Ёде аз муҳити адабии солҳои пешин

 Ёде аз муҳити адабии солҳои пешин

Ба муносибати 90солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Саҳми бузурги устод Садриддин Айнӣ, устодон Лоҳутӣ, Мирзо Турсун­зода, Сотим Улуғзода ва дигарон дар таъсиси ИНТ ва бунёди адабиёти на­вини мо фаромӯшнашуданист. Аммо ҳар нафаре, ки ошноӣ бо ин созмон ва муҳити он дошт, агар хотираеро аз ҳавову вазъи ин муҳит рӯи варақ ова­рад, гумон дорам, дар равшан кардани симоҳо ва воқеоту таърихи ин созмони хеле таъсиргузор ба маънавиёти мил­лии мо саҳме хоҳад гузошт.

Банда аз он ҷавонони батолее бу­дам, ки хеле ҷавон, дар 24-солагӣ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор даъват шудам. Дар он солҳо чунин падида кам рух медод. Дар он замоне ки ҳанӯз устод Мирзо Турсун­зода раиси ин Иттиҳодияи машҳуру бонуфузтарин буданду ҳама бузургони адабиёти навини шуравии мо, мисли Ҷалол Икромӣ, Сотим Улуғзода, Мир­саид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Фо­теҳ Ниёзӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Файзулло Ансорӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Фазлид­дин Муҳаммадиев, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Меҳмон Бахтӣ, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарон дар ин ҷо кор мекарданд ё равуо доштан­ду ҳусну обрӯи ин муҳит буданд. Дар маҷаллаи шуҳратёри “Садои Шарқ”, ки банда дар он ҷо ба сифати ходими ада­бӣ ба фаъолият сар кардам, адибони барҷастаи замон Бозор Собир, Юсуф Акобиров, Аскар Ҳаким, Муҳиддин Хоҷаев, Саттор Турсун ва дигарон кор мекарданд. Дар чунин муҳити воқеан хуҷастаи он замон дар паҳлуи идораи ИНТ ҳама чиз мусоидат ба омӯзишу та­комулу эҷодкорӣ дошт, ки дар тақдири ман бетаъсир набуд.

Худи ҳамин даъвати банда ва нави­сандаи он вақтҳо ҷавони боистеъдод Абдулҳамиди Самад гувоҳи ғамхо­риҳое буд, ки дар Иттифоқи нависан­дагонни Тоҷикистон нисбат ба ҷавонон пеш гирифта буданд. Илова бар ин, бинои куҳнаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳамеша қадамгоҳи ҳама адибони кишвар буд ва ин муҳити ҳамеша саршори утуфату андешаҳои эҷодӣ, ҳамнишинӣ бо бузургони ада­биёти муосир, ки баъд назирашро ман надидам, худ як мактаби олии тарбияи адибони ҷавон буд.

Танҳо ҳузури мубораки устод Боқӣ Раҳимзода дар ин даргоҳ, ки ба сифати мураббии адибони ҷавони кишвар кор мекарданд, то поёни умрашон пур аз баракату ҳосил дар мазрааву боғи ҳосилхези адабиёти он замон буда, нақши бузурге дар фароҳам овардани муҳити солими адабӣ ва хусусан ҷалб ва парвариши истеъдодҳои ҷавон мебозид. Ба шарофати он бузургвор буд, ки роҳи ман ба даргоҳи Итифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳанӯз дар айёми таҳсил дар Донишгоҳи омӯзго­рии шаҳри Душанбе кушода гардид ва натанҳо роҳи ман. Зеро устод Боқӣ Раҳимзода, ки сарварии бахши кор бо адибони ҷавонро ба уҳда доштанд, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи истеъдо­дҳои ҷавон буданд, то ҷойе, ки ба иловаи матбуоти кишвар, рӯзномаҳои донишгоҳии мактабҳои олӣ ва ҳатто рӯзномаҳои девории онҳоро пайваста мутолиа мекарданд, то барои худ номҳои нав ба нави навқаламонро кашф кунанд ва аз байни онҳо соҳи­бистеъдодҳоро ёфтаву дар пайи даст­гириашон бошанд. Мани донишҷӯи соли дуюми таҳсил сахт дар ҳайрат афтодам, вақте ки декани факултаи филологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ, ёда­шон ба хайр, Сангинов маро даъват намуда, гуфтанд, ки ман бояд баъди нисфирӯзӣ, пас аз анҷоми дарс ба Ит­тифоқи нависандагон, ба назди устод Боқӣ Раҳимзода равам. Банда чунон мутаассир шудам, ки мани донишҷӯи навқалам куҷову устоди машҳури за­мон Боқӣ Раҳимзода куҷо. Ин даъват ҳатто дар хаёлам намегунҷид. Вақте ки бо изтиробҳои зиёд ба назди устод расидам, бо табассуми хайрхоҳона ва бо меҳрубонӣ маро ба шуъбаи муҳо­сиботи Иттифоқи нависандагон ба назди Рима Григоревна, сармуҳосиби он фиристоданд ва он кас ба банда кумакпулие дод, ки афзунтар аз сти­пендияи донишҷӯии ман буд. Маълум шуд, устод шеърҳои шогирдонаи бандаро аз рӯзномаи донишгоҳии “Педагоги ҷавон” дастрас кардаву хондаанд. Баъдтар фаҳмидам, ки ҳа­мин ғамхориҳои ин инсони мушфиқу бузургвор буд, ки ҳанӯз хеле пештар аз мо адибоне мисли Пӯлод Толис, Муҳиддин Фарҳат, Файзулло Ансорӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Ғаффор Мирзо, Бобо Ҳоҷӣ, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Хур­шеда Отахонова, Акобир Шарифӣ ва даҳҳои дигар бо дастгирии ин инсони шариф ба муҳити Иттифоқи нависан­дагон ҷалб шудаву адибони номдори замони худ гардидаанд. Ҳатто баъзеи онҳоро, ки аз вилоятҳо омада буданду дар пойтахт шароити зист надоштанд, устод Боқӣ дар хонаи дуҳуҷрагии танги худ ҷой дода буданд. Шоир ва адиберо кам метавон пайдо кард, ки аз дастгириҳои устод Боқӣ дар канор монда бошад, то устод Лоиқу Бозору ахиран Раҳмат Назрӣ. Масалан, хонае, ки ҳукумат барои маҷаллаи “Садои шарқ”, хоса барои Бозор Собир ҷудо карда буду ба шарофати он ман ҳам соҳиби хона гардидам, хидмати устод Боқӣ Раҳимзода буд. Чунин мисолҳоро метавон бешумор овард.

Устод Мирзо Турсунзода, ки ходими намоёни сиёсиву ҷаъиятии кишвари Шӯравӣ ва узви даҳҳо созмонҳои байналмилалӣ буданд, бештари ум­рашон дар сафарҳо мегузашт ва корро дар Иттифоқи нависандагон муови­ни якумашон устод Муъмин Қаноат мебурданд. Ва он муҳити тилоӣ бо дастгириву ширкати муовини дигари Турсунзода Фотеҳ Ниёзӣ ва ҳузури ҳа­мешагии Боқӣ Раҳимзода, ёвари устод Турсунзода Михаил Левин ва ширкати пайвастаи ҳамаи адибони номдори за­мон, ки дар боло ном бурдам, он қадр хайрхоҳонаву беғубор ва мусоид барои эҷодкорӣ буд, ки адабиёти дурахшони он солҳо бо адибони варзидаи давр, ки шуҳрати адабиёти моро берун аз Тоҷи­кистон низ бардошта буданд, маҳсули ҳамон даврон буд.

Бояд гӯям, ки дар як шафати он бинои куҳан идораи маҷаллаи русии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон “Памир” низ ҷой гирифта буд, ки сар­муҳаррираш адабиётшинос Масъуд Муллоҷонов буда, аксари адибони номдори русзабони мо, амсоли Ма­риана Фофанова, Леонид Пашенко, Валерий Талвик, Давидзон, Марина Некрасова ва дигарон дар он ҷо кор мекарданд. Ин маҷалла дар радифи маҷаллаи “Садои Шарқ” симои муҳи­ти адабиёти муосири моро таҷассум менамуд.

Банда наметавонам ва ҳуқуқ надо­рам аз хусуси хайрхоҳиву ғамхориҳои беназири устод Муъмин Қаноат ҳарфе нагӯям. Агар гӯям, ки устод Қаноат мо чанд нафар адибони ҷавон, аз ҷумла банда ва Раҳмат Назриро аз дастамон гирифта, аз кӯчаҳои пойтахт ба кӯ­чаҳои адабиёт овардаанд, хато наме­кунам. Маҳз ба шарофати дастгириҳои устод Қаноат ману Раҳмат дар чандин ҷашнвораҳои шоирони шуравӣ дар кишварҳои гуногун иштирок кардаем, ки бароямон фавқулода самарабахш буд, зеро ба ҷуз аз арзёбии адибони барҷастаи шуравӣ ба навиштаҳои мо, шеърҳои мо ба чандин забонҳо, аз ҷумла ба русӣ, тарҷумаву нашр мешуд ва шиносоии мо бо адибони ҷавони ҷумҳуриҳои дигар, бо ашъори онҳо холӣ аз манфиат набуд. Зиёда аз ин, дар он синни ҷавонӣ маҳз бо дастги­рии устод Қаноат банда дар қатори бузургтарин адибони шуравӣ дар чандин Рӯзҳои адабиёти Шуравӣ дар ҷумҳуриҳо иштирок доштаам, аз ҷум­ла, дар Рӯзҳои адабиёти Шуравӣ дар кишвари Ставропол, дар кишварҳои Молдов, Туркманистон ва оқибат дар Машварати адибони ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ.

Дар он солҳое, ки банда ба маҷал­лаи “Садои Шарқ” ба кор омадам, бо ташаббуси устод Боқӣ Раҳимзода дар назди маҷалла маҳфили адибони ҷавон ташкил шуд, ки бо пешниҳоди устод Боқӣ банда роҳбари ин маҳфил аз байни ҷавонон таъйин шудам. Кори ин маҳфил он қадар натиҷабахш буд, ки метавон гуфт, бисёре аз адибони номдори имрӯзи мо дастпарвари ҳа­мон маҳфиланд.

Метавонам чандин далели дигаре аз ғамхориву дастгириҳои роҳбарони онвақтаи Иттифоқи нависандагон бо роҳбарии устод Муъмин Қаноат ва ташаббусҳои устод Боқӣ Раҳимзода нисбат ба ҷавонон биёварам. Маҳз бо дастгирии он муҳит мо ҷавонон, аз ҷумла банда ва Раҳмат Назриро ба ИНТ даъват намуда, маҷмуаи ав­вали ҳанӯз чопнашудаи шеъри моро мавриди муҳокима қаро доданд. Дар муҳокимаи маҷмуаи шеърҳои банда устодон Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳимзода, Лоиқ Шералӣ, Қутбӣ Киром, Бозор Собир ва дигар абармардони адабиёт ширкат доштаву суханҳои хеле гарм гуфтанд, ки боиси ифтихори ман буд ва ба ин васила китобҳои аввали ман ва Раҳмат Назрӣ ба чоп тавсия шуд.

Ҳеҷ наметавонам аз ёд барорам, он гоҳе ки маҷмуаи аввалини ман бо ташаббуси як “хайрхоҳе” аз рӯйхати чоп бардошта шуд, устод Муъмин Қаноат ин хабарро шунида, худашон ба нашриёти ”Ирфон” рафта, маҷму­аи аввалини маро дар рӯихати барои чоп барқарор карданд. Меҳрубониву дастгирии устод Қаноат боз дар он зоҳир ёфт, ки пешгуфтори маҷмуаи аввали ман низ ба қалам ин бузур­гвор мансуб аст.

