ЁДГОРӢ НОЗИР

 ЁДГОРӢ НОЗИР

НОЗИР ЁДГОРӢ 10 октябри соли 1956 дар деҳаи Кадучии ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики ДДТ-ро ба фарҷом расондааст.

Баъдан ходими газетаи «Роҳи Ленинӣ»-и вилояти Кӯлоб (1978-1981), мухбири махсуси ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат (1981-1987), аз соли 1987 корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият» будааст.

Аз соли 2000 сардори дафтари матбуоти Вазорати энергетикаи ҷумҳурӣ мебошад.

Нахустин ҳикоя ва тарҷумаҳояш аз соли 1973 дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ пайдо шудаанд.

Муаллифи маҷмӯаҳои «Лаҳзаи тулӯъ» (1986), «Рӯ ба рӯшноӣ» (1988; қисса ва ҳикояҳо), «Садди оташ» (1994; очеркҳо), «Зиндагӣ дар пояи ду кӯҳи намак» (1995; очеркҳо), «Бӯсаи мор» (2002; қисса ва ҳикояҳо) ва асарҳои дигари публитсистӣ мебошад.

Чанде аз ҳикояҳояш ба забонҳои русӣ ва украинӣ тарҷума шуда, дар маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.

Аз адиби рус В.Распутин қиссаҳои «Пул барои Мария» ва «Валентин ва Валентина», адиби эстон Маатс Траат романи «Рақси гирди деги буғ» ва нависандаи амрикоӣ Дейл Карнегӣ рисолаҳои «Оини хушбахтӣ» ва «Оини дӯстёбӣ»-ро ба тоҷикӣ гардондааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Дигар хабарҳо