• 21.01.2026

Ёдвораҳои меҳрандуд

 Ёдвораҳои меҳрандуд

Тарҷумони соҳибҳунар, адиби хушзавқ Комила Камолова 70сола шуд

Поёни соли гузашта касе ёдрас намуд, ки тарҷумони варзида Комилабону зодрӯз дорад. Банда лаҳзае дар шигифт афтодам. Умр аҷаб тез мегузарад. Чанде пеш гӯё духтараке буд дар талошу пайкори зиндагӣ ва оташи меҳраш ба фарҳангу эҷод ва осори бадеии нависандаҳои номдори ҷаҳон аланга мезад. Шаб ба хона баргашта, ёдвораҳоямро пеши назар овардам ва аз хотираҳои дуру наздик сатрҳои зерин падид омаданд.

Ӯ аз падар ятим монда, дар мактаб-интернати шаҳри Кӯлоб таҳсил мекард. Боре директори мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова, марди юнонитабор Иониди Дмитрий Иванович ба мактаб-интернати Кӯлоб ташриф овард. Мехост барои мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ хонандагони лаёқатмандро пайдо кунад. Бахти Комилабону омад кард ва ӯ соли 1963 ба Душанбе омада, падари маънавии хеш Ионидиро пайдо кард. Ин марди фидоии юнонитабор тайи сӣ сол ба мактаб-интернати худ аз тамоми гӯшаву канорҳои ҷумҳурӣ қариб 900 хонандаро гирд оварда, онҳоро чун падари маънавӣ сарпарастию ғамхорӣ мекард. Беҳтарин ҳунармандону овозхонони машҳури ҷумҳурӣ Саидқул Билолов, Соро Музофиршоева, Фароғат Азизова, Қурбоналӣ Абдуллоев, Кароматулло Қурбонов ва даҳҳо нафари дигар дастпарвари ҳамин боргоҳи санъат буданд, ки сарвариашро Ионидии фидоӣ бар дӯш дошт.

Комилабонуро соли 1972 дар мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Малика Собирова ҳамкурси донишгоҳиям шодравон Саттори Умар ҳамчун хоҳарарусаш шинос карда буд. Пас аз ин дидори нахуст бо Комилабону, ба дӯстам Саттор ишора кардам, ки хоҳарарусат чашмони калону шаҳлои кинозеб дорад ва дар филмҳои ҳунарӣ нақшҳои хотирмоне офарида метавонад. Шигифтам аз он афзуд, ки Саттор бо лабханд гуфт:

– Комила дар филми бадеии «Дурахши ситораҳо» дар киностудияи ба номи Довженкои Украина роли асосиро бозидааст ва боре дар телевизиони ҷумҳурӣ ин филмро намоиш доданд.

Дарёфтам, ки Комилабону ҳунари беҳамтои нақшофарӣ дар филмро дорад: ӯ дар ин филм нақши Марямро бозида буд, ки дар бораи барқарории сохти шуравӣ дар Осиёи Марказӣ ҳикоят дошт. Пас аз як сол ҳангоми хатми мактаби мусиқӣ Комиларо барои офаридани нақши асосии филми «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги дароз» режиссёр Раҳимов (филми якҷояи «Тоҷикфилм» ва «Ленфилм») даъват кард. Ӯ аз озмоиш гузашта, ба зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баргашт, вале бибияш Шаҳрибону, ки парастори асосии Комилабону буд, ӯро барои баргаштан ба Душанбе ва офаридани нақши асосӣ дар он филм розигӣ надод. Ҳамин тавр, Комила ба поси хотири бибии солхӯрдааш аз баҳри нақшофарӣ дар филм баромад.

Ӯ пас аз фароварди мактаби мусиқӣ соли 1973 ба консерваторияи шаҳри Тошканд барои таҳсил роҳхати бидуни имтиҳон дошт, вале бибиаш Шаҳрибону хоҳиш кард, ки аз наздаш дур наравад ва дар Кӯлоб таҳсил кунад. Худи ҳамон сол Комилабону ба факултети забон ва адабиёти руси донишкадаи Кӯлоб дохил шуд. Забони русиро, ки хуб омӯхта буд, таҳсил дар донишкада барояш душворие надошт. Дар мактаби мусиқии Кӯлоб аввал аз фортепиано ва сипас аз хори умумӣ дарс медод. Дар ин давра ба хормейстри театри Кӯлоб Холмаҳмад Маҷидов чандин бор дучор омад. Дар шаҳри Кӯлоб соли 1974 ба озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон» омодагӣ медиданд. Холмаҳмад Маҷидов ва сарварони дигари театр истеъдоди мусиқӣ ва ҳунари дирижёрии Комиларо дида, ӯро ба озмун кашиданд. Дар даври аввали озмун ҳамчун дирижёри хор баромад кард. Банда ҳунарнамоии санъаткорони Кӯлобро дида, ба ҳунари ҷавондухтари тоҷик, ки ба дастаи калони ҳунармандон дирижёрӣ мекард, қоил гаштам. Саҳми Комилабону ҳам буд, ки шаҳри Кӯлоб ҳамон сол дар озмуни «Бӯстон» ҷойи аввалро соҳиб шуд.

Соли дуюми таҳсил дар донишкадаи Кӯлоб ӯро ба рӯзномаи «Кулябская правда» ба кор даъват намуданд. Дар он ҷо кормандони дорои саводи хуби русӣ намерасиданд. Комила қариб як сол нахуст ба сифати котиба ва сипас мухбир кор кард. Хеле серкор буд. Аз дарс баромада, дартоз сӯйи редаксия мерафт ва то шом он ҷо гирифтор буд.

Соли 1976 аввалҳои моҳи август Комила ҳамроҳи язнааш Саттор ба Душанбе омаданд. Пас аз вохӯрӣ ва суҳбат Саттор огоҳ намуд, ки Комила мехоҳад ба факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон гузарад. Ректори донишкадаи Кӯлоб барои гузаштан рухсат додааст, вале дар донишгоҳ баҳона меҷӯянд, ки фарқи имтиҳонҳо хеле зиёд аст. Бояд камаш аз даҳ фан имтиҳони иловагӣ супорад.

Ману Саттор дарҳол даву тозро сар кардем. Дар давоми ду-се ҳафта Комила ҳамаи имтиҳонҳоро супорид. Фақат таърихи КПСС монд. Ду маротиба назди мудири кафедра Ахмедов даромадем. Ӯ ба қабули имтиҳон розӣ намешуд. Ниҳоят, Аҳадов, дотсенти шиноси банда ба таври ниҳонӣ имтиҳон қабул карда, ба Комила баҳои чор гузошт. Бо ҳамин Комила соли 1976 донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин гардид.

Худи ҳамон сол банда дар гӯшаи Душанбе ҳавлие харидам. Комила ҳамроҳи хоҳаронаш Дилорому Зебо гоҳ-гоҳе ба меҳмонӣ меомаданд. Ӯ саводи хуб ва дониши мукаммал дошт. Китобҳои классикони адабиёти русу хориҷиро зиёд мутолиа мекард. Мо шинухезҳои самимонаи оилавӣ ва дӯстона доштем.

 Соли 1978 Комила факултаи забон ва адабиёти русро хатм намуда, оиладор шуд ва бо ҳамсараш ба вилояти Ленинобод рафта, дар факултаи забони русии Донишкадаи давлатии Хуҷанд ба ҳайси муаллима кор кард. Дар ин донишкада ба тарҷумаи рисолаҳои илмӣ ва мақолаҳои ҷудогона аз забони тоҷикӣ ба русӣ рӯ овард. Заминаи нахустини мактаби тарҷумаи илмӣ бештар дар ин донишкада гузошта шуд.

Соли 1985 ҳамроҳи шавҳар ва фарзандонаш ба Душанбе баргашт, соли 1986 дар маҷаллаи навтаъсиси «Чашма» ба кор даромад. Барои маҷаллаи кӯдакон «Родничок» навиштани қисса ва ҳикояҳо барои хурдсолонро бо забони русӣ шуруъ намуд. Навиштаҳои нахустинаш дар маҷмуаҳои «Родничок», «Тыква», «Часы, которые кричат три раза» аз чоп баромаданд. Ӯ таҳиягар ва тарҷумони маҷмуаи «Таджикские народные сказки», «Кир Великий» мебошад. Асарҳои нависандагони тоҷик Садриддин Айнӣ, Кароматулло Мирзоев, Абдулҳамид Самад, Муҳаммад Ғоиб, Сафияи Носир, Абдуҷаббори Абдуғаффор, Азизи Азиз ва бандаро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Номгӯйи умумии асарҳои нависандагони тоҷик, ки Комилабону Камолова аз тоҷикӣ ба русӣ баргар дондааст, аз 60 адад кам нест.

Соли 2017 дар қатори Ӯрун Кӯҳзод, Низом Қосим, Вафо Назар, Заур Дахте, Зулфия Атоӣ, Ибодулло Машраб барои саҳми арзанда дар адабиёти ҷаҳонӣ ба Комилабону унвони фахрии доктори илмҳои фалсафаи донишгоҳҳои Кембриҷ ва Оксфорд дода шуд.

Агар зиндагии Комилабонуро бо чанд ҳарф ҷамъбаст кунем, метавон гуфт, ки ӯ яке аз фидоиён ва дилбохтагони фарҳангу санъат ва адабиёти тоҷик аст. Ёд дорам, ки чандин сол ба ҷойи устодаш Иониди сарвари мактаб-интернати махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ буд ва кӯшиш мекард, ки пайрави падари маънавияш бошад. Ҳангоми сарпарастии ӯ дар мактаб-интернати номбурда чандин донишҷӯ дар озмуну симпозиумҳои байналмилалӣ ва умумииттифоқӣ ширкат варзида, соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд…

 Имрӯзҳо ҳам аз кору пайкори эҷодии ӯ ҳарфҳои нек мешунавам. Комиламоҳ Камолова яке аз тарҷумонҳои болаёқат, соҳибистеъдод ва ҷӯянда буда, қариб чил соли умри азизи худро ба заҳмати гарон, кори сангин ва қаламфарсоии душвору доманадори тарҷумонӣ бахшидааст. Даҳҳо асари илмиву оммавӣ, сиёсӣ ва таърихиро ба забони русӣ баргардон кардааст, ки ниёзе ба ном бурдани онҳо нест.

Комилабону дар ҷодаи филмофарӣ гомҳои дурахшоне ниҳода, барои худ дар киностудияҳои бонуфуз роҳ кушод. Вале сарнавишт ӯро ба ҷодаи дигар афканд. Дар кадом пешае кор карда бошад, нони ҳалолашро аз нӯги хома рӯёнда, қадру манзалат ва шарофати инсонияшро ҳифз кардааст. Дар камолоти роҳи эҷодӣ ба Комилабонуи заҳматкашу қавиирода саломатӣ, умри дароз, зиндагии осуда ва шодкомиҳои ҳаётро таманно дорем. Ҳамеша сарбаланд ва хушбахт бошад!

Бароти АБДУРАҲМОН,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо