Низом Қосим. Ғазали Фаластин

Фаластин,

Ашки талхи бар мижа яхбастаи таърих,

Нафасгармони дилсарди замон

Ҳар лаҳза

Обат мекунанд аз нав

Ва хунолуда ҷорӣ мешавӣ

Бар гунаҳои хастаи таърих.

 

Чу пеши модари дилхун

Ба пешат

Зиндагӣ ҳам

Мекунад гум сабру тамкинро,

Ки байни лолахун ёбӣ

Ҳамеша наслҳоят – тифлакони шӯхи гулчинро…

Худо дорӣ фақат,

Эй рӯи роҳи додгар биншастаи таърих.

 

Фаластин,

Хонаи бе бому дар,

Эй хони бенони замон,

Эй давлати бемарз ҷовидон,

Нигоҳи хаставу уммедворат бар самост,

Эй мурғи парбишкастаи таърих.

 

Ҷудо аз Ҳақ наӣ,

Эй бо ҳақиқат то абад пайвастаи таърих,

Биларзонанд ҳар гоҳе буну бехат,

Вале барҷост таърихат.

Харобободи ҷовидон,

Ту бо ободии ҷону дилат як умр ободӣ,

Ту дар дунёи озодипарастонат сарозодӣ,

Аё эй бандии ворастаи таърих.

 

Аё эй хок,

Эй дилчок,

Эй бебок,

Сано бар ҷони беҷисмат,

Сано бар ҷисми беҷонат,

Ки ҳастӣ кундаи қатли ҳавасҳои фаровонат

Ва то ҳастӣ,

Дарахти ноҳақиро то бурӣ аз бех,

Ту бо исёни бе анҷому оғозат

Ва бо фарёди бе овову овозат

Табар хоҳӣ шудан бар дастаи таърих.

 

                                   Рустам Ваҳҳобзода

              Қиблаи нахустин

Мезанад сало дилро қиблаи нахустинам,

Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.

Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,

Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.

Сангҳои хунолуд…сангҳои хунолуд…

Ҳар шаб аз канори дил ман ситора мечинам.

Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,

Лолаҳои захми ту – мӯҳри Оли Ёсинам.

Новгони озодӣ то ба гил фурӯ биншаст,

Ошно нахоҳам буду беш аз ин чу биншинам.

Эй башар! Тафовутро бас азим меёбам,

З-онки ту ҳамегӯйӣ то ман онки мебинам.

Пойгоҳи меъроҷ, эй хоки поки озодӣ,

Обрӯ зи ту дорад, осмони рангинам.

Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун,

Даст мебарад ҳуре сӯйи қалби сангинам.

Мезанад сало дилро қиблаи нахустинам…

 

                                                                Фарзона

Бо тахти равон пар зад он хусрави ширинам,

Бар хок фурӯ афтод ойинаву ойинам.

Бо тахти Ҳумоюн рафт, чун рахти Ҳумоюн рафт

Рӯзони шафақхандам, шабҳои маҳогинам.

Мехост диҳад мужда з — ояндаи бепархош,

Он тифли хирадкешам, он неки накӯбинам.

Мехост башар бошад пайваставу ҳамбаста

Он ровии Алҳамдам, он ҳофизи Ёсинам.

Мехост, ки ман бахшам таскини дили мардум,

Аммо чӣ кунам ҳоло, худ ташнаи таскинам.

Эй ҷанг, фирор овар аз салтанати фардо,

Эй сулҳ, башорат бар бар Ғаззаву Ғазнинам.

Бо сӯзи ҳама ҳамсӯз, бо сӯги ҳама ҳамсӯг

Аз аҳли Ҳиротам ман в — аз аҳли Фаластинам.

Тифлони замин бигзор оянда биёроянд,

Ин аст таваллоям бар Холиқи гулчинам.

Ҳарчанд надидам ман дидори саодатро,

Ақвоми ҷаҳонро, кош, босулҳу сафо бинам.

 

                                                               Озар

                             Фаластин

Зи ман хушкондани ашкат ба чашми тар намеояд,

«Дилам месӯзаду коре зи дастам бар намеояд».

Сарашро чун ба болин мегузорад душмани гулҳо,

Магар дар хобҳояш кӯдаки бесар намеояд?

Шикофе ҳаст гар дар чатри оҳан баҳри оҳи дил,

Худоё, сахт ҳайронам, ки сабрат сар намеояд.

Кӣ сӯзонд одамиятро, ки аз он сарзамини қудс

Машомамро ба ғайри бӯи хокистар намеояд.

Ҳадисеро, ки некӣ бар бадӣ пирӯз хоҳад шуд,

Магар воруна аз бар кардаам?… Бовар намеояд!

Ба озодӣ қасам, аз пушти ин шабҳои бефарҷом

Дамад хуршед, гарчи бовари шабпар намеояд.

 

                                              Хайрандеш

Тифлони Фаластини

фалокатманзар

Як лаҳза намераванд

аз пеши назар.

Фарёд! Уболаканд,

аммо гаштанд

Қурбонии ҷаҳлу

ҷангу дороиву зар.

 

                                                Шаҳрия

                 Фаластин

Фаластино, макони дарду озор,

Замини сабзи ту шуд марзи куштор.

Биноҳоят валангоранд имрӯз,

Муҳаббатхонаи бар ғам гирифтор.