Аммо сарчашмаи ин ҳама муҳити созгору зебо, пеш аз ҳама, Раиси Итти­фоқи нависандагони Тоҷикистон, яъне, худи устод Мирзо Турсунзода буданд. Дар бораи теъдоди хайрхоҳиву некби­нии устод Мирзо Турсунзода, ки ҳисоб надорад, метавонам танҳо як мисол орам, ки барои шинохти шахсияташон кифоя аст. Боре кормандони милитсия як шоири тарҷумони тоҷикро, ки андаке ширакайф мегашт (Аслам Адҳам) дар шаҳри Ваҳдат боздошт намуданд. Вақте ки аз ӯ ҳуҷҷат ва исмашро пурси­данд, гуфт, ки ӯ Мирзо Турсунзода аст. Кормандони милитсия дар ҳайрат мон­да, рост ба Иттифоқи нависандагон ба худи устод Турсунзода занг заданд ва ин ҳолро гуфтанд. Устод Мирзо Турсунзода бо бузургиву хайрхоҳӣ ва зарофати ба худ хос бо табассум гуфтанд: «Оре, ӯ Мирзо Турсузода аст, ҷавоб диҳед, биёяд».

Хотираҳо хеле ва хеле зиёданд, ки баъзеашонро банда навиштаам. Устодон Фотеҳ Ниёзӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Лоиқ Шералӣ, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Салимшоҳ Ҳалимшо, Бозор Собир, Гулназар, Саидалӣ Маъмур, Ҳабибулло Файзулло (банда асосан дар бораи муҳити онвақтаи Иттифоқи нависандагон гуфтан дорам) пайваста ба маҳфилу суҳбатҳои худ моро раҳ медоданд, ки ҳар яке аз онҳо мактабу дарси ибрати мо буд, зеро дар аксари ин суҳбатҳо баҳсу мунозира аз ада­биёт, аз шеъру сухан мерафт. Аз ҳама ҷолиб ин буд, ки дар чунин нишастҳо ҳатман шеърхонӣ мешуд ва шоирон шеърҳои тозаи худро мехонданд ва мо ҷавононро низ вомедоштанд, ки шеърҳои шогирдонаамонро бихонем. Бояд гуфт, ки аксари нишасту суҳ­батҳои озоди мо бо устодон ва адибо­ни номвар маҳз дар атрофи мизҳои  чойхонаву ошхонаи Иттифоқи нави­сандагон ҳам дар бинои куҳна ва ҳам дар бинои нав сурат мегирифт ва ин шароити мусоид ва мувофиқу озод ба­рои фароҳам овардани муҳити дӯсто­наву ҳамдигарфаҳмӣ хеле мусоидат мекард. Табиист, ки чунин муносибат ва ин нишастҳо моро хеле руҳбаланд кардаву ба мо бовар мебахшиданд ва шароити хубе барои ягонагиву дӯстии аҳли эҷод муҳайё менамуданд.

Яке аз устодоне, ки аз баракати ҳу­зурашон файз ёфтаем, устод Мирсаид Миршакар буданд, ки дар бинои Итти­фоқи нависандагон дар вазифаи коти­би масъули Кумитаи Ҷоизаи давлатӣ ба номи Рӯдакӣ кор мекарданд. Устод Миршакар як инсони зебову хушқаду қомат, бамулоҳизаву андешаманд ва донишманд буданд, худро ҳамеша хеле сазовор нигоҳ медоштанд. Ши­нухезу суханронияшон ибратомӯз буд, аз ҳар суҳбати ҳатто чанддақиқагии сарироҳияшон мо баҳраҳо мебур­дем. Маҳз устод Миршакар барои мо Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро кашф карда буданд ва маҳз бо ташаббуси он кас бори аввал ашъори Иқбол дастраси хонандагони тоҷик гардид, ки таъсири нишонрасе ба адибони мо, ба муҳити адабии мо дошт.

