ҒУРУБ
Хабари даргузашти нависандаи воқеан маҳбубамон Кароматуллоҳи Мирзоро аз шабакаҳои иҷтимоӣ хондам ва чун бо рисолате берун аз пойтахт будам, натавонистам дар ҷанозаи устод паҳлуи додаронам Парвизу Иқбол бошам. Баробари ба Душанбе расидан бо мудири нашриёти «Балоғат» Искандари Носир ба ҳавлии устод ба деҳаи Нилкон омадем. Гурӯҳи ҳамсоягон бо одати деринаи русто баъди адои намози аср барои як каф дуо ҳозир шуда буданд. Яке хоксории устодро васф мекарду дигаре дар ҳамсоядорӣ содиқ буданашро, барои савумӣ ифтихори ҳамдеҳагӣ бо нависандаи шаҳир бузургтарин неъмат буд. Ҳамагон беҳтарин хислатҳои нависандаи ҳамдеҳаи худро васф мекарданд, онеро, ки дар осораш қаҳрамони асосӣ одамони одии деҳот буданд.
Бо осори устод Кароматуллоҳи Мирзо аз замони мактабхонӣ ошно будем. Чопи ҳар китоби нави устод бароямон иди воқеӣ буд, зеро аз аввалин ҳикояи эшон сабки хос ва услуби фарқкунандааш хонандагонро мухлиси осори вай карда буданд. Вақте маҷмуаи «Маоши аввал» дастраси хонандагон гардид, қудрати қалами нависанда ҳувайдо шуд. Дар ҳикояву лавҳаҳои ин маҷмуа мухлисон образҳои зиндагии худро пайдо карданд, роҳи ҳалли масоили доғи рӯзгорашонро дарёфтанд ва муаммои муаммоҳо будани инсонро бори дигар дарк намуданд.
Аммо шуҳрати зиёдеро ба нависанда «Шабе дар Кабудҷар» овард. Рӯзгори ронандагон ва қиссаи шабе, ки дарозтар аз ҳазор шаб буду марду номардро мушаххас кард, муҳаббатро бар нафрат пирӯз ва адолатро барқарор намуд.
Пасон «Дарди ишқ» пайдо шуд. Қиссаи муҳаббати пок бо интиҳои фоҷиавӣ. Бо мутолиаи он Парвона ҳамдами хонандагон шуду саргузашти вай дафтари хонои муҳаббати навҷавонон гардид.
«Дар орзуи падар» садҳо нафар буданд, аммо ҳазорон нафар баъд аз мутолиаи ин китоб падар ва масъули оила будани худро накӯ шинохтанд. Филме аз рӯйи он тавлид шуд, ки шуҳрати нависандаро оламгир кард. Натанҳо дар кишвар, балки дар ҷумҳуриҳои ҳамзабон ба тақдири Мушарраф ва писараш Меҳрубон бетафовут набуданд ва анҷоми ин қиссаи пуршӯри зиндагиро пайгирӣ мекарданд.
Асарҳои «Нишони зиндагӣ», «Ситораҳои паси абр», «Марги бегуноҳ», «Ҷилои ситораҳо», «Деҳаро хоб мебинам»… бозгӯяндаи ҳунари волои нависандагии Кароматуллоҳи Мирзо мебошанд.
Имруз хуршеди умри нависандаи тавонову дӯстдоштаамон ғуруб кард, аммо осори мондагораш номи вайро ҷовид нигоҳ медорад.
Зинатуллоҳ ИСМОИЛЗОДА,
раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон



