бойсун – дар қадим Босанд ё Басванд – рустгоҳу зодгоҳу муҳаббатгоҳи ӯ ҳам, кулли манотиқе ҳам, ки нишемангоҳи азалии тоҷикон буд, мавриди танаффуру таҳқир қарор ёфтааст. Ва ин ҳама ҷиноятро нависанда на бо номи халқ, балки бо номи касифи сарвароне муртабит медонад, ки дар тафаккурҳову пиндорҳо нақши ҷаҳолат мезананд. (Шукри Худо, ки ҳоло вазъ дар ҳамсоякишвар дигаргун аст). Аммо сионистон ҳанӯз оламро хароб мекунанд, миллатгароёну шовинистони мағрибӣ ба низоми ҷаҳон сакта ворид месозанд, чанбараи чархро мехоҳанд фақат бо марому мақоми худ гардонанд. Ин андешаҳо дили устодро бисёр шиканҷа додаанд ва ӯ борҳо руҷуъ мекунад ба воқеоти дури таърих, ба рӯзгори Спитамену Муқаннаъу Темурмалик ва аз руҳи футуҳманди он қаҳрамонон ба суолҳои худ посух мехоҳад.

Муҳаббату иродати устод Саттор Турсун ба устодону ҳамқаламонаш бисёр омӯхтаниву сутуданист. Дар оинахонаи «Фонуси хаёл» симои азизони рафтаву монда дар иҳотаи нур мушаъшаъ мешавад: Ҳиммату шаҳомати фавқулҳадди устод Турсунзода, сукути ҳикматомези устод Улуғзода, табассуми оламафрӯзи устод Муҳаммадиев, ҷавонмардиву воломашрабии устод Лоиқ, ҳуруфи зарифи устод Гулназар, нигоҳи меҳрубони устод Кӯҳзод, тамкини зебои устод Абдулҳамиди Самад, дуруди аввалини Шоҳин Самадӣ. «Касоне, ки дар зиндагӣ ҷурми устод Лоиқро шумор мекарданд, инак, бо ёди ӯ ифтихор доранд»,– мегӯяд ӯ ва як ҳақиқати нуҳуфтаро дигарбора ба мо рӯнамо месозад, ки бузургон баъди фано нопадид намешаванд, балки равшантар таҷалло мезананд.

Дар ин китоб ҳадиси афроди номваре ҳам зикр шудааст, ки исму сифаташон то ҳанӯз мавриди мубоҳисаҳои бефарҷом аст, мисли Чингизхон, Темури Ланг, Ленин, Сталин, Берия, Бухарин, Тухачевский, Хрушев. Муаллифи китоб Фридрих Нитсшеро ҳам фарди ботилақоиду хилофандеш мебинад. Нитсше мегӯяд, ки «Кто среди людей хочет остаться чистым, должен уметь мыться и грязной водой». Нитсше мардумро ҳам ба озодагиву сафои руҳу ҷон мехонад, ҳам талқин мекунад, ки ба хотири дарёфти ҳақиқат аз ғубору олудагӣ ҳам рӯ натобанд. Дар ин маврид мо андеша дорем, ки руҳи аксари нобиғагони гетиафрӯз пуропур аз тасдиқу инкорҳост, аммо як неруи футуҳманди некиву рӯшанӣ ҳамеша дар андешаҳои эшон салтанат дорад, ки ин қудрати азими равонӣ ба ҳамагон нисор мешавад. Як байти Ҳаким Низомӣ, ки дар китоб иқтибос шудааст, ин шебу фарози ҷибиллати нухбагонро бозгӯ мекунад:

Низомӣ акдиши хилватнишин аст,
Ки ниме сирка, ниме ангубин аст.

Ё ҳазрати Ҳофиз дар байте мегӯяд:

Туро он беҳ, ки рӯи худ зи муштоқон бипӯшонӣ,
Ки шодии
ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.

Ва аммо дар ғазали дигар акси ин андешаро илқо мекунад:

Бурқаъ аз рӯ бикушо, эй маҳи хуршедкулоҳ,
То чу м
ӯят сари савдозада дар по фиканам.

Пас маъшуқ чеҳраро пӯшад ё бикшояд?