Устод Боқӣ Раҳимзода вақтҳои охир саргарми мутолиаи шоирони сабки ҳиндӣ гардиданд ва чунон мафтуни ин сабк, хусусан санъатҳои ҳунарии он гардида буданд, ки аз ак­сари шоирони ин сабк — Соиб, Сайидо, Бедил, Ғании Кашмирӣ ва дигарон дар он пирӣ фаровон байтҳо аз ёд карда буданд ва дар суҳбатҳояшон намунаи ибрат оварда, бо тасвирҳо, санъатҳо, бо сувари хаёл шеър гуфтанро ба мо, ҷавонон, талқин мекарданд.

Қабули адибони ҷавон ба узвия­ти Иттифоқи нависандагон низ бо иштироки ҳатмии адибони бузурги замон мутантану руҳбаландона мегу­зашт. Вақте ки банда аз рӯйи навбат барои қабул ба маҷлисгоҳи Раёсати Иттифоқи нависанда­гон даромадам, ҳанӯз касе ҳарфе назада, устод Аминҷон Шукӯҳӣ хайрхоҳона бо табассум хоҳиш карданд, ки ягон шеърамро хонам. Ман як шеъри навэҷодкардаи худро бо номи “Бӯи баҳор мерасад, бӯи баҳор…” хондам, ки баъдан суруди машҳур шуда буд. Устод Шукӯҳӣ баъд аз шунидани шеър бидуни саволи дигар эълон карданд, ки ман ба узвияти Иттифоқи нави­сандагон қабул шудам. Барои ман ин шарафи бузург буд, ки маҳз Шукӯҳӣ, ин шоири номдору мумтози замон, бандаро ба узвият пазируфтанд.

Устод Шукӯҳӣ, ки раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ буданд, баъдан, вақте ба нафақа баромаданд, гоҳе оҳиста-оҳиста қадамзанон (гумон мекунам, пояшон дардманд буд) ба бинои Иттифоқ мео­маданд ва борҳо дар роҳаткурсии даф­тари кории мо, дар канори мизи кории банда нишаста, суҳбатҳо меоростанд, ки ман аз он суҳбатҳо як олам маъно мебардоштам. Бо ҳама бузургиву шуҳрату ном як инсони хеле хоксору заминиву самимӣ буданд.

Мавриди дигаре, ки мехоҳам таъкид кунам, нақши устодон дар нигаҳдо­рии талаботи баланд, нигаҳдории меъёрҳои шеър аст, ки тавассути Итифоқи нависандагон дар тамоми кишвар роҳандозӣ мешуд ва то имрӯз дар муҳити Иттифоқи нависандагон нигоҳ дошта мешавад. Аввалан, ба шарофти устодон Мирзо Турсунзода­ву Боқӣ Раҳимзода ва сипас, хусусан бо масъулияти баланд, сахтгириву талаботи меъёрие, ки аз ҷониби усто­дон Муъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир дар шуъбаҳои назми Иттифоқи нависандагон ва нашрияҳои он роҳандозӣ шуда буд, ин меъёру қонун ва талабот дар шеъри муосири мо то ҷойе, ки имкон дошт, нигоҳдорӣ мешуд.

Ин устодон хеле сахтгир буданду талаботро то ҷойе баланд мебардоштанд, ки мо маҷбур будем аз пайи иҷрои шартҳои баланд ва душвори гузоштаи онҳо бошем. Нахустин супориши устод Лоиқ ба банда ин буд, ки асари Владимир Маяковский “Как делат стихи”-ро бодиққат бихонам, баъдан ҳар бор китоберо барои мутолиа тавсия медоданд. Ҳам устод Лоиқ ва ҳам устод Бозор Собир ба навқаламоне, ки аз шеърашон бӯи истеъдод намеомад, рӯирост мегуфтанд, ки аз шумо шоир намебарояд, ба кори дигар машғул шавед. Он нафар сахт хафа мешуд, аммо ба манфиаташ буд ва худро дигар ба заҳмате, ки натиҷа нахоҳад дод, маҷбур намекард. Имрӯз мо мефаҳмем, ки кори онҳо дуруст будааст. Зеро ҳам он нафарро аз заҳматҳои бенатиҷа наҷот медоданду ҳам адабиётро. Чун беистеъдодҳое, ки касе ин суханро барояшон нагуфт, тамоми умр дар ҷодае, ки барояш оқибате надорад, заҳмат кашиданд ва ба ҷойе нарасиданд ва умр ба зоеъ сарф карданд, танҳо худро ғам доданду дигаронро.

Ҳатто бо навқаламе, ки аз ӯ бӯйи умеде ҳаст, устодон аз сидқи дил кор мекарданд. Аз ҷумла, устод Бозор Со­бир дар сари навиштаҳои шогирдонаи мо чунонки дар сари шеъри худаш бо­шад, ба андеша фурӯ мерафту соатҳо заҳмат мекашид. Яъне агар мо чизе шудаем, ба шарофати ин устодон аст.

Устодони номбурда ва шогирдони онҳо бо сахтгирӣ ва таҳрирҳои солим роҳ намедоданд, ки навиштаҳои хаса­кӣ, ношоиста ва ё пурғалат, бе риояи меъёри забони солими адабӣ, тозагӣ ва бозёфтҳои ҳунарӣ бо номи шеър ба нашр расанд, сарфи назар аз гуза­штҳое, ки ҳамон вақт ҳам роҳ меёф­танд, аммо хеле кам. Ба шарофати ҳамин сахтгириҳо шеъри муосири мо пайваста аз ҷиҳати забону баён ва шеърият боло мерафту такмил меёфт ва намунаҳои баланду ибратомӯзи онро боз ҳам худи устодон манзури хонандагон менамуданд. Аввалин ва­зифае, ки имрӯз дар назди Иттифоқи нависандагон меистад, нигоҳ доштани ҳамин меъёрҳост, ки бе риояи онҳо шеъри мо метавонад хеле осебҳо бинад, хусусан имрӯз, ки берун аз муҳити Иттифоқи нависандагон дар нашрияҳои дигар ин меъёрҳоро, му­таассифона, гоҳе шикастан доранд. Дар ин мавзуъ банда алоҳида мақолае хоҳам навишт.

Иттифоқи нависандагон ҳамеша натанҳо дар бунёди адабиёти муосир, фароҳам овардани муҳити созгор барои эҷод саҳм мегузошт, балки дар тарғибу расонидани ҳосили заҳматҳои адибон ба хонанда низ саҳмгузор буд. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯии мо ҳар мулоқот ва маҳфили шеъру сухан дар байни мардум, хусусан дар мактабҳои олии пойтахт, ба иди бузурги адабиёт табдил меёфт. Чанд базми шеъре, ки бо иштироки устод Мирзо Турсунзода ва шоирони шоистаи давр дар Дониш­гоҳи миллӣ ва Донишгоҳи омӯзгорӣ ва дигар мавзеъҳо барпо шуда буд, фаро­мӯшношуданист. Чӣ қадр ангезишҳое медоданд чунин маҳфилҳо, чӣ қадр таъсир доштанд ба равнақи истеъоди ҷавонон, чӣ қадр таҳрик медоданд ба пешрафти адабиёти муосир. Бояд гӯям, ки таъсиру аҳаммияти чунин мулоқоту базмҳои шеър барои мо, на­вқаламони он солҳо, хеле бузург буд.

Бидуни шубҳа, сафару мулоқоти адибон ба шаҳру вилоятҳои кишвар, ки аз ҷониби Итифоқи нависандагон тарҳрезӣ мешуданд, низ барои фа­роҳам овардани муҳити созгори адабӣ дар саросари кишвар таъсири бузур­ге доштанд. Хусусан машваратҳои адабие, ки дар пойтахт ва марказҳои вилоятҳо аз ҷониби Иттифоқи нави­сандагон барпо мешуданду ҳоло ҳам баргузор мешаванд, нақши бузурге дар кашфи адибони ҷавон, чеҳраҳои шоистаи нави адабӣ бозидаанду ме­бозанд.

