Эълон: маҳфили 100-солагии Жола Бадеъ дар ИНТ баргузор мегардад
16 -уми феврал соати 14: 00 дар ошёнаи дувуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди 100- солагии Жола Бадеъ дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо иштироки аҳли илму адаб баргузор мегардад.
Иштирок дар маҳфил озод аст.
ЖОЛА БАДЕЪ соли 1922 дар шаҳри Исфаҳони Эрон ба ҷаҳон омадааст.
Баъди хатми мактаб дар Бонки миллӣ кор кардааст.
Соли 1945 дар Табрез, дар мактаби ҳарбӣ, дарси адабиёт гуфтааст.
Соли 1946 ба Иттиҳоди Шӯравӣ фирор карда, соли 1952 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Бокуро фарҷом бахшидааст.
Соли 1959 вориди аспирантураи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов шуда, соли 1960 рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Аввалин шеърҳояш соли 1938 оммавӣ шудаанд.
Китобҳояш дар Душанбе, Боку, Маскав, Тошканд, Теҳрон, Лондон, Порис ба табъ расидаанд, ки муҳимтаринашон «Гулҳои худрӯй» (Теҳрон, 1945), «Ёдгор» (Боку, 1950), «Модарон сулҳ мехоҳанд» (1956), «Армуғон» (Боку, 1956), «Дастагул» (1958), «Зиндарӯд» (1964), «Интизор» (1969), «Ҳангоми вафот» (1974), «Киштии кабуд» (1978), «Живая река» (Маскав, 1965), «Синий корабль» (Маскав, 1978), «Перелётные птицы» (Маскав, 1974) ва ғ. мебошанд.
Муаллифи рисолаи «Шеъри нав дар Эрон» аст.
Дар заминаи либреттои ӯ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ операи «Парасту» саҳнагузорӣ шудааст.
Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
4 декабри соли 2007 аз олам даргузашт.