Мавлонои Балх дар ин маврид мегӯяд, ки «Ихтиёр турост!» Яъне, ту зимомдори сарнавишти худ бош ва нозири гуфтору атвору афкори худ. Мо эҳсос мекунем, ки ҳодиён офтобона роҳҳову рӯҳҳоро рӯшан мекунанд ва аммо ихтиёри интихоби роҳро ба худи мо вомегузоранд ва ҳамвора барои мо зоди роҳ медиҳанд: тӯшаи бовар, тӯшаи иқтидор, тӯшаи муҳаббат. Агар зубдагоне мисли Нитсше андаруни уқдаҳои худ таҳ ба таҳ печида бошанд, мову шумо фирор мекунем ба вусъати озодиву озодагӣ, ба самти ҳувияти руҳҳову андешаҳо, ба фарохнои осмонтасхири Мавлонову Ҳофиз, ба шафақзори беҳудуди Пушкину Ҳуте, ба дарёҳои тӯфонҷӯшу соҳилони шодоби Лоиқ.

Устод Саттор Турсун бисёр ба шеър руҷӯъ мекунад ва пайдост, ки хилқату табиату фитрати шоирона дорад. Бардошти ӯ аз шеъри ниёгону имрӯзиён ва аз шеъри ҷаҳон басе вусъатманду бомасоҳат аст.

Нигоҳи умқпаймои нависанда баъзан ба ҷузъҳое сафар мекунад, ки бознамои кулли ҷаҳоншиносии ӯянд. Масалан, ҳикояти сагчаи ҳарҷогарде, ки дар истгоҳ мавриди ҳақорати як ҷуфти ҷавон мешавад ё қиссаи як гулпараки рангинболе, ки дастони дилбари нозанин ӯро пару по меканад, бо қазоватҳои муҳим поён меёбад. Озурдани ин ҷонваракҳои маъсум аз тирагии сиришти инсонҳо маншаъ мегирад ва ин амал чароғи муҳаббатро дар дили муалллиф, балки дар дили ҳамаи офоқ хомӯш мекунад. Барҳақ, як гулпараки кӯчак муҷассамаи шукӯҳманди муҳаббат аст, тимсоли маъсумияти азалист, пайкараи бадеву нотасвири олам, зеботарину ҳариртарин сунъи Сонеи ҷаҳонсоз аст, ки қатли ӯ баробар аст бо эъдоми ишқу имон!

«Фонуси хаёл» асари як муарриху муфассиру мутафаккиру шоиру донишвари дилшиносу диншиносу ҷомеашиносу сиёсатшиносу равонишиносу ҷаҳоншиноси рамзошност, ки муносибаташро ба одаму олам мушаххасу мунаввар қаламдод кардааст. Шояд дар ин фонусномаву қомуснома баъзе нуктаҳое бошанд, ки бо андешаҳои мозии мо мувофиқат ва мутобиқат намекунанд, аммо ин дигарандешӣ дар мавриди афрод ва ҳаводиси баҳсбарангез аслан амри табиист, ки фикрҳову пиндорҳову рӯҳҳову мағзҳоро бештар таҳрик медиҳад.

Мо ба устоди тозанигору навнигар офариниши ин китоби ҳикматро таҳният мегӯем ва таманно меварзем, ки боз ҳам бо дили фардосалому руҳи фотеҳу хомаи бедор нусратҳои ояндаро дуруд гӯяд.

ФАРЗОНА,
Шоири хал
қии Тоҷикистон

***

БАРОДАРИ ҶОНИАМ САТТОР

Аҷиб, ҳар қадар, ки умр мегузарад, рӯзҳои гузашта, дӯстону ёрони ҳамсафар бештар ба ёд меоянд ва ба назар чунин мерасад, ки ҳамаи он лаҳзаҳо дубора такрор мешаванду боз дар пеш касро воқеаву ҳодисаҳои ҷолибтару фараҳбахштар мунтазиранд. Ҳол он ки фурсати «баргашт» наздик шуда, им- кони такрор ёфтани он рӯзҳо тадриҷан камтар мешавад…

Ҳоло ба хотир меорам, ки ин номро ман бори аввал аз падарам шунида будам. «Писари бобои Турсун Шукури пасурхигӣ дар радиои Душанбе диктор будааст…» Баъд боз шунидам, ки ҳамон дикторписари бобои пасурхигӣ нависанда ҳам будааст! Акнун инашро тоқат кардан мушкил буд. Зеро ба нависанда шудани Шукур Холмирзоев (аз Шаҳид ном мавзеи кӯҳдоманамон) «таҳаммул» мекардем ва ҳатто ба ин одат ҳам карда будем. Акнун посухи ин суол: сабки баёни мардуми ин диёри булаҷаб ба забони тоҷикӣ чӣ хел садо медода бошад, барои мо ҷолиб буд. Сабабҳои шубҳаву гумон ва таваҷҷуҳи як каме рашкомези каминаро, ки низ дар арафаи хатми донишгоҳ муддате дар радиё ба дикторӣ машғул гардида ва бар замми он даъвои нависандагӣ ҳам дошт, аз ҳамин нукта бояд ҷуст.

Агар хато накунам, охирҳои солҳои ҳафтодуми асри гузашта буд. Нашриёти «Молодая гвардия»-и Маскав муаллифони ҷавони худро ба маҳфили эҷодӣ даъват кард. Дар пойтахти давлати шуроҳо намояндагони ояндаи адабиёт аз гӯшаву канори дуру наздики ин кишвари бепоён гирд омаданд. Ҳангоме ки дар меҳмонсарои «Юност» ҷойгир мешудам, бонуи маъмур «Шуморо як рафиқи тоҷикистонӣ ҷустуҷӯ мекард», гуфту кӣ буданашро ба хотир оварда натавонист. Сарам гаранг шуд: дар ин ҷо ошнои тоҷикистонӣ надоштам, ки омада, маро ҷустуҷӯ карда бошад…

Рӯзи дигар ба дидору мулоқот бо ҷӯраҳои қадимам, ки дар Маскав таҳсил мекарданд, андармон шуда, ба маросими бошукӯҳи ифтитоҳи анҷуман андаке дер мондам. Даромада, нигоҳ кунам, ҳама ҷо банд. Бо умеди пайдо кардани ҷойи нишаст ба чор тараф чашм медавондам, ки ногоҳ чашмам ба курсии холие, ки дар пушти сутуни чаҳоркунҷа в о қеъ буд, афтод. Дар бари он як ҷавонмарди айнакии ба мӯҳояш сафедидамидаи арманисурат менишаст. Рафта, иҷозат пурсидам: «Можно сесть?» Он «арманӣ» маро дар ҳайрат гузошта, «Марҳамат!» гуфт. Баъд, ҳоло ман нанишаста, оҳиста ба сӯйи ман гашту «Ту Эркинӣ? – гуфта пурсид. – Ман Сатторам, Саттор Турсун». Ду ҳамватан (яке дар деҳаи хоҷаҳо – Пасурхӣ, воқеъ дар он сӯйи Хонгаронсой, дигаре дар маркази ноҳия ба дунё омада, ба камол расида будем) бори аввал дар ҳамин ҷо, чанд ҳазор фарсах дур аз зодгоҳамон, ана ҳамин тавр ошно шудем.

Инак ин дӯстӣ, ин бародарии дар Маскави дур ибтидоёфта бо сабабҳои гуногун гоҳ заиф ва гоҳ қавӣ гардида, беш аз чил сол боз идома дорад. Ҳар бори ба Тошканд омаданҳои Саттор Турсун ва ба Душанбе рафтанҳои камина, дидорбиниҳо, нишастҳои ширин, баҳсу мунозираҳои то ба субҳ тул кашида магар аз ёд меравад?!

Ҳазорон афсус, ки бо дахолати қувваҳое, ки мухолифи хоҳишу иродаи мо буд, ин гуна равобити ҳасана муддати тулонӣ қатъ гардид. Мо рафта натавонистем, дӯстон низ имконияти омадан надоштанд. Намояндаи барҷастаи адабиёти тоҷик Саттор Турсун дар ин солҳо бо чӣ корҳо машғул буд, чӣ навишт – мо тақрибан намедонем. Ӯ ҳам шояд аз кору навиштаҳои мо бехабар бошад. Аммо он чи ки моро таскин медиҳад, ҳамин аст, ки Саттор Турсун имрӯз сиҳату саломат асту шукр, ки ба синни муборак расидааст.

Шубҳае нест, ки соҳиби истеъдоди бузург, адиби чирадаст ин ҳама солҳоро бесамар ба сар набурдааст, ҳатман ба адабиёти ба ҷон баробараш бо асарҳои гаронмояи худ ғано бахшидааст.

