Эҳтироми забон эҳтироми миллат аст

 Эҳтироми забон эҳтироми миллат аст

Агар дар мавриди номгузории тарабхонаҳо, ошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ, сартарошхонаҳо, марказҳои савдои пойтахтамон дар аксари мавридҳо Қонун дар бораи забони давлатӣ риоя шуда бошад, 55 дарсади қаҳвахонаҳо номҳои хориҷӣ доранд, ки боиси нигаронист. Бояд зикр кард, ки баъзе муассисаҳо бо номи тоҷикӣ сабти расмӣ шудаанд, аммо дар лавҳаю овезаҳояшон номи дигаре ба забони хориҷӣ доранд.

Санҷиш нишон дод, ки аксари кул­ли овезаҳо, лавҳаҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт ба хати лотинӣ навишта шудаанд, ҳол он ки хати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон кириллӣ буда, яке аз унсурҳои ҳуви­яти миллии мо ба шумор меравад ва ба кор набурдани он беэҳтиромӣ нисбат ба забони давлатӣ мебошад. Чунончи, сехи коркарди дару тирезаи пластикӣ ба номи “Roller”, нуқтаи хиз­матрасонии “Химчистка”, мағозаҳои «Prime», «Arka», «Фасон», «Фарҳод», «CaseMax» «Four», «Safita Fashion House», «Sudays Parfum», «Urban Plaza», «Green Auto», “Hermes”, сартарошхонаи «Force Barber Shop», қаҳвахонаҳои “Freind”, «Montana», “Farida”, сартарошхонаи «Barber Chicago», маркази бозиҳои компю­терӣ «Patriot Cyber Club», маркази дилхушии “Puff Puff Pass” ва ғайра. Аксари ин муассисаҳо тамғаи расмии молӣ надоранд, номашон хориҷист, таомнома ва навиштаҷоти дохила­шон низ ҳама ба забонҳои русӣ ё англисӣ навишта шудаанд. Ва ҳар чизе, ки ҳам ба забон ва ҳуруфи тоҷикӣ навиштаанд, пур аз ғалатҳои имлоиву услубӣ мебошанд.

Ба назар мерасад, ки соҳибкорон дар бораи Қонуни забони давлатӣ тасаввурот надоранд, зиёда аз ин, ба тоҷикӣ номгузорӣ кардан ва на­виштани овезаю лавҳаҳои худро як навъ қафомонӣ аз тамаддун маъни­дод карда, ба тоҷикӣ баргардондани онҳоро намехоҳанд.

Дар ҳудуди ноҳияи мазкур, дар кӯчаи марказии Рӯдакӣ тарабхонаҳои туркии “Бурак”, “Мерве”, “Сафо” ҷой гирифтаанд, ки ҳар сеяшон номҳои барои мусулмонон муқаддас дошта, ҳар яке дар ҷои худ нишонаи таблиғи арзишҳои исломиянд: “Бурак” – тарзи талаффузи туркии “Буроқ” – аспи Муҳаммад пайғамбар, “Мерве” – тарзи талаффузи туркии кӯҳи муқаддаси Марва ва “Сафо” низ кӯҳи муқаддасе мебошад, ки дар Макка ҷойгир аст ва яке аз маносикҳои ҳаҷ ин аст, ки ҳоҷиён дар байни ин ду кӯҳ медаванд. Бояд қайд кард, ки таҳти таъсири ин тарабхонаҳо дар шаҳри Душанбе қаҳвахона ва тарабхонаҳое арзи вуҷуд карда истодаанд, ки дар онҳо истеъмоли машрубот манъ карда шудааст ва ин ба моҳияти дунявии сохти давлатдории мо созгор нест.

Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар аксари муассисаҳои савдо ва хиз­матрасонии маишии ғайридавла­тии ноҳияи Шоҳмансур меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дар номгузорӣ риоя наменамоянд. Тавре мушоҳида шуд, аксари номи ташкилоту муассисаҳои ғайридавлатӣ ба хати лотинӣ ва бо забони англисӣ навишта шудаанд, ки ин хилофи талаботи моддаи 18-и (бандҳои 1 ва 2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони дав­латии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аст. Баъзе соҳибкорон ҳатто маънии номҳои гузоштаашонро намедонанд, бо вуҷуди ин, номҳои ғайримиллӣ ва бегонаи “CITY PARFUM”, “SHOP TIME”-олами соатҳо, “BIOS.TJ”, “CADE USTU”, “SHERON”, “BODOM”, “FRIED CHICKEN”, “IMRUZ PRINT”, “AZRA”, “TOJ ПАЛАС”, “SAPPORO”- ро, ки ба ҳувияти миллиамон созгор нестанд, интихоб кардаанд.

Марказҳои савдо ва хизматра­сонии маишии болозикр тамоми рекламаи берунаи худро на бо за­бони давлатӣ, балки русӣ, англисӣ ва забонҳои дигар дарҷ менамоянд, вале, мутаассифона, дар навиштани калимаҳои хориҷӣ низ ба ғалатҳо роҳ дода шудааст. Бо роҳбарони мар­казҳои мазкур ва намояндаҳои онҳо суҳбат гузаронида шуд, то ҷиҳати ислоҳи камбудҳо дар ороиш ва ре­кламаҳои берунаи марказҳои савдо ва муассисаҳои хизматрасонии худ чораҳо андешанд ва камбудҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд. Номи баъзе аз ин марказҳо ба номи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иҷозаи фаъолият мувофиқат намекунад. Дар ҳуҷҷатҳояшон дигар ном ва дар ороиши беруна дигар ном сабт шудааст.

Дар марказҳои мазкур ягон шиору овеза ё унвони муассиса бо забони давлатӣ сабт нашудааст. Ҳатто дар баъзе қаҳвахонаҳо номгӯи хӯрок дар таомномаҳо пурра ба забони русӣ ва англисӣ сабт аст. Ҳангоми суҳбат намояндагони ин марказҳо далел пеш оварданд, ки ба қаҳвахонаҳои онҳо танҳо хориҷиён меоянд, аз ин хотир таомномаҳо ба забонҳои русӣ ва англисист, ҳол он ки ҳангоми дар он ҷо будани мо ягон шаҳрванди хориҷӣ дида нашуд.

Дар муассисаҳои савдо ва мар­казҳои маишиву хизматрасонии ноҳияи Сино низ вайрон карда­ни муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дида мешавад. Чунин номгузориҳо ба монанди “DILUX”- олами сан­дуқҳо, “TOMIRIS BEAUTY”- маркази эстетикӣ, “ТАГИ ДОМ”, “ВКУСНО И ТОЧКА.”, “МИНУТКА”- кафе би­стро, “JUJA”-“чучабирён”, мағозаи хӯроквории “GORILLA”, “COFFE MOOSE”, ”VALFEX” — масолеҳи сох­тмон, “STORE”- либосҳои занона, “Сумая сандуқ”-“турецкие свадебные подарки”, “BLIZZARD”, “BEAUTY HOUSE”-кошонаи ҳусн ва ғайра дар ин ноҳия мушоҳида шуд.

Ба ҳамин мазмун дар ноҳияи Фир­давсӣ низ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ камбудҳо ба мушоҳида расид. Тавре ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давла­тии ноҳия иттилоъ доданд, ҳоло дар ҳудуди ноҳия зиёда аз 2400 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ фаъолият дорад. Танҳо дар ҷараёни боздиди якрӯза чанд камбуд ошкор шуд. Аз ҷумла, дар кӯчаи Неъмат Қарабоев нуқтаи савдое бо номи “Шаурмара бераҳмш”, “Олами чархҳо”, ҳамчу­нин чандин ҳолати номгузорӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ, ки барои ҷомеаи мо нофаҳмост, ба мушоҳида расид. Тавре ки шуъбаи иқтисод ва савдои ноҳия маълумот дод, масъалаи номгузории чунин нуқта ва марказҳои савдо бо ягон ниҳоди ноҳия мувофиқа карда намешавад.

Вобаста ба таъмини муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод менамоем, ки масъалаи номгузории муассисаҳои савдо ва хизматрасониҳои маишӣ бо сохторҳои дахлдор, комиссияҳои шаҳрӣ ё ноҳиявӣ оид ба риоя ва тат­биқи қонуни забон мувофиқа карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар душвортарин даврон ба дифои миллат бархостанд ва барои ба маснади иззат нишондани забони он бузургтарин корҳоро анҷом доданд. Яке аз онҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ, 4-уми октябри соли 2011 ҳушдор доданд: “Ҳамчунон ки ниёгонамон ин забони нобро то ба рӯзгори мо бо як ифтихор ва хештаншиносӣ маҳфуз доштаанд, мо низ ин ҷавҳари ҳастии миллатро дар андеша, гуфтор ва кирдори наслҳо аз рӯи эҳтиром ба таври ҷовидон бояд ҳифз намоем”.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки риоя ва татбиқи қонуни мазкур диққату ғамхории доимӣ тақозо мекунад ва аҳаммияташ аз дигар қонунҳои миллӣ кам нест.

Ато МИРХОҶА

Дигар хабарҳо