Ғазал гуфтию дур суфтӣ…

 Ғазал гуфтию дур суфтӣ…

?????????????????????????????????????????????????????????

Дар Осорхонаи миллии Тоҷи­кистон ба ифтихори 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Ҳофизи Шерозӣ – ғазалсарои шаҳири тоҷик» маҳфили ҳофиз­хонӣ баргузор шуд.

Дар маҳфил директори осор­хона Зафаршо Иброҳимзода доир ба ҳаёту эҷодиёти Ҳофиз сухан ронд.

Иброз гардид, ки дар осорхона нусхаҳои дастнавис ва китобҳои чопи сангии девони шоир дар радифи пурарзиштарин осори таърихию фарҳангӣ ҳифз ва муаррифӣ мешаванд.

Сипас аз ҷониби кормандони осорхона намоиши ҳунарӣ оид ба рӯзгори шоир ва вохӯрии ӯ бо Амир Темур пешниҳод гашт. Ҳамзамон наврасону ҷавонон ғазалҳои шоирро қироат карданд. Дар анҷом аз ҷониби роҳбарияти осорхона ба иштирокдорон «Сипоснома» тақдим гардид.

Бояд гуфт, ки соли равон дар Тоҷикистон 700-солагии шоири ға­залсарои тоҷику форс Ҳофизи Ше­розӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат оид ба ҳаёт ва эҷодиёти ин шоири ғазалсаро бо иштироки муҳаққиқон, донишмандон ва шоирон маҳфилҳои илмӣ-адабӣ ва конфрон­су ҳамоишҳо баргузор мегарданд.

Дигар хабарҳо