Як чаман маърифат аз шаҳри хаёл

Барои дарёфти ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода
Равшани Ҳамроҳ суханварест, ки бештар аз 40 сол аст, дар майдони адабиёт бо садоқат қадам мегузорад. То кунун бештар аз даҳ маҷмуаи ашъор ба шумули «Гарди ситора» (1990), «Гули абр» (1997), «Андешаҳо аз решаҳо» (1999), «Таронаҳо ба хонаҳо» (2001), «Забони чашм» (2003), «Тафсири фиғони мурғ» (2004), «Оҳанги бедорӣ» (2006), «Ташнаи дидор» (2007), «Саду як ғазал» (2009), «Солнома» (2011), «Дарахти оҳ» (2013) «Аз чароғи хона то шамъи мазор» (2016), «Ниҳоли сабзи борон» (2020) ва амсоли ин ба чоп расидаанд, ки ба сурати куллӣ маҳсули эҷод ва таҷрибаҳои ҳунариашро дар анвои шеъри суннатӣ ва намунаҳои шеъри нав муҷассам мегардонанд.
Соли 2023 китоби ашъори Равшани Ҳамроҳ зери унвони “Шасти Равшан” интишор ёфт, ки намунаҳое аз ашъори суннатӣ ва нави ўро фаро мегирад. Ба таъбири дигар, ин маҷмуа ҳосили таҷрибаҳои бештар аз ҷиҳилсолаи шоир аст, ки аз сўи суханвар ва суханшиноси тоҷик Иброҳими Наққош таҳия гардида.
Тавре аз муаррифиномаи китоби “Шасти Равшан” маълум мегардад, “дар ин китоб ашъори суннатӣ ва мудерни дар тайи чанд сол иншонамудаи шоир ва адабиётшиноси тоҷик Равшани Ҳамроҳ фароҳам омадаанд”. Аз лиҳози шумора миқдори бештари ашъори ин дафтарро ғазал ба вуҷуд овардааст. Дар умум, маҷмуа фарогири 348 ғазал мебошад, ки ба тартиби хоси тадвини девон, риояи ҳуруфи таҳаҷҷӣ ҷой гирифтаанд. Агар кулли ин навъи шеъри Равшани Ҳамроҳро ба сурати алоҳида берун оварем, аз он як девони комили ғазалиёт ҳосил мешавад.
Мусаллам аст, ки куҳнагиву навии ғазал яке аз мабоҳисест, ки ҳанўз аз солҳои шастум дар адабиётшиносии кишварҳои форсизабон мавзуи баҳс қарор гирифта меояд. Аз ҷумла, Равшани Ҳамроҳ низ дар рисолаи хеш “Падидаҳои ҳунарӣ дар шеъри Гулназар” ин мавзуъро бар пояи дидгоҳҳои донишмандони ватаниву хориҷӣ нақду баррасӣ кардааст. Бо таъкид бар ин матлаб мехоҳам ба як нукта ишорат намоям, ки Равшани Ҳамроҳ чун бар ин мавзуъ тасаллути бештар дорад, бо ҳамон сатҳи матлуби огоҳӣ аз ин баҳс дар эҷоди ғазал иқдом намуда, баробари идомаи суннатҳои нодири классикӣ дар муҳтаво ва шеваҳои эҷод, бозтоби аносири замон, тарсим ва таҷассуми тафаккури рўзгор ва ҳар чӣ бар он марбут аст, сабки суханварӣ, дарунмояи ин навъи мустаъмали шеър тозакориҳое ба зуҳур расонад. Дар навбати аввал, бо мутолеаи ғазалҳои ин маҷмуа хонандаро ин эҳсос фаро мегирад, ки воқеан, пушти ҳар сатру ҳар байти он каси ҳамзамони мо ҳузур дорад. Ба вежа, ин ҳақиқати шоирӣ дар сурудаҳои ватанситоёнаи Равшани Ҳамроҳ равшан ҷилвагар аст:
Тоҷикистон, бар баҳоронат дилам гум мезанад,
Бар насими кўҳсоронат дилам гум мезанад.
Абрҳои зунг дар шаҳри ғарибӣ беғаманд,
Бар сахои абру боронат дилам гум мезанад.
Қулф зад гўши ман аз бонги мутарҳои зиёд,
Бар навои обшоронат дилам гум мезанад.
Бар азони мурғакону ҷонамози сабзаҳо,
Бар намози рову торонат дилам гум мезанад.
Мисли ман бедор бошанд ахтару дарёи ту,
Бар чунин шабзиндадоронат дилам гум мезанад.
Нест дайёре, ки бо ман ғам хурад дар ин диёр,
Бар нишасти майгусоронат дилам гум мезанад.
Аз арўсони телефонӣ ҳамият рафтааст,
Бар шаби келинбиёронат дилам гум мезанад.
Бар мазори орзуҳо зор гиряд Равшанат,
Эй Ватан, бар чашмасоронат дилам гум мезанад.
Бо мутолеаи ин ғазал чанд тозакориҳои марбут ба ҳамзамонии шоир ва таҷассуми аносири рўзгори ҷорӣ пешорўи мо ҷилвагар мешавад. Аввал, ин ки ў чун шоири ватандўсте, ки замоне дар муҳоҷират будаву ҳамеша он айём ба ёди Тоҷикистон дилаш гум мезада, сухан мекунад ва интихоби таъбири зебову самимии “дилам гум мезанад” ба ҳукми радифи ғазал мусиқият ва назокати каломи суханварро таъмин карда. Корбурди наввожагони хоси имрўз низ барои рўҳи муосир дарёфтани муҳтаво ва дарунмояи ғазал таъсиргузор омадаанд. Ин ҷо ў аз “мутарҳо”, “арўсони телефонӣ” ёдовар мешавад, ки аз ҷумлаи аносири муҳимми рўзгори моянд ва дар баробари тасвири падидаҳои замони имрўз набзи ғазалро ба асри ҷорӣ созгор гардонидаанд. Аммо дар канори ин, бо ҳамон шеваи баёни хос аз он сухан мекунад, ки дилаш бар шаби келинбиёрони Ватан гум мезанад, вақте аз даст рафтани ҳамият аз арўсони телефониро мушоҳида мекунад. Ин ҷо сухан, зимнан, аз он меравад, ки гоҳо падидаҳои фарҳанги муосир барои аз миён рафтани аносири фарҳанги миллӣ таъсиргузор меояд ва зимнан бо таъкид бар ин нукта ў аҳаммияти муҳимми тадбирҳои муҳими Пешвои миллатро дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои фарҳанги миллӣ тарғиб мекунад. Аз назари дигар, таркибу таъбирҳои шоиронаи “насими кўҳсорон”, “азони мурғакон”, “ҷонамози сабзаҳо”, “намози рову торон”, “чашмасорон”, ки дар ин ғазал ба кор рафтаанд, ҳамагӣ оинадори табиати нодири Ватани азизи мо Тоҷикистон ҳастанд, ки дар як вақт номаи муҳаббати суханварро шореҳӣ мекунанд. Ҳатто истифодаи вожагони нодири куҳан чун рову торон, келинбиёрон, ки ҳамакнун дар забони мардум маҳфузанд, аз равзани дигар ҳисси ватандўстии гўяндаи шеърро тарсим ва таҷассум мекунанд, зеро яке аз рисолатҳои муҳимми шоирӣ ҳифозати калимаву вожагони нобу нодир дар забони шеър аст. Ҳоло ки ҷои чунин вожагонро қисман калимоти бегона гирифтаву қисме дигар ба тадриҷ аз миён мераванд, корбурди онҳо дар шеър баробари анҷоми ин рисолати бузург завқи зебоишиносӣ, ҳисси ватандўстӣ, муҳаббат ба асолати миллиро, ки ҳамагӣ дар вуҷуди шахси шоир ҷўш мезананд, низ метавонанд ифода ва тафсир кунанд.
Дар ин навъи куҳани шеъри тоҷикӣ Равшани Ҳамроҳ нодиртарин суннатҳои ғазалсароии классикиро бо шеваҳои шоирона идома бахшидааст. Бештари ғазалиёти Равшани Ҳамроҳ дорои байти тахаллус мебошанд, ки идомаи ин равиш дар сурудаҳои на ҳамаи шоирони имрўз ба чашм мерасад. Интихоби вожагону таркибҳои нодир дар мақоми радиф низ шореҳи нодиракориҳои шоир дар идомаи ин суннати роиҷи сохтории ғазал ба шумор меравад. Дар ғазалҳои дигари Равшани Ҳамроҳ ҳукми радифро гирифтани вожагону таъбирҳое чун “осиё”, “фардо”, “шавадо”, “ин ҷо”, “имшаб”, “фиреб”, “хоб”, “гурехт”, “рўбаҳист”, “қаноат — ними тоат гуфт”, “ях бастааст”, “ҳамвор нест”, “мегирист”, “ташнаи дидорат”, “дар чашмам шикаст”, “аз даст рафт”, “офат аст” ва монанди он шарҳи ҳақиқати кори ў ҳам дар идомаи эҷоди радифҳои нодир ва ҳам тозакориҳо дар эҷоди ин унсури меҳварии ғазал тавассути таъбирҳои ҷолиб ва таркибҳои худсохти ў ба шумор меравад. Аз ҷумла, радифи “дар чашмам шикаст” омил ба эҷоди чанд таркиби шоирона ҳамчун самари сувари хаёли шоир ҷилвагар гардида, ки мурур бар ин ғазал худ шарҳи ҳоли ин навъ ибтикороти шоир мебошад:
Бе ту ашки ноб дар чашмам шикаст,
Сад қадаҳ хуноб дар чашмам шикаст.
То caҳар Варзоб аз чашмам гурехт,
Гардани Анзоб дар чашмам шикаст.
Эй басо гирдоб аз чашмам дамид,
Косаи гирдоб дар чашмам шикаст.
Хобро аз дидаам селоб шуст,
Пои мурғи хоб дар чашмам шикаст.
Бар фалак санги маломатро задам,
Косаи мaҳтоб дар чашмам шикаст.
Аз танўри кўҳ субҳ омад бурун,
Кулчаи афтоб дар чашмам шикаст.
Ибораи гардан шикастан дар асл маъруф аст, вале “гардани Анзоб дар чашмам шикаст” гуфтани шоир як навъ тозагии маъноӣ бар он бахшида, чун вожаи “гардан” метавонад ба маънии “ағба” ҳам истифода шавад ва ҳам қомати баланди кўҳ, ки дар пеши чашми шоир пасту поин меравад. Шикастани косаи маҳтоб, кулчаи афтоб, сад қадаҳ хуноб, пои мурғи хоб дар шумори таркибҳои шоиронае ҳастанд, ки дар ин ғазал дар коргоҳи хаёли шоир шакл гирифтаанд. Истифодаи вожаи офтоб дар шакли афтоб шояд ба назар чунин тобад, ки он дар қолиби забони гуфторӣ ё шакли роиҷ дар гўйишҳои маҳаллӣ ба кор рафта. Вале мурур ба асари Ҳасани Дўст «Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ» ин матлабро равшан месозад, ки қолиби афтоб аз ҷумлаи шаклҳои куҳани офтоб дар забонҳои бостонӣ, хоса форсии миёна, портӣ будааст.
Зимнан дар идомаи суннатҳои тамсилсозӣ ва корбурди ирсоли масал низ Равшани Ҳамроҳ иқдомоти шоистаи ҳунарӣ ба зуҳур расонида, ки чанд намуна аз ин ибтикороти ҳунарӣ шореҳи он аст:
Дил рафтааст аз ману ёдам намекунад,
Юсуф зи ёд бурдааст Канъони хешро.
***
Зиндагонӣ дил надорад, санг дорад дар сиришт,
Дар таҳи ин санг бинҳодӣ сабўи хешро.
Доираи мавзуи ашъори Равшани Ҳамроҳ низ пурвусъат буда, муҳимтарин масоили рўзгори ҷорӣ, мушкилоти ахлоқии инсоният, бастаи нафси саркаш будан, ки асли фоҷеаҳои ҳаёт аст, аз миён рафтани суннатҳои нодири маънавӣ, эҳёи падидаҳои фарҳангӣ, шинохти мероси ниёгон ва маърифати асолат, талқини ғояҳои ватандўстӣ, худшиносӣ ва роҳу равишҳои такмили хулқи ҳасана дар ҷомеа ва амсоли ин бо тарҳу шеваҳои мухталиф ба ҷилва омадаанд. Хоса дар ғазал ҷойгузин кардани мавзуоте бо чунин вусъат ҳунари шоирӣ, биниши хос, мутолеаи фаровон, мушоҳидаҳои шоирона ва истеъдоди баландро тақозо мекунад.
Бо муруре кўтоҳ ба маҷмуаи ашъори “Шасти Равшан” чанд нуктаи муҳим барои мо равшан мешавад, ки дар назари аввал ҳамин вусъати таҷрибаҳои ҳунарии шоир дар қолаб ва шаклҳои мухталифи шеърӣ ба шумор меравад. Дар баробари идомаи суннатҳои нодири шеъри классикӣ рўҳи замон, ниёзҳои рўзгори ҷорӣ ва масоили муҳими сарчашма аз барномаҳои зиндагии имрўз дошта дар ашъори шомили ин маҷмуа бо ҳар роҳу шева ворид гардидаанд. Бахусус, нуфузи навъи ғазал дар ин дафтари ашъор ва ибтикороти ҳунарӣ дар он гувоҳи ин амр аст, ки Равшани Ҳамроҳ ҳамчунин муҳаққиқи равандҳои шеъри муосир бо он огоҳие, ки аз суннат ва навоварӣ дар шеър дорад, барои зуҳуру ҳузури тозакориҳо дар қолиби мутадовили шеър иқдом намудаву дар ин роҳ тавфиқ низ ёфтааст.
Аз ин рў, маҷмуаи “Шасти Равшан” шоистагии онро дорад, ки муаллифаш шоир ва муҳаққиқу мунаққиди пуркор Равшани Ҳамроҳро сазовори ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода бигардонад.
Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илми филология