Қаламсайре дар «Қаламрави меҳр»

 Қаламсайре дар «Қаламрави меҳр»

Қаламрави меҳри Рустам Ваҳҳоб­зода густарда аз ин ваҷҳ аст, ки ӯ “шоири шаҳри Хуршед” аст.

Манзур аз ин руҷуъ паҳнои муҳта­вои мунтахаби ашъори Рустам аст, ки бо номи “Қаламрави меҳр” ба даст расид.

Маҷмуа аз анвои адаби маснавӣ, қасида, мусаммат, ғазал, рубоӣ, дубайтӣ, муфрадоти бадеҳа (аз даф­тари “Ҳазор байт”)-ро дар бар дорад. Он гуна ки дарёфтем, мавсуф дар эҷоди навъҳои шеър ва нақди сухан тасаллут дорад ва ин гувоҳи дасти расои ӯст. Аслан чунин фазилатро дар ҳунари қаламфарсойии классикон мушоҳида кардаем. Дар адабиёти муосири мо соҳати суханпардозии устод Садриддин Айнӣ ҳам басо фарох будааст. Адибони ҳамзабони мо чун Маликушшуаро Баҳор, Сайид Нафисӣ, Парвиз Нотили Хонларӣ, Ша­феии Кадканӣ, Хусрави Фаршедвард, Мирҷалолуддини Каззозӣ, Абдулҳу­сайн Зарринкӯб ва … низ дар ҳунар афзунӣ дошта будаанд.

Эҳсос мешавад, ки Рустам аз обишхӯри дарёи сухани бузургони пешин ва ёдоварда чошнӣ баргириф­тааст…

Пиромуни мавзуъу тасовир ва маъ­нии баланди чакидаҳои килки сувар­нигор ва бозтоби ситоиши арзишҳои волои маънавию башарӣ, тасвиру таҳлили бадеъи муҳимтарин пади­даҳо ва масъалаҳои муосир, таран­нуми меҳру муҳаббат ва муқаддасоти миллию инсонии чакидаҳои хомаи Рустам гуфтанием, ки ҷуз рубоиҳо, дубайтӣ ва абёти “Ҳазор байт”-ҳо (дар саҳифаҳои 294-356), боқӣ, ба шумули манзумаҳо, шеъри нав, ғазалиёт, Наврӯзнома, сурудаҳо ва шеърҳои кӯтоҳ дар феҳрист дарҷ ёфтаанд ва бо номҳои худ баёнгари мавзуъ ҳам ҳастанд. Аз ҷумла, дар “Достони Ло­зуркӯҳ”, ки муҳтавӣ бар сурудаҳое бо унвонҳои “Паём”, “Сипос”, “Сафар”, ”Дидор”, “Наҷво”,”Ниёиш” мебошад, баҳс рӯйи қазияи обшавии яхҳо (ло­зур –пиряхҳо – рамзи захираҳои оби ҳаётии сайёра) ва камбуди об дар зиндагӣ аст. “Достони Лозуркӯҳ” навъе ҳушдор ба ҷомеаи ҷаҳонист ҷиҳати пешгирӣ аз ин хатар. Инак, аз “Ниёиш” се бандро гувоҳ меорем:

… Аз зарби шикасти қитъаи Лозур,
Аз силии шаҳркӯби дарёҳо,
Аз наъраи раъду озарахши дай
Ҳушдор ҳамерасад ба гӯши мо:

Эй зодаи чор гавҳар, эй Инсон!
Аз гавҳари оташ ин фузунхоҳӣ
Берун бикашад турову гардонад
Дар тобаи тобдода чун моҳӣ.

Аз аҳди нахусти хештан ёд ор,
Ёд ор, амонати ҷаҳон бар туст.
Тақдир агарчи аз азал барҷост,
Тақдири замину осмон бар туст…

288 шеъри дигари маҷмуа ҳам номгузорӣ шудаанд, ки ҳар як ифода­гари мавзуъест. Ба ин сатрҳо таваҷҷуҳ намоем, дармеёбем, ки ин шоири хушқариҳа дар сурудани шеър, риояи мавозини шеърӣ ва гунҷоиши масо­или ахлоқӣ ба пояи баланди эҷодӣ расидааст. Аз ҷумла, “Пирон” яке аз ғазалҳоест ҳовии ин суханҳо:

Ба ҳар манзил, ки пире ҳаст,
                                            онро эътиборе ҳаст,
Ҳарими Каъбаи дил маскану
                                           маъвои пирон аст…

Пас аз хатми ҳама дорулфунун
                                                     ногоҳ дарёбӣ,
Камоли зуфунун як ҳарфи
                                     пурмаънои пирон аст.

Ало мардум, ба чашми худ
                                        чу  мардум ҷояшон созед,
Ки нури дидаи мо
                              аз дили бинои пирон аст.

Дар маҷмуа шеърҳои орӣ аз ҷан­баи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқӣ ба чашм намехӯранд ва аз лиҳози маънӣ ҳама омӯзандаанд. Бавежа, дафтари “Ҳазор байт” ҳовии абётест, ки анда­рзи ҳакимонаи ниёконро мемонад:

Он ки надонад зи куҷо омадаст,
Кай бувад огаҳ, ба куҷо меравад?

                          * * *
Ҳосил аз умр агар ҳаст, ризои падар аст,
Бе ризои падарон умр ҳама  барҳадар аст.

                         * * *
Дар забони модарӣ меъёри мо
Фаҳми модарҳост аз гуфтори мо.

                           * * *
Бар хати марзи Ватан хокам кунед,
То шавад санги мазорам сангаре.

                            * * *
Чанд ҳарфе, ки тавонӣ ту пасу пеш кунӣ,
Чӣ ҳунар бошад, агар қалби касе реш кунӣ.

                            * * *
Баски сӯйи тоҷикон як умр санг андохтанд,
Кӯҳҳои тоҷикон сар бар фалак афрохтанд.

“Қаламрави меҳр” аз нигоҳи дар­баргирии масоили назарӣ ва амалии забон ҳам омӯзанда ва фарогириф­танӣ аст. Барои мисол, дар шеъри “Қонуни забон” масъалаи забонши­нохтии иҷтимоӣ матраҳ аст. Шоир ба истиқболи тарҳи нави “Қонуни забони давлатӣ” даҳ моддаи манзум ироа кардааст, ки ин лаҳза ҷамъан ба ду моддаи он истинод меварзем:

Моддаи 7:

Тоҷикӣ ё форсӣ, ё ки дарӣ, ё …
Гар дусад номи дигар бар ин забон бинҳанд,
Бояд онро як забон донист,
“Оби Рукнобод”-ро шохоби
“Ҷӯйи Мӯлиён” донист,
Камтар аз инро зиён донист.

Моддаи 8:

Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё
Шаҳрванди Тоҷикистонанд…
Шарҳ бояд дод, ки “қочоқ” аз мо нест,
Ҳамчуноне истилоҳи шуми “террорист”.
Вожаҳои тоҷикӣ дар ҳар забони дигари дунё
Қосиди фарҳангу дониш,
Пайки эъморанду ободӣ
Бо фурӯғи ҳуши Синоӣ,
Бо сиришти поки Фарҳодӣ.

Маншаи мазмуни мисраи нахусти моддаи 7 ба ваҳдат андар миёни ин “забонҳо” гиреҳ мехӯрад. Чунончи, дар аҳди Шуроӣ касе ҳад надошт, ки дар боби ягонагии ин забонҳо ҳарф бизанад. Бо ҳадафҳои сиёсӣ форсӣ, дарӣ, тоҷикӣ забонҳои ҷудо-ҷудо талаққӣ мешуданд. Бо ҳамин манзур устод Муъмин Қаноат соли 1963, дар вақти баргузории рӯзҳои адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо камоли эҳтиёт “Ба ҳаводори (ҳа­водорони не–!) забони тоҷикӣ”-ро навишт, ки фишурдаи мазмуни он чунин аст:… ҳар чи мехоҳӣ, бигӯ, аммо барои ман чун шири модар ва “лафзи шеъру дилбарӣ” азиз аст!

Устод Лоиқ соли 1977 ғазале гуфт, ки чунин байт дорад:

Яке гуфтӣ, ту эронӣ, дигар гуф­тӣ, ту тоҷикӣ,
Ҷудо аз асли худ мирад, касе моро ҷудо кардаст.

Аммо дар замони Истиқлол Ру­стам “дар сухан далер омада” (маз­мун аз Саъдӣ) “мушкил”-ро бо далел баррасӣ кард, ки басо муҳим аст. Нуктаи зер низ ҳокии беҳудудии марзи забони мост:

Нест оби рӯдҳои мо фаромарзӣ,
Лек дарёи забони мо фарома­рзист.

Рустам Ваҳҳобзода дар канори матни шеърҳои баландпояи хеш ба тафсири чанде аз вожаҳо ҳам та­ваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Масалан, мафҳуми “Лахш” (номи кунунии ноҳи­яи Ҷиргатол) чандон равшан набуд. Шарҳи онро аз луғатномаҳои мавҷуд ҳам пайдо кардан муҳол аст. Тавзеҳи маънии он – номи яке аз маҳалҳои Тоҷикистон ва номи фариштагони бо­варҳои бостонӣ, ба ин ном ҳамчунин дарёи муқаддасе дар Ҳинд аст – бар суди хонандаи мунтахаби ашъор хоҳад буд:

Санги кӯҳсори шумо хотами ҳикмат дорад,
Лахш бо Вахш ҳама ҷилваи Яздони шумост.

Шарҳи “Меҳан”, ки ҳамзабонони мо онро “майҳан” талаффуз менамо­янд, аз қареҳаи маънишиносиву маъ­ниёбии ин соҳибқалам дарак медиҳад. Ин вожа дар матн ба сурати авастоияш – “Майтайниён” (номи деҳа, ки қадимтарин калимаи ҳиндуориёист ва решаи “меҳан”) мазкур аст:

Шоҳиди гӯёи оғози вуҷуд –
Бораи Майтайниёнам тоҷикист.

“Паргаст” паҳлавӣ, ба мафҳуми “ҳаргиз” маънидод шуда:

Бар сари куҳ нишаст агар каргас,
Нашавад кӯҳ паст аз он паргаст.

Дар китоб ин гуна тавзеҳот бисёр аст ва беҷо ҳам нест.

Ин адиби басо вожашинос саъй кардааст, ки баргардони саҳеҳи ка­лимаҳои байналмилалиро худ анҷом диҳад ва дар шеър ба кор барад. То ҷое ки мо медонем, то кунун аз ҷони­би ниҳоди марбута муодили беҳтар аз ин тарҷумаҳо тавсия нашудааст. Чунончи, “троллейбус” – симгард, ”самосвал” – худрез, “маршрутка” – хатгард, “маска” – даҳанбанд (Ба фикри мо ҳам нисбат ба “ниқоб” ва “пӯзабанд” (тоҷикии маҳаллияш “фукбанд”, “даҳанбанд” беҳтар аст), “аквариум” – қафасоб ва ғайра.

Рустам таркибҳои маҷозии ҷолиб офаридааст, ба мисли “заҳри нигоҳро рӯфтан”, “сар аз санг шудан”, “аз паси зонуи гумон бархестан, “аз чанбари қонун гардан кашидан”, “оҳуи барф”, “косаи лола”, “шири борон хӯрдан”, хушксоли илҳом”, “чарогоҳи хаёл”, “фурӯғи ҳуш”, “ аз сухан ҳисор кардан”, “аз хирад сухан об хӯрдан”, “ дар пойи сухан мурдан” , “субҳ нашр шудан”, “овоз дар гулӯ гиреҳ мондан”, “масти сухан гаштан”, “қалам ба дафтар да­видан” ва ғайра.

Рустам Ваҳҳобзода дар бобати вожасозӣ ҳам заҳматписанд аст. Калимаҳое дорад бо пешванду па­свандҳо сохташуда, ба гунаи “носо­да”, “нохайрхоҳ”,, “ҳамсарнавишт”, “ҳамбовар”, “ҳамтадбир”, “ҳамтанӣ”, “ оташистон”, “саломаткада”, “замини­тарин” ва амсоли инҳо.

Ба қалами суханофарини ӯ ҳуд­удан 120 калимаи мураккабро мансуб донистем, ки шарҳашон дар ин маҳд­уда гунҷоиш надорад, амсоли “ватан­соз”, “бахтпайванд”, “ифтихорэҷод”, “лаҳадчашм”, “рӯшноисуроғ”, “пасуф­тода”, “орзусӯз” ва ғайра.

Истифодаи маводи хоси гӯйиши (лаҳҷаи) мардум рангинӣ ва муасси­рии шеваи баёни шоирро афзудаанд. Сухани ӯ аз ин ҷиҳат низ шоистаи бар­расист. Чун маҷоли ифода танг аст, танҳо овардани ду гувоҳи луғавиро басанда хоҳем шумурд: яке вожаи “ғажд”-ро, дигаре таркиби “офтоб бурдан”-ро. “Ғажд ба мафҳуми “чир­кинӣ, ”ифлосӣ”-ст:

Эй барф, ки хуш нишастаӣ бар қади раҳ,
Чун ҳолаи нури пок бар пайкари маҳ.

То субҳ барои ту дилам месӯзад,
Аз сумбу сапал,ки мешавӣ ғажду сияҳ.

Зимнан, дар ин рубоӣ калимаи “қад”-дар ибораи “қади раҳ” ва тар­киби ҳаммаънои “сумбу сапал” ҳам унсури гуфторианд.

“Офтоб бурдан” ба маънии маҷоз аст, баробармаънои он дар забони меъёр “офтоб задан” (аз ин “офтоб­зада”, яъне рӯйи одам аз таъсири нури офтоб ранги табиии худро тағйир медиҳад) мебошад. Агарчи ин таркиб ҳам маҷозист:

Метарсидам, ки офтобат бибарад,
Кай гуфта будам, зи гиря обат бибарад.
Ман бар сари болини ту истода чу шамъ,
Ҳошо, ки маро накушта хобат бибарад.

Сухани Рустам Ваҳҳобзода бар пояи муҳками мантиқ ва баён устувор аст. Офаридаҳояш бо далелҳои қавӣ тарҳрезӣ шудаанд. Забонаш аз ҷиҳати фаро гирифтани ганҷинаи луғат пур­бор ва омӯхтанист…

Сулаймон АНВАРӢ

Дигар хабарҳо