Ин ҷо фурсате нест, ки дар бораи нақши устод Раҳим Ҷалил ва шахсияти боризашон дар бунёди муҳити адабии Хуҷанд ва ё нақши мавлоно Ашӯр Сафар ва шахсияти бисёр ҷолиби инсониву адабияшон дар муҳити адабии Кӯлоб, ки саҳми шоистае дар тарбияи эҷодкорон дар вилоятҳо доштаанд ва банда шоҳиди зиндаи он ҳама падидаву зуҳуроти адабӣ будаам, батафсил ҳарф занем. Банда ин корро каму беш дар навиштаҳои дигарам кардаам. Дар мавриди мавлоно Ашӯр Сафар ва адибони арҷманди хатлонӣ дар сафарҳои фаромӯшнашудании навоҳии Кӯлоб дар мақолаҳоям навиштаам. Дар мавриди устод Раҳим Ҷалил низ бояд бигӯям, ки як инсони хеле донишманд, зарофатгӯ, хайрхоҳ ва дасткушод буданд. Кони байтҳои, чунонки мегӯянд, коғазпеч ва латифаҳои нотакрор буданд ва дар тӯли як ҳафтае, ки бо устод Бозор дар машварати вилоятӣ дар дафтари корияшон иштирок доштем, меҳмононро бо ошҳои лазизи хуҷандӣ зиёфат медоданд, аммо лазизтар аз он суҳбатҳои нотакрорашон буд. Байтҳои фавқулода зебои классиконро аз ёд мегуфтанд ва банда мушоҳида кардаам, ки устод Бозор ин байтҳоро барои худ навишта мегирифтанд. Яке аз он байтҳо чунин буд:

Гар мекунӣ гуноҳ, гуноҳи кабира кун,
То дар ҷаҳаннам аз ҳама болонишин шавӣ.

Боиси шодмонист, ки ин муҳити хайрхоҳонаву ҳосилбахш дар вилоя­ти Суғд бо сарварии котиби масъули вилоятии ИНТ Аҳмадҷон Раҳатзод ва ҳузури Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона идомаи нек дорад. Ҳамин гуна муҳити созгори эҷодӣ дар шуъбаи хатлонӣ, бо роҳбарии Озар Салим, дар шуъбаи Кӯлоб бо роҳбарии Ҳақназар Ғоибу Файзи Ашӯр, дар шуъбаи Ба­дахшон бо роҳбарии Лаълҷуба ва зери роҳбарии умумии Раиси Иттифоқи на­висандагони Тоҷикистон Низом Қосим роҳандозӣ шудааст.

Далели фарҳангдӯстии мардуми мо, адабпарастии халқу Ҳукумати Тоҷикистон буд, ки эҳтироми адиб ва адабиёт дар кишвари мо, дар марказ ва дар тамоми шаҳру навоҳии он чунон буд, ки онҳо гули сари сабади ҳама маҳфилҳо, ҳама пазироиҳо ва иқдомҳо буданд ва суханони адибони шоистаи мо раҳнамои ҷомеа, эътиборашон ҳа­меша баланд ва шахсияташон боиси ифтихори мардум буд.

Хушбахтона, имрӯз бо сарварии Пешвои шеърдӯсту адабпарвари мо мақоми адиб дар ҷомеаи Тоҷикистон, дар замони эҳёи навини ин кишвари куҳанбунёд даҳчанд афзудаву адибо­ни мо боз ҳам пешгоми худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагии халқамон ҳастанд.

Имрӯз, вақте ки 90 солагии ИНТ-ро ҷашн мегирем, бояд он роҳи пур­шараф, он саҳми бузурги устодон, адибон ва Иттифоқи нависадагони Тоҷикистонро дар ҷодаи бунёди ада­биёти миллии муосир, дар равнақи маънавиёти даврони навини кишвара­мон, хуллас, дар миллатсозӣ ва эҳёи навини кишвари азизамон бигӯему бинависем. Ин суҳбати мухтасари мо як иқдом аст ва банда умедворам, ки адибони дигари мо саҳифаҳои бисёр ҷолиби ҳаёти адабӣ, рӯзгори адибони алоҳида, симои эҷодӣ ва саҳми боризи онҳоро барои таърихи адабиётамон равшан хоҳанд кард.

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо