Озмуни «Терроризм ва экстремизм – вабои аср»

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» озмуни ҷумҳуриявиро таҳти унвони «Терроризм ва экстремизм – вабои аср» эълон менамояд. Озмун моҳи декабри соли 2024 ҷамъбаст мегардад.

Ба озмун мақолаҳое роҳ меёбанд, ки дар рӯзномаву маҷаллаҳои марказии ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми соли 2024 дар мавзӯи мубориза бо терроризм ва экстремизм нашр гардидаанд.

Барои

ҷои якум  – 7000 сомонӣ

ҷои дуюм  – 4000 сомонӣ

ҷои сеюм  – 2000 сомонӣ

ҷоиза муқаррар гардида, фаъолон низ бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Мақолаҳо барои иштирок дар озмун дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон то 01.12.2024 қабул карда мешаванд. Пешниҳоди рӯзнома ё маҷалла бо мақолаи нашргардида ҳатмӣ мебошад.

Телефон барои тамос: 221-40-65, 221-03-00

Почтаи электронӣ: raysati_Tnm@mail.ru

 

Дигар хабарҳо