Caттoр Турсун як-ду ҳикояи каминаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст, мо ҳам баъзе аз асарҳои ин адиби тавоноро ӯзбекӣ кардаем. Мухлисони ӯ дар диёри мо зиёданд. Ният доштем ҳамон тарҷумаҳоро гирдоварӣ намуда, ба забонҳои ӯзбекиву тоҷикӣ китобҳо чоп кунем. Мутаассифона, он савдоҳо ба миён омаданду ниятҳои мо амалӣ нашуд. Акнун ба умеди ояндаем.

Ёдам ҳаст, ки дар ӯзбекӣ кардани асарҳои адиб чӣ қадар азоб кашида будам, зеро он аввалин кори ман рӯи матни тоҷикӣ буд. Донистаҳоям ба лаҳҷаи бойсунӣ кофӣ набуд, изофа бар ин ба назарам, сабки забон ва баёни нависанда бисёр печида ва душворфаҳм буданд барои ман. Ҳар замон ба додарони забондониашон комилтар чун Сироҷиддин Сайиду Мирзо Кенҷабек занг мезадаму гоҳ маънои ин калима, гаҳ маънои калимаи дигарро пурсида безор мекардам. Ба бахти ман бештарин асарҳои адиб ба забони русӣ чоп шуда буданд ва ман акнун хиҷолатро ғундошта гуфтаниям, ки аз онҳо низ истифода бурда будам. Бо вуҷуди ин ҷойҳое, ки «нуқтаҳо» гузоштаам, кам нест. Масалан, андарзи «Тилло магир, дуо гир, дуо магар тилло нест?»-ро ман ин гуна тарҷума кардаам: «Олтин олма, дуо ол – дуо бӯлмаса, олтин йӯқ» (Тилло магир, дуо гир, дуо набошад, тилло нест). Инро хонда, забондони заршинос Саттор Турсун хеле хандида буд: «Ин аслан мақоли ӯзбекист, афандӣ! Хулосааш «Дуо магар тилло нест?» мешавад. Ман онро ба оҳанги тоҷикӣ ифода кардаам».

Асарҳои Саттор Турсун гӯё ривоят ё хикоятҳое аз гузашти рӯзгори як марди куҳансоли бойсунист. Ин пири рӯзгордида одатан «Солҳое, ки…» гуфта лаб ба гуфтор мекушояд ва ба нақли воқеаҳои он солҳои дур мепардозад. Дар замири ҳамаи онҳо ин масоил давр мехӯранд: инсоф, адолат, ҷавонмардӣ, одамият. Вале ба сари ҳамаи онҳо як ҳузни қадим соя меандозад…

Саттор, агарчи дар паноҳи падари донову меҳрубон бузург шуд, хеле барвақт аз меҳри модар маҳрум монд. Ҳамин норасоӣ, ҳамин дард дар қалби кӯчаки ӯ таъсири амиқе расонид ва ба табиати саркаши бачаи кӯҳистонии «дар байни ду санг» бузургшуда омезиш ёфта, дар баробари бахшидани як ҳузни амиқ ва оҳанги эътироз, ба ҳаёти худи адиб низ панди бисёре додааст… Хулосаи калом, метавон ин умри пурталотумро як достони муҳташам ва Саттор Турсунро қаҳрамони асосии он номид.

Ба хотири се-чор сол аз ман бузургтар буданаш ман ин одами аҷибхислатро ба «тоҷикии худам» «ака Саттор» мехонам. Медонам, каме дурушт садо медиҳад, аммо чӣ кунам, ки забони ӯзбекии ман дигар хел тоб намехӯрад. Барои вай фарқе надорад, ки шумо ӯро чӣ меномед ва ба ӯ чӣ гуна муроҷиат мекунед, кифоя аст ба суҳбатҳои гарму ҷӯшони ӯ гӯши ҷон диҳед…

Ҳоло мо ҳар ду, иншоаллоҳ, боз ба Бойсун хоҳем рафт, кӯҳу саҳроҳоро хоҳем гашт, дар бораи адабиёт, ки умрамонро ба он бахшида ва аз баҳри ҳамин гуна гӯшаҳои дилнишин гузаштаем, дурудароз баҳс хоҳем кард.

Чӣ гуфтед, ака Саттор? Ку, дастатонро кушоед, омин!

Соли 2021

Эркин АЪЗАМ,
Нависандаи халқии Ӯзбекистон

 

 

 

Дигар хабарҳо