Дареғо, тифлакони бегуноҳат,

Даруни гоҳвора гашта хуншор.

Ба гӯшам нолаи ҷони ту ояд,

Фиристам сад дуоят аз дили Ёр.

Зи хоки ҳасрати гулгулкафанҳо

Бирӯяд лолаи доғи ту саршор.

Нависам аз бароят «Воалам»-ҳо,

Зи дарди ту шудам, оваҳ, аламдор.

Фаластино, машав навмед, зинҳор,

Туро бошад Худо ёру мададгор.

 

                                                         Сиёвуш

Номаи манзум ба рафиқи фаластинӣ

Ин ҳама охир дурӯғ аст –

Шарқи ман ҳоло намурдаст!

То лабе хуншор фарёди азоне мезанад,

То дарахте тирхӯрда дар намоз истодааст,

Ин Ватан ҳоло намурдаст!

Эй Фаластин, эй садои хастаи виҷдони дунё,

Эй азони субҳдам дар гӯши карҳо,

Он қадар бар хоби серӣ рафта Мағриб,

Ки ба ҷуз овозҳои ишками худ

Кай садои дигаре хоҳад шунидан?

Эй Фаластин – ҳуҷҷати номардии ақвоми Машриқ,

Бо пайи хунини як тифли шаҳиде

Ҷойи муҳру ҷойи имзо.

Эй Фаластин – эй умеди захмдори ман,

Эй ба хун олуда гулханди баҳори ман,

Эй ба рӯйи хоки асри бист ашки шашқатори ман –

Аз пайи тобути Муин.

Ин чӣ марге буд ё Раб?!

Ин чӣ марге буд моро зиндатар кард,

Баъди марги ӯ дил исёни дигар кард,

Сӯйи ту азми сафар кард,

Эй рафиқи он суи садҳо биёбон…

Эй Фаластин – эй рафиқи ман дар ин

зиндони дунё.

Бо ту фаҳмидам, ки охир

Яъс ҷуз занҷири тиллоӣ набудаст –

Бар сару бар гардану бар пову бар даст,

Лек агар ҳиммат баланд аст,

Метавон онро шикаст.

Гӯш деҳ, дар дурие дунё гузар дорад,

Ё худ ин печида дар роҳи гулӯ фарёди мост!

Гӯш деҳ, дар жарфнои хок вулқон ҷӯш дорад,

Ё худ ин печида дар роҳи гулӯ фарёди мост!

Гӯш деҳ,

Як паранда чомаи шабгоҳ мехонад,

Ё ки моро роҳ мехонад ба Озодӣ,

Даст деҳ, эй зиндагонӣ, эй рафиқ!

 

                                          Муҳриддин Сабурӣ

Сукути навдаи хунолуд,

Фиғони абри ғазаболуд

Ва захмҳои дарахтону лавҳаҳои шиорӣ

Ва ашкҳо сари мижгони ошиқони фирорӣ,

Шикаста бод дасти душмани баҳори Фаластин,

Ки зери танк фишурдаст сабзазори Фаластин.

 

                                                    Гулназар

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман?!

Қитъа-қитъа гиря дорӣ аз ғами хеш,

Пора-пора метапӣ дар мотами хеш,

Барабас донистаӣ нӯши замонро

Марҳами ҷони ками хеш.

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман?!

Бонги майдон мерасад бар гӯши эҳсосат,

Боди зиндон мефитад дар боли парвозат,

Меҳри ту дар ҳалқаи дори баланд аст,

Шавқи ту саркӯби ин чархи нажанд аст.

Эй дили оинаи ман,

Эй Фаластини даруни синаи ман?!

Аз кадомин сарви олам ту асо ҷӯӣ?

Аз кадомин метаҷоне муттако ҷӯӣ?

Лаззати ҳалво ту аз мавҷи ҳаво ҷӯӣ?

Нораво ҷӯӣ, носазо ҷӯӣ.

Аз куҷо ҷамъ оварам кишти парешони туро?

Хирмани пурбори тӯфони туро?

Аз куҷо ҷамъ оварам ман пораҳоятро,

Бечораҳоятро?

Овораҳоятро?

Аз аламҳои чунин рӯзе бимирам,

Чун Муин рӯзе бимирам.

Эй дили оинаи ман

Эй Фаластини даруни синаи ман?!

 

                                          Муҳаммадалии Аҷамӣ

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун намегунҷад?

Ба соҳилҳои худ, ҳис мекунам, Ҷайҳун намегунҷад?

Зи худ берун шудам, дар он тараф дидам Фаластинро,

Фаластини шаҳодат дар ҳисори хун намегунҷад.

Сукути сангҳо пур мешавад аз хандаи шайтон,

Қиёми сарвҳо дар қомати мавзун намегунҷад.

Ба изни ҳар шаҳид ойина меборад ба шайдоӣ,

Дигар дар ҳаҷми ҳайрат ҳайрати Маҷнун  намегунҷад.

Тамоми шаҳрро дидам, ба даври ишқ мечархид,

Аҷаб чархест чархи ишқ, дар гардун намегунҷад.

Ва дидам чашмҳои ту ба дарё мехурад пайванд,

Чаро имшаб ғазал дар қолаби мазмун

намегунҷад?

 

Дигар хабарҳо